Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Зодрӯзи РӮЗнома

Ниҳоят, пас аз танаффуси дарози баробар ба 20 сол Тоҷикистон аз нав соҳиби рӯзнома шуд, яъне соҳиби нашрияе, ки ҳар панҷ рӯзи кории ҳафта ба нашр хоҳад расид. Журналисти саршиноси тоҷик Раҷаби Мирзо ҷасорат нишон дод ва даст ба кори сахту сангине зад. Вақте як шаб пеш аз нашри “Имрӯз News” барои Радиои Озодӣ мусоҳиба медод, вай худ иқрор кард, ки дар баробари масъулияти бузурге қарор дорад.Дар ҳоле ки ӯро дар чопхона дар айни ташвишу саргарониҳои нашри шумораи аввал тасаввур мекардам, пурсидам, кори муҳим ва таърихиро, ки то ин марҳила расондааст, дар ин байн бо чӣ мушкилоте рӯбарӯ шудааст. Гуфт, се мушкил дар пешорӯяш буд, ки ҳарсеро ҳал кардааст. Яке камбуди кадрҳои журналистӣ. Дувум, мушкилоти фаннии чопи рӯзнома ва савум, дар байни мардум паҳн кардани он.

Дар ҳалли мушкили аввал, Раҷаб тасмим гирифтааст, ки ба ҷавонон, онҳое, ки нав аз курсии донишҷӯӣ бархостаанд, такия кунад. Мушкили чоп ва интишорро низ ҳал кардааст. Кори сангини ба дасти хонанда расондани рӯзномаро ширкате бар дӯш гирифтааст, ки онро нашр мекунад.

Аммо Раҷаб нахост, ба ин суол посух диҳад, ки таъмини молии рӯзнома аз кадом манбаъ хоҳад буд. Зоҳиран, вай аз ин суол дилгазон ё хаста шуда буд. Иқрор кард, ки аз аввалин рӯзи эълони тасмими нашри рӯзнома ҳамагонро ҳамин масъала беш аз ҳама чизи дигар “нигарон” кардааст. Гуфтам, ҳоли ӯро хуб мефаҳмам, вале чунин лоиҳа бе пуштвонаи кофие оғоз ёфта наметавонад. Гуфт, харҷи феълии “Имрӯз News” тақрибан баробари ҳар ҳафтаномаест, ки дар Тоҷикистон ба чоп мерасад.

Аз ин суол гузаштем, ҳарчанд хонанда ба ин тарафи барнома низ мутаваҷҷеҳ хоҳад буд, то аз пеш роҳу равиши ояндаи рӯзномаро дарк кунад. Раҷаб посухи хубе дод, ки ҳама гуна шубҳаву гумони хонандаро нахустин шумораҳои рӯзнома муайян хоҳад кард ва ҳама чиз бастагӣ ба он хоҳад дошт, ки рӯзнома то куҷо рисолати хешро иҷро хоҳад кард.

Комилан дуруст, аммо симои ҳар нашрияро чанд шумораи аввал муайян намекунанд. Муҳим он аст, ки оташи дили журналистони “Имрӯз News”-ро ҳеч чиз натавонад, хомӯш кунад ва ин оташ ончунин қавӣ бошад, ки барои солҳои дарозе бирасад. Ин оташ бояд аташи озодии суханро дар онҳо ҷовидона ангезиш диҳад ва ташнагии онҳо ба сухану андешаи озод ҳаргиз нашиканаду бовари онҳо ба ҳаққи ҷомеа дар донистани ҳақиқат коҳиш наёбад.

Бо вуҷуди ҳамаи гумону шубҳаву нобовариҳову овозаҳои мухталиф, худи ин воқеа, яъне зодрӯзи РӮЗномаи Тоҷикистон мӯҷиби шодмонист. Дастикам як ҷумлаи аламовари гузоришҳои байнулмилалӣ, ки Тоҷикистон кишварест, бидуни нашрияи ҳаррӯза аз ин гузоришҳо акнун ихтисор мешавад. Вале дурнамо ба он бастагӣ дошт, ки то куҷо Раҷаби Мирзо ҳамчун сардабири “Имрӯз News” дар таъини сиёсати таҳририи рӯзнома соҳибистиқлол хоҳад буд. На танҳо муваффақияти ҳирфаии рӯзнома, балки комёбии тиҷоратии он низ ба ин истиқлолият бастагӣ хоҳад дошт.

Боз ҳам роҳи сафед, Раҷаби азиз ва ҳамаи дастандаркорони “Имрӯз News”! Бигзор рӯзномаи Шумо номаи рӯз шавад, имрӯз ва ҳама рӯзҳои дигар. Худо ёри Шумо!

30.08.2010 - Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Тоҷикистон, Худшиносй, Ҳунар |

1 Comment »

  1. Факат нархаш 1 с 50 д – 1с 60 д. Максади аввал бизнес хаст ки ин кадар кимат. Модоме ки дар як хафта панч маротиба чоп мешавад интизор доштем, ки нисбатан арзонтар хохад буд, вале баръакс.

    Comment by Nabizoda | 18.09.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: