Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Махмасаи мармузи Рашт

Рӯйдодҳои ғамангези Камаробу Рашт ҷони даҳҳо нафарро гирифт. Навҷавононе кушта шуданд, ки аз сад гулашон яке ҳам нашукуфта буд ва падароне, ки фарзандонашон ҷовидона дар орзуи дидори падар ашки сӯзон дар чашм хоҳанд дошт. Модароне бо доғи фарзанд интизори марги худ хоҳанд монд ва ҳамсароне акнун ҷаҳонро ба чашми хашму алам хоҳанд дид. Амалиёти мармузи ҳарбӣ барои онҳо фоҷиаи пурдарди шахсӣ тарҷума мешавад ва агар касони зиёде ба зудӣ махмасаи Раштро фаромӯш кунанд, онҳо онро ҳаргиз аз ёд нахоҳанд бурд.

Шигифтангез аст, ки касе аз ин бозмондагони бечора узрхоҳӣ намекунад. Касе барои марги ғолибан беҳуда ва аблаҳонаи одамон ҷавобгару зиндонӣ намешавад ва касе ҳам ба истеъфо намеравад. Баракс, ҳамагон сари баланду даъвоҳои бузургтаре доранд. Додгоҳе оё рӯзе рӯшан хоҳад кард, ки ҳамдиёрони мо дар ҳифзи Ватан ҷон доданд ва ё қурбони тавтеъа шуданд?

Бархе аз расонаҳо теъдоди сарбозу афсар ва кормандони амниятии Тоҷикистонро, ки дар рӯйдодҳои Рашт ба ҳалокат расиданд, наздик ба 100 нафар меноманд. Мақомоти расмӣ дар ин бобат маълумоте медиҳанд, ки ҳарҷу марҷ ба бор меорад.

Ба иттилоъи бархе аз хабаргузориҳо, онҳо ҳалокати чандин нафарро пинҳон медоранд ва ба ин тартиб қурбоншудагонро аз маросими муносиби дафн маҳрум мекунанд. Аммо дар ҳамон сурат ҳам камтарин шумораи онҳое, ки ҷони худро аз даст доданд, байни 34 то 40 нафар тахмин зада мешавад. Ва мотами миллӣ ҳам эълон нашудааст, ҳамон гуна ки далелҳои боварбахши ногузирии ин амалиёт низ.

Агар террористони хориҷӣ ба Рашт омада буданд, бояд мегузошту интизор ва омода мебуд, ки даст ба амале зананд ва худро нишон диҳанд. Камтарин амал аз “меҳмонони нохонда” тамоми чораҳои баъдии ҳукуматро дар чашми аҳолӣ “сафед”, қонунӣ ва ҳамсанг намудор месохт. Агар ҳадафи онҳо ошӯбангезӣ буд, чаро пинҳон буданд ва оё беҳтар набуд, шӯриш кунанду муртакиби ҷиноят шаванд ва на танҳо навҷавонони артиш, балки қонун ва тамоми мардуми кишвар дар муқобилашон қарор бигиранд?

Ҳукуматҳо одатан ба рӯ задани ташаннуҷ дар қаламрави мамлакати хеш манфиатдор нестанд, балки баракс ба коҳиши шиддат талош намуда, аз нерӯ танҳо ҳамчун охирин гузина истифода мекунад. Баҳори имсол хабарҳое нашр шуд, ки дар бешазорони Иёлоти Муттаҳида гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ пайдо шудаанд. Онҳо гуфтаанд, ҳукумати федеролро шикаст хоҳанд дод. Вошингтон на ба он ҷо артиш фиристоду на нашрияеро аз чоп боздошт ва тундравони сафедпӯсти насрониро низ зери фишор гирифт.

Бисёриҳо ба даст доштани нерӯ ё кишварҳои савум дар рӯйдодҳои Рашт бовар доранд. Аммо то ҳанӯз далели рӯшане дар ин бобат мунташир нашудааст. Дуруст аст, ки кишвари ҳамсояи Узбакистон дар пайванд бо тарҳи бунёди обанбори Роғун бо Тоҷикистон мухолифати шадиде дорад. Вале эҷоди ноамнӣ дар Рашт то куҷо метавонад аз роҳбандии вагонҳо дида бештар ба сохтмони Роғун халал расонад?

Мегӯянд, Русия мехоҳад, Эмомалӣ Раҳмонро аз қудрат барканор кунад. Магар Маскав барои ин кор фишангҳои қавитаре надорад, ки маҷбур шуда бошад гурӯҳеро дар кӯҳистони дурдасте мустақар намояд? Ҳатто дар ҳамон ҳол низ чаро намешуд, аз сабр кор гирифт ва зарбаро бамавқеъ зад? Чаро зарур буд бино бар намоишномае бозӣ кард, ки душманон навиштаанд?

То омадани нерӯҳои давлат ба Рашт минтақа ором буд. Агар нафаре ё ду касу 5 касу 10 кас даст ба ҷиноят ё саркашӣ зада буданд, чаро барои ин бояд артиш ба минтақа фиристода ва ҳаёти садҳо нафар зери хатар гузошта шавад? Пас оё метавон гуфт, ки минтақа зери назорати давлат набуд ва ҳукумати маҳалливу ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҷо гӯё вуҷуд надоштанд?

Амалиёти Рашт аз бисёр ҷиҳат назарияи “ҷанги хурду барқосои пирӯзмандона”-ро ба ёд меорад, ки одатан ҳукуматҳои заъиф бо ҳарос аз коҳиши нуфуз ва барои тарсондани рақибони дохилӣ роҳандозӣ мекунанд. Гумон меравад, ки чунин “ҷангча”-ҳои барқосои пирӯзмандона метавонанд, ба тақвияти қудрати ҳукумати марказӣ, тағйири таносуби нуфуз ва ба самти дигар равона кардани таваҷҷӯҳи аҳолӣ мусоидат мекунанд. Вале дар аксар маврид чунин моҷароҷӯиҳо метавонанд, натиҷаи баракс диҳанд. Бавижа дар дарозмуддат.

17.10.2010 - Posted by | Амният, Ватан, Роғун, Тоҷикистон, Қонун |

4 Comments »

  1. Салимчон, аввалан ташаккур ки сомонаи шумои азиз хасту кас каме аз навиштахои ноби форси-точики халоват мебарад.
    Бо шумо комилан хамфикрам. Бо омадани артиш ба микдори 1000 нафар дар минтакаи Рашт авзоъ вазнинтар шуду бех не. Чаро? Чунки хамаи вазиру хокиму раису мансабдор вакте ки Рахмон САЛЛА ОРЕД мегуяд, дар паи кандану овардани калла мешаванд. Яъне фишорро болои ин ё он кирши ахоли бо дастаки баромади президент, ба маротиб меафзунанд. Дар ин холатхо бехтар он аст ки Рахмон хап шинад ва ягон баромаде накунад. Ин косалесону лагандбардорон мантики суханхои раиси чумхур Рахмонро сарофахм нарафта болои сухта намакоб мепошанд ва мардуми оди азият мебинад. Дод аз дасти танхо ин хушомадгуёну лагандбардорон бояд гуфт. Бубинед вазири мудофиа зидди нашрияхо чи гуфт. Ин тахкир на танхо ба газетахо, балки ба хонандагон ва яъне мардум аст! Бубинед пас аз як чумла сухани президент Рахмон, вазири маориф Рахмонов чи хулосабарори кард. Фишор ба мактабхо , ба донишгоххо, ба хонандагону донишчуён оиди либоспушии онхо. Суханхои у нисбати сатрпушон ин нисбати занхои точик тахкир нест? Бадии кор дар он аст ки аз хамаи ин корхои бади вазирон танхо президент номаш бадтар мешавад. Чунки мардум мегуянд “Ана, Рахмон хамин хел гуфту ин фишорхо сар шуданд…” Вазири кишоварз чи. Пас аз ин кадар суи истифода аз мансабу мардумозори фикр кардем у ё гуреза хохад шуд ё махбас, вале чи шуд ? Фикр мекунад хама фаромуш мешавад? Хам он давутози Чаъфару хам махалбозию чангандози.. На! харгиз.
    Ин вазирони бесаводу дузду хунхор окибат сари Точикистонро мехуранд, на танхо сари Рахмонро. Бояд хамаи онхоро ба махбас андохт! Як умра! Барои он кирдорхои кардаашон!

    Comment by Fakhri | 18.10.2010 | Reply

  2. Узр шояд каме ба эхсосот рох додам, вале фахмед ки дилам дардманд шудааст барои кушишхои бебарори Эмомали Рахмон ва найрангу лагандбардории барзарари вазирон…

    Comment by Fakhri | 18.10.2010 | Reply

  3. Dili begam dar hamon vaziru rohbaroni duzd. Magar be ehsosot gap zadan mumkin ast? Hargiz ne… Makola makolai khubtarin va comment ham olijanob. Vale odamoni rohbar dar ruyashon pusti khar kashidaand va gap ba onho ta’sire nadorad.

    Comment by Mir Ob | 25.10.2010 | Reply

  4. Ба фикри Фирдавсчон ман сад дар сад розияам ва аз пушти 10-12 нафарро бахона карда ин кадар афсаронро ончо равона карданд! Оёо Хукумати нохия кобиляти хамин гурухи хурдро дастгир кардан надошт,ки ба хамикадар дарача оварда расонид мардуми бечора аз хама тараф дар азоб((.

    Наво дорад валекин хамнаво нест,
    Хаво хохад хурад,аммо хаво нест.
    Ба дарди ахли миллат гар даво нест,
    Ба дарди иллати миллат даво нест.
    Худованд ба хамаи рохгумзадагон тавфику имон ва рохи дурустро хидояат кунад!

    Comment by Шахло | 26.10.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: