Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Аввал бизан, Фреддӣ!”

Бархилофи ин бовар, ки вақт ҳаргиз бознамеистад ва чархи таърих ҳеч гоҳ ба оқиб намегардад, имрӯзҳо, дар Амрико, сари ҳар қадам лаҳзаҳое пеш меояд, ки гумон мекунам, замона бозпас гаштааст, ё ман дар мошини вақт ба соли 1995 сафар кардаам. Ин эҳсос на аз он ҷост, ки шаҳрҳои зебои Амрико таровати худро дар чашми ман гум кардаанд, балки аз суолҳои ҳамсӯҳбатонест, ки боре дар гузашта низ шунида будам.

Айнан монанди ҳамон рӯзҳои 15 сол пеш, айёми нахустин сафарам ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳар каси роғиб, хоҳ рӯзноманигор бошад ё ронандаи токсӣ, пешхидмати рестурон ё роҳбалади осорхона вақте мешунаванд, ки аз Тоҷикистонам, бо таассуф сар такон медиҳанд ва мепурсанд, ҷанг бо ситезаҷӯёни мусулмон дар чӣ вазъ аст, чаро тундравони исломӣ намегузоранд, кишвари шумо ба осудагӣ рушд кунад?

Дар оғоз каме ҳайрон мондам, ки чаро чунин пурсишҳои ваҳмангез маро думбол мекунанд. Дертар, вақте навидҳои телевизион, рӯзномаҳо ва торнамоҳоро дидам, фикр кардам, муштариёни ин расонаҳо ҳақ доранд, чунин суол кунанд. Хабарҳо аз Тоҷикистон воқеан ваҳмангезанд.

“Лос Анҷелес Таймс” менависад, дар чанд қисмати Тоҷикистон, дар шарқ ва шимоли ин кишвари хурди ҳамсояи Афғонистон ҷангҳои шадиде бо ситезаҷӯёни исломӣ идома дорад. Рӯзнома Мирзохӯҷа Аҳмадовро ҷангсолоре номидааст, ки хостори сарнагунии ҳукумати дунявии Тоҷикистон аст.

Телевизиони СNN хабар медиҳад, ки дар даргириҳо нахустин бор як зан, узви ҷунбиши тундравони исломӣ кушта шудааст. Шабакаи СВS мегӯяд, исломгароёни тоҷик бо дархости Толибони Афғонистон ҳадаф доранд, авзоъ дар Тоҷикистонро баҳам зананд ва роҳи шимолии такмили нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро бубанданд.

“Ванкувер сан” ба нақл аз мақомоти қудратии Тоҷикистон дар бораи кашфи як урдугоҳи махфии террористони Ал-Қоида дар қаламрави Тоҷикистон хабар додааст, ки дар он ҷавонон аз Покистон, Афғонистон, Русия, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тамрини ҳарбӣ мегирифтаанд.

Ба гуфтаи телевизиони Fox News террористони исломӣ аз Афғонистон ва Покистон ба Тоҷикистон ҳамла овардаанд. Дар хабари дигараш ин телевизион аз зуҳури созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҳамчун яке аз ҷунбишҳои тундрав ва созмондиҳандаи нахустин таркиши худкушона дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод.

Дар ду ҳафтае, ки ин хабарҳо ба сарам мерехт, аз худ мепурсидам, ки бо ин ҳол симои Тоҷикистон дар Амрико ва Ғарб мусбат хоҳад шуд ё манфӣ? Шигифтовар буд, ки дар байни ин хабарҳо як ҷумла ҳам аз баста шудани сомонаҳои интернетӣ ё фишор ба нашрияҳои мустақил надидам. Зоҳиран, вақте сухан аз терроризм ва тундгароии исломӣ меравад, ин мавзӯъ дигар чандон муҳим ба назар намерасад.

Ҳарчанд, аз ҳақ нагузарам, гуфта мешуд, ки ҳукумати Тоҷикистон авторитарӣ ва ҳатто диктаторист ва мухолифони худро саркӯб мекунад, аммо дар канори воҳимае, ки аз “ҷанги ин ҳукумат бо ситезахоҳони исломӣ” бармеояд, баста шудани чанд расона мисли як падидаи табиӣ намудор мешавад ва хонанда ё бинандаи ноогоҳ фикр мекунад, ин нашрияҳо пайванде бо террористон доштаанд, ки зери фишор афтодаанд. Маълум, ки изҳороти вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар Ғарб таъсири амиқ гузоштааст.

Соли 1995 низ то андозае нигаронии амрикоиҳоро аз ҷанги Тоҷикистон эҳсос карда будам. Албатта, тафовут ин аст, ки он рӯзҳо ибораи “фундаменталистони исломӣ” машҳуртар буд. Мегуфтанд, Тоҷикистон бо бунёдгароии исломӣ дастбагиребон аст. Он рӯзҳои тираи 15 сол пеш, хеле бурдборӣ мехост, то ба пурсанда бифаҳмонам, ки ҷанг на байни бунёдгароёни исломӣ ва дунявиён ё коммунистон аст, балки байни миллигароён ва нӯкарони мудохилаи бадхоҳонаи Русия ва Узбакистон. Хушо он вақт бо вуҷуди дардҳои дил сари баланд доштем, ки бегонагонро гунаҳкори бадбахтиҳои хеш мехондем ва далелҳои раднопазир низ дар даст доштем.

Шояд барои бархе аз инҳое, ки акнун аз ман суол мекунанд, ин ҳамон ҷангест, ки аз соли 1992 ба ин сӯ идома дорад ва онҳо нашунидаанд, ки дар соли 1997 дар ватани ман созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ҳоло мардум мефаҳманд, ки мудохилаи беруна чӣ балоҳое ба сари ҳамагон меорад ва бо Узбакистон ҳам дигар на он муносибатҳоеро дорем, ки солҳои 1992 ва 1993 доштем.

Ба ҳар ҳол, ҳамон ҷанг буд, ки Тоҷикистонро, дастикам барои амрикоиҳои рӯзномахону роғиби сиёсат ошно гардонда буд. Аммо ҳоло ҳис кардам, ки он вақт посух додан ба пурсишҳои бешумори онҳо дар бораи сабабу пайомадҳои ҷанги Тоҷикистон ба маротиб осонтар будааст, зеро ҳама чиз камобеш рӯшан буд. Имрӯз ҷавоби суоли онҳо душвор аст, зеро росту дурӯғи зиёде ба ҳам омехтаанд ва манзара печидаву нофаҳмост. Ҳоло дигар айбро бар дӯши дигарҳо андохтан бисёр сангин аст ва далели қавие ҳам дар даст нест.

Вале воҳима бузург аст. Ҳатто дар Амрикое, ки бисёр чизҳоро дидаасту медонад ва худ гирифтори Ироқу Афғонистон аст. Албатта, на ҳама дар ин сабк фикр меекунанд, аммо зоҳиран, воситаҳои ахбори умум хоста ё нохоста як чунин фазоеро ба вуҷуд овардаанд, ки Тоҷикистони имрӯза аз Афғонистон ва Покистон фарқе надорад.

Ҳоло агар мехоҳед, бидонед, ки эътибори Тоҷикистон ҳамчун як кишвар ва давлат дар Амрико ба чӣ ранг аст, як бор ба ҷойгоҳи Покистону Афғонистон дар зеҳни амрикоиён ва феҳрати созмонҳои байнулмилалӣ нигоҳ кунед. Барои чунин “пешрафти бузург” бояд аз ҳукумати Тоҷикистон сипосгузор буд. Онҳое ки симои кишварро ба ин ҳол расонданд, чӣ мехостанд? Раҳму шафқату таваҷҷӯҳу хайрхоҳии Ғарбро, то кӯмакҳои пулияшро зиёд кунад? Намедонам, ба хотири чаҳор фулуси сиёҳ худро бемору гадо нишон додан то куҷо ба одам обрӯ меорад, аммо бадномияш шояд барои даҳсолаҳо кофӣ хоҳад буд.

Онҳое ки монанди филми “Аввал бизан, Фреддӣ!” (“Бей первым, Фредди!” амал карда, мулки нисбатан оромро ноором намоиш доданд, шояд мехостанд, ба ин васила қудрати худро таҳким диҳанд, вале натиҷаи комилан баракс гирифтанд. Ҳоло давлати Тоҷикистон дар Ғарб ба ҳайси як давлати заъиф ва нокоме муаррифӣ мешавад, ки бо мушкилоти зиёд рӯбарӯст ва ба қаламрави хеш ҳокимият надорад ва мардумаш бо ҳар роҳу восита эътирози худро баён мекунанд.

Филми соли 1965 “Аввал бизан, Фреддӣ!” саргузашти як тоҷири бозичаҳост, ки вақте аз ҳавопаймо поин мешавад, бино бар иттилои ғалат гумон мекунанд, вай ҷосуси ботаҷрибаи хориҷисту барои тахрибкорие омадааст ва ниҳодҳои зиёде талош мекунанд, ӯро боздошт ва безиён кунанд. Аммо ӯ ҳамаро фиреб медиҳад ва пирӯз меояд. Ин як нақизае ба филмҳои пурмоҷарои Ҷеймс Бонд буд, ки шубҳаву бозиҳои ҷосусиро ба боди тамасхур мекашад.

Артиши Тоҷикистон ҳам аввалин шуда зарба зад ва шояд аз бозичафурӯшоне, ки ба кори худ машғул буданд, акнун нерӯе месозад, ки оқибат фармонравоёни амалиёти Рашту Исфара ва нуқоти эҳтимолии дигари як кишвари мисли пушти нохун кӯчакро хандахариш хоҳад кард, агар на бадтар аз ин. Вале ин як тахмин аст. Ҳақиқати ҳол ин аст, ки обрӯйи Тоҷикистон ҳамчун як кишвари мӯътадил, устувор ва рӯ ба рушд дар сатҳи ҷаҳонӣ бо суръат ба хоки сиёҳ рехтааст.

Расонаҳои ғарбӣ бо такия ба эъломияҳои ҳукумати Тоҷикистон аз кушта шудани аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ё боздошти аъзои гурӯҳҳои тундрави марбут ба Ал Қоида хабар медиҳанд ва аз худ намепурсанд, ки узвияти ин афрод чӣ гуна мушаххас шудааст ва чӣ тавр бе таҳқиқу додгоҳ бахше аз аҳолӣ тундраву террорист унвон мешаванд.

Касе фикр мекунад, ки чунин кишварҳо дар ҷаҳон обрӯе доранд, сахт иштибоҳ мекунад ва ин тавтеъаҳо монанди теғи дудамаанд. Худо накунад, Тоҷикистонро обрӯи Яман ё Сомалӣ дар пеш бошад.

31.10.2010 - Posted by | Амният, Амрико, Матбуот, Тоҷикистон |

3 Comments »

  1. ин точикистони демократи ва дунявиро метавонем ки лухтаки дасти куввахое ки ба манфиати худ ,мардуми моро таллаву тороч кардаанд,ном бурд.дар ин кор кувахои сиёси гунагор аст на мардуми одди.

    Comment by точики хакики. | 01.11.2010 | Reply

  2. Дар Исфара бо гусфандоне, ки гуфта мешавад, аъзои кадом як гурухи террористи будаанд, нерухои хукумати даргир шуданд. Ва ин амалиёт бо кушта шудани ду гусфанд ва фирори дуи дигари онхо анчом ёфт.
    (Бисёр хандаовар мешуд агар махсули тахаюли хачвнигоре мебуд, аммо афсус…)

    Comment by Юсуф | 01.11.2010 | Reply

  3. Сомонаи ‘Вароруд’ рохандози шуд: Варорудиён-гоме ба суи фардо
    http://varorud.wordpress.com/

    Comment by varorudiyon | 03.11.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: