Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Таркише чун бонги изтироб

Ҳамлаи худкушона ё интиҳорӣ пойи номубораки хешро ба ватани мо ҳам гузошт. 3-юми сентябри соли 2010 дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун рӯзи нахустин таркиши худкушона сабт хоҳад гашт. Ду нафар дар як мошини бомбагузоришуда, бо суръат аз дарвозаи Бахши вилоятии мубориза бо ҷинояткории созмонёфта дар Суғд вориди саҳни ин муассиса шуда, мошинро тарконданд. Бино ба ахбори расмӣ 4 нафар кушта ва 21 нафар захмӣ шудаанд. Инфиҷор ба бинои полис ва чанд иморати наздику мошинҳои атроф осеби сахт расондааст.

Ин воқеа ба як ҳушдори ваҳшатангез монанд аст. Ин ҳамон “нуқтаи ҷӯшиш” аст, ки бархе аз коршиносон мегуфтанд, кишвар ҳаргиз ба он роҳ нахоҳад дод. Аммо, афсӯс, омад ва расид. Агар вокуниши ҳукумат ба он ҳамвазни ин ҳушдор набошад, фақат худо медонад, оқибату ояндаи ватани азизи мо чӣ буда метавонад.

Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир вокуниш сабукборона аст. Дафъатан, бидуни ҳеч таҳқиқ ва далели қавӣ ё асноди раднопазир ба шарикон ё рақибони чанд боздоштшуда ва ҳамзамон ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистону Ал Қоида рабт додани ҳамла аз даступохӯрдагии мақомоти давлат хабар медиҳад ва аз пеш сатҳу умқи ҷустӯи омилону сабабҳоои воқеаро маҳдуд мекунад.

Аҷибаш ин аст, ки гуфта мешавад, ҳадаф аз инифҷор таъмини шароити фирори боздоштшудагон буд ва ҳамзамон фарзияи дигар изҳор мегардад, ки бино бар он мақсади ҳамла аз байн бурдани шариконе буд, ки иқрори онҳо барои ташкилкунандагони таркиш хатарнок будааст.

ҲАМЛАҲОИ ХУДКУШОНА

Ду сол пеш дар Афғонистон аввалин бомбатарконии худкушона ба вуқӯъ пайваст ва акнун ба як шуғли ҳаррӯза табдил ёфт. Пештар хабари чунин таркишҳо аз Ироқ мерасид. Дар соли 2000-ум нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар қаламрави шӯравии собиқ дар Чеченистон амалӣ гардид. Инфиҷорҳои худкушона дар Ховари Миёна солҳои зиёде ба бахше аз ҷанги фаластиниҳо бо Исроил табдил ёфтаанд. Зарбаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико аз намунаҳои барҷастаи худкушӣ ба хотири куштори дигарон шумурда мешаванд.

Ва ҳамаи ин ба ислом марбут дониста мешавад, ҳол он ки дини ислом худкуширо ошӯбе зидди Худованд медонад ва ҷанозаи худкушонро ҳаром меҳисобад. Дар Афғонистон, бархилофи Ховари Миёна худкушон шаҳид шумурда намешаванд ва акси онҳо кӯчаву хонаҳоро зеб намедиҳад.

Ҳамлаи интиҳорӣ ихтирои мусулмонон нест. Қарнҳо пеш аз мусулмонон ақвоми аврупоӣ аз ин васила истифода кардаанд. Дар Таврот аз марги қаҳрамони яҳудиҳо Самсон ривоят мешавад, ки бо нархи ҷони хеш ибодатгоҳи филистиниҳоро фурӯ нишонд ва 3 000 нафар аз онҳоро ба ҳалокат расонд. Дар садаи 17 дар ҷанги Тайван сарбозони ҳолландӣ бо худ бастаи борут доштанд ва дар ҳоли захмӣ шудан, хешро мунфаҷир мекарданд, то ба дасти чиноиҳо асир наафтанд. Соли 1881 узви гурӯҳи “Народная воля”, Игнатий Гриниевский худро таркон ва подшоҳи рус Александри II-ро ба ҳалокат расонд. Вожаи “Камиказе” аз худкушии ронандагони ҳавопаймоҳои Жопун дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба мерос мондааст.

Вале агар ҳатто имрӯз (дар солҳои 2000-2008) афзоиши қариб 70 дарсадии ҳамлаҳои интиҳориро ба кишварҳои мусулмон рабт диҳанд ҳам, ба монанди Ироқ, Ховари Миёна, Афғонистон, Покистон, метавон дид, ки дар ҳамаи ин ҳолатҳо таркишҳои маргталабона ба муқобили нерӯҳои хориҷӣ ва ишғолгариҳо ба вуқӯъ пайвастаанд. Намунаи ғайриисломии чунин ҳамлаҳоро Бабрҳои Тамил дар Шри Ланка намоиш додаанд. Аммо ин таркише, ки дар Хуҷанди Тоҷикистон ба амал омад, бар зидди кадом нерӯи хориҷӣ ё кадом ишғолгарии ватан ба вуқӯъ пайвастааст?

САБАБҲОИ ОДАМКУШИИ ХУДКУШОНА

Равоншиносон ангезаи одамонеро, ки барои марги дигарон аз ҳаёти худ даст мекашанд, ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Бархе аз онҳо ин амалро “терроризм” ва бархи дигар “пайкорҷӯӣ” ном мебаранд. Ф. Ҳаллидей мегӯяд, вожаи аввал аз тарафи давлатҳое истифода мешавад, ки “ҳаққи қонунӣ” ва “ҳаққи эътироз ё шӯриш”-ро рад мекунанд.

Одат шудааст, ки ҳамлаҳои худкушонаро ба фақру бенавоӣ ва ноумедии амиқ ё ҳатто бемориҳои рӯҳӣ бастагӣ диҳанд. Аммо дар як пажӯҳиши наве, ки дар Донишгҳои Ҳарварди Амрико анҷом шудааст, гуфта мешавад, “хушунатҳои террористӣ ба сатҳи озодиҳои сиёсӣ” бастагӣ дорад ва бештар дар кишварҳое иттифоқ меафтад, ки дар ҳоли гузариш қарор дошта, ҳукумат дар онҳо заъиф ва вазъи сиёсӣ ноустувор аст”.

Шояд ҳанӯз зуд аст, ки бар пояи чунин пажӯҳишҳо ва дар заминаи нахустин рӯйдод, ки Худо кунад, охирин бошад, вазъи Тоҷикистонро баррасӣ кунем. Бигзор, ин як тасодуф бошад. Аммо ҳарчанд худро тасалло диҳем ҳам, воқеа аз пеши назар дур намеравад.

Яке аз бозёфтҳои олими амрикоӣ Роберт Пейп маро ором намегузорад, ки гуфтааст, ҳамлаҳои маргталабона умдатан дар натиҷаи номувозанатии тарафҳо, дар ҳоли рӯёрӯии як нерӯи хурди лоилоҷ дар муқобили фишори шадиди нерӯи азим ба амал меоянд. Дар ҳолате ки ин нерӯи хурд дигар ягон роҳи баёни ақида, мубориза барои расидан ба ҳадафи худ ва намоиши азми росихи хешро надорад. Он ҳамчунин метавонад дар ҷавоб ба амал ё сиёсатҳои нерӯи азим ба вуҷуд ояд. Гуфта мешавад гурӯҳе, ки нерӯи кофӣ дорад ва ақидаи он ба ҳисоб гирифта мешавад, ниёзе ба ташкили ҳамлаи худкушона надорад.

ТАСОДУФ Ё РАВАНД?

Ҳоло метавон инфиҷори Хуҷандро аз ин зовия баррасӣ кард. Оё ин кори дасти кист? Кадом гурӯҳ аст, ки хурду заъифу лоилоҷу камнирӯст ва мехоҳад ба нерӯи азим сарбасар шавад? Дар як сатҳ ин метавонад, нерӯи онҳое бошад, ки амалкардҳои нерӯи азиму тавоноро ноодилона мешуморад ва мехоҳад, интиқом ситонад. Аз он ҷо ки як ниҳоди интизомӣ ҳадаф қарор дода шудааст, муаллифи ҳамла мумкин аст, дарвоқеъ айбдоршавандагон ва машаққатдидагони нерӯи азим, дар ин ҳолат ниҳоди интизомие, ки усули кораш ба бисёриҳо маълум аст.

Дар ҳамин пажӯҳиши Ҳарвард гуфта мешавад, бисёре аз чунин гурӯҳҳо мазҳабиянд ва маргталабон ин тасаллоро доранд, ки ҳамчун шаҳид роҳашон ба биҳишт боз мешавад. Дар он сурат метавон гуфт, гурӯҳе, ки ҳамлаи Хуҷандро созмон додааст, бо ҳадаф қарор додани як ниҳоди давлатӣ мехоҳад, ба худи давлат сарбасар шавад. Вале агар ин посух ба фишори ниҳодҳои қудратии давлат бар мазҳабиёни аршад аст, чаро дар шаҳре ба вуқӯъ пайваст, ки чунин фишор назар ба манотиқи дигари кишвар ба ҳадди охир тезутунд нест?

Фақат як омил метавонад ба пурсиши охир то андозае ҷавоб диҳад, ки ин ҳам бошад, “дасти беруна” аст. Одатан, дасти бегона маҳалли “нармтарин”-ро интихоб мекунад. Дареғо, ки дар натиҷаи аъмол ва сиёсатҳои нобасомону ғайриҳирфаӣ шароит дар дохил ба манфиати “дасти бегона” аст. Ҳоло бояд андешид, ки набуди адлу инсоф ва зиёдаравии худбоварона ба куҷо хоҳад бурд. Мабод ҳарду, ҳам нерӯи хурди лоилоҷ ва ҳам он азими тавоно дар рӯёрӯии ҷоҳилона ва бо фаромӯш кардани халқу миллату кишвар пой ба пайроҳаи хатарноки “ҳарчӣ бодо бод!” гузошта бошанд. Худо аз ин нигоҳ дорад ва ба онҳое, ки метавонанд, ин вазъро ба сӯи беҳбуд тағйир диҳанд, ақли солим ва иродаи нек ато кунад. Вагарна ин вопасин рӯёрӯӣ хоҳад буд.

Он ҳам дар шароити дахил будани на танҳо як, балки чандин “дасти бегона”. Ва ҳам орзуи биҳишти зуд, ки танҳо дӯзах метавонад, онро тавлид кунад.

————————————————-

Акс аз хабарнигори мардумӣ Илҳом (Хуҷанд)

04.09.2010 - Posted by | Ватан, Тоҷик, Тоҷикистон, Фалокат, Қонун |

9 Comments »

  1. Ман фикр мекунам ки ин “дасти бегона” аст. Кош ин навиштаҳои Шуморо ҷавонон мехонданд ё дар яке аз барномаҳои телевизиони ҷумҳури бинандагонро бо назарҳои Шумо шинос мекарданд.

    Comment by Иброҳим | 04.09.2010 | Reply

  2. Salom!
    Bisyor navishatai khube bud va inki sarmanshai khudkhushiro az gayr islom zikr karded baroyam toza va dar navbati khud jolib bud. Khudovand shumoro nigoh dorad

    Comment by Odinamuhammad | 04.09.2010 | Reply

  3. Шуъбаи шашум бисёр аз худ рафта буд ва тули 15 сол аст ки бе гуноху гунохдор мардумро азият медиханд. Фактхои дакик аст ки чавонпахлавонхои дехотро оварда мачрух кардаанд ва пас чанде ба озоди сар додаанд ва ун чавонхо якеаш пас аз ду мох беморшуда фавтид, дигариаш низ девонаавзоъ гаштааст. Коркунони ин шуъба дарранда, хайвон ва вахши буданд ва хастанд ки бисёр йигитхоро шикастаанд.

    Comment by Snaiper | 04.09.2010 | Reply

  4. Salom akai Salimjon,

    Bisyor mavzyi jolib va dsataton dardro nabinad ystod.
    1 chizro mo boyad faromysh nakynem ki dar asri kynyni tamomi donishmandoni mytabari olami Islomi xydkyshi dar sarzamini islomi ki az tarafi yagon begona ishgol nashydast harom meshymorad. Va dar Tojikiston aziz ham tamomi donishmandoni mytabar az Domylo Myhamadi Qymsangiri sar karda to Hoji Mirzo,Oila Turajonzodaho va digar va digaron yagon toyash joiz va yo ravo nemshymorad in xydkyshiro. Mo agar 1 chizro myshohida karda boshen na Ysama va na Aiman Al Zavohiri rahbaroni AlQoida xatm kardai yagon donishgohi Islomi nestand aval taxasysashbiznes hast va digarash pizishk.
    Dar Tojikiston aziz mo boyad sababhoyashro dar digar omilho jyo shavem ki ba andeshai man az beryni kishvar hastand ki ba hadafi ba ham zadani amniyat va oromi kishvar hast. Dar yod doshta boshed dar solhoi navadym vaziyati siyosi mintaqa ba hamin shakl byd yane masolihi siyosi Rusia va Uzbakiston ba ham yak omada bydan ki sababgori jang dar kishvar shyda byd. 1 chiz boisi taasyf hast ki rahbariyati kishvr dar barobari in cholishho yagon iqdomi baroi girdi ham ovardani tamom gyryhhoi.Chi lozim hast dar shaby ryzi hasos alai Mirzo Khydja Ahmedova parvandai jinoi boz namydan va boz alai donishmandon va omyzgoroni islomi parvandaho boz namydan va rohro pylaki namydan va digar iqdomhoi axir az Intikhobot sar karda to kynyn.Kishva rpyr az beadolati hast hama kor xybi tijorati dar dasti Oolai Janobi Oliand ki hama ba dod omadaistodad. Xydo nakynad yagon vaziyat bad shavad, myhtaram Janobi Oli dar tarix baroi vaziyata noorom namydan gynahgorxohad byd. Chynki hamagon medonad ki sababgori inhama xydi davlat hast.
    Xydo kishavri azizamonro az hama badiho nigahdorad.

    Comment by Dehqonbahca | 04.09.2010 | Reply

  5. Ин хамааш окибати “сиёсати хирадмандона”…

    Comment by Farrukh Shah | 06.09.2010 | Reply

  6. Салом. Ба фикри ман иняк бозии сиёси аст. Дар Точикистон ХНИТ ракиби асосиаш ХХДТ-ро хеле танг карда мардуми шуда истодааст.Аз ин холат хизби хоким дар такопу аст.Дар эчоди хар хилаи найранг аст. албатта Точикистон дар инчода устодони хуб дорад.Гурезонидани зиндониёнро низ ба чуз аз худи отдели 6-ум ва кумитаи амният барои як бозии сиёси ба дигар кас нисбат додан хандаовар ва шармандагист.Агар инхо хамкор набошанд чи гуна… Ингуна бозихо дар хама чо хастанд .Точикстон нав ба танг омада аз тачрибаи дустони яхудиаш истифода мебарад.

    Comment by Шукр | 08.09.2010 | Reply

  7. Ба Иброхим!!!
    Э кош ТВ-и точик ба сохибдилону сохибкасбону сохибватанони асили ин миллат сухан медоданду миллат аз онхо чизеро меомухт. Вале хайхот… Миллион сомонихо барои хайру макдамгуихо сарфа шуда истодаасту, милион минутхои эфир, ки боз хам милион долархо арзиш доранд, ба таърифу таърифу боз хам таърифи ЧО!!!! Ин ТВ-и точик ба хар яки мо хизмати хирсона карда истодааст ва мо хамушем… Пеш аз хама ин хизмати хирсона ба ЧО шуда истодааст, ки уро бе ТВ-и точик хам хамакасон мешиносанд, ва хазорон таъриф хам шавад, 53 фоиз ахолии камбезоат мепурсанд, ки агар президенти мо чунин марди окилу доно бошад, пас чаро ман кашоку бесаводам?
    Чаро касал бошам касе муоличаам намекунад? Чаро дар Россия гарибу бенаво бошам касе бароям коре дар Ватан пешкаш намекунад?

    Comment by Мир Об | 09.09.2010 | Reply

  8. мо точикон одат кардаем, ки хар як амали номатлубро думболагири намуда онро дастак карда якдигаро сиёх кунем. дар хакикат бошад амали аз тарафи амният руй дода гурехтани фирориёни зиндони ин нихоят паст намудани обу руй давлат мебошад. Асоси ин бо рохи хешу табори ва махалгарои чобачо гузории кадрхо мебошад. Дар давраи шурави аксарияти коркунони амниятро хеч кас намешинохт. Солхо барои ба кор кабул намудан ахлу авлоди онхоро шахсияташонро аз галбер мегузаронидан. имруз бошад аз бекори кадукори гуфта худро ба ин соха мезананд.

    Comment by Fidoi | 09.10.2010 | Reply

  9. давомаш………..
    Хуб мешуд Президенти мухтарам барои чобачо гузории кадрхои органхои кудрати ва дигар сохахоро аз тарафи масулини худ мавриди омузиш карор дихад. Албата рохбаре, ки 10 сол дар як чо нишаст масъулияташро нигох дошта наметавонад. Дар хозира хатто фароши оддиро бе воситаи шиносхо ба кор кабул намекунанд. Ман бовари дорам, ки рохбари ба тозаги пешниходшудаи Чаноби Оли ЯТИМОВ С ки солиёни зиёд медонам бахри ислохи амалхои номатлуб мубориза мебарад.

    Comment by Fidoi | 09.10.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: