Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Фариштаи барфӣ

Ба додари азизам, Илҳомҷон ин достони кӯтоҳ чандон писанд наомад. Менависад, ҳадаф нофаҳмост ва ҷузъиёт зиёд. Яъне пурҳарфии бемаъно. Бори дигар онро хондам ва андаке веросторӣ кардам. Соле ки ин достон дар “Адабиёт ва санъат” нашр шуда буд, чанд номаи гарме аз хонандагон гирифта будам, аз ҷумла аз Адолатҷӯи Ашкрез, ки тақрибан ҳамсоли Илҳомҷон аст. Нафаҳмидам, чаро ба яке аз онҳо хеле писанд омад ва ба дигаре хеле нописанд.

ФАРИШТАИ БАРФӢ

Войи ман, ай войи ман, ай войи ман,
Войи умро талху пурсавдойи ман.
Фарҳоди Мастон

Дишаб барф борида буд.
Аз сари шом то дами субҳ.
Аз сари шоме, ки бо ҳамаи талошҳои ҳамлаваронааш натавонист асои худро ба марзи миёни рӯзу шаб бизанад, то дами субҳе, ки орому беғавғо чаҳор атрофашро ишғол карду кай дамидани он номаълум монд.

Барф миёнарави сулҳ дар байни шаб ва рӯз буд. Барфе буд, ки пардаи шабро мисли ҳарири бомдод сафед мекард ва ба нимрангиҳои субҳ сояҳои тирае монанди ёдбудҳои шаб меандохт. Барфе ки монанди селаи кабӯтарон аз осмон фуруд меомад, дар шоху навдаҳои урён ба гули шафтолу табдил меёфту ба рӯйи замин мерехт ва сояи дарахтонро аз зери онҳо мерабуд.

Тамоми шаб ҳарири панҷараҳо во буд ва ӯ ёзида рӯи рахтихоб медид, ки фариштагони бешумор дар осмони наздику дастрас парвоз мекарданд ва ба оҳанги як мусиқии самовотӣ даври ҳам мерақсиданд. Аз пару боли онҳо пати махмалгун мерехту бо сиёҳии шаб меомехт ва сафедии нарму ширгун зулмотро мепӯшонду атрофро рӯшантар мекард.

Ва хонаҳои таҳамтани сокит дар паси тӯри нафиси сафед тадриҷан, онгуна ки зеҳн мехоҳад, хотираҳои ногувору дилнохоҳро зудуда созад, андак-андак нопадид мешуданд. Ва дарахтон, ба раҳнавардоне монанд буданд, ки то миён дар барф ғӯтида, дастҳо сӯи само доштанду маълум набуд, адлу дод мехостанд ва ё аз барф истиқбол мекарданд.

Ин шояд нахустин шабе буд дар ин ҳама моҳҳои ахир, ки ӯ мисли як тифли нозпарвард орому беғаш бихобид, баросуд ва ҳама шаб дар фурӯғи нурҳои гулобӣ чеҳраи модарашро дид. Занеро дид, пир, бо рӯйи пурожангу мӯйи нуқрагун, аммо сурати рӯшани авлиёӣ ва нуронӣ.

Модар сару рӯйи ӯро сила мекард, мебӯсид ва мешамид. Дастони обиладору шахшӯлаш бӯйи шир ва ҷозибаи ошно доштанд. Аз расиши онҳо гармие ба ҷисми ӯ мегузашт ва ин гармии меҳрубон мавҷвор ба саропояш мерехт, ӯро дар пардаи нарм мепечиду дар оғӯши худ мегирифт. Ҳолати осоиши дерҳангоми баъд аз тӯфони вайронгар дили Фарҳоди нимхобу нимбедорро аз фараҳ пур мекард.

Дар миёни хобу бедорӣ ва дар хилоли парвози фариштагони барфӣ вай тааҷҷуб мекард, ки вақте чеҳраи модарашро дар ёд надорад, чӣ тавр донистааст, ки ин зани пир модари ӯст. Ҳанӯз тани ӯ андаруни парпечҳои сафед буд, ки модарашро ба кафани сафед печонданд ва ба хоки сарди зери барф гузоштанд. Аксе аз ӯ боқӣ намонда буд ва танҳо қиссаҳои модаркалонаш дар зеҳни ӯ чеҳраи меҳолудеро сохта буданд. Пур аз меҳрубонӣ ва зебоӣ. Аммо номуайян, хаёломез ва афсонаӣ. Ё магар ин модаркалонаш буд, ки дар хоби ӯ даромад то навозишаш кунад? Аммо он чӣ аз ин хоби роҳатбахш бардошт, кашфиёти ногаҳонии ин натиҷае буд, ки фарзанди инсон ҳамеша мӯҳтоҷ ба навозиш аст. Ин шояд бузургтарин заъфи ӯст, ки аз пайроҳаҳои каҳрамонӣ барканораш мекунад.

Пас ин кӣ буд, ки дишаб дар фурӯғи нурҳои пурдурахши гулобӣ дили ӯро сила кард ва ӯро ба зиндагӣ бозгардонд? Шояд на зан, на модар, балки худи меҳрубонӣ ва навозишро дар хоб дида буд? Ва модар ҳамчун рамзи меҳрубонии нодида замоне ба ёдаш омад, ки аз хоб бедор шуд? Шояд.

Аммо ин нахустин шабе буд, ки тавонист, бихобад ва ба ҳеҷ чиз наандешад. Чунин осоиш ҳатто дар бистари гарму нарму нафиси Раъно ба ӯ даст надода буд. Вақте дар канори Раъно мехобид ва нафаси гоҳе орому гоҳе ғалаёнии вайро дар пӯсти худ ҳис мекард, баракс, тадриҷан нороҳатӣ фарояш мегирифт. Аз худ бадаш меомад ва розӣ мешуд, ки сазовори сахттарин ҷазост дар баробари чунин хиёнат. Дар ин лаҳзаҳо андӯҳи сангин рӯйи дилаш менишаст. Хаёлан ба беҳудатарин мардум ҳасад мебурд. Худашро нафрин мекард, ки чаро наметавонад мисли ҳама, бе ҳеҷ мушкиле, ки худ барои хештан меофарад, зиндагӣ кунад. Чаро наметавонад озод бошад? Чаро аз озодӣ меҳаросад? Чаро хуш буданро мехоҳад, аммо хеш буданро на? Магар дунё чунин нест, ки кас бояд машаққати хостҳои худро бипазирад?

Аз рахтихоби нафису атрогину гарму шоҳонаи Раъно, ки ҳар лаҳза ӯро ба коми амиқи худ фурӯ мекашад ва фақат дидани он чашмонашро наму шаҳвонӣ мекунад, мехесту коҳилона колбади худро ба таомхона мекашид. Соатҳо он ҷо менишасту фикр мекард, ки ҳамсари қонуниаш ҳоло дар куҷост ва банди чӣ корест. Паёпай сигор дуд медод, қаҳва менeшид, қадам мезад ва беҷуръатии худро лаънат мехонд.

Раъно ҳам бедор мешуд. Лекин наметавонист назди ӯ биёяд. Медонист, ки Фарҳод дар ин лаҳзаҳо ҳеҷ касро дидан намехоҳад. Ва ҳатто медонист, ки Фарҳод ҳоло ба чӣ меандешад. Вақте бори аввал ин ҳол пеш омад, Раъно донист, ки меҳрубониҳояш дар ин маврид хеле бемавқеъ ва беқадранд. Мисли вазни иловагие ҳастанд, ки рӯйи Фарҳод бор мешаванд. Пас ёд гирифт ва дигар ба таомхона намеомад. Бедор мешуд, мехест, дар рахтихоб менишаст ва шояд мегирист. Вале намеомад.

Ин нахустин шаб буд, ки Фарҳод осудаву беғубор, мисли як тифли бегуноҳ дар оғӯши фариштаҳои барфии шаби ялдо чашмҳои худро баст ва аз лаззати тасвирнопазири покию озодагӣ роҳат бурд.

Ва ин қадар зуд бедор шуд.

Гӯё чашмашро пӯшиду кушод.

Гӯё ялдо кӯтоҳтарин шаби сол буд.

Субҳ ба дамидан осемасар омад. Ва дар осмони наздику дастрас, дар он ҷое ки фариштагони пок малеҳу ҳамнаво арғушт мерафтанд, дар он ҷое ки махмали боли онҳо рақсону беовоз фуруд меомад, акнун садбарги азими офтоб шукуфтаву оламро рӯшан карда буд. Рӯшан, аммо на гарм.

Ва фурӯ рафт ин шаби осоишу роҳат бебозгашт ба жарфнои хотираҳо. Вақте ки хуршеди тирамоҳ ба олам чашм кушод, ӯ аз тиреза ба берун нигарист. Ҳама зебоӣ ва сеҳрангезии манзараи шаби сафед кайҳо барбод рафта буд. Дунё аз меғи рeъёҳои дилнишин раҳо ёфта, воқеъияти сангин ба ҷои худ бозгаштааст. Дарахтон маъюсу сархам буданд ва пой дар гил доштанд.

Ин манзара осоишу қарорро аз ӯ рабуд. Гӯё дар осмони танги хонаҳои сангин парандаи азиму сиёҳе муаллақ монда, сояи болҳои бимнокаш дунёро тира мекард ва чанголҳои хунинаш дили Фарҳодро мехарошид. Ва рӯйи барф хаёле тани беҷону хуншори фариштаҳои барфӣ афтода буд.

Шабе ки барояш ин қадар рӯшану қудсӣ буд, акнун ба як рӯзи сиёҳу гарон табдил ёфт. ҳақиқате ки дишаб онро батамом фаромӯш карда буд, ҳоло баробар бо ин хонаҳои хокирангу девпайкар пеши нигоҳаш ба гунаи таҳдидомезе қад кашид.

Вай ҳарири тирезаҳоро баст, ҷомаи худро ба китф андохт ва дарро во карда, ба ҳуҷраи шафат даромад. Рахтихоб холӣ буд. Ба долон баромад ва рӯйи мизи пастаки пеши оина хатчаеро дид. «Нӯшинро духтур бурдам. Ношто дар яхдон. Зуд меоям.»

«Ин қадар лаҳни осуда, — андешид Фарҳод, — гӯё чизе рӯй надода бошад. Гӯё чизеро намедонад…»

Бо вуҷуди табдили шаби сафед ба рӯзи тира, Фарҳод ҳис кард, ки ба дилаш як оромӣ ва ҳатто хушнудие ворид гаштааст. Аз нури фариштагони сафед ва ё барфи махмалӣ? Шояд аз он ки чанд моҳи охир нахустин бор осуда бихобид ва баросуд? На, барои он ки бори аввал ва барои охирин бор тасмим гирифт. Бебозгашт. Дақиқ. Саҳеҳ. Охирин бор.

Дудилагӣ азоби сахт аст. Гоҳе ки билоохира ба қарори қатъӣ меоӣ, гӯё бори сангинеро аз дӯши худ ба дур меафканӣ.

Худоё, чаро то ин шаб ӯ чунин беҷуръат ва беирода буд! Ва бо ин ҳол саодат меҷуст…

Вай ҷомадонро рӯйи рахтихоб гузошт ва чизҳои худро ҷамъ кард.

Тасмимаш бебозгашт аст. Ва Раъно ин қадар шоду хушбахт хоҳад буд. Билоохира.

Дишаб барф борида буду вай тасмим гирифта буд. Барф гӯё сафедии нияти ӯ буд ва барояш аз роҳи сафед нишона медод. Ниҳоят шиканҷаҳои равонияш ба поён расид.

Фарҳоди Мастон бо тамоми тамкини як фиръавн рӯйи курсие нишаст, ки шаб онро ба наздики тиреза кашонда буд. Даст бурд ва ҳарири панҷараҳоро дубора боз кард. Абрҳои сиёҳ офтобу осмонро пӯшондаанд.

Надонист, чӣ гуна аз нав сар ба андешаҳое зад, ки дишаб ба худ қавл дода буд, дигар аз онҳо ёд нахоҳад кард. Гумон душмани тасмим аст. Гумон қотили тасмим аст.

Ханҷоли паррандаи азиму сияҳи осмони шаҳр, ки чашмони хашмгин дошт, пардаи дили Фарҳодро дарид.

Раъноро дӯст медорад. Ишқи асил. Ишқи поку самимӣ. Вале гоҳе ки мехоҳад, ин ҳақиқатро арзандаи ҳамагуна қурбонӣ гуморад, андешааш ба кӯчаи сарбаста ворид мегардад ва ҳайрон мемонад, ки оё ҳақиқати ишқро бо чӣ бояд санҷид. Оё замоне Моҳрӯро низ ҳамин гуна сахту бебозгашт дӯст намедошт?

Ҳарири тиреза меларзад. Маълум нест, аз куҷо насиме мевазад, ки онро ба ларза меорад. Ё нигоҳи Фарҳод ба гунаест, ки ашё дар он ба ҷунбиш меоянд? Ё ларзаи дил аст ин?

Фарҳод худро дар шаҳре мебинад, ки дар кӯчаҳояш ин қадар танҳо, ошуфта ва бекас аст. Ва духтаре низ мисли ӯ навозишнадидаву танҳову парешон дар ҳисори хонаҳои баланди сангин гом бармедорад.

Чӣ қадар дӯст медошт ӯро! Зиёдтар аз ҷони худ, бештар аз бахти худ.

Худоё, чист бахт?

Хушбахтӣ магар он лаҳзае нест, ки дилат барои касе гум мезанад? Магар он айёме нест, ки бо рӯҳи пора-пора ва абгор ба сӯяш медавӣ ва ӯро дар оғӯш мегирӣ? Ва оғӯше ин қадар сахту фишорандаву ширин, ки гӯё бо ӯ мепайвандӣ, яктан мешавӣ, нобуд мегардӣ!

Чӣ қадар дӯст медошт ӯро!

Вақте аз бешазори тираву ваҳшатзои атрофи хеш берун меомад ва ногаҳон, ба тамом ногаҳонӣ, варо медид, дунё дар як он дигар мешуд. Як даште пур аз баҳор, паҳное пур аз лола онҳоро ба оғӯши меҳрубони худ  мегирифт. Ва ин дашту ин манзара дар онҳо хоҳиши пурдарди давиданро меангехт. Ончунон меангехт, ки тобу тоқат намемонд. Чашмҳо масту махмур мегашт, дилҳо бехуд ва ақлҳо мадҳуш. Ва онҳо медавиданд сармаст аз накҳати ҳулбуву ёсамин. Парвоз мекарданд бевазну бесадо рӯ-рӯйи махмали сабзаҳо. Ва осмон ин қадар нилӣ буд. Гӯё осмонро ранг карда буданд.

Он рӯзгорон дунё моли дили онҳо буд. Ва бениёз буданду хушбахт он лаҳза, ки баъди шаби ялдои ҳиҷрон ҳамдигарро медиданду чашмонашон пуроб мешуд. Аз паси пардаи ашк табассуми ҳамдигарро ба ҷон мепазируфтанд, дер гоҳ чашм аз ҳамдигар намебардоштанд ва чизе ба ҳам намегуфтанд. Ба сухан ниёзе набуд.

Худоё, куҷо шуд он ҳама шӯр!

Бӯсаҳо…

Онҳо бим доштанд, ки рӯзе ҳини лаб ба лаб доштан дилҳошон аз тапиш мемонанд. Ба ҳар бӯса мемурданду зинда мешуданд. Худоё чӣ қадар дӯст медошт ӯро!

Пушти тиреза абрҳои нуқрагину пурвазн коҳилона аз осмони садпора ва синачок поён меомаданд ва шиками худро ба боми хонаҳои баланд месуфтанд. Абрҳо талотум мекарданд ва гӯё хашми бузурге андаруни онҳо ҷамъ омада буд, ки мебоист, берун мерехт.

Рӯзгоре на абр буд, на борон, на сармо, на гармо. Ҳар рӯзи дидор хуштарин рӯзи онҳо буд. Дидор тиратарин рӯзи борониро низ барояшон ба рӯзи шоду офтобӣ табдил медод. Ва онҳоро хуш меомад зери борон даст ба дасти ҳамдигар ниҳанд, ба чашмони якдигар нигаранд ва беҳарфу хомӯш соатҳо чакомаи боронро бишнаванд, ки гӯё ҳамсадои дили онҳо буд. Дар ин лаҳзаҳо онҳо бим доштанд, чизе бигӯянд. Суханҳо ин қадар ночизу беҳуда буданд, ки наметавонистанд, дарди онҳоро дар худ ғунҷонанд. Суханҳо гӯё чиркин буданд ва бо пучии худ ормони онҳоро ночизу хурд мекарданд. Онҳо намехостанд, суханҳоро ба дунёи поки хеш роҳ диҳанд.

…Паси шиша дарахтони афсурда чапу рост алвонҷ мехӯранд. Тикаҳои барфи тар аз шохсорон ба кулмакҳо меафтанд. Борон сар мешавад. Фарҳод мебинад, ки қатраҳои борон сиёҳу нафратангез ва сангвор вазнинанд. Санг меборад.

Бадбахтист, вақте дарк мекунӣ, ки дигар ошиқ нестӣ. Гоҳе ишқ поён меёбад, зиндагӣ низ бояд ба охир расад.

Аз осмон оби гандида мерезад. Замин лой мешавад. Барфу гил, сафеду сиёҳ заминро аблақгун месозад. Ғашаш меояд ва ҳарири панҷараҳоро мебандад. ҳуҷра нимторик мешавад вале ӯ чароғ намегиронад. Рӯйи рахтихоб дароз мекашад.

Оё оқибати ҳамаи дилдодагон ин аст? Ва ногузир аст оё ин фарҷом? Оё ишқ чист? Оё ишқ бим нест? Бими нотавонӣ. Бими танҳоӣ. Бояд касе дар паҳлуят бошад дар ин дунёи бераҳм. Касе бозуят бигирад.

Оё ишқ як бофтаи инсонҳо нест? Як рӯъёи фиребо, саробе ки бояд туро дар дижи танги худ маҳбус созад. Он туро аз шоҳроҳи бузурге меёбад, аз дасту поят мегирад ва ба як ҳуҷраи танг меорад.

Оё ишқ як шуғли талху ширин, як дурӯғи зотии табиат нест, ки ту худ онро металабӣ, то вуҷуди худро идома диҳӣ? То зиндагии бемаънӣ ва пучро бо чизе пур кунӣ. То бошад ёдбудҳое бардорӣ.

Ё шояд ишқ василаи шинохти худ аст?

О, бандаи гумроҳ! Ишқ ниёзи инсони заъифест. Ишқ ҷустуҷӯи он лутфу хушомадест, ки бояд туро дар ту мӯътақид созад, туро дар чашми ту боарзиш вонамояд, хостаҳои худпарастонаи туро қонеъ гардонад. Гӯё ту ҳамон як беҳудае нестӣ, ки ҳастӣ. Вале аз чӣ ишқ кӯтоҳ аст ва хотима меёбад? Агар он ниёзи инсони заъиф бошаду саранҷом хатм шавад, пас оё фарҷоми он зуҳури инсони қавист?..

Замоне саргардону дарбадар буданд. Аз бисоти дунё чизе бо худ надоштанд. Ба ҷуз як дег, як пиёла, як коса…ва ду чумчаи чӯбӣ…

Ин шаҳри азимро, ҳарчанд душмани бераҳми онхо буд, дӯст медоштанд, зеро бо ҳама бегонагию бераҳмӣ шаҳри ишқи онҳо, шаҳри нахустин нигоҳ ва нахустин бӯсаашон буд.

Чумчаҳои чӯбӣ. Куҷоянд чумчаҳои чӯбие, ки Фарҳоди Мастон худ тарошида буд. Моҳрӯ ин чумчаҳоро дар рӯмолаке печонида, дар гӯшае пинҳон карда буд. Лабханд мезад ва мегуфт: «Ба набераҳоямон нишон медиҳем». Он рӯз дигар кай ояд ва ин ҳам магар сармоя аст?

Сармояву сарваташон ишқ буд. Ва дар ташвишҳои ночизи рӯзгор надонистанд, ки мӯъҷизае дили худро кай дар кадомин лаҳза ва кадомин гардиши рӯзгор аз даст додаанд. Гавҳари асил ба қаъри амвоҷи ноороми давандагиҳо фурӯ рафта буд. Мисли он ки ҳис мекунӣ, чизе аз дастат афтодааст, аммо рӯйи даст колои зиёде дорӣ, ки ба назарат муҳим метобанд.

Оё ишқи асил дар вуҷуди кас эҳсосеро, ки шабеҳи хотимаи хотимаҳост бедор намекунад? Оё ошиқ рӯзе ҳис намекунад, ки пас аз ҳарчӣ ҳама шириниҳои ошиқона ба деворе расидааст, ба бунбасте? Вале дар ин ҳама ки гунаҳкор аст? Оё инсон? Оё табиат? Оё зиндагӣ?

Ба поёни фасли ишқ расид. Ин чӣ ишқи зудгузаре буд?

Фарҳод аз роғи пардаҳои тиреза дарахтони бешоху баргро дид ва ба ин андешид, ки умри инсон низ фаслҳо дорад. Давраи оғози пуршӯру шукуфои муносибатҳои ӯ ва Моҳрӯ гӯё баҳорон буд. Бартари ёфтани ҷисм дар ин робитаҳо тобистони ишқ ва сардию афсурдагӣ тирамоҳи он буданду акнун Фарҳод дар остонаи зимистони ишқ боз ҷӯёи навбаҳор гаштааст.

Дигар меравад думболи Раъно, ки баҳори нави ӯст. Ва акнун ҳар гоҳ ки ғамгину андӯҳбор ҷониби таомхона равад, Раъно аз паяш хоҳад омад ва кӯшиш хоҳад кард, ки ӯро дар канор бигирад ва бибӯсад ва навозиш кунад. Пас Фарҳод як гадои ишқ аст. Як шахси ночизу беҳуда, ки бояд аз ҳамин роҳ ба худ арзиш пайдо намояд. Аммо агар инсон битавонад, худ ҳиссиёти худро, ишқи худро муайян ва идора кунад, пас оё он ишқ аст? Оё кас дар зиндагии хеш як нақши кӯчакро бозӣ мекунад ва ё тарроҳу офаридгори сарнавишти худ аст? Оё «одам хеле ҳақир аст, бозичаи тақдир аст»?

Вақте дар роҳи ишқ ҳама чиро ба боди ҳаво медиҳӣ ва худро қурбон мекунӣ ва ё вақте чун марди ҳисобӣ роҳи бароят хушояндро бармегузинӣ, кадоми инҳо ишқи асил аст? Дар кадоми инҳо ту инсони боирода ҳастӣ?

Фарҳод аз он асабонӣ ва хашмгин шуд, ки баъди тасмими қатъии шаби гузашта, аз нав ба кӯчаи гумону тардид афтода ва дар доми шубҳа дармондааст. Ҳар лаҳза симои ҳамсараш Моҳрӯ ва духтарчаи хурдсолаш Нӯшин пеши назараш меомад ва ин ду чеҳра гӯё ӯро фаро мехонданд. Нӯшин дастчаи хурдакаки худро ба сӯи ӯ меафшонд ва механдид ва аз ин ханда дили Фарҳод фишурда мешуд.

Пас тасмими гирифтаи ӯ сабук ва аблаҳона будааст. Ва ё ишқи пиршудааш ба Моҳрӯ аз зуҳури Нӯшин таровати нав пайдо мекунад?

Аммо чаро ин ҳама фурсат, яъне аз зода шудани кӯдакаш то ҳоло боре ҳам мутаваҷҷеҳи ин одамчаи хурдсол нагаштааст?

Ҳоло акнун Раъно аз бистари махмалӣ ӯро фаро мехонд ва Фарҳод тапиши дилашро ҳис мекард. Вай ин тапишро аломати ишқ меномид.

Боз сардаргумӣ.

E худро маломат кард, ки чаро аз нав ба ин мавзӯъҳои кӯҳна меандешад. Ба чизҳое ки ҳазорон бор аз мағзи дилаш рад шуданд, то ниҳоят шаби гузашта шабе ки то сапедадам барф борид, вай охирин тасмимашро гирифт. Вале ҳоло сангҳои осиёб аз нав ба гардиш омаданд, то буду набуди ӯро дар чархишҳои худ орду хок кунанд.

«Нӯшинро ба духтур бурдам…»

Танҳо ҳоло Фарҳод фикр кард, оё чаро ҳамсараш Нӯшинро ба дармонгоҳ бурдааст. Иқрор кард, ки намедонад.

Барои фикр накардан, барои раҳоӣ аз ин андешаҳо аз ҷой барҷаст ва ҷомадонашро басту дар даст гирифт ва қадам бардошт. Дасташ дастаи ҷомадонро мефишурд. Дастаке ёфтааст, ки аз он бидорад. Онгуна қабза карда буд, ки кафаш дард мекард. На, вай як бечора, беирода ва раҳгумзада нест. Вай ҷӯёи ишқ аст. Вай мехоҳад худро аз нав оғоз диҳад. Вай мехоҳад озод бошад.

Боди сард ба мағзи устухон кора мекунад.

Борони реза ва тез меборад.

Шамол донаҳои нӯгтези боронро ба сару рӯй мезанад. Мисли сӯзанборон. Ҳаргиз ин гуна боронеро надида буд. Ҷомадонаш сангин аст ва истгоҳи «Хиёбони Мавлоно» беодам.

Вай бояд то Фурӯшгоҳи бузург равад. Равад ва бознагардад. Агар бознагардад, пас воқеан тасмимаш қатъист ва роҳе ба ақиб надорад. Пас беирода, оҷиз, беҷуръат ва ночиз нест. Бояд равад ва бознагардад! Бознагардад.

Фарҳод ҳар ҳуҷайраи ҷисмашро ба кор андохта буд, то фикри бозгашт пеш аз он ки ӯ ба хонаи Раъно расад, дар дилаш зуҳур накунад. Вале ҳар қадар ки ба истгоҳи Фурӯшгоҳи бузург наздиктар мешуд ҳамон андоза чизе гулӯгираш мекард. Дар як гӯшаи зеҳнаш ин фикр пирӯeз меомад, ки ҳоло Фарҳод бояд ба замин биншинаду бигиряд. Худро тасалло медод, ки баъди чанд лаҳза аз зинаҳо боло меравад ва занги дари Раъноро пахш мекунад ва Раънои нозанин бо боз кардани дар ва дидани Фарҳод мисли гул мешукуфад.

Бо вуҷуди борони нофорам ва боди сард, майдони рӯбарӯйи Фурӯшгоҳ серодам буд.

Вақте ки Фарҳоди Мастон мехост, ба гузаргоҳи зеризаминӣ дарояд ва ба он сeи кӯча гузарад, фиғони мошини «Ёрии таъҷилӣ» баланд шуд. Бо наздик омадани мошини сафед садои дилгудози ожири он ба авҷ расида, бо гузаштану рафтанаш ин фиғон пасттар шуд ва дар охири хиёбон дигар гӯшнорас гашт. Аммо аз шунидани ожири ногаҳонӣ Фарҳод дар ҷо истод ва карахт шуд. ҳарчанд мошин босуръат аз майдон гузашт ва дигар фарёди ҷонкоҳи он ба гӯш намерасид, Фарҳод ҳамоно беҳаракат истода буд. Мисли ин ки интизор буд, ҳоло боз мошини дигар бо ҳамин гуна фиғон аз паҳлуяш хоҳад гузашт.

Фарҳод фикр кард, шояд ин мошин ба хонаи акнун кӯҳнаи ӯ рафт, ба ҷое ки Фарҳод дигар намехоҳад ба он баргардад. Аммо аз ин фикри зудгузар дида садои фиғон ба ӯ таъсири сахттар карда буд, ки дар гӯшаш ҳамоно такрор мешуд. Он шабеҳ ба фарёди як одами лоилоҷ ва асир буд.

Чанд қадами сангин гузошт ва рӯйи харак нишаст. Ҷомадонро рӯйи зонувонаш ниҳод ва сарашро ба он такия дод. Оҳиста аз ҷайб қуттии сигорро гирифт.

Чашмонаш раҳ медиданд ва ӯ ба раҳгузарон замоне мутаваҷҷеҳ шуд, ки духтарчаеро дид ҳамсинни Нӯшин. Кӯдак даст дар дасти модар дошт ва онҳо ҳамроҳ мерафтанд ва чеҳраи духтарча дар ҳавои сарду борон нороҳат ба назар менамуд. Бо палточа ва кулоҳаки сафедаш духтарча ба фариштаи барфӣ монанд буд. Ба он фариштаҳое, ки тамоми шаб аз осмон фуруд меомаданд, то дунёи нопоку доғдори инсонҳоро тозагию тароват диҳанд ва аммо субҳи зуд ҷисми беҷони онҳо рӯйи ин нопокиҳо парешон афтода буд.

Вақте ки модару духтарча аз наздикии Фарҳод мегузаштанд, ногаҳон духтарча пешпо хӯрда, афтид ва сарутанашро гилолуд кард. Дидани ин манзара Фарҳодро такон дод. Модар бо силтав кӯдакро аз замин бардошт, торсакие ба рӯяки майдаи духтарча зад ва ӯро дашном дод.

Ҷомадони Фарҳод аз рӯйи зонувонаш афтид. Сигорро аз даҳон гирифту  хам шуда, ҷомадонашро бардошт. Дашноми модари духтарча қабеҳ буд ва калимае дошт, ки аз шунидани он дили Фарҳод фишурда гашт. Як лаҳза ба назараш чунин намуд, ки ин ҷавонзан Моҳрӯ ва духтарча Нӯшини ӯст.

Нӯшин, Нӯшин…

Фарҳод сигорро ба замин пахш кард ва аз ҷо бархост. Ҷомадонашро гирифт. Фикр кард, чӣ қадар сангинтар шудааст ин ҷомадон. Ҳоло дар хотир надошт, ки ба он чӣ чизҳоеро ҷой карда буд. Ҷомадонро вақте ба замин гузошт ки дар баробари дари чармкӯб қарор гирифт. Истода буд ва намеёрист даст ба зангӯла барад. Чашмаш сиёҳӣ мезад ва манзараҳои дудранге рӯйи чарми сиёҳи дар гирд мегаштанд. Фикр кард, ки остонаи ин хона хатти сеҳрнок аст. Ин на остонаест, ки ӯ даҳҳо бор бо лабханд ва бепарво пахш кардааст. Ҳоло ин як марзи ҷудоист. Дар он сӯ – зиндагии наву рангин, ин сӯ – ҳама умре, ки ба сар бурдааст. Ва шабаҳҳои ин ду зиндагӣ рӯйи чарми сиёҳ мечарханду вақте ба ҳам мезананд аз ин садама ангезаи даҳшатзо берун меояд.

Фарҳод ҳис кард, ки арақшор аст. Ва пойҳояш меларзанд. Ҷуръат надошт, занги дарро зер кунад. Мехост, аз паси дар садое барояд, ки ба ӯ раҳ нишон диҳад. Аммо ҷуз аз ожири мошини тиббӣ дар гӯшаш садое набуд. Мехост, аз паси дар хандаи мастонаи Раъно ва садои марди ношиносро шунавад. Онгоҳ ҳама торҳоро мебурид. Онгоҳ бе хаёле, бо лабханд аз зинаҳо поин мерафт. Аммо садое набуд.

Бо ангушти ларзон занги дарро пахш кард. Лаҳзаҳо тирвор париданд. Садое дарнаёмад. Аслан шояд зангӯла ҳам садо надода буд.

Вай бо нӯги ангушт шабаҳҳои бимноки рӯйи чарми сиёҳро хат кашид. Дастаки ҷомадонро маҳкамтар фишурд, оҳе даровард ва аз зинаҳо поин рафт.

«Нӯшин бояд баргашта бошад», гуфт ба худ дар оне ки фиғони мошини «Ёрии таъҷилӣ» дигар дар гӯшаш садо намедод…

Душанбе – Прага, 1989-2003

20.10.2010 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя

6 Comments »

  1. Аз ин достон буи муаттари мушку анбар то дер вакт касро думболагир мекунад… нотакрор

    Comment by Набизода | 23.10.2010 | Reply

    • Самимона сипосгузорам, ки вақти азизи хеш ва нури чашмони худро ба харҷ додед.

      Comment by aioubzod | 01.11.2010 | Reply

  2. Durud bar shumo akoi Salim,
    Fikr mekunam, dostoni hubest. Garchande, ki tanho fursat baroi mutoliai tanho porchae az onro doshtam.Barfi safedy beoloish, selai kabutaron, farishtaho… in hamma yak hotiroti shirine az ovoni kudakiro ba hotir meorad.Mutaasifona digar fursate nest ki lahzae az talvosai zindagi orom bigirem va ba in dunei vokean ranginy beoloish vorid gardem. Kalamaton tezy dastaton dardro nabinad. Dar nazdiktarin fursat onro ba purragi hoham hond.

    Comment by Mehmon | 23.10.2010 | Reply

    • Саломат бошед, Меҳмони арҷманд. Умедворам фурсате дошта бошед, ки онро бихонед ва интиқодоти хешро бинависед. Барои муаллиф чизе гаронбаҳотар аз изҳори андешаи хонанда нест. Дақиқан, зиндагии муосири мо пайти каме барои фароғат медиҳад. Худо ёри Шумо.

      Comment by aioubzod | 01.11.2010 | Reply

  3. салом ба бандаи худо

    Comment by Эшкул | 17.03.2011 | Reply

  4. Ва алейкум бар салом.

    Comment by aioubzod | 17.03.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: