Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Доруи дардафзо

Ин ҳама рӯзҳои охир кому даҳонам талх аст. Зеро аз нав дар ватани мо хун мерезад, навҷавонон кушта мешаванд, падару модарон мегирянд ва хабарҳои нохушу вазъи норӯшан ёдбудҳои давраи ҷанги дохилиро дубора зинда мекунанд. Аз нав русҳо ва дигар бегонагон ба ҳоли мо механданд ва моро ба ҷанги нав таҳрик медиҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон наздик ба 2 000 сарбозу афсарро ба деҳоти ноҳияи Рашт фиристодааст ва аз нав тоҷикон ҳамдигар аз хилоли нишонгири силоҳ меҷӯянд. Мақомоти давлат, ки аввал Мулло Абдуллоро масъули ҳамла ба ду мошини Вазорати дифоъ дар Камароб номида буданд, акнун айни иттиҳомро бар дӯши фармондеҳи дигар, Мирзохӯҷа Аҳмадов гузоштаанд.

Дар ин пасманзар мулоқоти вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев, вазири умури дохилӣ, Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ Мансурҷон Умаров ва ноиби аввали Додситони кулли Тоҷикистон, Абдуқодир Муҳаммадиев бо Аҳмадов ва фармондеҳи дигар, Шоҳ Искандаров дар арафаи ҳамла ва айбдоркунии Аҳмадов баъд аз он ба бозие монанд аст, ки аз пеш тарҳрезӣ шудааст.

Агар ин ниҳодҳо, тавре мегӯянд, иттилои махфӣ доштанд, ки Мулло Абдулло ба Рашт омадааст, магар намедонистанд, ки Аҳмадов бо ӯ ҳамкорӣ мекунад? Аммо агар медонистанд, гуфтушунид чӣ намоише буд? Чаро пайваста такрор мекарданд, ки зидди Аҳмадов ягон таҳқиқи ҷиноӣ ҷараён надорад? Пас намедонистанд-да. Аҷиб аст, дар куҷо будани Мулло Абдуллоро медонистанд, вале бо Мирзохӯҷа ҳамдаст будани ӯ барояшон номаълум буд. Онҳо бояд манобеи истихборотии худро барои иттилои нокомил муҷозот кунанд.

Суоли дигар ин аст, ки чаро агар Мулло Абдулло ин ҳама муддат, сар аз тобистони соли гузашта то ҳоло, дар шарқи Тоҷикистон буд, даст ба ҷинояте назад? Пас мумкин аст, ин хел фикр кунем, ки ҳадафаш дар он ҷо танҳо кӯҳ ба кӯҳ гурехтану пинҳон шудан буд? Он гоҳ чаро ба корвони нерӯҳои Вазорати дифоъ ҳамла кард? Шояд барои он ки ҳамкорияшро бо Мирзохӯҷа Аҳмадов фош кунад? Ё барои он ки Аҳмадов ва ёрони ӯро ҳадафи иттиҳомот ва вокуниш қарор диҳад? Ҳеч чизро фаҳмида намешавад. Иттифоқан, суолҳои Оля Тутубалина аз пурсишҳои ман ҳам бештаранд, аммо ҳамаи онҳо яксон беҷавоб.

Вақте ҳақиқат паси парда аст, мо танҳо бозии гоҳе моҳирона ва гоҳе беҳунаронаи бозигаронро мебинем. Ҳаминаш намерасад, фардо “фош шавад”, ки аслан Мулло Абдуллояш ҳамин Мирзохӯҷа Аҳмадов аст, ки зери номи дигар худро пинҳон кардааст. Ё хабар расад, ки Мулло Абдулло акнун дар Ишкошим пайдо шудааст. Шояд ба ҳамин далел Виктория Панфилова менависад, ҳар водии Тоҷикистон Мулло Абдуллои худро дорад. Ин ҳам дар ҳоле ки, бино ба хабарҳо, Мулло Абдулло чанд сол пеш дар ҷараёни амалиёти байнулмилалии зидди террор дар Афғонистон кушта шудааст. Ва ҳам дар ҳоле ки Ҳаракати исломии Ӯзбакистон бо вуҷуди бар дӯши хеш гирифтани масъулияти ҳамлаи Камароб, намегӯяд, ки Мулло Абдулло дар он даст дошт ё на. Худи Мулло, агар зиндааст, бо вуҷуди уруҷи ҷаҳонияш ба мақоми Бен Лодини тоҷикон, пойфишорона сукут меварзад.

Шамсия Раҳимова, ҳамсари Мулло Абдулло, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ, Каюмарси Ато, гуфт, Мулло дар 10 соли гузаштае, ки деҳаашро тарк карду ба ҷиҳод рафт, аз ҳоли ҳамсари бемор ва фарзандонаш хабар нагирифта ва ба онҳо пуле нафиристодааст. Пас Бен Лодини тоҷикон ё ҳеч сармояе дар ихтиёр надорад ва ё ин қадар сарсупурдаи аҳдофи худ аст, ки ҷигарбандони хешро аз ёд бурдааст. Вале тавре гуфтем, агар ҳамлаи Камаробро Мирзохӯҷа Аҳмадов ё Ҳаракати исломии Узбакистон анҷом дода бошад, вой бар ҳоли Мулло Абдулло, ки на шавҳари хубе шуду на падари хуб ва на фармондеҳи хуб.

Лек шояд ҳукумат дуруст мегӯяд, ки талош дорад, зимни амалиёти ҷангӣ дар Рашт манбаи хатареро аз байн барад ва амнияти дарозмуддати Тоҷикистонро таъмин кунад? Вагарна наход бевиҷдонӣ ба андозаест, ки касе ин қадар осон ҷони сарбозони навҷавонро ба хотири дасисае ба гарав мегузорад? Наход бозигаре дарк намекунад, ки оқибати ин бозиҳо чӣ буда метавонад?

Ба ҳар ҳол ба мо мегӯянд, ки ҳукумат маҷбур шудааст, бо доруе тани бемори ватани моро шифо бахшад ва онро поку тамиз кунад. Аммо бо доруе, ки мумкин аст, агар марговар набошад ҳам, дақиқан дардафзост ва мумкин аст, ба ҷои шифо бемории бештареро ба вуҷуд орад.

25.09.2010 - Posted by | Амният, Ватан, Ислом, Қонун | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: