Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Худоё, беватан мемирам охир…”

Ба ёди Искандари Хатлонӣ

Солҳову солҳо аз қатли ӯ мегузараду дарди рафтанаш заррае кам намешавад ва русҳо дар ин ҳама муддат қотил ё қотилони ӯро шиносоӣ ва боздошт накарданд, пас наҷустаанд ё кашф карда бошанд ҳам, бо сабабе наметавонанд, эълон кунанд. Шояд як тоҷик барои онҳо онгуна арзишеро надошту надорад, ки худро “ғам диҳанд”. Марги бепайомади то 400 муҳоҷири тоҷик ҳар сол ҳамин паёмро дорад. Ва ҳам онҳо аз куҷо донанд, ки Искандари Хатлонӣ кӣ буд?

Инсони хоксору фариштахӯ, Искандари Хатлонӣ, ба кору ҷону умру осори хеш камбин буд ва бадбахтона, дигарон ҳам аз зовияи худи ӯ ба кору умру арзишу осораш менигаристанд. Ва чун аз чашми ӯ менигаристанд, дар паҳлуи фурӯтании вай сояи худро дарозтару китфони хешро баландтар медиданд.

Оё марги ӯ зарур буд, то ӯро бишиносанд? Марги нобаҳангоми ӯ — бепаноҳии қалам дар баробари табар, бекасии меҳр дар баробари ҷабр, бетаъсирии ҳилм дар баробари зулм, бепаноҳии лабханд дар баробари хашм, бечорагии тоҷик дар баробари дигарон буд.

ОН ВОПАСИН НАФАС

Аслан ин матн дар он рӯзҳое навишта шудааст, ки ӯ моро ба як гунаи фалокатомез тарк кард. Имрӯз, дар даҳсолагии он рӯзи талх ин матни гумшударо ёфтам ва акнун онро дубора менависам.

Субҳи 21-уми сентябри соли 2000 хабари марги ӯ як хабари боварнакарданӣ буд. Ақл аз қабули он сарпечӣ мекард. Бо гузашти даҳ сол ҳамон боварнакарданӣ монд. Ва ҳам  одатнакарданӣ…

Телефон субҳгоҳон хомӯш аст. Вай дигар занг намезанад. Дигар дар коргоҳи танги Маскав барои курсии холӣ талош нест. Як ҳамкори ин коргоҳ дар рӯзи маргаш гуфт, Искандар зоҳиран ин қадар кӯчак буд, ки ба таври шигифтангез ҷои каме мегирифт. Бечора, ин кас намедонист, ки Искандар одат дошт, ҷои касеро нагирад, ҳарчанд ҳамеша дигарон ҷои ӯро мегирифтанд. Акнун дигар нест. Шояд ҷой васеътар шуда бошад. Дигар ҳамнишинон риштаи афкори ӯро бурида, маънии ин ё он вожаро намепурсанд. Ҳатто калимаҳои забони барояш ноошноро. Рус, яҳудӣ, тотор, озарӣ, туркман ва ӯзбак – ҳамкоронаш медонистанд, ки Искандар дар байни онҳо забондонтарин аст ва метавонад, решаи ҳар вожаеро барояшон шарҳу тафсир кунад.

Дӯсти ҷавонмаргам забондону ҷаҳондон буд. Ҳама чиро медонист. Чӣ аз Шарқу чӣ аз Ғарб. Чӣ аз таърихи бостону чӣ аз рӯзгори имрӯз. Донотарини мо буд. Аммо донистани он вопасин лаҳза, ки Искандар бо ҳамон лабханди одатияш дар баробари касе меистод, ки табар дар даст дошт, донистани эҳсосу андешаи онлаҳзаинаи ӯ барои ман ва шояд ҳамаи наздиконаш, дӯстонаш ва ҳамкоронаш ба азимтарин сарвати дунё баробар аст. Дареғо, намедонем. Дареғо, намедонист, ки дунё соҳиби диле нест, ки ӯ ҳаст. Ва ҳамлавар ҳам намедонист, дасти номардӣ ба сари кӣ мебардорад.

ЁРОНИ ХУРОСОН

Зиндагӣ, агар косаи давр аст, Искандар дар гардишҳои ин доира бо касоне вомехӯрд, як муддат ҳамраҳиву ҳамнишинӣ мекард ва баъд, пас аз солиёне чӣ рабоиш буд, ки ин афродро бо Искандар боз дар канор меовард.

Бо шоири шинохта, Раҳмат Назрӣ, онҳо аз бачагӣ дӯст буданд. Баъд аз чандин соли дурӣ ва ҷудоӣ боз дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” ва маҳфили шеъри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳам омаданд.

Ҳамингуна бо журналисти афғонистонӣ, Форуқи Фардо, пас аз чандин сол дубора дар Маскав ҳамнишин шуд. Акнун Форуқ бо ишора ба як мисраи Искандар — “Аз нокуҷо ба куҷо рафтам” мегӯяд, ҳар фосилае дар ин роҳи дуру дарози Искандар бо дард ва машаққате рақам шудааст, ки аз чашми дигарон ниҳон буда. “Дардҳои дарун ва машаққати ботинии ӯро аз шеърҳояш метавон пайдо кард.”

Дар xуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст,
Хашму ситези Рустами дастон нуҳуфтааст.

Хоки маро ҷазираи xушкӣ гумон мабар,
Дарёи бекарону xурӯшон нуҳуфта аст.

Пиндоштӣ. ки решаи пайванди ман гусаст?
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст.

Ин синаи пурро Искандар аз Афғонистон оварда буд. Кам касон медонанд, ки Искандар Идизодаи Хатлонӣ дар Афғонистон ба сифати тарҷумон ва устоди Донишгоҳи улуми иҷтимоӣ ба баландтарин мартаба, ба тарҷумони шумораи аввали Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфта, сӯҳбатҳои миёни сармушовири президенти Афғонистонро ба форсии ноб ва гуфтаҳои раҳбари Афғонистонро ба русии фасеҳ баргардон мекард.

Агар баъзеҳо аз Афғонистон савори мошинҳо баргашта бошанд, Искандар аз он ҷо бо бастаи китоб ва ёди дӯстони бешумор баргашт.

Кам касон медонанд, ки дар охири солҳои ҳаштодум Искандари Хатлонӣ, ки бозсозии горбачёвӣ ӯро аз Маскав ба ватан оварда буд, дар хонаи нависанда Адаш Истад мезист ва дар пайи ташкили маҳфили сиёсии рӯшанфикрон буд. Вай буд, ки корпояи маҳфили “Рӯбарӯ”-ро навишт, ба таъсиси “Растохез” ҷадал кард ва аз ҳама муҳимаш дар муборизаи рӯшанфикрон барои мақоми давлатии забони форсии тоҷикӣ аз пешсафони ин набард буд. Кам касон дидаанд, ки чӣ тавр ӯ дар сӯги ҷавонони шаҳиди баҳманмоҳ дар соли 1990 ашки хунин мерехт.

Баъд аз бозгашт ба Маскав вай аввалин нашрияи озоди тоҷикӣ, “Мужда”-ро таъсис дод. Ин муждае барои ҳамаи форсизабонон буд ва ӯ аз он бисёр ифтихор мекард, ки пуле байни форсизабонони ҷаҳон устувор кардааст. Беҳтарин адибу донишмандони форсигӯ дар атрофи “Мужда” гирди ҳам омада буданд. Ҳазорон орзу дар дил аз сар задани иғво ва ҷанги миёни тоҷикон ба умқи андӯҳ ва сукут афтод.

“Сахттарин солҳои умрам солҳои ҷанги қабилаҳо дар Тоҷикистон буд”, мегуфт Искандар. “Замоне ки номи зодгоҳи ҳар тоҷик муродифи хислати манфие гашта буд ва ҳама аз ҳама хун мехосту ҳама гиребони ҳама мегирифт. Аввал дигарон ҳар маҳалли моро ба шакле лақаб монда буданд, ин замоне расид, ки худамон идома додему ба авҷ расондем. Ин солҳое буд, ки ман аз оилаам ҷудо шудам.”

Худоё, беватан мемирам охир
Ва бе гӯру кафан мемирам охир.
Агарчи ваҳдати ҷону танам ҳаст,
Парешонҷону тан мемирам охир.

Ватанхоҳони худхоҳу дурӯғин
Лагоми ёваро сар дода имрӯз
Даҳаншон кафф кунад аз доду фарёд,
Ба хилват лек хомӯшанду мармуз.

Ман аз пиндорашон огоҳам эй ёр,
Ман аз фарёдшон безорам, эй дӯст.
Ва ин бегонагони худнаморо
Ба гӯристон надидан низ некӯст.

Шигифт ояд маро з-ин ҳуққабозон
Ки дар пиндори худшон беназиранд.
Ба зоҳир подшоҳу хону султотн
Ба ботин лек ноаслу ҳақиранд.

Дар ин давлат, ки мо давлат надорем,
Ватан бозичаи дасти дигарҳост,
Ман он дардам, ки дармоне надорад,
Ман он мардам, ки бедор асту танҳост.

Вай мегуфт, “солҳои ҷанги Тоҷикистон солҳое буданд, ки ман мояи нобоварӣ ва беэътимодии ҳарду тараф будам, ҳарду тараф маро душман мехонд. Барои яке аз лиҳози ҷуғрофӣ душман  будам, барои дигаре аз лиҳози афкор.” Куҷоянд ёрони Хуросон?

ХАБАРНИГОРИ ОЗОДӢ

Ба ҳамон арзишҳои ахлоқие, ки аз падар ва модар бардошта буд, мехост, тамоми умр вафодор бошад. Аммо дунёи ин қавм дигар шуда буд. Дар миёни даҳҳо луғату вожаномаҳо наметавонист, пайдо кунад, ки чаро калимаи “хоксорӣ” акнун “нописандӣ тарҷума мешавад, нармӣ тарс, нохудхоҳӣ бехудӣ, камҳарфӣ камзарфӣ, ахлоқу фарҳанг ҳеҷ. Нафс белагом шудаву ҳирс бепарда. Чорае ҷуз ин надошт, ки бештар бо хештан бошад ва аз муомилаҳо дурӣ гузинад.

Дар гузоришҳои хеш Искандар ин қадар забони гиро ва тасвиромез дошт, ки бо шунидани он ба таври нохудогоҳ манзара дар пеши чашми шунаванда ҳувайдо мегашт.

Бо ин ҳама донишу ғурур Искандари Хатлонӣ дар баробари бераҳмӣ, зӯру дағдаға ва душноми қабеҳ силоҳе ба ҷуз аз лабханди дилсофона надошт. Ман ӯро дар тобут низ дар ҳоле дидам, ки лабханд мезад.

Қатли ӯ барои мо шояд муаммое барои ҷовидонҳо боқӣ хоҳад монд. Як фаришта бояд чӣ коре бикунад, ки ӯро ба чунин шеваи бераҳмона ба қатл расонанд? Ин қатл ба ҳирфаи ӯ бастагӣ дошт, тасодуфе буд, нафрати нажодпарастона, ҳасади ҳамсоя ё як ихтилофи маишӣ?

Ман ба ин боварам, ки ӯро барои гузоришҳои ҷасуронааш бар зидди Толибони афғон, зӯроварии русҳо бар чеченҳо ва фишори ҳарисонаи милисаи Русия ба муҳоҷирони тоҷик ба қатл расонданд. Чаро чунин меандешам? Зеро агар ин як рӯйдоди маишӣ мебуд, тавре баъзеҳо ҳанӯз ҳамон вақт чунин овозаҳоро интишор доданд, барои мақомоти Русия осонтар буд, бо кашфу муҷозоти омилони куштор худро аз танқидҳои ҷаҳонӣ раҳо кунад.

Ба ёд оварем, ки як рӯз баъд аз марги фоҷиавии Искандар сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Ричард Баучер бо лаҳни шадиде мавқеъи ҳукумати Амрикоро баён дошт. Вай куштори Искандари Хатлониро як воқеаи ваҳшатангез ва фоҷиавӣ номида, ба аҳли хонадони Хатлонӣ ҳамдардӣ баён кард ва аз манасабдорони Русия даъват кард, дар кӯтоҳтарин фурсат омилони қатлро шиносоӣ ва боздошт кунад.

Дар ҳамон рӯзҳо раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Томас Дайн пайиҳам ба унвони ҳукумати Русия ду нома фиристод. Вай қатли Хатлониро талоши гурӯҳҳое ба тарсондани журналистон номид ва гуфт, роҳ додан ба тарс на танҳо маънии хиёнат ба рӯҳи Искандари Хатлонӣ, балки хиёнат ба орзуҳои рӯшани башарист.

Кумитаи дифоъ аз журналистон, Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот ба президенти вақти Русия, Владимир Путин, номаҳо фиристода, аз ӯ дархост карданд, ҳамаи корро анҷом диҳад, то омилони қатли Искандари Хатлонӣ боздошт ва муҷозот шаванд. Ин ниҳодҳо аз Маскав хостанд, ки мунтазам аз ҷараёни таҳқиқи қазия иттилоъ диҳад.

Рӯзи 10-уми октябри соли 2000 Конуни ҷаҳонии рӯзномаҳо ва Форуми ҷаҳонии сардабирон дар паёме аз номи 17 000 журналисту ношир аз 93 кишвари дунё ба унвони Путин, ҳамчунин ба номи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Кофӣ Анон, Кумиссари олии Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон Мерӣ Робинсон ва Мудири кулли Юнеско, Койичиро Матсуура нома фиристода, таваҷҷӯҳи онҳоро ба зарурати таҳқиқи куштор ҷалб карданд ва тақозо намуданд, ки дар ин роҳ аз ҳамаи имкониятҳо истифода шавад.

Агар қатли Искандари Хатлонӣ як рӯйдоди маишӣ мебуд, муфаттишони рус хеле ба зудӣ сирри онро боз мекарданд, то Маскавро аз ин ҳама интиқоду муроҷиатҳои паиҳам раҳо кунанд. Дар сафаре, ки ман он вақт ба Маскав доштам, бо сарвари гурӯҳи муфаттишон дар Додситонии байниноҳиявии Головини Маскав, Александр Туманов ҳашт бор мулоқот кардам. Дар яке аз чунин сӯҳбатҳо вай гуфт, аллакай, дар гармогармии воқеа наздик ба 50 нафар ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шуда, шумораи умумии онҳое, ки умуман мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтаанд ба 400 нафар расидааст. Вай бовари қавӣ дошт, ки гурӯҳи таҳқиқ сарнахи кушторро ёфтааст ва аз роҳи дурусте пеш меравад.

Дар ин гурӯҳ ду ҷавоне ҳам буданд, ки парвандаи Хатлонӣ нахустин кори онҳо пас аз хатми донишгоҳ буд. Камобеш ба онҳо ҳисси рафоқате пайдо кардам ва пеш аз он ки ман Маскавро тарк кунам, онҳо ҳарду ба ман гуфтанд, ки хеле зуд, дар ду ҳафтаи оянда номи қотилро эълон хоҳанд кард. “Ту дар Прага инро хоҳӣ шунид, хабари боздошти қотилро ва хурсанд хоҳӣ шуд”, —  мегуфт яке аз онҳо, вақти хайрухуш ва ҳангоме ки дасташро мефишурдам.

Ғайриинтизор, дар Прага хабари дигаре шунидам. Як ҳафта нагузашта таҳқиқи парванда ба ихтиёри Додситонии кулли Русия гузашт ва ҳамон вақт ҳам Туманов ва ҳам ду рафиқи мо аз таҳқиқи парванда барканор шуданд. Лаҳни яке аз онҳо дар сӯҳбати телефонӣ хеле ноумедкунанда буд. Ба пойфишориҳои ман, ки дарёфтҳояш чӣ буд, ишора ба сирри таҳқиқот кард ва гуширо гузошт.

Боз як бор, пас аз моҳе ба ӯ занг задам. Бо шунидани садоям маро шинохт, аммо гуфт, дигар аз рафти пажӯҳиш огаҳие надорад. Аз тамос бо муфаттишони парванда маҳрум гаштааст.

Далели қотеъ дар даст надорам, вале ҳадс мезанам, ки дарёфтҳои муфаттишон чизе набуд, битавонанд бе зиёну зарар ба мақомоти Русия онро эълон кунанд. Ҳамин тавр сирри қатли Искандари Хатлонӣ дигар ҷовидона шуд. Вале муноҷот ба Худованд мекунам, ки кош рӯзе, ҳанӯз пеш аз маргам, бишнавам, ки ин сир фош шудааст.

21.09.2010 - Posted by | Ватан, Сарнавишт, Тоҷик, Ҳолнома |

4 Comments »

  1. Оли! Дастатон дард накунад. Рухи як хамкасбро шод кардан,камоли олии инсонист. Худо шуморо сарбаланд нигах дорад.

    Comment by Рахим | 22.09.2010 | Reply

  2. Ба ёди рафтагони ормони чои хасрат нест.
    Барои гурамаргони дур аз ватан ман гиряму гирям.

    Рухаш шоду хонаи охирати бародари гурамарги мо Искандар обод бошад.Тарики Рахмату шоистаи чаннат бошад!

    Comment by Шахло | 26.10.2010 | Reply

  3. Ту куштӣ шоири қодирсуханро,
    Ту куштӣ шӯҳрату фахри Ватанро.
    Ту як сайёраро куштӣ,
    Ва ё як осмон истораро куштӣ.

    Ғалат кардам,
    Накуштӣ ҷисми ӯро,
    Ту куштӣ табъи модарзоди ӯро,
    Ту куштӣ чашмаи эҷоди ӯро,
    Чунон ки тифл дар заҳдони модар мирад аз зарбат…

    Дигар ӯ рафт аз хотир
    Дигар ӯ рафт чун шоир.
    Ту ӯро хастаю ғамнок кардӣ,
    Ба ҷои пок кардан чок кардӣ…

    Comment by Шахло | 03.11.2010 | Reply

  4. Дуруд ба Устод Аюбзод! Аслан ман интизор доштам шумо дар паи хаводисхои ахири Русия, яъне латукуби Олег Кашин ва вокунишхои баборовардаи ин вокеъа, икдоме ба даст хохед гирифт, чун шуморо хамчун як журналисти сареъкор эътироф дорам. Аммо то чое ман медонам ин кор нашудаст. Маъзарат мехохам агар густох хастам, лекин фикр мекунам бояд аз тарики ВАО бахусус руси садо баланд кунем то парвандаи шодравон Искандар азсар гирифта шавад. Чунончи зери фишори хамкасбони шумо додситонии Русия парвандаи Михаил Бекетов як рузноманигори дигар азсар гирифта шудааст.
    Муваффак бошед.

    Comment by Юсуф | 13.11.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: