Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бори дигар дар бораи имло

Баҳсе, ки аз “Имолаи илмо” бархост ва махсусан равиши ғалати он ва ҳам пуштибонии тарафгиронаи як ҳамдиёри раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон маро водор кард, бори дигар ба ин мавзӯъ баргардам ва гумону шубҳаҳои бепояи дӯсти азизро, ки тамоми баҳсро бар сари маҳал бурду гумон дорад, ҳама мисли худаш маҳалгароянд, баҳам занам.

Он вақт ҳам гуфта будам ва такрор мекунам, ки шояд нигоҳи ман ба масъала орӣ аз иштибоҳ нест, вале на ин баҳс на сӯҳбатҳои дигар маро ба тағйири назар водор накардаанд. Баракс, фаҳмидам, ки ақидаи ман дуруст аст, аммо аз тарафи баъзе дӯстон нодуруст ташреҳ шудааст.

Талош мекунам, ин бор рӯшантар бинависам.

Нахуст, бояд пазируфт, ки вазъи забони модарии мо дар ду даҳсолаи охир танҳо дар бархе аз самтҳо беҳбуд ёфт, аммо ба сурати умум ҳамон гирифтори ҳарҷу марҷ, каҷроҳа ва норӯшаниҳост. Бино бар ин бояд дид, ки қоидаҳои нави имло ба раҳоӣ аз ин вазъ кӯмак хоҳад кард ё баракс ба душвориҳо хоҳад афзуд. Аз нигоҳи ман, шояд 30 дарсад кӯмак кунад, аммо 70 дарсад ба ҳарҷу марҷ хоҳад афзуд.

Ба ақидаи ман бояд шароитеро ба вуҷуд овард, ки забон озодона рушд кунад, аммо ба самти муайян ва ин самт бояд гузариш ба хатти форсӣ бошад. Аз ин нигоҳ, қоидаҳои нави навишт бояд моро ба ин Гузариши Бузург ва Покизасоз омода кунанд ва наслҳое, ки акнун дар мактаби ибтидоӣ ва миёна мехонанд, зимни омӯзиши имлои нав савтнигории хатти форсиро ёд гиранд. Аз ҳоло бояд ба кириллӣ тавре навишт, ки фардо, вақте ба форсӣ мегузарем, саводи онро дошта бошем, ки дар куҷо чӣ ҳарфе бояд навишта шавад.

Бино бар ин, набояд як шеваи муайянро асоси имлои нав қарор дод, балки хатти форсиро ба ҳайси пойдевори ин имло баргузид. Аз ин нигоҳ ҳарфи “ӯ” бояд дар калимаҳое нигоҳ дошта шавад, ки дар хатти форсӣ “вов” доранд ва аз вожаҳое барчида шавад, ки ба хатти форсӣ дар онҳо “вов” навишта намешавад. Агар ҳатто ҳарф ва овози “ӯ” туркист, бигзор, чун ба имлои мо ворид ва бароямон одат шудааст, як хидмати дигаре ҳам ба мо бикунад ва сипас, бо гузариш ба алифбои ниёкон, бигзор, моли таърих гардад.

Ҳамчунон ҳарфу овози “ъ” бояд дар байни ду ҳарфи садонок ҷой бигирад, то ки фардо бидонем, ки “шоир” дар хатти форсӣ бо “ъ”  ва “шоъир” навишта мешавад. Ва “иддао” ҳам “иддаъо”, “воқеа” – “воқеъа”, “боис” – “боъис” ва монанди инҳо.

Рост аст, ки ин роҳ сахтиҳои худро хоҳад дошт, аммо беҳтар аст, як бор сахтӣ кашему мушкилро ҳал кунем, назар ба он ки дар нимароҳ бо талошҳои нимакора овезону муаллақ бимонем ва ҳаргиз ба ҳақиқати кори худ бовари қатъӣ надошта бошем. Охир, то кай мо ин алифбои бегона ва ихтирои роҳибони насронӣ, Кирилл ва Мефодийро нигоҳ доштанӣ ҳастем? Мабод ҷовидона? Ба ин тартиб ҳаргиз ба асли худ бознахоҳем гашт ва ҷовидона ба худ бегона боқӣ хоҳем монд.

Дар ин ҳама сол аз миллион як ҳиссаи осори гузаштагони хешро ба хатти сириллик баргардон накардаем ва наздик ба ними баргардонҳо пур аз ғалатанд, ки дарки онҳоро мушкил мекунад. Ин аст, ки насл аз паси насли тоҷикон ҷудо аз донишҳои ниёкони худ гӯё илму маърифат меомӯзанд, вале дар асл дониши ночизе мегиранд ва ба ҷое намерасанд. Шояд ин ҷост сабаби асосии он ки чаро миллате, ки Рӯдакиву Синоро ба дунё тақдим дошт, акнун маҷбур аст, танҳо бо номи гузаштагони худ ифтихор кунад, вале роҳеро, ки он бузургон сар карда буданд, идома надиҳад.

Дабираи бегонаи кириллӣ то замоне ки ҳаст, моро нахоҳад гузошт, ки озоду баробар бо бародарони форсизабони худ сухан гӯему сарвату дороиҳои маънавии хешро ба онҳо бидиҳем ва аз дастоварди онҳо истифода кунем. Бовар кунед, агар мо манфиати миллат, на чанд нафар ва садсолаҳо, на даҳ-бист солро дар назар дошта бошем, роҳ фақату фақат ҳамин аст. Бояд ҳар кори марбут ба забони модарии мо як дурнамо дошта бошад ва он ҳам – Гузариши Бузург. Бигзор на дар чанд соли оянда, балки дар чанд даҳсолаи оянда.

Ин ҳам хуб хоҳад буд, агар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ҳар се моҳ Номгӯйи истилоҳоти навро нашр кунад ва истифодаи онҳо барои ҳамагон ҳатмӣ бошад. Агар “компютер” пазируфта шавад, бигзор ҳама “компютер” нависем, агар “компютар”, бигзор “компютар” ва аммо агар “ройона”, пас бигзор “ройона”. Ва ин кумита бояд муайян кунад, ки “вебсайт”-ро сомона гӯем ё торнамо. Ҳоли ҳозир касе дилаш чизе хост, ҳамонро менависад.

Бояд “Фарҳанги вожаҳои ноби форсӣ дар ивази русӣ, туркӣ ва арабӣ” ва ҳамчунин “Фарҳанги вожаҳои ноби шева ва лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ” омодаву мунташир шаванд. Барои пешрафти забон бояд сарватҳои онро гирд оварду дар миён гузошт, то иҷрои тарҳ хидмати як навъ сармоягузориро ба ҷо оранд. Инчунин бояд таҳқиқоте дар захираи луғавии форсии Эрон ва дарии Афғонистон ҷараён гирад, то ба мо имкон диҳад, беҳтарин сарвати онҳоро барчинем, на ҳама чизеро, ки пеш омад – хуш омад. Дар ҳоли ҳозир асосан иштибоҳҳо ва музахрафотеро аз ин шохаҳои форсӣ хеле зуд ва бе ягон андеша қабул мекунем, ки зебоӣ, асолат ва тавоноиҳои забони моро баҳам мезанад.

Ин аст ақидаи ман ва нуктаи дигарро ҳам бояд рӯшантар таъкид кунам, ки забон муқаддас аст, набояд онро ба сиёсатбозиҳо ва хушомаду тамаллуқ ба хотири аҳдофи якрӯзаи хусусӣ ё гурӯҳӣ омехт. Набояд бо истифода аз иштибоҳоти дигарон дар гузашта мардуми бе ин ҳам нотифоқро бори дигар дар муқобили ҳам гузошт ва ба оташи маҳалгароӣ рӯған рехт.

Имлои нав бояд ҳамаи лаҳҷаву шеваю гӯишҳои форсизабонони ҷаҳонро муттаҳид кунад ва аз сарвати ҳамаи онҳо истифода намояд. Ин кор танҳо бо такия ба хатти форсӣ имконпазир хоҳад буд. Агар талоши мо ба сӯи ин хат набошад, ҳама кори дигар гумон аст роҳи рушдро боз намояд.

29.09.2010 - Posted by | Адабиёт, Баҳс, Забони модарӣ, Таърих, Худшиносй

5 Comments »

  1. Иддаъо на, Салим, дурусташ – “иддиъо.
    Бо салом, Мунаввар.

    Comment by Мунаввар | 30.09.2010 | Reply

  2. Сад дарсад бо шумо мувофикам. Аммо аз сухбате, ки Додихудо Саймуддинов дар торнамои “Озоди” дошт, бармеояд, ки рохбарони кунуни аз гузариш ба алифбои форси метарсанд ва дар дахсолахои наздик умедвории мо умед мемонаду бас. Аз ин ру зиёиён (ва на танхо онхо) бояд болои хукуматдорон фишор эчод кунанд то ки хадди акалл дурнамои гузариш тахия шавад ва гомхои аввалинро дар ин рох бардошта бошем. Дар ин самт талошхои шумо шоистаи тахсин аст.
    Чаноби Аюбзод, мехостам фикри шуморо перомуни вожаи “ок,о”- и ирони, ки “Озоди” низ аз он бисёр истифода мекунад, бидонам.

    Comment by Юсуф | 30.09.2010 | Reply

  3. Салом ба хама. Рости ман бисёр меандешам, ки чаро чавонони ирони ва точикони Афгонистон нисбат ба чавонони мо хеле хуб ва борохат бо забони модарии худ фикру акоиди худро баён карда метавонанд, вале чавонони мо барои баён кардани он чи меандешанд аксаран калимоти лозимиро ёфта наметавонанд. Ин хам дар холест, ки бино ба шохидии омори расми 99%-и ахолии Точикистон гуё босаводанд. Дар Ирон гуё 80 ило 85% босаводанд, дар Афгонистон бошад 50% беш нест. Пас сабаб чист, ки як нафар чавони сохиби маълумоти оли дар Точикистон чор чумларо ба хам рабту маъно дода наметавонад, вале афгони нимколасавод дуруст харф мезанад ва дуруст мефахмад? Сабабаш дар он аст, ки мо ба муъчиби махрум монадан аз хати форси ба истилох аз “инерсияи таърихии худ” чудо шудем. Мо миллати 1000 сола не, балки 80 сола хастем. харчи меандешем доираи хамин 80 сол асту халос. Ин бадбахтии бузург аст. Бояд харчи зудтар инерцияи тахрихии худро ба худ баргардонем.
    Зимнан боиси тахсин аст, ки як нафар дур аз ватан то хол ба ин бадбахти меандешад ва барои аз он рахо шудан хуни чигар мехурад. Вале боиси афсус аст, ки хазорхои дигар бо вучуди он, ки коре аз дасташон меояд, аз бими хатароти эхтимолии гирду атрофи худ ва бо умеди лазоизи дуняви, дам намезананд, балки монеъа ва мушкил эчод мекунанд.

    Comment by Шоди | 01.10.2010 | Reply

  4. با سلام

    من یک ایرانی هستم. مقاله‌ی ِ شما را خواندم. با شما هم‌نظرم که بهتر است تاجیکستانیان به خط ِ فارسی بازگردند تا بتوانند با دیگر فارسی‌زبانان پیوند ِ مناسب برقرار نمایند. ولی خط ِ کریلی عامل ِ همه‌ی ِ مشکلات ِ شما نیست و نباید همه‌ی ِ ناکامی‌ها را به آن نسبت داد. به ویژه این که تحصیل‌کردگان ِ تاجیکستانی نمی‌توانند به راحتی اندیشه‌هایشان را به فارسی بیان نمایند به هیچ وجه به خط ِ کریلی ارتباط ندارد و به دلیل ِ آموزش به زبان روسی می‌باشد. در عجبم چرا در محیط ِ اینترنت کاری جدی در راستای ِ تهیه‌ی ِ نرم‌افزار ِ تبدیل ِ خط ِ فارسی و کریلی به یکدیگر انجام نمی‌شود؟

    Comment by فرشید | 22.10.2010 | Reply

  5. Чи лафзи ширин аст ин дари…
    Лекин ин ширини гум мешавад агар ба тези хатро иваз накунем, фаркиятхои фонетики аз кисми арабихати форсхо зиед мешавад, ба фикри ман. Ба хар хол, ман лингвист е забоншинос набошам хам, як чизро мефахмам, ки ин корро хар чи бояд зудтар анчом дод, лекин чизи дигарро намефахмам, ки чаро хукумат сусти мекунад? Наход ки он кадар маблаги зиед барои ин лозим бошад ки давлат надошта бошад?

    Comment by Фаридун | 16.03.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: