Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ангошту анбошти идона

Мехоҳам, ду идро, ки имсол болои ҳам омадаанд, ба ҳамаи хонандагони ин торнигор табрик гӯям. Яке — Рӯзи истиқлолияти миллии Тоҷикистон ва дигаре — иди Рамазон. Танқиду тамасхури бархе аз соҳибназаронро дар мавриди истиқлолияти давлатии тоҷикон шунидан сахт аст, аммо бояд дарк кард, ки зимни ин онҳо аз ҳукумати феълии кишвар интиқод мекунанд ва ба ҳоли раҳбарони нотавон тамасхур мезананд ва аз он ҷо ки ҷасорати фошгӯӣ надоранд, алами худро аз истиқлолият мегиранд.

Истиқлолият бузургтарин ормони як миллат аст ва агар имрӯз чанд шахси тасодуфӣ вазъеро ба вуҷуд овардаанд, ки одамон аз чунин истиқлолияти кишвари хеш нохушнуданд, ин маъниро надорад, ки бояд миллат аз истиқлолияти хеш даст кашад ва ё ба он ношукрӣ кунаад.

Истиқлолият иди миллию мардумист, аммо зоҳиран, Рамазон, ки бештар кори ботинии ҳар шахс аст, шукӯҳу ҷазабаи бештар дорад. Ҳоло мехоҳам бубинам, ки моҳи мағфират барои ман чӣ буд ва чӣ овард.

ОЛАМИ  БӮЙҲО

Чизе ки тамоми моҳ маро азият медод, бӯй буд. Дар моҳи Рамазон ҳисси шомеа ба ҳадди охир тез мешавад. Камтарин бӯйе аз бинниат хато намехӯрад. Баъзан таҳаммули онҳо сахт аст. Махсусан дар мулки бегона. Дар лифт, дар истгоҳ, дар трамвай ё метро. Бӯйи атру одеколонҳои мухталиф, заҳу нами метро, оби ҷав ё машруб, арақи бадан…

ҚАҲВА

Бӯйи қаҳва барои дӯстдори он чун мане сангин аст. Акси финҷонҳои қаҳва бо ҳавру каффи онҳо дар постерҳои бузурги таблиғотӣ аслан таъсире надоранд, аммо агар даҳ дақиқа пеш аз ман касе дар лифт қаҳва дар даст сайр кардааст, хеле тоқатшикан аст.

ТАМОКУ

Ибтидо бештар аз обу хӯрок норасоии тамоку сари касро ба инфиҷор мувоҷеҳ мекунад ва сабру тавонро ба шикастан наздик меорад. Дар поёни моҳ аслан ба он нигоҳ карда наметавонӣ. Ба натиҷае мерасӣ, ки бе он ҳам зистан мумкин аст, бавижа ки як чизи зишт ва барои тан газандовар аст. Кош ин нирӯро гирифта бошам, ки аз ин дӯсти дар либоси душман комилан ҷудо ва дур шавам.

НОЗУКИҲОИ РӮЗА

Аслан бояд ҳамеша ғизои поку хубу ҳалол хӯрд, аммо дар Рамазон ин хоҳиш ба қонуни зиндагӣ табдил меёбад. Вале агар дар як кишвари аврупоӣ ба сар мебарӣ, гуфтан душвор аст, ҳама чизе ки мехӯрӣ, ҳалол аст ё на. Ғизои имрӯза миллионҳо унсур дорад. Кӣ медонад, дар кадоме чй ҳасту чӣ нест.

ТУХМ

Бибии худораҳматиям дар моҳи рамазон тухмро аз ғизои мо хориҷ мекарданд. Мегуфтанд, ҳаром нест, макрӯҳ аст. Мо ҳам тан медодем. Ҳоло ҳам дар рамазон тухми мурғ намехӯрам.

Як рӯз дар фурӯшгоҳ тухми сабзидаву нешзадаи мошро дидам. Ба худ гуфтам, агар модаркалонам ҳоло ин ҷо мебуданд, мегуфтанд, ин на танҳо макрӯҳ, балки ҳаром аст.

ХОБ

Дӯстам, ки бори аввал рамазонро таҷриба мекард, гуфт, намедонад, рӯзааш шикастааст ё на. Пурсидам, чаро. Гуфт, баъд аз намози бомдод, вақте ба хоб ғунуд, андаруни хоб дид, ки себ мехӯрад. Бедор шуд ва таъми себ дар гулӯяш дошт. Рӯза сар шуда буд. Ба худ печид, ки рӯзааш шикастааст. Дар ҳақиқат, агар дар давоми рӯз, дар хоб ғизо хӯрдед ва аз он хӯрдан роҳат кардед ва ҳиссе доред, ки чизе хӯрдаед, оё рӯзаатон намешиканад?

НАМОЗ

Ҳар бор ки нияти намоз мекунам, падари бузургворамро ба ёд меорам. Намозхониҳои худро бо имомати ӯ. Ба фикр меравам, ки падарам ҳамин гуна ба Худо муноҷот мекарданд. Падари он кас ҳам. Бобояшону бобокалонашон низ. Аммо дар раддае аз ниёкон ногоҳ онҳоеро мебинам, ки дар Оташкада истодаанд ва ба оташ саҷда мекунанд. Ниёкони онҳо ба Митро дуо мефиристоданд, ки ҳамаи мушаххасоти Исо паёмбар зоҳиран аз он меояд.

Садсолаҳо пеш бобоёни мо Офтобро мепарастиданд. Намозашон ҳам дигар буд ва шояд рӯзаашон низ. Инро наметавон рад кард. Ниёкони мо 1400 ё 1500 сол пеш мусулмон шуданд.

Ҳоло ман вақте намоз мехонам, гӯё рӯҳи падарамро ҳам шод мекунам, ки аз пайи пойи ӯ рафтаам. Аммо рӯҳи ниёи хеле дури худро оё шод мекунам?

ТАКБИР

Ҳамсояҳои ман шояд ба сутӯҳ омадаанд, ки дар соати 4-и саҳар касе “Оллоҳу акбар!” мегӯяд ва хоби онҳоро ҳаром мекунад.

Дӯсте доштам, ки дар коргоҳ намоз мегузошт, вале касе такбири ӯро намешунид. Ҳол он ки муҷтаҳидон мегӯянд, бояд такбир ба овози баланд гуфта шавад ва садои онро агар инсоне дар атроф нест, гулу гиёҳ бишунаванд.

Аз Худо мехоҳам маро бубахшад, ки ҳамсоягонамро нороҳат мекунам.

ХАБАР

Хабари ҳамлаи худкушонаи Хуҷанд дар авҷи моҳи рамазон мерасад. Нафрат мефиристам ба онҳое, ки дар ин моҳи сулҳу осоиш, моҳи поксозии ботин даст ба қатли инсонҳо задаанд.

Намедонам, Худои ман аз гунҳои чунин афрод хоҳад гузашт ё на. Ба худ меандешам. Фикр мекунам, ман бояд барои неку бади худ посухгӯ бошам. Дигаронро ҳаволаашон ба Худо.

Хабари бадтаре мерасад, ки ситезаҷӯёне мехоҳанд, Қуръонро оташ зананд. Барои ман онҳо аз инҳо фарқе надоранд. На онҳо мусулмонанд ва на инҳо насронӣ.

ТИРЕЗАИ РӮШАН

Дар бинои баландошёнаи рӯбарӯи манзили мо ҳар бомдод, вақти имсок дар хонае чароғ дармегирифт. Ин тирезаи рӯшани субҳ чанд рӯз таваҷҷӯҳи маро ба худ кашид. Ҳадс задам, дар он мусулмонон ба сар мебаранд ва ҳар субҳ баробари мо бармехезанд.

Аммо бомдоди панҷум буд ё шашум, тиреза дигар рӯшан нашуд. Баъд аз тановули бомдодӣ мерафтам, то бубинам, шояд ҳамкешони ман дар хоб мондаанд ва дертар бархостаанд. Лек тамоми рӯзҳои баъдӣ дигар чароғи он манзил рӯшан нашуд. Шояд соҳибонаш сафар кардаанд? Ё ин ҳамчароғии бомдодии мо як тасодуф буд?

КИТОБ

Бузургворе чанд сол пеш аз Душанбе бароям нашри нави (соли 2002, Покистон, тарҷумаи Алҳоч Амир Аббос Бобоназарзода) Қуръонро фиристода буд, ки акнун ҳар субҳу шом дар гулистони он ғарқ мешавам.

Гоҳе рӯ ба китобҳои дигар ҳам меорам. Эраҷи Афшор дар ёддоштҳояш менависад, ҳилоли моҳ яке аз нишонҳои Эрони қадим будааст ва дар рӯйи сиккаҳои аҳди Сосонӣ дида мешавад. Вай аз қавли Ҳамзаи Исфаҳонӣ меорад, ки “болои тахти Баҳром ибни Баҳром ҳилоли заррин насб будааст. Ва Ёқути Ҳамавӣ, боз ҳам ба навиштаи Афшор, аз Мусаъъир ибн-ул-Муҳалҳил нақл мекунад, ки “дар болои гунбади Озаргушасб – оташкадаи машҳур ҳилоли симин барафрохта будааст.”

Имрӯз ҳилоли моҳ дар парчами миллии Туркия, Узбакистон, Индунезӣ, Покистон ва ғайра ҳаст, аммо на дар парчами Тоҷикистон ва на дар парчами Эрон.

НОМА

Бибияму модарам ба ман сабақ додаанд, ки дар моҳи рамазон забон ва зеҳн бояд аз калимаҳои бад пок бошад. Дар ҳайрат мондам, вақте номаҳои хашину пур аз дашноми баъзе аз мусулмононро бихондам, ки худро ҳомии ислом мешуморанд. Агар ҳатто дар зеҳн гузаштани калимаҳои бад мамнӯъ бошад, магар навиштани онҳо муҷоз аст?

Номаи сарбозони артиши миллии Тоҷикистон тамоми ин рӯзҳо аз зеҳнам дур намешуд. Мегуфтанд, ҳар рӯз чанд километр медаванд, соатҳои дароз машқ мекунанд, ҳаво гарм аст, ғизои хубе надоранд ва фармондеҳон ба онҳо мегӯянд, рӯза нагиранд. Аммо онҳо рӯзаро сар кардаанд ва ҳоло намехоҳанд, дар нимароҳ аз раъйи худ гарданд.

Дилам ба он ҷавонон месӯхт. Рӯҳоние пайдо нашуд, бигӯяд, ки вазифаи асосии онҳо дифоъ аз Ватан аст. Ин фарзи онҳост ва набояд бо рӯза ба машаққати худ биафзоянд. Баракс дар Миср ва чанд кишвари дигари мусулмон ба онҳое, ки машғули кори сангин аст, фатво дода шуд, ки об ё шарбат бихӯранд. Шояд ин оғози як ислоҳот дар ислом аст? Асҳоби Каҳф ба хулосае омадаанд?

НАФС

Рамазон ба ман омӯзонд, ки хӯрок метавонад, чандон аҳамияте надошта бошад. Барои як меъдаи инсонӣ чизи зиёде даркор нест, ба як пора нон ҳам мешавад, зист. Вале нафси инсонист, ки чангол мезанаду фашшу фишш мекунад. Море андаруни инсон аст, ки мисли морони Заҳҳок ҳар рӯзу ҳар соат ҳаққи худро талаб мекунад. Дар даруни баъзе аз инсонҳо шояд на мор, балки аждаҳои бузурге ниҳон аст.

Аз ҳама муҳимаш, Рамазон ба мо гуфтани “на”-ро ба нафси худ меомӯзонад. Моро бар нафси хеш пирӯз мегардонад. Исбот мекунад, ки бе ин ҳама лашшу луш низ зистам мумкин аст ва ҳатто зиндагӣ зеботару ширинтар ва пурмаънитар мешавад. Муҳим ин аст, ки аслан маъние дошта бошад.

08.09.2010 - Posted by | Ватан, Дин, Инсон, Таҷриба, Фарҳанг | ,

9 Comments »

  1. Дуруд,
    Бовар кунед устоди азиз, аз хондани навиштаҳои пуртаровати шумо лаззате васфнопазир дастгирам мешавад. Дасти шумо, воқеан дард накунад. Худо, шумо ва хонаводаи шуморо дар паноҳаш нигаҳ дорад. Нависед, ки мо баҳра ва лаззат барем.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 08.09.2010 | Reply

    • Лутфи Шумо зиёд аст, Сайидюнуси гиромӣ. Саломат ва сарбаланд бошед. Коре накардаам, фақат таҷрибаҳои хешро нигоштам. Шояд начандон ҳамвор.

      Comment by aioubzod | 09.09.2010 | Reply

  2. Хам Истиклолият ва хам Иди Рамазон муборак бошад! Бисёр матлаби хонданибоб! хатман онро чоп карда ба мухлисонатон хохам бурд! Ва аз номи онхо низ харду идро ба шумо ТАБРИК мегуям!

    Comment by Nabizoda | 09.09.2010 | Reply

    • Ба Шумо ҳам фархунда бод Иди Истиқлолият ва Иди Рамазон. Ба дӯстону ёрон ҳам табрик бод. Худованд ҳамаро дар паноҳаш нигоҳ дорад.

      Comment by aioubzod | 09.09.2010 | Reply

  3. Дуруд устоди арчманд!
    Хар замон чун мехмони сахфаи Шумо мешавам,дунё-дунё маьнавиёт мегирам.
    Чашни Истиклолу иди саиди Фитрро ба Шумо ва хонаводаи мухтараму шумо шодбош мегуям.Бигзор Худованд шуморо бехтарин иди бидихад.

    Рузи Истиклоли точик зинда бод
    Давлату икболи мо поянда бод
    Зери чатри сулху осоиштаги
    Офтоби якдили тобанда бод

    Comment by Фирдавси Аьзам فردوس اعظم | 09.09.2010 | Reply

    • Дуруд бар Фирдавси хушном! Идҳои азизро ба Шумо ва падари бузургворатон табрик мегӯям. Дареғ ин вақтҳо камтар меҳмони банда мешаванд. Шояд ноаён меоянду мераванд. Дуруд бар эшон.

      Comment by aioubzod | 09.09.2010 | Reply

  4. Салом ва дуруди бепоён ба устоди гиромикадр. Вокеъан аз навиштахои шумо лаззати рухи бурдам. Худованд шуморо дар панохаш хифз намояд. Иди саиди Фитр бар тамоми мусалмонон ва иди Истиклол бар тамоми Точикон муборак бошад.

    Comment by Аличон | 09.09.2010 | Reply

    • Ба Шумо ҳам хуҷаста бод Иди Рамазон ва Иди Истиқлолият. Худо кунад, рӯзе на гурӯҳаке, балки ҳар фарди ватан аз неъмати истиқлолияти миллӣ файзе бардорад ва бар он арҷе бигузорад.

      Comment by aioubzod | 09.09.2010 | Reply

  5. Салом ва дуруд ба Шумо. Пеш аз хама мехостам бо ду иди бузург табрик гуям ва робита ба ин хохише дорам, агар бипазиред, бисёр миннатдор мешудам. Дар арафаи чашни 10 солагии вахдати милли Шумо силсилабарнома ва навиштахо (ман бо он дар сайти Озоди шинос шудам) бо унвони “Факат ба хотири сулх” иборат аз 6 фасл омода намуда будед. Ман хондам ва хеле ба ман маъкул шуд. Азбаски соли оянда 20 солагии истиклолияти давлатии кишвари азизамон аст ва мувофики шинохти ман Шумо шохиди бисёр ходисахо хастед, наметавонед, ки ба ин мавзуъ силсила барнома ва ё навиштахоро дар сайти Озоди омода намоед (агар дар блоги худатон бошад хам зараре надорад). Ин як амали неке мешуд барои пажухишгарони чавони миллат. Ё агар вакт танги накунад, мисли китоби “Точикон дар асри 20”, ки аз силсила барномахои Шумо дар Озоди пахш шуда буданд, китобе менавистед. Ташаккур барои пасух (бовари дорам, ки чавоб менависед!).

    Comment by Sherali | 09.09.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: