Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Зарбае ба эътибори кишвар

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот, созмони “Хабарнигорони бидуни марз” аз фишори афзоянда ба расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо мумониат ба чопи ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “Пайкон”, дастнорас шудани сомонаҳои интернетӣ ва талошҳои ҷурмҷӯии Кумитаи андоз аз чаҳор нашрияро посухи ҳукумат ба бозтоби мустақилонаи рӯйдодҳои ноҳияи Рашт номиданд.

Бо назардошти баёнияҳои ахири онҳо, аз ҳоло бо бовари тамом метавон гуфт, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раддабандиҳои кишварҳо аз лиҳози вазъи озодии баён ва ҳуқуқи инсон дар соли 2010 хеле поёнтар хоҳад афтод. Ин ҳам дар ҳоле ки дар соли гузашта бархе аз созмонҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ пешгоми озодии сухан эълом дошта буданд.

Обрӯйи байнулмилалии Тоҷикистон на танҳо мояи ифтихори шаҳрвандони он аст, балки муайянкунандаи муносибати кишварҳои дигар ба Тоҷикистон низ мебошад. Аз ҷамъи чунин гузоришҳо симои кишвар ташаккул меёбад ва муносибати ҳукуматҳо, ширкатҳо, расонаҳо ва шаҳрвандони мамолики мухталиф ба ҳамин симо бастагӣ дорад.

Аз сӯе ҳам ин гузоришҳо дар тасмимгирии сармоягузорони хориҷӣ таъсири амиқ доранд. Фишор ба расонаҳо нақзи қонунҳои кишвар ва беэътиноӣ ба ӯҳдадориҳои байнулмилалии он аст ва ягон сармоягузори ҷиддӣ ба чунин кишварҳо бовар нахоҳад кард, то пули худ ё фанновариҳои гаронбаҳоро дар ихтиёри он бигузорад. Сармоягузорон майдонеро мепарастанд, ки дар он ҳама бино бар қоида бозӣ кунанд ва ҳама чиз пешгӯишаванда бошад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ивази он ки барои шуста шудани баъзе аз доғҳои гузашта дар симои байнулмилалии кишвар аз журналистони тоҷик сипосгузор бошад ва агар тавонад, ба нашрияҳои мустақил кӯмак кунад, баракс онҳоро зери фишору зӯргӯӣ ва таъқибу таҳдид қарор додааст. Худи ҳукумат бо ташкили ниҳоди махсуси мубориза бо фасод ва даъвоҳои зиёди муваффақияти талошҳои худ тайи чандин сол аст, ки натавонистааст, номи Тоҷикистонро аз даҳгонаи фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон берун кашад. Аммо журналистони тоҷик тавонистанд, бо таъсиси нашрияҳо ва тадриҷан густариш додани марзҳои озодии баён тавонистанд, номи Тоҷикистонро лоақал дар як ришта ба ҷойгоҳи баланд бардоранд.

Акнун ба ҷои арзи сипос давлатмардони Тоҷикистон онҳоро дар ҳамдастӣ бо террористон айбдор мекунанд, ҷангҷӯву хунталаб меноманд ва ноҷавонмардона дастурҳои пинҳонӣ медиҳанд, ки нашрияҳо чоп нашаванд, бозрасони андоз ба чопхонаҳо ва идораи нашрияҳо раванду суханони таҳдидомез бигӯянд.

Вазири дифоъи Тоҷикистон нашрияҳоро таъна мезад, ки пешниҳод карданд, муноқишаи Рашт бо гуфтушунид ҳал шавад. Ва наъра мезад, ки бо террористон гуфтушунид нахоҳад кард. Аммо худ гуфтушунид ҳам кард ва ин роҳ нишон дод, ки гуфтугушунид аз қатли беҳудаи сарбозону афсарони артиши миллӣ дида беҳтар аст.

Афсӯс, журналистон ин вазирро ба додгоҳ накашиданд, то барои дигарон сабақ шавад. Аҷиб аст, ки журналистонро ба додгоҳ кашидан мумкин будааст, аммо вазирро на. Чаро? Магар ин як кишвари демократӣ нест? Магар ҳама дар назди қонун баробар нестанд?

Журналистон як роҳи дигар ҳам доранд, ки истифода аз он дар чанд кишвар натиҷаҳои олӣ додааст. Онҳо бояд бо иттифоқ ва ҳамовозии тамом аз нашри ҳама гуна хабар дар бораи фаъолиятҳои ҳукумат ва аъзои он худдорӣ кунанд. Ба нишастҳои хабарии пучу дурӯғин нараванд ва ҳея хабаре аз кори давлат нашр накунанд.

Барои намуна, агар хабаргузориҳои Азия-Плюс ва Авеста аз нишастҳои хабарӣ ё кори аъзои ҳукумат хабаре нашр накунанд, номи вазирону раисони Тоҷикистон ба як торикии куллии байнулмилалӣ фурӯ хоҳад рафт. Ба ҷои ин метавон аз ҳаёти мардуми одӣ ва ҷомеа навишт. Ин гуноҳи журналистон нахоҳад буд, балки эътирофи холигоҳе, ки худи ҳукумат дар байни худ ва мардумаш эҷод кардааст. Чунин таҳрим метавонад, то замоне идома кунад, ки фишор ба матбуот қатъ шавад ва ҳукумат бипазирад, ки васоити ахбори ом низ як ҳукумат аст, ҳарчанд чаҳорум бошад ҳам, онро бояд эҳтиром кард.

Бастани торнамоҳо, дар ин байн, як кори беҳудае буд, ки ба ғайр аз шармсории ҳукумат фоидае наовардааст. Вақте чанд сол пеш дар ростои интихобот чанд сомонаи интернетӣ дар Тоҷикистон дастнорас шуд, мардум ба ин фишор тан дод, аммо ин бор бастани торнамоҳо ба хонандагон дар Тоҷикистон роҳҳои истифода аз пойгоҳҳои вакилро омӯзонд. Мардум дар Тоҷикистон ба ҳамаи ин торнамоҳо дастрасӣ доранд ва хабарҳои бастани онҳо танҳо бадномӣ оварду бас.

Орзу кунем, ки ин талошҳои беҳуда ва шармсоркунандаи кишвар охирин иқдомот буданду дигар такрор намешаванд. Ҳукумат ва кишвар бояд ба пеш ҳаракат кунанд, на ба ақиб. Агар журналистон ба озодиҳои солҳои 1990 баргашта бошанд, ба он маъно нест, ки ҳукумат ба ҷанги он солҳо баргардад. Балки бояд биомӯзад, ки ҳама чиро акнун қонун муайян мекунад. Агар журналистон иштибоҳ карданд, бояд дар додгоҳ посух диҳанд, на дар ҷангал.

——————————–

Акс аз торнамои Радиои Озодӣ

18.10.2010 - Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Тоҷикистон, Худшиносй, Қонун

4 Comments »

  1. Навбати шумо: Рушди бунёдгароии исломӣ дар Тоҷикистон

    Интишори гузоришҳое аз фаъолияти гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар бархе манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамлае, ки ба кушта шудани панҷоҳ сарбози давлатӣ анҷомид ва ба исломгароёни тундрав нисбат дода шуд, ҳарос аз рушди бунёдгароии мазҳабиро дар ин кишвари нисбатан ороми Осиёи Миёна тақвият кардааст.

    Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ахиран аз шаҳрвандони кишвараш хоста фарзандони худро барои таҳсили динӣ ба хориҷ нафиристанд ва ҳушдор дода, ки аксарияти ин мадорис динӣ нестанд ва касоне ки дар ин мадорис омӯзиш мебинанд, ифротгаро ва терурист мешаванд.

    Оё шумо нигаронии давлати Тоҷикистон аз рушди бунёдгароии исломиро баҷо медонед? Оё фикр мекунед донишомӯзоне, ки барои таҳсили динӣ ба хориҷ мераванд, бо худ бунёдгароӣ ва терурисмро ба Тоҷикистон меоваранд?

    Ба дунболи ҷангҳои дохилии пас аз истиқлоли Тоҷикистон дар сенздаҳ сол пеш, давлати ин кишвар бо имзои як тавофуқномаи сқлҳ, мухолифони исломгарои худро дар мудирияти кишвар саҳим кард. Аммо акнун бо гузашти 13 сол, ҳеҷ як аз чеҳраҳои исломӣ дигар дар мансабҳои давлатӣ дида намешаванд. Аз як сӯ давлат баъзе аз аъзои Ҳизби Наҳзати Исломиро ба ифротгароӣ муттаҳам мекунад ва аз тарафи дигар, насли ҷавон фикр мекунад, ки ин ҳизб чандон ҳам бунёдгаро ва тарафдори ислоҳоти сиёсӣ нест.

    Назари шумо дар бораи фаъолияти аҳзоби исломгаро дар Тоҷикистон чист? Оё худи шумо бо атрофиёнатон дар ин гуна аҳзоб фаъолият доштаед?

    Акнун мардуми тоҷик дар заминаҳои эътиқодоти динӣ ва мазҳабӣ, аз озодиҳои бештаре дар муқоиса бо даврони Шӯравӣ бархӯрдоранд, аммо ҳамзамон аз назари иқтисодӣ, шикофҳои табақотӣ дар миёни мардум бештар шудааст.

    Бархе муътақиданд, ки ҳамин ихтилофҳои табақотӣ, тарокуми зиёди ҷамъият ва нархи болои бекорӣ ҷавононро водоштааст, ки посухи мушкилоти худро дар қироъатҳои бунёдгароёна аз ислом ҷустуҷӯ кунанд.

    Ба назари шумо, аҳзоби исломгаро чи ҷойгоҳе дар миёни мардуми Тоҷикистон доранд ва назари умумии мардум нисбати фаъолиятҳои онон чист?

    Оё фаъолияти ин аҳзобро барои рушди демукросӣ дар Тоҷикистон муфид медонед ё нигарон ҳастед, ки ин аҳзоб мумкин аст ин кишварро ба сӯйи бунёдгароӣ бикашад?

    Барномаи “Навбати шумо” дар рӯзи сешанбе, 19 октябр, ба ин мавзӯъ мепардозад.

    Шумо метавонед бо қарор додани шумораи тамоси худ дар бахши назароти вебсойт, ирсоли имейл ба нишонии shoma@bbc.co.uk ё тамос бо шумораҳои 00442077652048 ва 00442077650505 дар барномаи “Навбати шумо” ширкуат кунед.

    Ҳамчунин метавонед шумораи тамос ё назароти худро аз тариқи паёмак (SMS) ба шумораҳои 00447786201127 ё 00447786200548 ирсол кунед.

    Дар “Твитер” метавонед назароти худро аз тариқи nowbat@ ба мо бифиристед: http://www.twitter.com/nowbat

    Агар мехоҳед ба сурати тасвирӣ бо вебкам дар барнома ширкат кунед, лутфан ба мо имейл бизанед, то шуморо роҳнамоӣ кунем.

    Ҳамчунин метавонед ба василаи мубойл ё вебкам назаротии худро ба сурати тасвирӣ забт ва барои мо ирсол кунед, то дар тӯли барнома пахш шавад.

    Comment by BBC Dushanbe | 19.10.2010 | Reply

  2. Ба андешахои шумо комилан мувофикам. Вакти он расидааст, ки расонахо бархурди худро бо хукумат тагйир диханд. Ва роххои демократии муборизаро пеш гиранд, вале чи мегуед, ки дар ин мамлакати ачоибулгароиб ягон конуну коида кор намеояд. Дар вокеъ чангалро мемонад, ки анбуху торик аст ва намедони пайрахаи озоди кучост. Дар ин чангал нури рушанро хам дидан гайриимкон аст. Ва бадтар аз хама ба мушохида мерасад, ки гурухе аз кудратмандони давр, душманони точик тавонистанд дар хамин рузхои хассос матбуотро таксим кунанд. Баъзе матбуоти ба ном мустакил чехраи вокеии хешро ошкор намуда, руирост ба бозии марговари миллати точик – махалбози шуруъ кардаанд, ки ин боиси таассуф аст. Худо гуем, ки ба эшон акли солим, хирад дихад, то окибати гумрохии хешро харчи зудтар дарк намоянду ба худ оянд…

    Comment by Surush | 19.10.2010 | Reply

    • Мутаассифона, ҳукумати азизи мо ин чизро дарк накард, ки дар ҳамаи ин махмаса ягона нақши мусбатро расонаҳои мустақили кишвар бозиданд, ки нигоҳи дигаре ба воқеаро пешниҳод ва ақлҳоро ҳушёр карданд. Ҳукумати одил мебоист ба ин амали онҳо арҷ мегузошт ва ба амалкарди худ дар ойинаи матбуот менигаристу на ойина, балки хешро муҷрим медонист.

      Ба фарқ аз бисёри дигарон, банда бар инам, ки матбуоти мустақил ҷурме надорад ва танҳо вазифаи хешро анҷом дод, ки ойинадории ҳақиқат буд. Сардамдорони замона мебоист ба ин ҳама аз руи акли солим баҳо медоданд.

      Comment by aioubzod | 01.11.2010 | Reply

  3. Ин хам тухфаи хукумакти конунию демократи ба маколаи “Лухтакхои гилин”-и “Фараж”.
    Морро харчанд бехтар парварй,
    Чун яке хашм оварад, кайфар барй!

    ё …Чун яке хашм оварад, кайфат парад…

    Гарм тинч буд, вале… чун корд ба устухон расид…

    Comment by Cobir | 20.10.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: