Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гурези бемисл аз маҳбаси Душанбе

Агар изҳороти мақомоти расмии Тоҷикистон ҳақиқат бошад, яке аз раҳбарони фирори бесобиқа аз боздоштгоҳи Душанбе маҳбуси собиқи Гуантанамо, Иброҳим Насриддинов, дувумӣ фармондеҳи наздик ба Мирзо Зиёев бо лақаби “Кӯри Малиш”, Ҳикмат Азизов, ва савумӣ зодаи Доғистони Русия, Магомед Аҳмадов будаанд.

Аммо саволе аз даҳҳо саволи беҷавоби марбут ба қазия ин аст, ки…

…нақши ташкилкунандагии ин се нафар чӣ гуна ошкор шудааст? Ва агар мақомот ин ҷузъиётро медонанд, чаро аз ҷузъиёти дигари воқеа низ ҳарф намезананд, то аз овозаҳои гуногун ва боварнакарданӣ пешгирӣ кунанд?

Ягона изҳороти мақомоти давлат

Аслан худи рӯйдод боварнакарданист ва ба ҳамин сабаб фарзияҳои мухталиферо ба миён овардааст. Онро муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал-майор Қосимҷон Ғаффоров ин гуна тасвир кард:

“Рӯзи 22-юми августи соли ҷорӣ соати 22:15 аз тарафи гурӯҳи маҳкумшудагон, ки баъд аз қарори суд дар маҳбасхонаи пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муваққатан нигоҳ дошта мешуданд, аз хунукназарии нозири маҳбас истифода намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ, бо истифода аз зӯри силоҳи оташфишон як қисмати муайяни маҳбасхонаро ғасб карда, бори дигар даст ба ҷинояти сангин заданд. Онҳо нозири маҳбас Каримов Нурматқул, соли таваллудаш 1979, зодаи ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, ваҳшиёна қатл карда, ба ду нозири дигар зарари вазнини ҷисмонӣ расонданд.”

Дар ин нишасти хабарӣ ҷузъиёти воқеа гуфта ва имкон ба саволу ҷавоб бо журналистон дода нашуд. Танҳо номи се раҳбари фирор зикр гардид, ки ба гуфтаи ҷаноби Ғаффоров 22 маҳбуси дигарро бо таҳдид ба тарки боздоштгоҳ водор кардаанд. Онҳо ба миқдори номаълуми силоҳу муҳимот дастрасӣ ёфта, ҳангоми баромадан аз дарвозаҳои маҳбас дар як даргирӣ 4 посбонро ба ҳалокат расондаанд.

Дертар яке аз нозирони захмишуда дар бемористон даргузашт, аммо маълум нашуд, дар ин даргирӣ касе аз фирориён захмӣ шудааст ё на.

Ҳамчунин дертар ҷузъиёти бештаре рӯ зад. Аз ҷумла 3 соат дар ҳудуди маҳбас боқӣ мондани маҳбусон, пас аз қатли нозир ва дастрасии фирориён ба силоҳу сарулибоси ҳарбӣ. Пизишкони осебшинос мегӯянд, ҳеҷ яке аз 2 афсар ва 4 сарбози кушташуда, бо корд ё ханҷар кушта нашуда, ҳамагӣ захми тир доштанд.

Пас оё садои тир касеро дар ҳавелии маҳбас ва ҳам боздоштгоҳи Вазорати адлия, ки низ дар ҳамин ҳавелӣ мавҷуд аст, мутаваҷҷеҳ накардааст? Чаро дар тӯли се соат касе аз раҳбарони маҳбас аз вазъи он огоҳ нагаштааст? Ин ҳам дар ҳоли ҳастии телефонҳои ҳамроҳ, мухобираи бесими ҳарбӣ, телефони дохилии маҳбас, хатти телефони шаҳрӣ ва ҳатто фарёди одии инсонӣ аз тори дидбонгоҳ. Ногуфта намонад, воқеа дар фосилаи начандон дур аз манзили зисти Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дар наздикии Кохи раёсатҷумҳурии кишвар ба амал омадааст.

Тасвире аз боздоштгоҳи рақами 1

Ҳуқуқдони тоҷик, Абдуқаюм Юсуфӣ, ки ҳамчун вакили боздоштшудагони гуногун борҳо аз ин маҳбас дидан кардааст, мегӯяд, ҳамеша дар саҳни он чандин посбон буда, шумораи умумии посбонон танҳо дар ҳалқаи беруна ба 20 нафар мерасид.

Аз рӯи гуфтаи зерҳимоятҳои ӯ, ҳуҷраҳои маҳбаси Кумитаи амният 23 адад буда, дар ҳар кадоми онҳо 2-3 нафар нигаҳдорӣ мешудаанд. Чунин ҳолат имконияти маслиҳати пешакии тарроҳони фирор ва ҳамлаи 2 ё 3-нафарӣ ба нозири маҳбасро фароҳам овардааст. Дар долонҳои дохили маҳбас ва дар беруни он ба дарозои деворҳо дурбинҳои видеоии дидбонӣ мавҷуданд. Аммо маълум нашудааст, ки ин дурбинҳо шаби 22-юми август чӣ саҳнаҳоеро сабт кардаанд.

Юсуфӣ мегӯяд, агар дар ҳақиқат ба гунае, ки нашрияҳои Тоҷикистон навиштаанд, маҳбуси собиқи Гуантанамо ва собиқадори ҷанг дар Афғонистон, Иброҳим Насриддинов иҷозаи гаштугузори бидуни бадрақа ё дидбонӣ дарёфт карда бошад ва ҳам ӯ яке аз раҳбарони фирор дониста шавад, мақомоти раҳбарии боздоштгоҳ ба иштибоҳи бузург роҳ додаанд:

“Чунин одамро дар шароити бенозирӣ ва гаштугузори озод дар дохили маҳбасхона мондан, ин аллакай, хатои якум аст. Дувум ин нафарон ба муҳофизон наздик шуда, ба бовари онҳо даромадаанд. Ман ба ин ҳам ҳайронам, ки чӣ тавр ин шахс шабона дар утоқи нигаҳдорӣ набуда, дар берун аз маҳбас будааст, дар соати 10-и шаб.”

Идомаи матлаб дар торнамои Радиои Озодӣ. Таҳлил барои барномаи радиоӣ ва сомонаи интернетии Радиои Озодӣ дар ҳаммуаллифӣ бо Мирзонабии Холиқзод навишта шудааст.

27.08.2010 - Posted by | Амният, Баҳс, Душанбе, Матбуот, Русия, Тоҷик, Қонун

4 Comments »

  1. Салом ака, бехтарин.
    Вокеан гурези бемисл дар садаи 21, ва сахифаи наве дар таърихи точикон!
    Ин як амали тархрезишуда ва охируламр шармандагист. Хуб мешуд,фирори хамин туремчикхоро махфи анчом медоданду касе огах намешуд,(чунки ришваро хам дарт мо махфи анчом медиханд, кууу) болои хамаи махфи анчом доданхо бо ин ФСБ-хои рус аз нозукихои начандон нозуки макомоти дахлдори Точикистон ба бахонаи гурезагон хубакак ошнои пайдо карданд. Дигар чизаш монд… Албатта русхо ин чизро мехостанд ва ин бори дигар барои Русия + , шуддд!!! Зеро аз хунарашон маълум гардид, ки бо гузашти як хафтаи расо резултати корро ба мардум пешниход ва муаян накарданд, чунки дахонашонро сварка карда партофтанд. Халк дар назди шумоён гулу гумрох ва ё нодон нест, ки интизори хабархои расмии макомоти Точикистон бошанду баъдан ба он эътимод хосил кунанд. Чунки алакай деррр шуддд, дар дохили оби гарм кайхо боз яхпорахоро алвонч мехуранд, ки баъди ду се рузи дигар чунон ях мебандад, ки баъди аз курси канор рафтанхо офтобе меояду онро дуборра об мекунад. Дар хар сурат аз тар шудани курсии баъзе мансабдорон метарсам, ки таъсир ва зараш боз болои мардуми бегунох бор мешавад!!! Худованд, мардуми осоиштаи Точикистони моро аз чашми гурусначашмон нигах доррр.

    Comment by khairkhoh | 29.08.2010 | Reply

  2. На танҳо русҳо ин чизро мехостанд, вале ман, бо вуҷуди он ки далелҳои қатъӣ дар даст надорам, фикр мекунам, ки ин кори дасти русҳо буд. Онҳо тавонмандии худро нишон доданд ва бо ин ба раҳбарони кишвар паём доданд, ки ҳама корро дар Тоҷикистон карда метавонанд.

    Вокуниши сархамонаву сукутомези сарони кишвар низ ба ҳамин далолат мекунад.

    Афсӯс, ватандӯсте нест, ки барояду тамоми сирру асрори вокеаро фош кунад.

    Comment by aioubzod | 29.08.2010 | Reply

  3. Вокеан ин гурези бемисл хеле муаммоангез аст. Ин гурезро метавонад худи хукумат ба рох монад, то онхоро дар дигар чой ва дигар кор истифода барад, чуноне ки дар Киргизистон зидди узбакхо истифода бурданд. Агар ин хел бошад бисёр “ходи хуби асп”. Ин хамаро вакт нишон медихад. Дар давлатхои хамсоя Узбакистону Киргизистон мавсими берун кардани миллатхои гайр огоз шудааст. Дар Киргизистон точиконро тавсия додаанд, ки ба хуби инчоро тарк карда ба Точикистон раванд. Пас дар мо низ чунин як неру ё хадди акал овозааш шояд зарур аст…

    Comment by Nabizoda | 29.08.2010 | Reply

  4. “Молчание Нурабадских ягнят
    Всегда вызывала белую зависть молнисеносная реакция российских властей на судьбу россиян попавших в беду за пределами России. Тайфун ли в Таиланде, авария ли в Израиле, аресты в Египте, вторая почти что строчка новостей сообщала, “к счастью, среди пострадавших нет российских граждан.” Или наоборот, если есть, что делает МИД, посольство, МЧС…”
    Вот к чему эта малчание.
    Инхо гап бисёр будааст, мо бехабар.
    Акои Салим реакцияро дидед?

    Comment by Шоди | 02.09.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: