Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Сукути Мулло Абдулло

Оё як нафар ё як гурӯҳ бо кадом дурнамо мехоҳад, субот ва амният дар як кишварро зери хатар гузорад? Агар ҳамлаи ғофилгирона ба сарбозони тоҷик аз камингоҳ кори дасти Мулло Абдулло бошад, магар ӯ дар тобистони соли гузашта барои он барнагашта буд, ки дар ватанаш осуда ба сар барад?

Ин гурӯҳ ба сари худ аст ё аз куҷое сармоягузорӣ мешавад? Як шахси наздик ба ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон мегуфт, Абдулло Раҳимов аз Покистону Афғонистон бо супорише баргаштааст, ки дар Тоҷикистон бахши Ал-Қоидаро созмон диҳад. Вай мегуфт, барномаи Раҳимовро Толибони афғон сармоягузорӣ мекунанд. Аммо Толибон дирӯз эълом доштанд, ки ҳеҷ рабте ба рӯйдодҳои Тоҷикистон надоранд. Сухангӯи онҳо, Забеҳулло Муҷоҳид мегӯяд, Толибон ҳадафи мудохила ба умури кишварҳои ҳамсояро надоранд.

Аммо хабаре ҳам буд, ки Мулло Абдулло боре дар Афғонистон бо иттиҳоми куштор боздошт шуда, дертар ба таври мармуз ба озодӣ баромадааст. Агар ӯ дарвоқеъ ҳадаф дорад, ҷунбишеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд орад, чаро аз имкониятҳои зиёди таблиғотӣ дар тобистони соли гузашта ва ҳоло истифода намекунад? Оё мақсади сиёсӣ дорад ва ё танҳо ҳамчун аз хатари амниятии дарозмуддат боқӣ бимонад?

Раҳимов сокит аст. Садое аз ӯ дарнамеояд, аммо дар иваз аз сархатти нашрияҳои Русия гӯё ба ӯ паёмҳои табрикӣ мерасад: “Мухолифон дар Тоҷикистон ҷанги нави шаҳрвандиро шурӯъ мекунанд”, “Онҳо аз нав ба саҳна баргаштанд”, “Сабри норозиён сар омад”, “Тоҷикистон дар остонаи ҷанги нави шаҳрвандӣ”, “Зарбаи сангин: Шумори сарбозони кушташуда ба 23 нафар расид”, “Ҷанги шаҳрвандӣ такрор мешавад” ва сарлавҳаҳои дигаре монанди ин. Зоҳиран, Мулло Абдулло ба сухангӯ эҳтиёҷ надорад.

Сархатти расонаҳои ҳамагонии Ғарб мӯътадил ва бетарафона аст. “Дар қатли сарбозон исломиён айбдор мешаванд”, “23 сарбози давлати Тоҷикистон кушта шудаанд”, “Ҳамла аз камин ба вазъи амниятӣ рӯшанӣ меафканад”, “Тоҷикистон дар шикори ситезаҷӯёни исломӣ” ва ғайра.

Ба ҳар ҳол оё ин шахс ва пайравони ӯ дар хидмати кӣ бошанд? Чаро онҳо омодаи ин шудаанд, ки худро ба куштан диҳанд? Оё умедворанд, дигарон ба онҳо хоҳанд пайваст?

Вазорати умури хориҷии Олмон расман изҳор дошт, ки аз рӯйдоди Рашт нигарон мебошад ва аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад, ҳамаи корро барои барқарории суботу амният бикунад. Изҳороте, ки мисли як ҳамдардӣ садо медиҳад.

Шахсан ман чунин изҳоротро аз Вазорати умури хориҷии Русия интизор будам. Ҳатто аз сарвазир/президенти Русия Владимир Путин, ки шомеаи нодири сиёсӣ дорад.

Охир, Олмон на узви паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) асту на узви Шанхайчиҳо ва на шарики стратегӣ. Чаро Олмон нигарон шудаасту Русия сукут меварзад? Ё ин ҳам сукуте монанди сукути Мулло Абдуллост?

20.09.2010 - Posted by | Амният, Ватан, Таҷриба, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй

8 Comments »

  1. Бале, сархатҳои нашрияҳои Руси гуйё хурсанди мекунанд. Русия ба Тоҷикистон коре накарда ва ба дигарон низ намемонад, ки ба рушди Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Онҳое ки дар Тоҷикистон бисёр ташкилотҳои башардӯстона даронд ва барои расонидани кӯмак ба Тоҷикистон миллионҳо ва миллионҳо маблағ сарф кардаанд амнияти Тоҷикистонро мехоҳанд

    Comment by Иброҳим | 20.09.2010 | Reply

  2. Бало ба паси хамааш. Вале афсус, ки дар ин чо мардуми бечора ба мисли аскарони катори нобуд мешаванд. Мулло Абдулло барои хукумати Точикистон ба мисли афсонаи ачина шудааст. Модарон фарзанди кучакашонро “ачина омад” гуён тарс медиханд. Хукумат, хар сол “Мулло Абдулло омад” гуён акнун сари нафареро мехурад. Худо накунад, ки ин навбат амали русхо набошад. Бало ба паси хукумати Рахмону дастандаркорони у, вале мардуми бечора боз хонабадушу зиндачудо мегарданд.
    Кош Рахмон хам, акалан мисли Акаев мешуд, ки хукуматро бечанг месупорид!!!

    Comment by Mr. Ernesto Geuvara | 20.09.2010 | Reply

    • J.O to qabra vafira meqapa. Agar azroil moro xalos nakynad az in, ba ixtiyori xyb nameravad in mard

      Comment by Dehqonbahca | 21.09.2010 | Reply

  3. Shikast onhoro intizor ast.

    Comment by Abubakr | 21.09.2010 | Reply

  4. Бале, устод. Зохиран Точикистон аз ба ихтиёри Русия гузоштани Рогун сарпечи кардааст.

    Comment by Farid | 21.09.2010 | Reply

  5. О ин Рахмон бо хешу табораш тамоми бачахои кухистона шарманда кард. Наход Эмомали симои бачаи доною басаводи кухистон бошад? Мурданамон бех нест магар? Охир чунин шансро парвардигор як бор ба мо, ба кухистонихо дода буд ва мо бояд хешу табор бозию махалчиги накарда ба хар як точики сохибаклу сохибсавод такья мекардем, вале барои ин корро кардан аклу саводи баланд лозим буд… Гирду атрофи ЧО бошад пур аз одамони дузду горатгар аст. Холо хам дер нашудааст ва у бояд бо обруи мухаммад ба истеъфо равад ва чои худро ба ягон фарзанди арзандаи диёр мерос монад ва на ба фарзандони худ. У вазифаи таърихии худро дар назди халку миллат, биёед гуем, ки “сарбаландона” ичро кард ва набояд ба хунрези рох дихад, чун худи у барои пеши рохи хунрезихоро гирифтан, захмати зиёде кашидааст.
    Бисьёр хуб мешуд,ки чои уро ягон бизнесмени махаллии ватандустдори чашмсер ишгол мекард… Ягон ширинсухану баландмаърифату забонхои хоричиро медонистаги… Магар он бачахои дар дараи Камаров кушта шуда беаклию бефаросатии сохибмулкони имрузаро нишон намедихад? Ту гиряи чонфазои модари точикро фаромуш кардаи ва боз мехохи ки онон гарки оби чашму хуни дил шаванд?

    Comment by Мир Об | 21.09.2010 | Reply

  6. Salom ba akai Salimjon,

    Man medonam ki shymo xidmathoi xelo ziyod namydaed ba milati azizmon va mytmainam ki metavoned va imkonot dar joi korat ziyod hast agar dar borai dar Kyjo bydani Myllo Abdulo xabari daqiq nashr merkaded xelo jolib xohad byd. Va bisyor chizhoo ryshan xohad kard. Man mutmainam bisyor az ryznomanigorni Jahoni bo Tolibon dar tamos hastand baroi didgoi Tolibonro giriftan dar yagon mavzy. Va shymo metvoned bo inroh yagon adress va ynvoni Mylo Abdulohro yobed ki voqean oyo y dar TJK hast va agar dar Afgoniston boshad pas charo in hama lashkar kashi davlat ba vodi Rasht.
    Shoyad in kori shymo sababi mani jang va kyshtori dar TJK shavad. Rosti aka dilam xyn megiryad az in hama kor. Naxod mo in qadar be shyr boshemm naxod mo in qadar beandesha boshem.
    Bigzor davlat ba kadom sy ravad, bigzor mardym xyd ikhtiyor kynand ki Islom yo gairi Islom. Amo chi darkor. Hanyz mo hamchyn milat ba xyd naomadaem. Xydo nakynad ki jang sarshavad ham tar mesyzd va ham xyshk.

    Barori Kor ustosi aziz.Myntaziri javobi shymo hastam

    Comment by Dehqonbahca | 21.09.2010 | Reply

    • Мутаассифона, касе аз хабарнигорон холо гуфта наметавонад, ки Мулло Абдулло дар кучост. Бехтарин хол ин буда метавонист, ки худи у ё тарафдоронаш садо баланд кунанд, ки оё ин кори дасти онхост ё на. Бояд мардона масъулиятро бар душ гирифт, агар дарвокеъ масъуланд.

      Comment by aioubzod | 21.09.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: