Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Фирор кунед аз маҳбаси андеша

Агар танзу шӯхиҳоро як сӯ гузорем, вокунишҳо ба хабари фирори 25 маҳбус дар торнамои Радиои Озодӣ ба таври аҷибе ду қутбро ба намоиш гузошт. Ду қутбе дар ҷомеа, ки шадидан хилофи ҳам ва комилан дур аз якдигаранд. Ва ҳарду ҳам дар сатҳи ифроту тафрит, яке тундгароёна шод ва ҳам дигаре тундгароёна ношод.

Онҳое, ки аз фирори гурӯҳии маҳбусон изҳори хурсандӣ мекунанд, мегӯянд, ин натиҷаи муҳокима ва ҳукмҳои додгоҳии ноодилона аст. Ба ақидаи онҳо, ин ягона роҳе буд, то маҳбусоне, ки ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд, эътирози хешро аз ноҳаққӣ баён доранд.

Онҳое, ки аз шикасти низоми маҳбасдории Тоҷикистон зимни ин воқеа сахт ғамгинанд, мегӯянд, ҷинояткорони ашаддӣ ҷинояти дигаре карданд, ҳоли ҷомеаро ба ҳам заданд ва бояд дигар ба онҳо раҳме напарвард. Яке ҳатто менависад, агар ӯ маҳбуси гурезаеро даст гирад, реза-резааш мекунад.

Албатта, ҳар шахс ҳақ дорад, ба гунае ки дуруст мешуморад, биандешад ва назари худро баён кунад, пас, иҷоза диҳед, бо истифода аз ҳамин ҳақ бигӯям, ки ин воқеа мутлақан ҷое барои хушҳолӣ ва шодию фараҳ надорад. Аз ҳар кадом зовия, ки ба он бингарем, фақат фоҷиаро мебинем. Фоҷиаи миллат, ҷомеа, ҳукумат, додгоҳу адлия ва ҳатто фоҷиаи худи онҳое, ки фирор карданд. Онҳо агар ҳатто бегуноҳ буданд, аз лаҳзаи кушта шудани аввалин нозири маҳбас дигар абадан наметавонанд, худро бегуноҳ шуморанд ва дар назди виҷдони хеш поку осуда бошанд.

Магар кушта шудани 5 нозири зиндон ҷое барои тамасхур боқӣ мегузорад? Кӣ замонат медиҳад, ки фардо шумо баъд аз бархостан аз паси компютер дар интернет-кафе ва раҳораҳу хаёлан қаҳқоҳ задан ба навиштаи хурсандонаи хеш дар тангкӯчаи аввалин бо яке аз ин фирориён рӯбарӯ намешавед? Ё кафолате ҳаст, ки дигаре аз онҳо, ҳамчун ҷонвари захмии рондашуда ба кунҷак, лоилоҷона наздикони Шуморо гаравгон намегирад? Магар ин роҳи хун нест? Ё хун ба хун?

Фикр намекунам, нидоҳои хурсандию нақизаҳои пурфараҳ ба нокомии ҳукумат ва низ ҳукмҳои тунду ҳимояти бечунучаро аз ҳамин ҳукумат – ҳарду нишонаи афкори солими иҷтимоӣ ва сатҳи баланди маърифат бошанд. Ҳамон гуна ки фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳ, зуҳури постгоҳҳои мусаллаҳ ва бурузи овозаҳои гуногун дар вуҷуди аксарияти мардуми мо эҳсосоти солҳои нооромро ангехт, чунин ифроту тафрит дар баёни андеша низ водор мекунад, ки кас аз пешомадҳои эҳтимолан ногувори ҷомеаи Тоҷикистон дарунакӣ такон бихӯрад.

Ҷомеа тақсим аст. Ҳанӯз ҳам тақсим аст ба “мо” ва “онҳо”, ба “худиҳо” ва “бегонаҳо”. Ҳама бадии худиҳо барои мо хуш аст ва ҳама накӯии бегонаҳо барои мо бад.

Аммо ҳадс мезанам, чунин сангаргароӣ дар ин ҳодиса сабаби дигаре ҳам дошта метавонад. Камбуди иттилои дақиқу комил ва рӯшану ошкор. Ҳукумат, агар мадади мардумашро дар боздошти гурезаҳо дархост мекунад бояд ҳама чизро, бе пинҳон доштани хурдтарин ҷузъиёт, ба ин мардум рӯшану фаҳмо бигӯяд ва ба ҳамаи пурсишҳо аз сидқи дил посух бидиҳад. Ин як пайти тилоии гуфтугӯи рӯшоди ҳукумат бо мардумаш буд, ки метарсам, боз ҳам аз даст дода шуд.

Ва ҳам ин пайте буд, ки садҳо ҳазор нафар аз маҳбаси андешаҳои якҷонибаи худ фирор ва аз ифроту тафрит парҳез кунанд. Роҳи дарози парвариши эҳтиром ба қонун ҳамчун ягона марҷаъ ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои шаҳрвандон шояд аз ҳамин нуқтаи фирор аз маҳбаси андешаҳои одатӣ сар шавад. Фирор на ба сӯи ғорҳову торикиҳо, балки қасрҳову рӯшаниҳо…

——————————————-

Нахуст дар Блогистони торнамои Радиои Озодӣ ба нашр расидааст. Акс аз Озодӣ.

24.08.2010 - Posted by | Баҳс, Душанбе, Тоҷик, Фарҳанг, Худшиносй, Қонун

4 Comments »

  1. Дар хакикат чи фикри хонандагон ду самти ба хам мукобил доранд. Бяд боз хамон шабакахои телевизионхои ТВ1, Бахористон, Чахоннамо ва Сафина дар инчо вазифаи худро ичро намуда мардумро ба якфикру максади ягона оранд. Масалан ба лидерхои дигар хизбхо, аз чумла ХНИТ низ дархои худро боз намоянд ва пайваста онхоро нишон дода фикру акидаи онхоро низ ба мардум расонанд. Шахсан камина хамеша дар назоратам, ки Шумои азиз чи андеша доред то хамонро ба худ кабул намоям, чунки дар хакикат аклу идроку дурбиниам кодир нест сиёхро аз сафед фарк намояд. Боз хазорон нафарон шояд интизори акидаи сарвари ХНИТ Кабири бошанду акидаи Чаноби Олиро макбул нашуморанд. Бояд хукумат нотарсона лидерхои хамаи хизбхоро ба ТВ-хо рох дихад. Ин бар фоидаи худи у хохад буд. Харгиз ин ё он лидер бар зарари Точикистон харф нахохад зад. Зиндаю саломат бошед чаноби Аюбзод ва дар чунин холатхо харчи зудтар фикри хешро баён намоед.

    Comment by Nabizoda | 25.08.2010 | Reply

    • Аз сабаби он, ки халк медонад ки Суд, Прокуратура ва дигао органхои давлати фурухтаанд ва фурухташавандаанд, ва адоолат аз онхо садхо кадам дур аст аз як тараф ин фирорихо ба мо хамчун кахрамон ба назар мерасанд. Онхое, ки ин системаи пурфасодро шикастанд ва худро аз дастони хароми Хукумати мо рахо доданд.

      Мутаассифона дар инчо хам Хукумат айби худро кабул наекунад ва картаи Террористхои Исломиро истифода мебарад. Охор чанобони оли ва олитар, халк дигар аз Террористони Исломи наметарсад, аз Хукумате, ки вакти даркор аст Исломи (карз, сохтани масчид, Имоми Аъзам) ва вакте даркор нест Антиисломи (Абдучаббор Рахмонов ва чанг бар зидди номуси Точикдухтарон ва сатри онхо).

      Comment by makhsud bertanov | 25.08.2010 | Reply

  2. Akai Salim,

    Shumo khud az hamun SIZO yagon bor didan karded? Khudo dushmani odama ba uja nasib nagardonad. Vakhte raftore ki u sarbozo doran va ba yak jot tok zada “pytka” megzaronand unora sarboz guftan nodurust ast.

    Comment by Tojik | 26.08.2010 | Reply

  3. Хукумат чи хам мегуфт? Коратон набошад, чанобон!!! Рохро пулаки кардем аз шумо пурсидем? Не!!! Хамин кадар вазирони аблахи бесаводро таъин кардем аз шумо пурсидем? Прокурору судяхои хунхорро таъин кардем, чи, пурсидем? Ман ба Шумо гуфтам, ки ду сола хурокиатонро захира кунеду даматонро гиред. Дигараш хамааш кори мешудаги… Гурехтанд, дур намегурезанд… Давлат давлат аст ва ба мо сар ба сар нашавед? Чи, боз хунрези мехохед? Мархамат, агар хунатон бисьер шуда бошад, мерезем…

    Comment by Мир Об | 27.08.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: