Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Сагзистон

Андешаи навиштани ин достон ҳанӯз замоне пайдо шуд, ки дар Гардези Афғонистон ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ кор мекардам. Вале рӯи коғаз овардани он бисёр сахт буд ва се дафъа навиштаву ноумед шудаву аз баҳраш гузашта будам. Нусхаи охирини он ҳамроҳи ҳамаи бойгониям дар солҳои ҷанг дар Душанбе ба ғорат рафт. Танҳо соли 1996 дубора ба он баргаштам ва ин ҳама сол аст, ки онро менавиштам. Гумон набояд кард, ки он танҳо саргузашти як саги бечора аст. Ва “Сагзистон” ҳам номи қадимии Сиистон, зодгоҳои Рустам аст.

Сагзистон (Достони кӯтоҳ)

Вақте ки ман аз назди тарҷумонҳои дигар баргаштам ва ҳалқа ба дар задам, посдори дарвоза – сарбози қаторӣ Медведев, тунду дурушт садо баровард:

— Кистӣ!? Ист! Мепаронам!

— Манам, бикушо.

Ман фикр намекунам, ки вай садои маро нашинохта бошад.

— Кист «ман»?

Ба дунболи ин нидои хушунатомези Медведев ак-аки Беномро шунидам, ки ҳатман садои маро шинохта, пои дарвоза омада буд ва шояд аз хурсандӣ дум меликонд.

Ва дар пайи даркӯбии дубораи ман сарбоз бо овози баландтар такрор кард:

— Ростӣ, мепаронам!

Ин бор дар созаш оҳанги тамасхур ба гӯшам расид.

Ман садои чандири кашида шудани куланги калашниковро шунидам. Ва ҳанӯз чизе нагуфта будам, ки сарбоз бо он ки садои писханд заданаш ба гӯшам мерасид, даричаро ба рӯям боз кард ва лабашро каҷ карда, бо тамасхур гуфт, фармондеҳ як соат ба ин тараф маро меҷӯяд. «Хеле дар қаҳр аст», парид гапи ӯ аз пасам, вақте ки чизе нагуфта, аз ӯ гузашта, сӯи дар мерафтам.

Ба паллаи зинапояи васеъ қадам ниҳодам, ки сагҳои вилла ба пешвозам ҷаҳиданд ва бо шитобзадагии сагона, бо сарафшонӣ, пойҳои маро бӯй кашидаву ба қадам хез заданд. Аслан Беном буд, ки хез зад, Рекси пир маро бӯй кашиду боло нигарист ва давр  хурду рӯи палла ҳалқа зад. Чашмони обрави гургсаги пир Рекс акнун тоби кам доштанд, вай садое дарнамеовард ва ҳаракатҳояш мисли пештара тунд набуд. Дар паҳлӯи Рекс сагчаи зарди афғонӣ чобуктар ва хушҳолтар намудор мешавад. Ҳатто аккос мезанад, меғурунгад, ҷастухез мекунад.

Аввал ба ҳуҷраи худам даромадам. Боронии чармиро кашида, рӯйи кат партофтам ва ба долони дарозрӯя баромада, дари ҳуҷраи фармондеҳ Николай Константиновичро кӯфтам. «Бале!», баланду бовиқор садо дод вай ва ҳамоно дар боз шуд, гӯё фармондеҳ ин ҳама вақт дар паси дар мунтазири ман буд.

— Куҷ-ҷ-ҷо мегардед, рафиқ тарҷумон, ман аз ҷустуҷӯи шумо безор шудам. Бе ягон пурсиш, бе иҷозат, то ин вақти шаб куҷо будед…

Садои фармондеҳ дар ҳуҷраи танг мисли бонги раъд ба гӯш меомад. «Садои махсуси машқдида», мегуфт худаш гоҳе дар ғояти ғурур бо ишора ба таҳсилаш дар омӯзишгоҳи суворовӣ.

Аммо ҳоло ин садо на танҳо баланду зангдор, балки пур аз хусумат аст. Мушакҳои чеҳраи лоғари фармондеҳ таранг шудаву чашмони кӯчакаш медурахшанд ва ҳангоме ки даҳан мекушояд, кӯтоҳии яке аз ду дандони пеши болоияш намудор мешавад. Лабу бинияшро бо кароҳат каҷ мекунад, ки ин аломати авҷи норозигии вай аст.

Ман аз инҷиқиҳои ин пирамарди хашмгин безор шудаам ва вақтҳои охир дарёфта будам, ки лаҳни баргузидаи ман беҳтар аст. Бояд орому осуда бо ӯ ҳарф бизанам, зеро агар ман ҳам ба хашм оям, ҳатман ҳарду вориди бигӯмагӯҳои нафратовар мешавем ва аъсоби ҳамдигарро барои чанд рӯзи оянда хароб мекунем. Ва андӯхтаи дигари ман аз ҳамзистии маҷбурию асабиёна бо подполковник Костин ин буд, ки бояд бидуни давру бар гаштанҳо ба пурсишҳои ӯ посухи дақиқу нишонрас дод. Ҳар сӯҳбати изофагӣ ва ҳар пешгуфтору пасманзар суолчаҳои нав ва умдатан тамасхуромези ӯро ба миён меовард. Дар чунин ҳолатҳо вай ба суханони ман эътино намекард ва ҳанӯз маъниеро то ба охир нашунида, пасиҳам, мусалсалвор суолҳои хитоболудаи нав медод. Кам иттифоқ меафтод, ки вай ба маънии пурсишҳои худ фикр кунад. Муҳим ин буд, ки садояш гусаста намешуд ва ҳамон пур аз нирӯ буд. Муҳим ин буд, ки ба ман имкони сӯҳбат надиҳад ва бо садои ҷарангдораш садои маро пахш кунад.

Ҳамин андешаҳо дар сар ба чашмони хурду серҳаракат ва бемижгону сурхидааш нигоҳ кардам ва гуфтам:

–Тарҷумони ҳизбӣ маро хоста буд, ки дар як коғазнависӣ кӯмакаш кунам.

Ибораи «тарҷумони ҳизбӣ» ба вазъи равонии фармондеҳ таъсири мӯъҷизаосо дорад. Гуфтани он қаҳру ғазаби фармондеҳро дар они воҳид поин меоварад. Онгуна ки гӯё касе сатили оби сардро ба рӯйи гулхан пошида бошад, вай дар чунин ҳолат як фашшос мекунаду ором мешавад. Ин ибора дафъатан ӯро ба сад паскӯча андохта, аломати «Эҳтиёт!»-ро дар бунбастҳои зеҳнаш боло мебардорад. Ман таъсири ибораи сеҳрнокро дар ӯ чандин бор озмудаам ва бояд иқрор кунам, ки борҳо аз он суистифода кардаам.

Николай Константинович, дар ҳоле ки гӯё ҳавои гирду атрофи ҷуссаи лоғар ва қомати баланду хаёле хамидааш аз ҳаври хашму ғазаби ӯ тасфидаву сурх шуда буд, чизе нагуфт. Вай онгуна дандон ба ҳам фишурд, ки лабони борику сӯхтааш ба як хатти каҷ табдил ёфтанд. Тоб хӯрду сари мизи худ баргашт, лаҳзае он ҷо рост истод ва саҳфаеро аз рӯи коғазҳои дигар бардошт. Бо ҳамон варақ ба ман ишора кард, ки биншинам. Ҳарчанд вай ба самти кати хоби худ аломат дод, ман ба рӯи кати муқобил, кати эҳтиётӣ, ки вижаи меҳмонони чандрӯзаи кобулӣ буд, фуруд омадам. Ба ин андешидам, ки бояд бачаҳо ба тарҷумони ҳизбӣ бирасонанд, то дар ҳолати кунҷковии ин пирамард, назди ӯ будани маро тасдиқ кунад. Тарҷумони ҳизбӣ ҳам урус буд, аммо мисли ман одами ғайринизомие буд, ки маҷбуран ба Афғонистон фиристода шудааст. Вай ҳарбиёнро барои нокомиҳояшон дар ин кишвар чандон эҳтиром намекард. Ба болои ин миёни ҳизбиён ва артиш ҳамеша рақобати ноаёне вуҷуд дошт ва ҳар кадом худро ҳақ мешумурд. Аз ин рӯ мутмаинам, ки тарҷумони ҳизбӣ аз ман пуштибонӣ хоҳад кард.

— Шумо, рафиқ тарҷумон, бояд коғазҳои моро ба тартиб оваред, на дурӯғу газофи ҳизбиёнро, — бо ҳамон садои раъдгуна, аммо лаҳни акнун оромтар гуфт Николай Константинович дар ҳоле ки ба коғаз хира шуда буд. Тахмин мезанам, ки дар он варақ аз марказ паёми муҳиме омадааст ва ё ӯ ин қадар хашмгин аст, ки бо баҳонаи ин саҳифа намехоҳад, ба ман нигарад.

Барои коҳиши хушунате, ки ҳанӯз фазои ҳуҷраро ноаён метафсонду меларзонд, гуфтам:

— Гунаҳкорам, рафиқ подполковник, даъват ногаҳонӣ буд ва ман фурсат наёфтам, шуморо огоҳ кунам.

Дар фазои байни ману ӯ ба дарозои як лаҳза сукути сангине хазид, ки маълум набуд, дар мавҷҳои оҳанину ларзони худ таркишеро пеш меовард ва ё таскинеро. Вай ба коғаз хира шуда буду ман ба нақши содаи кампали сарбозӣ, ки рӯи фарш паҳн рафта, нақши палосро мебозид.

— Ҳаким Иброҳимович, — шукр ин ба таркиш монанд нест, фарёди абӯҳавлӣ ба сӯҳбати оддии инсонӣ шабеҳ шуд, — мову шумо як бор ҳамаи ин масъалаҳоро ҳал карда будем, биёед, дигар ба ин баҳсҳо бознагардем. Шумо кӯдак нестед, ман подполковникам. ҳамин ҳоло метавонам фармондеҳи як фирқаи ҷангӣ бошам…

«Ором шуд, хеле ором шуд», андешидам, зеро бо ному исми падар муроҷиат кардани фармондеҳ ҳамеша аломати сулҳ ва эҳтиром буд. Доим ҳамин тавр мешуд, ки аввал «рафиқ тарҷумон» мегуфт, баҳс мекардем, дашномҳо медодем, сипас, ман ба ҳуҷраам рафта, дарро мебастам ва ба хӯрокхӯрӣ ҳозир намешудам. Он гоҳ бо як лаълӣ ғизо дар даст сарбози навбатдор ва ним шиша спирти обҳамроҳшуда худи Константинович ба ҳуҷраам меомаданду вай ҳамин хел «Ҳаким Иброҳимович» гӯён муроҷиат мекард. Он вақт мо сулҳ мебастем ва аз хотираҳои гузашта, аз занони зебо, аз давраҳои бачагӣ бо ҳам то нимашаб «чору ду» мегуфтем. Субҳи рӯзи дигар касе кафолат дода наметавонист, ки миёни мо – ду афсар дар байни дувоздаҳ сарбоз (бале, фирқаи чангӣ) – бо ҳар баҳона аз нав задухӯрд оғоз нашавад. Дар он шароите ки мо мезием, баҳона – лак андар лак.

Гургоштии мо моҳҳои ахир дигар ба самимият табдил намеёфт ва танҳо ҳолати оташбаси муваққатро мегирифт. Ҳоло низ вай бе он ки ба ман нигарад ва дар ҳоле ки нигоҳаш рӯйи коғази дасташ ба чапу рост медавид, гуфт:

— Ман шуморо бисёр ҳурмат мекунам, мисли як писари худ, мисли як ҳамкору шарики ҷангӣ, аммо шумо, маро ҳурмат намекунед, ҳарчанд мегӯянд, дар миёни мардуми шумо, яъне тоҷикон, эҳтироми калонсолон фарз аст.

Боз ҳамон афсонаҳои «Ҳазору як шаб». Ин шахс хуб медонад, ки мо дар Афғонистонем, дар кишваре ки андаруни оташи ҷанг месӯзад. Мо эҳтимолан ҳар рӯзу ҳар лаҳза бо марг рӯбарӯ ҳастем ва рӯзҳоро дар тақвим хат мезанему мешуморем, ки кай ин маъмурияти ҳарбии мо ба поён мерасад. Фол мезанем, ки зинда ба ватан бармегардем ё на. Ё ҳамсарнавишти тарҷумон Самвел хоҳем буд, ки нахӯрд, напӯшид, даҳ панҷа ба даҳон, фақат туф карду гиреҳ зад, баъд як рӯз дар Чамкони, андаруни чархболи суқуткарда онгуна сӯхт, ки хокистарашро ҳам наёфтанд. Ба нӯги сӯзан ҷамъкардаҳояш тарака шуданд.

Баъзан дилам ба ин пирамарди лоилоҷ месӯзад. Билхосса, вақте ки аз набераҳояш нақл мекунад. Номи онҳоро ба забон мегираду дар чашмони фурӯрафтаи хокистарияш ашк ҳалқа мезанад. Ба фикрам, дар ҳамин лаҳзаҳо вай одам мешавад. Аммо чунин пайтҳо бисёр кам ва зудгузаранд.

— Хомӯшӣ пеша кардед, Ҳаким Иброҳимович. Медонам, ки гуноҳи худро мефаҳмед. Мефаҳмед, аммо фардо боз фаромӯш мекунед, рафиқ тарҷумон. Хуб, масъала ин аст, ки… пештар шинед, як каме майна об кунем.

Лаҳни суханаш тағйир кард, оромтар ва одӣ шуд. Аммо ҳанӯз ҳам бе он ки ба ман нигарад, чашм аз коғаз наканда, ғурунгид:

— Масъала ин аст, ки марказ дар остонаи ид чанд афсари беҳтаринро ба мукофот, яъне ордену медал, пешбарӣ карданист. ҳум, аз ҷумла маро…

Николай Константинович сар бардошт, чеҳра боз кард ва кӯшиш намуд симову хандааш ҳаддалимкон хоксорона бошад:

— Росташ, шояд ҳанӯз каме зуд аст. Як сол нашудааст. Одатан, баъди як соли хидмат пешбарӣ мекунанд. Аммо шояд барои кори фавқулода хуб, онҳо чунин қарор кардаанд.

Ман хам хандидам.

Вай каме ҳайрон шуд, ки хандаи ман ифодаи тамасхур аст ва ё изҳори хурсандӣ. Гуфт:

— Ба ҳар ҳол обрӯи ҳамаи мо мешавад, ки аз гурӯҳи мо касе ҷоизаи баланд бигирад. Маънияш ин аст, ки кори ҳамаи мо хуб аст.

Қариб аз даҳонам мебаромад, ки бале, хеле корҳои хуб ва ҷоиза барои ба афғонҳо фурӯхтани карасини ҳарбӣ, дуздидани пулу озуқаи сарбозон ва…

Николай Константинович коғазро ба рӯи миз гузошт ва кафи дастони ожангбастаашро мисли дуои ҳиндуён ба ҳам карда, зери манаҳи борики доғзада, аммо поктарошаш бурд ва гуфт:

— Мебинам, шумо хурсандед, Ҳаким Иброҳимович, ташаккур. Фақат як масъала дар миён аст. Онҳо талаб кардаанд, ки пешнависи матни мукофотномаро барояшон мо омода кунем. Сиёҳнависро…

«Сиёҳномаро», аз дил гузаронидам. Вай бошад, идома дод:

— Баъдан онҳо матнро ислоҳу таҳия карда, ба марказ, ба Маскав роҳӣ мекунанд.

— Яъне мо нависем, ки чаро бояд ба фармондеҳи мо орден дода шавад?, — котапурсӣ кардам ман.

— Медонед, Ҳаким Иброҳимович, онҳо дар он ҷо намедонанд, ки ин ҷо, дар ин биёбон аз сари мо чӣ мегузарад. Аслан бигирем, медонанд. Хеле хуб медонанд ва авзоъ аз рӯи гузоришҳои ҳаррӯзаи мо ба онҳо маълум аст, аммо ҷузъиёти зиёдтар даркор аст. Тафсилоти боварибахш мехоҳанд.

Вай кӯшиш кард, нимтабассумашро боз лаҳзае дар чеҳраи хеш нигаҳ дорад, аммо ин кор барояш душвор буд ва лабханд аз манаҳи борикаш лағжида, рӯйи сафҳаи коғаз афтод. «Уфф» кашид ва аз ҷо бархоста, гуфт:

— Мефаҳмам, ки ин кори пурмасъулият омодагӣ мехоҳад. Кори осоне нест. Хуб, ҳоло равед, истироҳат кунед. Фикр кунед дар ин бора. Фардо бо ҳам менишинему менависем.

— Ба шарте агар тирборон сар нашавад. Ҳизбиҳо мегӯянд, мумкин аст фардо муҷоҳидин аз нав ба шаҳр ҳамла кунанд

Константинович даст афшонду бо кароҳат гуфт:

— Чӣ медонанд, ин ҳизбиёни гиребонсафед, маълум аст, ки онҳо бо куҷояшон фикр мекунанд. Барои он ки ба коргоҳ нараванд, чунин овозаҳо сар медиҳанду баъд ба нӯшонӯшу занбозӣ ғарқ мешаванд. Вазъият зери дасти мост…

Ман ҳам бархостам ва ба ҳуҷраам баргаштам. Ҳанӯз дарунакӣ механдидам. Ба ин пирамарди бефаросат, ки садои таркиши гулӯлаи муҷоҳидонро аз парондани тӯпи посгоҳи ҳамсоя фарқ карда наметавонад, барои кадом корнамоияш орден доданиянд?

Ҳуҷраи танги ман ягона ҷоест, ки бояд ҳамаи чизи берун аз деворҳои онро фаромӯш кунам. Афғонистонро, ҷангро, хунро, бенавоиро, ғурбатро, танҳоиро, зулмро, фиребро, бекасию нокасиро…

Дар рӯи рахтихоби сахти сарбозӣ меғелам ва мехоҳам фаромӯш кунам, ки сад қадам дуртар аз паси ин девор тӯпхонаи посгоҳ ҳаст, ки гаҳу ногаҳ оташ мекушояд ва дар ҷавоб аз баландиҳои атроф ба самти мо мушакҳо мепаранд. На, ин ба ман ягон зарра дахл надорад. Китоби нависандаи лаҳистониро дар он ҷое ки бо як шерозаи ҷомаи кӯҳнаи хеш нишона монда будам, боз мекунам. Зимнан гоҳе ҷомаи фарсудаи урфиро дар долон, дар тани сарбозҳо, ки бо навбат онро мепӯшиданд, медидаму дилам ба бачаҳои навхат месӯхт. На, ин на он чизест, ки ман ҳоло гуфтан мехоҳам. Бо ҳама маъсумияту бадбахтияшон онҳоро низ бояд аз манзари хаёл берун кард ва дил бояд аз санги хоро сохт… Пас ин китобакро мехонам. Мехоҳам, андаруни сатрҳои он барои худ ҷойи осудае ёбам. Аммо дирӯз ба он боби достон расидам, ки ҳикояти ишқ ва нафрат ба замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ворид шуд. Аз ончӣ дишаб хондам, як саҳна ба ман сахт таъсир кард, вақте ки афсари немис духтари сабукпойи лаҳистониро бо худ ба трамвай менишонад ва аммо саги духтарак қад-қади роҳи оҳан медавад. Афсару фоҳиша механданд. Аввал чизе ба ҷониби саг мепартоянд ва сипас афсар туфангчаашро аз ғилоф кашида, аз тирезаи трамвай сагро мепаронад. ҳарду хушҳолӣ мекунанд. Аҷиб. Шояд сабукпой ва саг ҳарду рамзҳое бошанд, ки нависанда ба воситаи онҳо аз мафҳумҳои ҳамешагие сӯҳбат мекунад.

Тӯпи посгоҳ ба гулӯлаандозӣ сар кард. Аз садои гулдуросии он шишаҳои тирезаи ҳуҷраи ман, ки дар ин вақти шаб аз берун бо як пардаи намад пӯшонида шудааст, меларзанд.

Пажвоки раъдгунаи садои тӯп ҳанӯз дар паси баландиҳои канораи шаҳр ба сангу регу сабзаҳои сӯхта фурӯ нарафта, садои дигар, шарфоки ханҷоли дари ҳуҷра ба гӯшам мерасад. Ҳо, Беном омад. Аз ҳамаи олами беруна, садои тӯпу манзараҳои хаёлии дунё ва ҳам Беном ҳақ доранд, ба ҳуҷраи ман дароянд. Яке маҷбурӣ, дигаре бо хости ман. Ва албатта, гоҳе фармондеҳ ва ҳар рӯз сарбозе, ки хонаро тамиз мекунаду дар бухорӣ оташ дармегиронад.

Вақте дарро кушодам, Беномро дидам, ки дар остона меистод. Дум меликонд ва ҳам аз хунукӣ меларзид. Беш аз ҳама нӯги гӯшҳо ва думаш меларзиданд.

— Даро, дӯст.

Саг гӯё сухани маро мефаҳмид. Бо инки гӯё донист, аз ман иҷоза гирифтааст, оҳиста дохили ҳуҷра омад. Қадамҳояш кӯтоҳ буданд ва пояшро ба фарш гузоштан замон мебардошт, гӯё эҳтиёт мекард, ки изе нагузорад. Дарун омад, аз паҳлуи кати ман рад шуд ва дар кунҷи паси бухорӣ ҳалқа зад. Фармондеҳ ба даруни вилла даромадани ин сагро манъ кардааст. Вай фармон додааст, ки танҳо Рекс метавонад гоҳе дар даруни бино бихобад. Он ҳам агар ҳаво бисёр сард бошад. Барои Беном ба дарун даромадан бикулл манъ аст. Вале ҳамаи сарбозон медонанд, ки вақте Беном пеши дар меояд, вай мехоҳад ба ҳуҷраи ман дарояд. Бигзор дарояд, вагарна, аз хунукӣ мемирад.

Фармондеҳ ҳатто боре гуфт, сарқути ғизои сарбозон аввал бояд ба Рекс дода шавад. Агар аз Рекс зиёдатӣ кард, пас сарқути Рексро метавон ба Беном бахшид.

Вақте ман пурсишомез ба ӯ нигаристам, гуфт: «Рекс расман дар рӯихатти гурӯҳи мост. Мо вазифадорем, ки онро хӯронем. Аммо ин «кӯчагӣ» моли мо нест. Агар барояш чизе надиҳем ҳам, ҳеҷ кас моро барои ин маломат нахоҳад кард.»

Фармондеҳ инро дар назар дошт, ки Рексро мо аз марказ бо худ оварда будем. Ҳамчун саги посбон. Аммо Беном аз модасаги сиёҳе, ки якҷо бо галаи сагони бесоҳиб дар ҳавлии шаҳраки ҳарбӣ мезист, ба дунё омадааст. Мегуфтанд, модараш ҳангоми ҳомиладорӣ дар симхор дармонд ва ҳамин вақт мушакборони муҷоҳидон сар шуд. Саг андаруни симҳои печида даступо мезад, дар атрофаш гулӯлаҳо метаркиданд, саг мисли одам фиғон мекашид, аммо касе наметавонист, ҷони худро дар хатар гузошта, равад ва сагро аз миёни симхорҳои печида берун бикашад.

Баъд аз се ҳафтаи ин ҳодиса модасаг чаҳор сагчаро ба дунё овард ва мегуфтанд, ба эҳтимоли қавӣ ин сагҳо аз ҷиҳати равонӣ солим намебошанд. Ду бародари Беном, ки тарҷумонҳо онҳоро Сиёҳак ва Қашқо номгузорӣ карда буданд, дар мушакборон кушта шуданд. Яки дигарро як сарбози шаҳраки харбӣ дар ивази як мушт афюн ба афғонҳо фурӯхт. Беномро тарҷумони собиқи гурӯҳи мо, ки бо омадани ман ба ватан баргашт, ба вилла овард. Вай мегуфт, бо вуҷуди инки бародарони Беном аз лиҳози равонӣ солим набуданд, худи Беном аз ҳамаи онҳо ба куллӣ фарқ мекард. Ҳам аз лиҳози рангубор ва ҳам аз лиҳози наздикии асроромез ба инсонҳо.

— Гуруснаӣ?, — мепурсам аз Беном.

Сагча сар мебардорад, ба ман каҷ-каҷ менигарад, боз сар ба рӯи дастонаш гузошта чашмонашро мепӯшонаду мекушояд.

— Зиқӣ?

— …

Аввалҳо ин сагро фақат ман Беном мехондам. Николай Константинович онро «Дух» меномид, ки кӯтоҳшудаи «Душман аст» ва як мушовири ҳарбӣ бо таъкиди нафрати худ ба сардори муҷоҳидҳо «Гулбиддин»-аш мегӯяд, сарбозҳои вилла онро «Афган» хитоб мекарданд.

Ман вақте дидам, ки ба вай номҳои зиёде додаанд, баракс исмашро Беном гузоштам. Аҷиб ин буд, ки вай ба ҳеҷ хитобе ба ҷуз аз Беном вокуниш нишон намедод. Акнун баъзе бошандагони дигари шаҳрак низ вайро Беном гуфта ҷеғ мезаданд. Сагча гӯё худ ин номро интихоб карда буд ва ба атрофиён нишон медод, ки кадом номро хуш дорад.

Тӯпи посгоҳ хоболудона боз як гулӯлае ба ҳаво сар медиҳад. Баъди чанд сония касе бошитоб дарамро мекӯбад.

— Кист?

— Ман, — овози пурҳаяҷони фармондеҳро мешунавам ва вақте ки дарро мекушоям, аввалтар аз ҳама чашмони берунҷаста ва даҳони бозу дандони кӯтоҳи ӯро мебинам. Бӯйи ғализи арақ ба машомам мерасад.

— Ҳаким Иброҳимович, мушакборон сар шуд. Бояд ҳама ба паноҳгоҳ равем.

Механдаму мегӯям:

— На, Николай Константинович, ин тӯпи худамон аст, ки як ширинкорӣ кард. Шояд барои он мепаронад, ки посбонони танбалро аз хоб бедор кунад.

— Наход!? – Дар чеҳраи ӯ ҳайрати шодиомезро мебинам. Мефаҳмам, ки гумони ман нодуруст баромад. Фикр мекардам, вай аз пайи Беном ва барои як хархашаи нав дари маро кӯфтааст. Табассуми самимонаи ӯ якбора ба дандон гиз кардани дардмандона ва ғазаболуд табдил меёбад. Зеро ба сӯи бухорӣ нигариста, чашмаш ба Беном меафтад.

Агар машварати бо ҳам нишастану навиштани мукофотнома ману фармондеҳро бо ҳам як миқдоре “гарм” карда буд, акнун ҳузури Беном дар паси бухории ҳуҷраи ман аз нав ҳавои сардеро байни ман ӯ устувор кард.

Николай Константинович Беномро бисёр бад мебинад. Хоса, вақте ки ман ба ин махлуқ меҳрубонӣ кунам, хашму ғазаби бебаҳонаи ӯ боло мегирад. Агар ин саг тавони сухан медошт, ҳатман худ мегуфт, ки сабаб ё баҳона чист. Беном муносибати атрофиёнро ба худаш хеле хуб ҳис мекард. Барои намуна, вай, зоҳиран, мекӯшид бо фармондеҳ рӯбарӯ нашавад. Махсусан, танҳо ба танҳо.

Фикр мекардам, танаффури Константинович аз Беном андак-андак ҷамъ шуда, ҳоло ба як нуқтаи авҷ мерасид.  Шояд дар ибтидо на танаффур, балки ситезе аз он ҷо сар шуд, ки ҳама дидем, Беном аз тиру мушакборонҳо заррае намеҳаросид. Вақте ки гулӯлаборон сар мешуд, вай дар миёнаҷои ҳавлӣ даст рӯи даст мехобид ва фукашро рӯи дастонаш мегузошт ва аз таркишҳои ваҳшатангези гулӯлаҳо мижааш ҳам намехӯрд. Аввалҳо бо сар шудани борони марг, вақте ки ҳама, ҳам афсарону ҳам сарбозон давида, ба гурезгоҳи зеризаминии паси вилла паноҳ мебурданд, Беномро якҷо бо Рекс он ҷо медароварданд ва бо ҳам то поёни гулӯлаборон нигоҳ медоштанд. Баъд Николай Константинович ба сарбозон фармон дод, ки дигар Беномро ба таҳхона надароранд, танҳо Рекс ҳақ дорад, бо онҳо дар паноҳгоҳ биистад. Он вақт ҳангоме ки ин суханонро мегуфт, чашмаш ба ман афтод ва бо танаффур, биниашро каҷ карда, афзуда буд, «аз ин саги велгард бӯйи бад меояд ва худаш бе ин ҳам ҷой дар заминкан танг аст.»

Аз ин чизҳо огоҳ будам, аммо хабар надоштам, ки фармондеҳ се дафъа ба гардани Беном таноб баста, онро аз шаҳр берун бурда, дар ҷое партофтаву омадааст. Як рӯз, ҳангоми хӯроки нимирӯзӣ, вай ба ронандаи мо, Толик айёрона чашмак мезад ва мегуфт, «Кор сад! Ниҳоят халос шудем.» Маънои ин гуфтаҳоро ман вақте донистам, ки аз рӯи одат устухонҳоро аз рӯи миз чида, берун баромадам, то ба Беном диҳам.

— Беном, Беном, куҷоӣ, зуд биё, бароят чизе дорам…

Ба ин фарёдҳои ман аз даруни вилла садои ханда баланд шуд.

Устухонҳоро дар косае рӯи ҳавлӣ ниҳодаму бозгаштам ва дами дари ҳуҷраам, Толик пастакак гуфт, «ин кас Беномро ба шоҳроҳи самти Кобул бароварда партофт, то дигар бознагардад.»

Ман намефаҳмидам, чаро Николай Константинович, ки ин қадар бо меҳру навозиши падарона Рексро хорумол мекунад, аммо Беномро мисли як душмани шахсӣ ва хунии худ чашми дидан надорад. Ва Беном ҳам ба садозаниҳои Николай Константинович вокуниш нишон намедод, балки баракс ӯро бинад, дуртар мерафт ва аз дур ба ӯ нигоҳ мекард. На ин ки тарсону ларзон, балки бо кадом як намуди мӯътаризона.

Чаро аз ҳамон аввал ин ду ба ҳам ҷӯр наомаданд, нафаҳмидам. Намехостам, ба ин мавзӯъ зиёд таҳҷӯй шавам ва худро машаққат диҳам, аммо ҳис мекардам, бархӯрди вайронгаронаи фармондеҳ ба сагчаи бегуноҳ дар дили ман нохушӣ эҷод мекунад. Хуб, агар намехоҳам ба ин мавзӯъ биандешам, шояд беҳтар аст, сабабро дар ҷойи дигар биҷӯям? Чаро ман Беномро дӯст доштам? Чист, ки маро ба ҳимояи ин сагчаи бепаноҳ таҳрик дод? Фикр мекунам, дар хатту холи ин саг чизе ҳаст, ки бародари хурдии маро ба ёдам меорад. Шояд ҳамин зардие ки аз болои чашмонаш сар шуда ба тахтапушт меравад ва ба абрӯвони инсонӣ шабоҳат дорад, хатти мӯйю абрӯвони бародари хурдии маро пеши нигоҳам зинда мекунад? Ва ё шояд ҳамин чустию чобукӣ ва сарзиндагии Беном онро ба бародари ман монанд намудор месозад? Бародари хурдиям аз ҳамаи фарзандони падар фарқ дорад, ба ҳеч яке аз мо монанд нест. Ин қадар сарзинда, пурҳаракат, шодмон…

Аммо эҳтимол ҳама чиз хеле содатар аз он аст, ки ман фикр мекунам. Ман ғарибам. Ман дар ин кишвар ва ҳам дар ин ҷамъият эҳсоси танҳоӣ ва бегонагӣ мекунам. Ба касе ва ё махлуқе эҳтиёҷ дорам, ки бо дили ман наздик бошад, тасаллоям бидиҳад.

Николай Константинович ҳам як ғарибе беш нест. Он ҳама дӯғу диранг, сиккаву ҳайбат, сару садо ва кору пайкораш ҳамагӣ тарсу ҳарос ва лоилоҷии мутлақашро ойинадорӣ мекунанд. Артиш дар Афғонистон рӯ ба шикаст ва шармсорӣ овардааст. Дарди ӯ шояд сахттар аз фишори ғурбат аст. Вай гоҳе ба гунае ҳарф мезад, ки гӯё масъули ҳамаи пирӯзиҳову нокомиҳои артиши шӯравист. Муносибати ман ва ҳам дилсӯзии сарбозон ба саги афғонӣ ӯро асабонӣ мекард.

Вақте ки он вақт аз Толик шунидам, ки фармондеҳ Беномро ба даште бурдаву сар додааст, пирамард ба назарам як шахси беақл ва кинатуз намуд. Ғамгин шудам ва аз ҳуҷраам берун набаромадам. Намехостам, ӯро бубинам. Ҳавлии мо дар як сукути ғамангезе фурӯ рафта буд. Беном дигар ин ҷо набуд, ки гаҳ-гоҳе садо занад ва аз ин кунҷ ба кунҷи дигар давидаву Рекси пирро ба дунболи худ бикашад. Дар паҳлуи саги пиру хаста Беноми шӯху худсар аз ғавғо ва ҳаяҷони зиндагӣ хабар медод.

Шоми рӯзи дигар, баъд аз як шабонарӯз сукути сангину ғашовар, аз паси девор садои ак-аки хурсандонаи Беном мисли фарёди даъваткунандаи кӯдаке ба гӯшам расид. Сарбоз намехост даричаро боз кунад. Аз фармондеҳ метарсид. Вақте бо қатъият ва пойфишорӣ аз ӯ кушодани даричаро талаб кардам ва ба ёдаш расондам, ки ман ҳам афсарам, ҳарчанд вазифаам тарҷумонист, сарбози навхат, ки ба гурбаи ошолуд шабоҳат дошт, коҳилона ва бо авзоъи норозӣ чӯбдастро аз козаҳо баровард ва калидро тоб дода, даричаро кушод. Беном аз кӯча рост ба оғӯши ман ҷаҳид. Мисли ин ки парвоз кард. Ин қадар беқарор буд, ки беист дум меҷунбонд ва ҳар лаҳза фуки тарашро ба рӯи ман мемолид.

— Биё, биё ғарибаки ман, ду ғарибем дар ин ҷо…

Вақте ба тарафи вилла баргаштам, пушти тирезаи сарбозхона сару сиккаи Николай Константиновичро дидам, ки аз хашм сурх шуда буд ва аз чашмонаш оташ меборид. Дар долон аз рӯбарӯям баромад ва гуфт:

— Ман ин лаънатиро, рафиқ тарҷумон, аз шаҳр берун бурдам. Боз омад. Кош муҷоҳидҳо онро мекуштанд.

— Муҷоҳидҳо сагҳоро намекушанд! – Бо зарда хитобидам.

Фармондеҳ кӯдаквор бо ман гапгузаронӣ карданӣ буд:

— Инро намекушанд, барои онки ин саги афғонӣ аст. Рексро ба даст оранд, ҳатман мекушанд. Ҳатто чашмонашро кофта мегиранд.

Он шаб Никлоай Константинович барои ман аз як сӯ золимтарин одами дунё намудор шуд ва аз сӯи дигар бечоратарин. Вале аз хушнудии бозгашти Беном гуноҳи ӯро бахшидам. Рӯзҳои баъдаш гӯё як ҳолати нисбатан оромтаре ҳукмфармо шуд.

Акнун фармондеҳ дар миёнаҷои ҳуҷраи ман истода буд ва чашм аз Беном намеканд. Ғиреви гӯшхарошаш туи гӯшҳои ман ва ё дар сангдевори ҳуҷраи танг танин меандохт:

— Ман ҳазор бор гуфтам, ба хонаи инсонҳо надароред вайро, рафиқ тарҷумон, ман гуфта будам, надароред! Чаро ба фармони подполковник итоат намекунед?!

Ман ба чашмони хунгирифтаи ӯ нигаристам ва ором, аммо бо тамоми қатъият гуфтам:

— Беном дар ҳуҷраи ман хоб мекунад ва агар касе мухолифат кард, ман ӯро мепаронам.

Мавзӯи тирпаронӣ дар сухани ман шояд таҳти таъсири андешаҳо дар бораи мукофотнома рӯ зада буд. Абрӯвони базӯр намоёни Константинович ба фарқи сараш баромаданд. Вай ба ман тавре менигарист, ки гӯё бори аввал маро мебинад. Чашмонаш кӯчактар шуданд ва нигоҳаш ба пармаи оҳанине табдил ёфтанд, ки бояд маро сӯрох кунад. Вай ангушти ишоратияшро монанди мили туфангча ба ман нигаронд ва гуфт:

— Ман ҳоло, ҳамин лаҳза, ба марказ хабар медиҳам, ки шумо, рафиқ тарҷумон, аз фармони ман сар кашидед ва ба ман таҳдид кардед! Шумо маро куштаниед! Бо ин таҳдид ба афсари шӯравӣ Шумо хоини ватан шудед!

— Ин фармони шумо ба кори мо ва ба ватани мо ҳеч дахл надорад! Ҳарчӣ дилатон мехоҳад, бикунед. Ман ҳарфи худро гуфтам ва барои он ҷавоб медиҳам.

Ин шабе буд, ки дигар ман Беномро таҳти ҳимояи худ гирифтам. Ман ҳарфи худро мегуфтаму дармеёфтам, ки набояд ба ҳар фармони подполковник сар фурорам. Донистам, ки мешудааст ӯро мулзам кард, мешудааст фармонҳои аблаҳонаашро ба боди ҳаво сар дод. Акнун вай бояд ба эҳтироми фармонҳои худ биандешад. Агар фаросату дурандешӣ пояи ин фармонҳо набошад, амру фармон барои амрдиҳанда низ ба ҳамон андозае, ки хушоянд ва дилнавоз бошанд, ба ҳамон андоза даҳшатангез ва нороҳаткунанда низ буда метавонанд. Забони сурхи сари холӣ ҳазор хел фармон дода метавонад. Аммо ҳатто маҷбурони низомӣ ё маҳбусон низ фармонҳои бемағзонаро ба паси гӯш ҳавола хоҳанд кард.

Боз донистам, ки одам агар ҷасорат кунад, метавонад маҳкамтарин қолибҳоро ҳам бишканад. Метавонад ҳама корро ба иродаи худ бигардонад.

Боз фаҳмидам, ки амрдиҳанда ҳар қадар садои баланду «варзишхӯрда» дошта бошад ҳам, фармони пучаш ба кас кора нахоҳад кард. Набояд ба иҷрои ҳама гуна фармон одат кард. Бояд ҷуръате дошт, ки сар бардошт, эътироз кард ва маҳкам истод.

Фармондеҳ боз лаҳзае мушташро фишурдаву дар миёнаҷои ҳуҷраи ман истод ва сипас тоб хӯрда, сӯи дар рафт ва он ҷо сонияе таваққуф кард. Баргашту ба ман нигарист ва зоҳиран, чизе гуфтан мехост, вале нагуфт ва аз дар баромад. Баромад ва дарро бо шатта баст. Ончунин сахт дарро зад, ки фикр кардам, андовае болодарӣ фурӯ рехт. Ҳамин гуна соние баъд садои зада шудани дари ҳуҷраи ӯро шунидам. Хуб, шояд акнун масъала ҳал шуд. Батамом.

Аз рӯи рахтихоб нимхез шуда, бори дигар ба Беном, ки дар кунҷи паси бухорӣ, ҷойи дӯстдоштааш, мехобид, нигаристам. Вай ғунча задаву дар хоб буд ва хаёле ангос мезад. Оё саг чӣ хобе медида бошад? Баъд маро ҳам китоби нависандаи лаҳистонӣ дар даст хоб бурд.

Рӯзи дигараш, пас аз сарфи муштараки субҳона бо сарбозон, подполковник Костин ва ман дар ҳуҷраи вай сари мизи сарди оҳанин нишастем. Николай Константинович, ки хеле афсурда ва ғамгин намудор мешуд, аз говсандуқи фулодии хурде, ки дар пешгоҳи рахтихобаш меистод, як шиша коняки молдовии «Белий Аист» ва як тахтача шоколади маскавиро берун гирифта, рӯи гӯшаи холӣ аз коғази миз гузошт. Бо талоше дар чеҳраи худ лабхандеро ба вуҷуд овард ва гуфт:

— Кор, ки тамом шуд як девонагӣ мекунем.

Ман ба ин «девонагиҳо» чандон рағбат надоштам. Аммо одатан аз фишору исрори Константинович xои гурез боқӣ намемонд. Гуфтам:

— Имрӯз шояд на, зеро муҷоҳидин ҳамла карданиянд.

— Пфу, дидаем муҷоҳидинро. Дар секилометрии шаҳр як бригадаи ҳавобурд дорем, ки ин гурӯҳакҳои атрофро мисли пари қу хоку туроб мекунад. Бигзор фирқаи афғонҳо ҷанг накунад, бигзор онҳо ҳама бигурезанд. Бригада ҳасту мо ҳастем…

Ҳайрон шудам, ки ин пирамарди беҷасорат кай ва дар куҷо муҷоҳидинро дидааст. Камтар аз як сол шуд, ки ин ҷост, вале ҳанӯз дар ягон амалиёти ҷангӣ набудааст ва ҳатто бо муҷоҳидони асирафтода ҳамсӯҳбат нашудааст. «Дидаем мо муҷоҳидонро…» аз хона берун набаромада. Зӯраш фақат ба сарбозон мерасиду ба саги беноми афғонӣ. Аз шунидани хабари марги ин ё он афсар дар кӯҳҳо чанд рӯз ошуфтаву ғамгин мегашт, спирт менӯшиду бо сарбозон бадмуомилагӣ мекард ва ба фикрам, дар ин ҳолатҳо танҳо аз он хурсанд мешуд, ки дар ҷойи афсарони кушташуда набудааст.

Акнун барои ҳамин «корнома» бояд орден бигирад. Акнун ман бояд дар бораи ҷасорату матонати набудаи вай достонсароӣ бикунам.

Навиштани мукофотнома, ба гуфти Николай Константинович, аслан кори мушкиле нест. Махсусан, гӯё барои ман, ки ба гуфтаи вай тафаккури нависандагӣ ва тахайюли рангин дорам.

— Бояд як ё ду саҳнаи ҷангӣ сохт, ки дар он қаҳрамонии ман чашмрас шавад, — гуфт фармондеҳ.

— Кадом қаҳрамонӣ, вақте ки мову шумо аз силоҳҳои худ ягон бор тир накушодаем, дар ягон ҷанг набудаем, ҳатто бо муҷоҳидони ҳақиқӣ рӯбарӯ нашудаем, магар ба баъзе фурӯшандаҳои хашмгини бозори шаҳр.

Аз ҳарфи ман хушаш наомад. Асабиёна манаҳи борикашро молид, хобаки сарашро хорид ва бо симои ҷиддӣ коғазҳоро таҳурӯ карда гуфт:

— Чаро? Чаро? Мо дар машқгоҳ чандин бор аз силоҳ оташ кушодем. Дар ниҳояти кор ба ман гуфтанд, ин аслан муҳим нест, ки чӣ буду чӣ набуд. Бояд ташкил кард, рафиқ тарҷумон! Бояд тасаввур кард.

— Яъне дурӯғ?!

— Дурӯғи ростмонанд. Дурӯғи имконпазир. Ҳолатҳои эҳтимолӣ. Масалан, тасаввур кунем, ки дастаи муҷоҳидон ба виллаи мо ҳуҷум кард. Ман бо фармонҳои саривақтӣ ҳамаро дар хатти мудофиа гузоштам, ҳуҷҷатҳои махфиро нобуд кардам ва аз бригада кӯмак талабидам. Дар як бархӯрди барқосо мо душманро шикаст дода, ба ҳуҷум гузаштем, даҳҳо ашрорро нобуд кардем, нирӯмандии силоҳи рус, э, яъне, шӯравиро нишон додем.

— Кӣ «мо»?

— Мо ва бригада.

–Дар ин ҳол бар пояи мукофотномаи шумо ба фармондеҳи бригада орден хоҳанд дод. Сониян ин воқеа нашудааст. Ва ҳатто агар ҳамин тавр ҳам нависем, дар ин қисса шумо ҳамчун фармондеҳ як кори одие кардед, ки бояд мекардед. Барои ин орден намедиҳанд. Ҳеч нишонаи қаҳрамонӣ дар ин ҷо нест.

— Эее, Ҳаким Иброҳимович, ин каллаи миёни китфони ман аз чӯби булут аст. Ман фақат мисолашро гуфтам, акнун бояд ҳамроҳ ягон чизи калонтар бисозем, — Николай Константинович дастҳои худро ба ду тараф ёзонд. Фикр кардам дастонаш шохҳои булутанд, ки аз ду ҷониби кундаи он ба чапу рост паҳн шудаанд. — Ҳаким Иброҳимович, медонед, дар Кобул чиҳо мегӯянд. Масалан, кассир, ки кораш танҳо пултақсимкунист, даъво дорад, ки барои сафари пурхатар дар фосилаи миёни фурудгоҳ ва марказ бояд ба вай ордени Ленин дод.

Ман хандидам.

— На, нахандед, ба вай ордени Ленин доданд. Аввал як ордени Байрақи Сурх, акнун ордени Ленин. Ҳол он ки аз маркази Кобул берун нарафтааст. Ҳатто ба баъзе аз маҳаллаҳои Кобул ҳам намеравад, зеро метарсад, ки ӯро мекушанд. Мо ки дар ин гӯшаи фаромӯшшудаи дунё чанг нафас мекашему хун мехӯрем, чаро бояд хомӯш биншинем? Ҳар рӯз ин мушакборони лаънатӣ, ҳар шаб ин тирборони лаънатӣ, метарсӣ берун ба қазои ҳоҷат бароӣ. Хуб, албатта, бадхоҳони кассир, аниқтараш ҳақиқатҷӯён, мегӯянд, ки вай ин орденҳоро бо пул харидааст, аммо инаш муҳим нест, муҳим, ки мардак ба сари синааш чизи мечаспондагӣ ёфт. Фардо агар аз доманаш гиранду такон додани шаванд, садои ордену медалҳо ҳар додситонро ҳам дар ҷояш қоттӣ мекунонад.

Дар ниҳоди ман ҳисси масхарабозӣ боло мегирад. Мегӯям, хуб бинависем. Вай омода ба навиштан мешавад ва ман мегӯям:

— Яке буду яке набуд, дар соҳили баҳри кабуд…

— Иэ,– бо даҳони то баногӯшаш боз ва чашмони бозингар ба ман нигарист Николай Константинович ва думи қаламро поин кард, –ман ҷиддӣ гирифта, қариб навиштанӣ будам, Ҳаким Иброҳимович, ҳатто «я»-ро ин ҷо бинед, навиштам, — сарашро кӯдаквор ба рост хам кард, — шӯхиро як сӯ монед. Гап аз тақдири инсон меравад. Шояд барои шумо орден ягон манфиат надошта бошад, барои мо, ҳарбиён, ордени Нишони Фахрӣ ҳам каллаи шер аст.

Ман ногаҳон ба он андешидам, ки хайли афсарони артиши шӯравии бузург ҳама аз ҳамин зотҳо иборат аст, ҳатто дар ҳамон марказ ҳам ҳамин хел панҷ, даҳ ё бист Николай Константиновичи рӯйсурх ва кӯтоҳақл дар сарулибоси фохири генералӣ нишастаанду ба роҳбарони давлат коғаз менависанд, ки дар Афғонистон коммунизм сохта шуд. Шӯравӣ ғалаба кард ва танҳо баъзе гурӯҳакҳои пари қу боқӣ мондаанд, ки яке-ду рӯзи дигар титу пора хоҳанд шуд. Ҳол он ки шаҳри мо дар муҳосираи комили муҷоҳидон қарор дорад ва танҳо аз роҳи ҳавоӣ ба мо озуқаву номаҳои азизи хешовандон расонида мешаванд. Ҳар ду рӯз, ба истиснои идҳои Қурбону Рамазон, шаҳр зери мушакборон меафтад. Мушовирони ҳарбӣ ва ҳизбию созмони ҷавонон бо аввалин садои таркиш мисли мурғҳои пойсӯхта ба гурезгоҳҳои намноку бадбӯй медаванд ва то поёни «консерти муҷоҳидон» боди мухолифи ҳамдигарро, ки дар чунин лаҳзаҳо ба таври фавқулода фаровон берун меомад, шамида, баъди боло омадан соатҳо чашмонашонро мемолиданд ва пушти оринҷу зери каш – ҷойҳои газидаи кайкҳоро мехориданд. Ҳар рӯз се ё чаҳор сарбози артиши инқилобии Афғонистон бо силоҳу муҳимоти худ ба муҷоҳидон мепайвандад. Ҳар қадар ки ҳалқаи муҳосира тангтар мешавад, дар дохил ҳамон қадар шиддати муносибатҳои байниҳамии афсарон тасфонтар мегардад.

Ин пайт гӯё маро барқ зад, ки такон хӯрдаму ба ин фикр кардам, ки ҳар қадар муҷоҳидон ба шаҳр наздиктар меомаданд, ҳамон андоза нафрати фармондеҳи мо ба Беноми бечора зиёдтар мешуд.

— Хуб, хуб, такон хӯрдед, ҳатман ягон сужети аҷиб ба фикратон омад, — садо дод Николай Константинович, аммо ин бор садояш зангдор набуд, балки нармак буд ва навозандаву хушоҳанг.

Дурӯғе ки ману фармондеҳ бофтему тофтему рӯйи коғаз партофтем, метавон гуфт, шохдор аст. Гӯё ҳангоми ҳамлаи муҷоҳидон як сарбози мо бо чанд ҳуҷҷати махфӣ, ки дар дасташ буданд, асири душман шуд. Албатта, барои муддати кӯтоҳ, зеро подполковник Костин аз пушти девор гузашта, аз ақиб ба ҳамлаварон зарба зад ва сарбози асирро раҳо карда, ҳуҷҷатҳои махфиро ба даст оварда, фавран нобуд намуд. Костин ва сарбоз ба муҳосира афтоданд, вале то охирин нафас на, то охирин тир ва то расидани кӯмак аз бригадаи ҳавобурд, каҳрамонона ҷангиданд. Корнамоии подполковник Костин ин буд, ки вай бо мухобараи бесим аз ақибгоҳи душман бо амрҳои саривақтӣ амалиёти ёздаҳ сарбоз ва афсари махсус, яъне тарҷумон Исрофилов Ҳаким Иброҳимовичро идора намуда, ба бригадаи ҳавобурд низ дастурҳои зарурӣ дод. Дар натиҷаи амалиёти мазкур гурӯҳи зиддиҳукуматӣ торумор шуда ва се тани онҳо шахсан бо ҷадалҳои подполковник Костин асир афтод. Аммо асирон ҳангоми кӯшиши фирор аз тарафи подполковник кушта шуданд.

Фармондеҳ аз шодӣ шукуфта, ранги рӯяш арғувонӣ шуда буд. Гуфт, мутмаин аст, ки бо чунин мукофотнома ба вай ордени Ленин хоҳанд дод, ё дастикам Байраки Сурх. Ман пурсидам, оё пеш аз додани орден инро хоҳанд санҷид, ки ҳикоят рост аст ё на.

Хандиду гуфт:

— Кӣ месанҷад? Ҳама медонанд, ки ин қисса аз сақф рехтааст, — вай нӯги ангушташро дар даҳан тар карда дар ҳаво хат кашид, — аммо вақте ки коғазҳо пешниҳод мешаванд, инро ҳам медонанд, ки ҳатман кори дигаре будааст, ки навиштани он мумкин нест. Сирри ҳарбӣ!

Николай Константинович ҳанӯз ҷумлаи худро ба поён набурда буд, ки ҳуштаки изтиробангези парвози гулӯла ба гӯш омада, дар саҳни ҳавли чизе таркид. Ман беихтиёр сари худро поин кардам. Вай дар ҳоле ки коғаз дар дасташ буду ба он пуф мекард, гӯё бо қалами рангӣ навишта буду ҳанӯз ранг нахушкидааст, хандид:

— Чӣ метарсӣ, ин тӯпи посгоҳ буд.

Гуфтам:

— Куҷо! Ин гулӯла буд. Ҳозир боз меояд.

Абрӯвонаш боло рафта ба хатти мӯйсари кӯтоҳаш расиданд:

— Ростӣ? Пас ба гурезгоҳ…

Вақте ки аз дари вилла мебаромадам, чашмам ба Беном афтод, ки рӯи ҳавлӣ диккак нишаста буд.

— Ҳо, вақти роҳати ин лаъин расид. — Калимае паронд фармондеҳ дар ҳоле ки коғази мукофотнома дар даҳанаш буд ва куртаро ба тан мекашиду сӯи паноҳгоҳ медавид…

Се рӯз баъдаш як хабари нохуш ҳамаро такон дод. Шаб дастае аз муҷоҳидон ба шаҳраки ҳарбӣ даромада, ду мушовири низомии русро ба ҳалокат расонда, аз хуни онҳо дар девор навиштаанд, ки агар русҳо аз Афғонистон дафъ нашаванд, ҳар яки онҳоро ҳамин гуна сарнавиштро дар пеш хоҳад буд.

Николай Константинович дар долонҳои вилла бо овози баланд ҳақорат медоду ин сӯю он сӯ мерафт ва сарбозонеро, ки аз пеши роҳаш мебаромаданд, бо лагад мезад. Маро диду гуфт:

— Шунидӣ, рафиқ тарҷумон, боз мегӯӣ, ки дар ин ҷо зистан корнамоӣ нест, боз бе силоҳ ба бозори афғонҳо меравӣ. Кӣ кафолат медиҳад, ки фардо сари маро намебуранд, чашмҳоямро кофта намегиранд!?

Аз чашмонаш, ки ҳанӯз дар ҷои худ буданд, оташ мерехт.

Аз даҳанаш бӯи спирт меомад. Мо ҳамроҳ берун баромадем. Гургсаги пир назди фармондеҳ омад ва пойҳои ӯро бӯидан гирифт. Николай Константинович оромтар шуд ва сарипо нишаста, ба хорумоли гардану дӯши Рекс даромад.

— Хуб аст, ки мо саг дорем, Ҳаким Иброҳимович, вагарна, онҳо метавонанд, ба виллаи мо ҳам шабехун зананд.

Сарбози посбон, ки силоҳ дар китф назди дарича меистод, беҷуръатона гуфт:

— Рафиқ подполковник, аз ин пирсаги хоболуд манфиате нест. Аз ман ҳам зиёдтар хоб меравад. Ба вай умед набандед.

Фармондеҳ бархост ва дод зад:

— Сагбачча, аз ту чизе напурсидаам! Даматро гиру вазифаатро иҷро кун!

Ва ин дам Беном давида омаду бо думҷунбонӣ ба сари шонаи Рекс ҷаҳид. Саги пир бо даҳан задан Беномро меронд, вале саги афғонӣ дафъатан аз ҷониби дигар ба гургсаг наздик мешуд ва меҷаҳид.

Фармондеҳ дурудароз ба саги афғонӣ чашм дӯхт. Баъд ба замин туф карда, дохили вилла рафт.

Ба ёди ман он рӯз расид, ки сарбоз Медведев дар косаи филизӣ пасмондаи ғизоро пеши Беном гузошт. Сагчаи гурусна бо шитобзадагӣ ба хӯрдан даромад. Ва ин дам фармондеҳ, ки аз он ҷо мегузашт, истоду ба атроф нигарист. Пеш омада бо нӯги по косаро аз назди Беном канор тела дод. Беном ба думболи коса рафт. Боз канор кашид. Саг ҳам пештари коса омад. Сипас Константинович ба даврупеш нигарист ва фикр кард, касе дар ин лаҳзаҳо ӯро намебинад, хам шуда ба даруни коса туф кард. Сагча аз хӯрдан бозистод ва ақиб рафт. Бе он ки сар бардорад, ба фармондеҳ нигарист. Дигар ба коса даҳан набурд. Ба озурдагӣ гоҳ ба коса ва гоҳ ба фармондеҳ менигарист, вале намехӯрд. Ман он рӯз ҳамроҳ бо сарбоз Медведев ин ҳодисаро аз тирезаи таомхона мушоҳида кардам. Сарбоз ба ман нигарист ва пурсид:

— Рафиқ тарҷумон, чаро фармондеҳ ин сагро ин қадар бад мебинад?

Ман посухе надоштам ва гуфтам, ки ростӣ, намедонам. Ман умед доштам, ки танаффури фармондеҳ муваққатист ва тадриҷан аз байн хоҳад рафт. Вале иштибоҳ карда будам.

Гашти рӯз ман бо сарулибос рӯи рахтихоб дароз кашида, охирин саҳифаҳои китоби нависандаи лаҳистониро мехондам, ки Толик, ронандаи мо, бархилофи қоида, бе кӯфтани дар, ба ҳуҷраам даромад:

— Рафиқ лейтенант, Николай Константинович Беномро бурд. Вай мехоҳад онро бипаронад.

— Чӣ?! Куштан мехоҳад?! Барои чӣ?! Дар куҷо?!

Ман тирвор аз ҳуҷраам берун ҷаҳидам.

Вақте ман ба партовгоҳи паси посгоҳ расидам, дидам, ки фармондеҳ Беномро, ки дар як оҳанҷомаи зангзада баста шуда буд, аз мусалсали калашников ба нишон мегирифт. Ҳуш аз сарам парид. Аз дур бо тамоми овоз фарёд задам:

— Николай! Коля! Накун ин корро, илтиҷо мекунам, накун…

Беноми гарданбаста дум меҷунбонд ва дар як ҷо меҷаҳид. Ба чашмам ингуна омад, ки гӯё табассум мекард.

Садои гӯшкаркунандаи мусалсал баланд шуд.

Тирҳо ба пойҳои пеш ва гардани Беном расиданд. Пашми сафеду ҷое зарди он хунин гашт.

— Николай, бозист! Бас кун! Напарон! Исто!

Беном аз пой афтода буд, талош мекард, бархезад, вале наметавонист. Чашмонаш пур аз ҳайрат буданд. Зардие, ки аз болои чашмонаш сар шуда, ба тахтапушташ мерафт ва ба абрӯвони инсон шабоҳат дошт, ҳоло ақибтар хазида, шигифтзадагиро намоён мекард.

Ман мехостам дами тири фармондеҳро бигирам. Аммо ҳис мекардам, пойҳоям дар ҳар қадам ба замин мечаспанд ва ман онҳоро бо душворӣ мебардораму ҳаракати ман ба давидани кобусии оҳиставу бесадо монанд аст. Ман дарк карда будам, ки дер мондаам, бехабар мондаам ва ҳоло наметавонам, ба мадади Беном бирасам. Фосила то ӯ гӯё ин қадар зиёд буд, ки ман ҳаргиз ба ӯ нахоҳам расид. Медавидам, аммо гӯшам интизори садои тир буд.

Вақте ба саг расидам, ҳис кардам, пойҳои ларзонам дигар вазнамро намебардоранд. Нишастам ва сари Беномро рӯи даст гирифтам. Аз сару рӯяш хун мешорид. Сафедии чашмонаш зиёд шуда, даҳонаш каҷ шуда буд. Гӯё монанди як одами бечора бо дард лабханд мезад ва ҳавои бештарро нафас кашидан мехост. Вай зинда буд, аммо захмӣ, вай медонист, ки ӯро куштаниянд, вале гӯё медонист, ки ин тири баноҳақ аст.

Гӯшҳоямро садое монанди ҳуштаки бод пур кард ва гӯё санги сӯзоне дар гулӯям дармонд. Дилам дигар зарбон надошт. Хун дар он танг шудаву роҳи баромад меxуст. Рагҳоям гӯё наздик ба таркидан буданд.

Вақте ки бархестам ва ба фармондеҳ нигаристам, дидам, ки ҳанӯз мили силоҳро ҳамин тараф нигаҳ медорад ва сарашро ба рост хамонда, аз даруни нишонгир ба ман менигарад.

Ман ба тарафаш рафтам. Раҳораҳ туфангчаамро аз ғилоф берун гирифтам ва куланги онро кашида, ба тирдонаш тир ҷой кардам.

Вақте ки қариб даҳ қадами дигар монд, мили туфангчаро ба фармондеҳ рост намудам. Ҳоло дигар ҳарчи бодо бод! Ё вай бояд маро бипаронад ва ё ман ӯро.

Боз панҷ қадам. Дилам дигар боз шуда буд ва пойҳоям намеларзиданд. Ҳоло бояд бизад. Аз ғайб бароям садо меомад, ин корро накунам, хуни баноҳақ нарезам, аммо магар ин хуни баноҳақ аст?

Фармондеҳ бо як ҳаракати тунд силоҳашро ба замин партофт. Дастонашро ба тарафи ман ёзонд ва ба фиғон даромад:

— На, на! Ту наметавонӣ, ту набояд, ту накун, ту напарон… На, хоҳиш мекунам. Ман ду набера дорам. Ман худам надонистам, чаро ин корро кардам. Маро бубахш. Илтиҷо дорам.

Марди қоматбаланд, фармондеҳи рутбадор, орзуманди ордени Ленин ба зону афтод ва сарбозони вилла, ки ҳама давида омада буданду дар чандқадамии мо паҳлуи ҳам меистоданд, хомӯш буданд…

Баъд аз чаҳор моҳи дигар хуруҷи нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон сар шуд. Нерӯҳои шикастхӯрда. Ману фармондеҳ дар ҳавопаймоҳои гуногун ба ватан баргаштем.

———————————–

Сагзистон — номи қадимаи устони Сиистон.

Сипоси бекарон ба додарам Илҳом, ки мантро омода ва веросторӣ кардааст.

02.10.2010 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя |

3 Comments »

  1. Дуруди бепоён ба устоди гироми С. Аюбзод. Бехтарин ва муассиртарин навишта. Бароятон дар чодаи (аз кавли Шумо)нигариш ва кандуков мувафакиятхо орзумандам. Худованд Шуморо дар панохаш нигах дорад. Бо интизори барои навиштахои нав.

    Comment by Аличон | 04.10.2010 | Reply

  2. Оли, хеле оли, устод. Аммо хадаф аз ин замон чоп кардани ин хикоя чист? Вокеъан ман намефахмам, чи тавр Русия бо ин сипохиёнаш (мо хам онхоро дидаем) дар аксари чангхояш пируз шудааст? Ва чизи дигаре ки намефахмам ин аст, ки чаро балои чанг аз сари мардуми Афгонистон бардошта намешавад. Сохибдиле гуфт пирузихои онхо аз он хотир аст, ки ба хотири Худо мечанганд, дар балои чанг гирифтор буданашон аз он аст, ки лути бисер доранд. Шумо чи мегуед, устод?

    Comment by Farid | 04.10.2010 | Reply

  3. Дуруд Устод! Дастатон дардро набинад!Навиштахоятонро бо шавк мехонаму лаззат мебарам!

    Comment by Ромиш | 23.03.2016 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: