Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бахтнома ё тахтнома?

Бардошти ман аз Рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон (6-уми ноябр) ин аст, ки мардуми мо ҷойгоҳи ин санади бунёдии кишвари худро ба хубӣ намешиносанд ва ё ба дараҷае аз он дилсард шудаанд, ки ин пойдевори бинои ҳаёти хешро аз як қоғази одии дурӯғин зиёд намедонанд. Сӯҳбатҳо аз Сарқонуни кишвар асосан умумӣ ва расмӣ буданд, кам касон ба он таваҷҷӯҳ доранд, ки Рӯзи Қонуни асосӣ аз идҳои дигари мардуми мо зиёдтар асту камтар не.

Ҷои ҳайрат аст, ки чаро Қонуни асосӣ натавонист дар 16 соли мавҷудияти худ, ба санади мардумӣ ва ё ҳатто “дастак”-и шаҳрвандон дар дифоъ аз ҳуқуқи онҳо табдил шавад. Раҳбари яке аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон онро “бахтномаи миллат” номид, вале худи миллат гӯё аз ин номаи бахти хеш ё чандон огоҳ нест ва ё онро аслан бахтнома намешуморад.

Дар баъзе ҳолатҳои нақзи ҳуқуқ шаҳрвандон аз ин ё он амри Қонуни асосӣ ёдовар мешаванд, вале то ҳол нашунидаем, ки шахсе барои дифоъ аз ҳаққи конститутсионии худ ба Додгоҳи Қонуни асосӣ ё додгоҳҳои дигар муроҷиат карда ва пирӯз гашта бошад. Барои намуна, ҳуқуқ ба таҳсил (манъи ғайрирасмии таҳсили толибилмон дар мадориси динии кишварҳои хориҷӣ), ҳаракати озодона дар қаламрави кишвар (роҳи пулакӣ ҳамчун монеа ба чунин ҳаракат), ҳуқуқ ба ҷамъомад ё намоиши эътирозӣ (борҳо дида шуд, ки камтарин талош бо зӯроварии милиса ва айбдор шудани ташкилкунандагон ба поён мерасад), ширкат дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ (онҳое, ки “географияашон” ба табъи сардамдорон “дуруст” намеояд, беҳтарин афроди миллат бошанд ҳам, аз зинаҳои муайян болотар баромада наметавонанд), ҳуқуқ ба адолати додгоҳӣ, озодии баён ва матбуот ва ғайра.

Бо вуҷуди он ки Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 1994, давраи ҷанги дохилии кишвар омода ва қабул шудааст, усулан қонуни баде набуд, аммо тағйиру иловаҳо ба он як миқдор хубӣ ва як миқдор бадиҳоро ворид кардаанд.

Як даъвои Иттиҳоди оппозисюни тоҷик дар робита ба қабули Сарқонун ин буд, ки ҳизбҳои узви он ва садҳо ҳазор нафар аз паноҳандагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар Афғонистон ва кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ) дар тасвиби он ширкат надоштаанд. Ислоҳи Қонуни асосӣ дар соли 1999 бо талаби ин иттиҳод ҷараён гирифт, аммо беҳбуди куллие ба санад ворид накард, балки зимни як муомилаву тиҷорати сиёсӣ порлумони дупалатаӣ сохта шуд, ки ягон суде аз ин иқдом то ҳоло ба назар нарасидааст. Ҳамон вақт мӯҳлати як даври раёсатҷумҳурӣ ба 7 сол дароз, аммо ба 1 давр маҳдуд шуд. Дертар дар соли 2003 мӯҳлати президентӣ 5 сол, аммо на бештар аз 2 давр эълон гардид.

Бо талаби мухолифони собиқ дар соли 1999 фаъолияти ҳизби мазҳабӣ дар Сарқонун зикр ёфт, аммо ҳизби ҳоким вожаи “дунявӣ”-ро ҳамчун шлагбаум дар баробари ин навъ ҳизб ҷойгузин кард. Тағйири дигари сарнавиштсоз ба шеваи пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ дахл дошт, ки низ соли 1999 ба матни он ворид гашт. Бино бар ин илова, ҳама гуна тағйир ба Сарқонунро президент ё аз чаҳор се ҳиссаи аъзои порлумон пешниҳод карда метавонанд. Манзур аз порлумон – ҳарду палатаи он, ҳам Маҷлиси Намояндагон ва ҳам Маҷлиси Олист. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки ҳизби ҳоким ҳаргиз имкон намедиҳад, ҳизбҳои дигар ё дигарандешони сиёсӣ дар порлумон зиёд шаванд. Аз ин ҷост, ки интихоботҳо дар Тоҷикистон бо фиребу найранг сурат мегиранд.

Фикр намекунед, Қонуни асосии кишвар ба монополияи як ё ду гурӯҳ табдил ёфта, роҳи илова кардани андешаи тоза ва хубе аз сӯи рӯшанфикрон ба он бо қуфли сангин баста шудааст? Ин ҳам дар ҳоле  ки тағйиру иловаҳои соли 2003 ҳокимияти президентиро ба маротиб қавитару фарогиртар кардаанд. Агар ба он тағйиру иловаҳо бодиққат нигаред, шоҳиди як ҳокимияти густарда ва тақрибан диктатории президентӣ мешавед, ки нуктаи меҳварии Қонуни асосиро дар бораи давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон рад мекунад. Давлати иҷтимоӣ ширкати васеи ҷомеаро дар умури худ талаб мекунад, на яккасардорӣ ва томгароӣ. Натиҷаашро мо имрӯз дар воқеияти рӯз мебинем, ки талошҳои давлат ба рушди иҷтимоӣ бо сабаби ихтилофашон ба яккаҳокимиятӣ тақрибан бесамар тамом мешаванд ва ё самари хеле ночиз медиҳанд.

Он бандҳои Сарқонун, ки ба қудрату ҳокимият рабт мегиранд, хеле ба хубӣ ва бо ҳассосияти тамом иҷро мешаванд, вале бандҳое, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои шахс пайванд доранд, беш аз ҳама мавриди нақз қарор мегиранд. Дар ду бастаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ, махсусан вақте ки табиати давлатдорӣ иҷтимоӣ номида шуд, ба назар нагирифтанд, ки иҷтимоъ, яъне ҳамон ҷомеа бояд дар умури ин давлат нақши калидӣ дошта бошад. Барои намуна, чаро пешбарӣ ва интихоби раҳбарони ноҳия ва вилоятҳо ба дасти ҷомеа дода нашудааст? Магар ошкор нест, ки ҷомеа ниёзҳои хеш ва афроди хешро хубтар мешиносад, то раисиҷумҳуре, ки дар марказ аст ва атрофаш қалъаи иттилоотие сохтаанд, ки аз вазъи кишвари хеш хабар надорад?

Дар як ҳамоиши илмие дар шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи Сарқонуни Тоҷикистон ба ин масъалаҳо эътиное нашуд. Асосан ситоиш садо дод ва бархе аз нукоти ночиз. Зоҳиран, пажӯҳишҳои амиқе дар нукоти заъфи Сарқонун ва эҳтимоли такмили он сурат нагирифтааст. Шояд сурат гирифта бошад, аммо ҷомеа аз он хабар надорад.

Дар назарсанҷии ғайрирасмии Радиои Озодӣ аз 147 нафар аксарияти кулл — зиёда аз 82 дарсад гуфтаанд, ки ҳимояи Сарқонунро эҳсос намекунанд, яъне худро дар паноҳи Қонуни асосии кишвари хеш намешуморанд. Барои ҳар кишвари дигар ин арқом аломати як фоҷиа мебошад, аммо барои мақомоти Тоҷикистон фарқе намекунад. Онҳо ё авзоъро ба дараҷаи олӣ медонанд ва ё ба андозае аз эҳтимоли ҳама гуна беҳбуд дилсард шудаанд, ки ба худ гуфтаанд, бигзоред, обро ба маҷрои хеш равад, аз як ҷо не, аз ҷои дигар сар хоҳад зад. Ин ҳам як нишонаи давлати иҷтимоии сохти тоҷикӣ.

08.11.2010 - Posted by | Ватан, Ваҳдат, Инсон, Таҷриба, Тоҷикистон, Худшиносй, Қонун

5 Comments »

  1. Рузи Сарконуни бесар зинда бод
    Иди ин гамдидагон поянда бод
    Монда конунхо хама руи варак
    Чашми масьулин хама суи табак
    Нест харфе аз садокатхои мо
    Аз вафову аз рафокатхои мо
    Нест бодо ин адоватхои мо
    Махв бодо ин касофатхои мо
    Гар чи мо лофи ватандори занем
    Лек дар ахду вафо мисли занем
    Аз хукуки хеш махрум гаштаем
    Аз хаёти хеш магмум гаштаем
    Чун дахону чашми моро бастаанд
    Аз дахону чашми мо худ хастаанд
    Мо гариби марзу буми худ шудем
    Аз замину хони худ махрум шудем
    Аз Ватан рафтан шиори мо шуда
    Хизмати бегона кори мо шуда
    Зери пои русхо афтодаем
    Гуиё бахри укубат зодаем
    Эй дареги мо, ки дар мулки гариб
    Гаштаем аз буи Механ бенасиб
    Эй дареги миллати бе чораам
    Бекасу бехонаву овораам
    Кас намегирад суроги куи ту
    Мепарад чашми ватан бар суи ту
    Чашми модар дар фирокат кур шуд
    Калби у аз хачри ту ранчур шуд
    Оху афгонаш чахонро сухта
    Тири охаш синахоро духта
    Рузу шаб чашминтизорат мешавад
    Интизору интизорат мешавад
    Ин чи холат ин чи давлатдори аст
    Вой бар мо ин чи миллатдори аст
    Миллат аз рохи асолат дур шуд
    Дидаи фарханги точик кур шуд
    Ин магар худ Бахтнома будааст?
    Дигаронро Тахтнома будааст!!!!….
    Аз барои мо на ин асту на он
    Дастакае гашта барои хоинон
    Чун бувад гушу забону дида хом
    “Пас сухан кутох бошад, вассалом”

    Comment by Фирдавси Аьзам فردوس اعظم | 09.11.2010 | Reply

  2. фирдавсчон ва устод Аюбзод ахсан. Дастатон дарда набинад. Танхо руй ба хамин фалсафаи гамбарор овардаем…

    Comment by SNP | 11.11.2010 | Reply

  3. Андешахои оли!

    Comment by Дилдор | 11.11.2010 | Reply

  4. Хам манзумаи олие хондам ва хам нукоте арзишманд дарёфтам, поянда бод калами хардуятон,

    Comment by Khonanda | 12.11.2010 | Reply

  5. Офарину офаринхо, вале суде ку? Аблахон сарваранду сохибдилон хуни чигар мерезанд!

    Comment by Mirob | 14.11.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: