Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Иди гузаштан аз худ

Имрӯз дар Тоҷикистон аз Иди Қурбон таҷлил мекунанд. Ҳарчанд мардуми мо садҳо сол ин идро дошт, дар замони Шӯравӣ таҷлил аз он мамнӯъ буд ва кормандони амниятии СССР намозгузорони рӯзи идро ба ҳабс мегирифтанд. Онҳое ки дар намози бомдоди рӯзи ид ширкат мекарданд, агар мансабдор мебуданд, аз мақоми хеш маҳрум гашта, ҷовидона ба “феҳрасти сиёҳ” меафтоданд. Танҳо дар соли 1991 бо ташаббуси Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода Иди Қурбон якҷо бо Иди Рамазон ба сафи ҷашнҳои расмии Тоҷикистон шомил шуданд.

Тоҷикон ин идро дӯст медоранд, барои он ки қарнҳост, қурбонӣ медиҳанд ва шояд ҳамин фидо карданҳои ҷонҳои ширин аст, ки зинда мондаанду бақо меёбанд. Гоҳо бегонагон онҳоро монанди гӯсфанд қурбон мекунанд, аммо ғолибан онҳо худ ҳамқавмони хешро аз байн мебаранд.

Охирин қурбониҳо ҳамин ду моҳи охир ҷони ҳазорон тани дигарро хариданд. Қонунҳои осмонӣ гунаҳкорони фоҷиаҳоеро, ки дар Рашт ба вуқӯъ пайваст, хоҳанд дарёфт ва ҷазояшонро хоҳанд дод, аммо ҳамон гуна ки расмӣ шудани Иди Қурбон дар соли 1990 ба дили садҳо ҳазор нафар оромиш ворид кард, бояд қонунҳои заминӣ низ дар ҷустуҷӯи сабабгорони хунрезиҳои ахир шаванд ва ҳақро ба ҳақдор бирасонанд.

Имрӯз бояд ба манзили охирати даҳҳо ҷавони тоҷик рафт, ки охирҳои моҳи сентябр ва аввалҳои октябр дар Рашт кушта шуданд. Сарбозони навҷавони тоҷик интизори дуои моянд. Ва рӯзи баъдаш аз вазирону раисон пурсид, ки оё онҳо ба хотири чӣ қурбон шуданд ва оё мумкин буд, ҳаёташон ҳифз шавад, то имрӯз ба муборакбодии модарони хеш мерасиданд?

Агар чархболи Горди миллӣ ба сими кашидаи кадоме бархӯрдаву сарнагун гашт ва 27 нафарро кушт, бояд он симкаш боздошт шавад ва ҳам оне, ки пешопеш он симро ба харитаи саҳнаи ҳарбӣ ворид накард.

Вале, дареғо, ки мардуми мо фориғболу бахшоянда аст. Ҳамон гуна ки таъқибгарони намозгузорони рӯзҳои ид дар замони шӯравӣ имрӯз барои дар сафи аввали намоз истоданашон аз ҷониби мардум бахшида шудаанд, қотилону гунаҳкорони қатли фарзандони азизашонро ҳам танҳо барои гӯш ба оятҳои набавӣ додану даст ба рӯй кашиданашон мебахшад. Ин аст, ки ин қавм қарнҳост қурбонӣ медиҳаду қурбонӣ медиҳад…

16.11.2010 - Posted by | Ваҳдат, Дин, Инсон, Таҳсил, Таҷриба, Тоҷик, Худшиносй

24 Comments »

  1. salom ustod
    idi kurbonro ba shumo va khonavodai sharifi shumo tabruik arz mekunam
    poyanda boshed

    Comment by Суруши Шохмирзо | 16.11.2010 | Reply

    • Сипосгузорам аз лутфи Шумо. Иди бузург ба Шумо ва ахли хонадони азизатон муборак бод!

      Comment by Салими Аюбзод | 17.11.2010 | Reply

  2. salom ustod!
    Ruzgoraton bosafovu shodmona mamlui idona!

    Comment by Firdavsi Azam | 17.11.2010 | Reply

  3. Aziz Sangin · Friends with Rustam Vahhob and 25 others
    Ore idi kushtori dastajam’onai millionho jonvari ofaridai Khudovand muborak bod! Peshi Khudo joni jak inson va jak jonvar arzishi barobar dorad. Digar hama “fatvo”-ho juz khudfirebi va khudofirebi nest
    Like · Reply · 2 · September 12 at 12:30pm

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  4. Salim Aioubzod Масъала ба ин содагӣ ҳам нест. Ба ҳар тартиб қатли ҷонвар аз қатли инсон фарқ мекунанд. Банда ҳам зидди ин қатл ҳастам, аммо ин суннатест, ки аз бостон меояд ва ба ҳамаи динҳо хос буда., бештар рамз ва одат аст. Аммо мебинам, имрӯз аз ҳар шаш тараф ҳамлае ба ин ид оғоз ёфтааст. Бале, шамол акнун ба самти дигар мевазад…
    Like · Reply · 6 · September 12 at 12:35pm

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  5. Salim Aioubzod Онҳое, ки дӯст намедоранд ва ҷашн намегиранд ва касеро шодбош ҳам намегӯянд, кори шахсии онҳост ва касе барои ин онҳоро таъна намезанад, вале ҳайронам, чаро онҳо ба дигарон дармеафтанд? Хоҳем-нахоҳем, ин яке аз идҳои зиёди падарони мост ва дар ин рӯз бо баҳонаи қурбонӣ мардум гирдиҳам меояд, чӣ бадияш ба шумо мерасад?

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  6. Марямбонуи Фарғонӣ Ҳамин чанд лаҳза пеш яке дар чат аввал маро табрик кард, сипас таъкид дошт, ки ин идро намеписандад. Аҷаб одамҳое…(((
    Like · Reply · 8 · September 12 at 12:49pm

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  7. Aziz Sangin · Friends with Rustam Vahhob and 25 others
    Салимчон, агар ман фикри худро гуфтаму Шумо “дарафтодан” талак,к,и кардед, аз руи одоби бахс нест, худатон бехтар медонед. Вале дар навиштаатон посух ба худатон низ хаст. Фикр намекунед ки решаи басере аз бадбахтихои мо хамин аст, ки оре банда мухолифам ( ба ин куштор), вале “рамз”-у “одат” аст, чи кунем? Дигар ин ки фарки “куштори як инсон ва як хайвон” факат пеши Худованд маьлум аст. Шояд онхое хам ки инсонхои “бад”ро “курбони” мекунанд, тибки хамин “фалсафа”-и”фарк дорад” аьмоли разилонаи худро “сафед” мекунанд. Саломат бошед
    Like · Reply · 1 · September 12 at 1:46pm

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  8. Salim Aioubzod Азизҷон, охир, вақте ман иди сидқу сафо ва фидоркорӣ мегуяму Шумо иди қатли миллионҳо ҷонвари Худо — ин магар дарафтодан нест?
    Like · Reply · September 13 at 5:27am

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  9. Aziz Sangin · Friends with Rustam Vahhob and 25 others
    Дусти азиз, кутохи сухан ин ки мо аз ду дидгохи мухталиф ба казияи шинохти Худованд ва Худ нигох мекунем. Шумо аз лобалои аходису киссаву афсонаи араб, банда ( кушидаам, ба хар хол) такя кардаам ба фармудахои орифони бузургамон. Шумо аз киссаи курбонии Иброхими Халилуллох мегуед, ман аз ” Онхо ки талабгори Худоед, Худоед, Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед.” Е фармудаи Шайх Саьди: Барги дарахтони сабз аз назари хушер, Хар варакаш дафтарест маьрифати Кирдигор. Хулоса: назари зохидона ва орифона ки дар бисере маворид хилофи хамдигаранд. Бубахшед агар пустканда гуфтам. Худо ератон.
    Like · Reply · September 13 at 1:08pm

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  10. Salim Aioubzod Саломат бошед, аммо пусткандаро нагуфтед, ки динатон кадом аст, агарчи дуст надорам аз касе чунин суол кунам. Вале ҳоло посухи ин суол ҳама чиро ҷо ба ҷо хоҳад кард. Мавлоно ҳам ва Саъдӣ ҳам бар ҳамон аҳодису қиссаву афсонаи араб такия мекарданд ва саҳеҳро ҳамватани мо навиштааст, на кадом арабе.
    Like · Reply · 2 · September 13 at 1:11pm

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  11. Aziz Sangin · Friends with Rustam Vahhob and 25 others
    На, дусти азиз, посухи ин суол хеч чизеро чобачо нахохад кард, чун бахси мову Шумо нав нест, бахсест, ки садсолахо идома дорад. Ихтилофи дилгоххо ва нуктаи назархост. Вале шеваи суолгузории Шумо, маьзарат, хеле омиена васатхист. Хамон тарзе ки баьзе муллохоямон, касеро ки бо онхо хамакида нест, мухри ” кофир”-ро ба пешонияш мезананду халос. Гуи факат исломе ки онхо мефахманду тафсир мекунанд, исломи ноб аст, дигар харфу хабареро кабул надоранд. Чун дар оби рокид “шино” кардаанд, ба гуфти Хоча Хофиз аз “шаби торику бими мавчу гирдобе чунин х,оил” бехабаранд. Е ба таьбири Мавлоно сояи мургро ба чои мург донистаанд ва аз паси соя давонанд, ки шикораш кунанд. Боз хам пусткандаи гапро аз забони Хоча бигуям: Хама кас толиби еранд, чи хушеру чи маст, Хама чо хонаи ишк аст, чи масчид, чи куништ. Агар Хоча “кофир” аст, хисоб кунед ки ман хам “кофир”-ам. Холо хама чиз ба чояш афтид, дусти азиз? Дар ин хона барои хамаи мову шумо чойгохе хаст, агар вокеан толиби ерем. Худо ератон.
    Like · Reply · September 13 at 7:39pm

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  12. Salim Aioubzod Азизҷон, ҳатман Шумо дар оламе ҳастед, ки ман ба сояи он ҳам расида наметавонам. Узр барои пургӯӣ ва пурсишҳои омиёнаву сатҳӣ. Даъвое ҳам накардаам, ки исломи нобу нонобро медонам. Суоли ман хеле чизро ҷобаҷо мекунад. Чун агар пайрави дини дигар ҳастед, ҳатман ҳама чизи Ислом бароятон арабӣ хоҳад буд ва идҳояш ҳам нафратангез. Ҳамон гуна ки барои як ифротии аломати чаппаи Шумо Наврӯз иди маҷусист ва ғайра ва ҳоказо. Ҳатман баҳси аблаҳона ва қадимӣ! Ва аз ҳама бадаш тафриқаомез! Барои ман дину ойини мардум дар канори забону таърихаш барои ваҳдати ин мардум ва ҳифзи он аз тундравӣ аҳамияти сарнавиштсоз доранд. Ин матоъро даридану пора кардан салоҳи кор нест. Вале, қабул дорам, ки ба мисли Ҳофиз ё бузургони дигар шатҳиёт ҳам ба кор аст, то ангезаи ислоҳоту беҳбудро ба миён орад. Аммо барои ин Ҳофиз бояд буд, на мисли мани нишаста дар оби рокиду гандида.
    Like · Reply · 2 · September 13 at 8:06pm

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  13. Aziz Sangin · Friends with Rustam Vahhob and 25 others
    Оханги ранчиш хис мекунам, дусти азиз. Агар ман ду хаммиллати чонсузу шарофатманду пуркору пургайратеро мешиносам, якеш Шумо хастед, самимона мегуям. Агар хам бо Шумо вориди бахс шудам, ба ин маьнист,ки эхтироми хоса дорам ва дустатон дорам. Мо хадди акал дар як мавзуь бовар дорам хамакида хастем, ки хурофотзадаги ва пайравии куркурона аз фармудахои гайримантики, носолим ва зиенбори ба номи дину мазхаб ончунон чомиаи моро бори душ шудааст, ки мачоли чунбидан надорад. Ва хар садои мухолифи ин холат ки баланд мешавад руяш тамгаи кофир е салафи е зардушти ва гайра пахш мекунанд. Фикр мекунам шояд рохи начот дар он бошад, ки ба осору таьлимоти орифони бузургамон , ки ба фарохнохо ва рушанихо хидоят мекунанд, ру орем ва ончохо посух бичуем. Солиму саодатманд ва пуркору гайратманд бошед, дусти азиз.
    Like · Reply · September 13 at 9:26pm

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  14. Bakhtiyar Latifi Хамин одамоне,ки танкид мекунанд,гушт намехурда бошанд?))
    Like · Reply · 2 · September 12 at 1:54pm

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  15. Habibjon Jumaev · 15 mutual friends
    Гушти бисер хурдан аклро кам мекунад мегуянд рост бошад?
    Like · Reply · September 12 at 3:47pm

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  16. Salim Aioubzod Вақте ман мегӯям, ки зид ҳастам, онро дар назар дорам, ки ин одат дар динҳои дигари ҷаҳонӣ иштибоҳи ҳазрати Абраҳам унвон шуда, ки гумон кардааст, Худо аз ӯ қурбон кардани писараш Эшмаилро мехоҳад. Дар мутуни динӣ омадааст, ки ин занни худи Абраҳам буд ва Худо ҳаргиз чунин андешаеро ба миён наовардааст. Аммо фариштаҳо ба ҷойи Эшмаил гусфандро барои қурбонӣ кардан мениҳанд ва зоҳиран, Худо аз ин ризо мемонад. Пас ин ҷо бояд дарёфт, ки то куҷо ин қурбонӣ амалест, ки Худо аз бандагонаш мехоста бошад? Вале ин масъалаи фиқҳист, ҳарчанд пайомади иҷтимоӣ хоҳад дошт. Аз сӯйи дигар он миллион ҷонварро, агар имрӯз накуштанд, рӯзҳои дигар хоҳанд кушт ва Шумо агар гиёҳхор нестед, дар ин ё он таомхона ҳатман гӯшти ин ҷонварро хоҳед хӯрд. Ҳоло бояд чӣ кард? Гузошт, ки ҷаҳонро гӯсфанд гирад? Шумо аз қурбонӣ норозиед ё умуман аз дин ва Худо?
    Like · Reply · 7 · September 13 at 5:25am · Edited

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  17. Asadullo Valizoda Ачаб тазодхое, Худованд чонваронро офарид, то халки бо аклаш ,инсон аз он дуруст барои гизо истифода кунад ва хикмати асосии курбони, сарсупурдаги ва фурутани пеши авомири илохист,, аммо курбони хам шарту аркони худро дорад ва маънои исрофкорию вахшигари нест. Ин ки гушти курбониро ба се таксим мекунанд, то дигарон хам аз он бархурдор гарданд, хикматхои ичтимои нухуфтааст ё касе хохад метавонад дар дигар манотики камбагалон, ки имкони курбоникуни надоранд, шахсони махсусро вакили моли курбонии худ кунад, то ончо ин вочибро аз чониби у анчом диханд!
    Like · Reply · 6 · September 12 at 9:02pm · Edited

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  18. Абдусалом Гафуров Садокати бандагиро одампарасту дунепараст аз куҷо донад.
    Like · Reply · 2 · September 13 at 5:56am

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  19. Salim Aioubzod Шояд замоне расидааст, ки ид бе куштори ҷонварон таҷлил шавад. Бояд рӯҳониёни мамолики мусалмон ба як натиҷа расанд ва идро бе сарбурии ҷонварон ҷорӣ кунанд.
    Like · Reply · September 13 at 9:09am

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  20. Абдусалом Гафуров Мисли сабзпарастони дунявӣ бо бомбаву ярокхои катли ом мусалмонкуши намудан амали кобили кабул. Бо баҳонаи шикасти хайкали буд до 1млн афгони мусалмон куштнад. Барои гусфандон чи кадар каштан лозим бошед?
    Like · Reply · September 13 at 9:28am

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  21. Asadullo Valizoda Акои Салим, хар умури шаръи коида ва усули чорчубаи худро дорад ва ин вахшигари дар забхи чорво далел намешавад, ки дар умури он навовари карда шавад, дуруст бояд бахогузори кунем, ки чунин рафтори чохилона , мутаассифона, дар баъзе кушторхонахо хам дида мешавад, зеро агар масулон бепарвофалаку худонотарс шуданд ва паи даромади муфт рафта бошанд ва дигар асбоб , он хеч рабте ба акоиди исломию умури дин ё арабу ачам бастаги надорад. Шариъат хам бе азобу шиканча забхи хайвонро таъкид дорад, хатто корд дар гоибии хавон кайрок карда шавад. Аз дигар тараф, курбоникуни хам ба хама вочибу фарз нест, бояд рахбарони кишвархои исломи дар ин робита таваччух кунанд, аммо Хайхот, ки эшон дар куштори гурухии атбоъи хеш бечора гаштаанд, кучо расад ба хайвон! Ачаб аз ашхосе, ки рахму шафкат аз хайвон доранд, аммо аз бомбахо ва тупу тонки катли оми инсонхо хомушанд, хатто бо хар далеле табрир хам мекунанд.
    Бояд донист, ки хач се навъ аст: муфрад, таматтуъ ва кирон, ки дар шакли муфради хач хадия , забхи шукрона вочиб набуда, балки мустахаб хаст, яъне дустдошта шуда! Зеро барои шахси мусофирин курбони фарз нест, он забх дар хач хадия , хуни шукрона ном дорад, на курбони, балки бехтар аст , шахси хочи агар имкон дошта бошад, дар хонааш пуле гузошта бошад, ки фарзандонаш аз курбони бахраманд шаванд! Аммо хочие, ки барвакт ба Харам меравад, Хачи муфрад кардан мушкилтар аст, Чун то тавофи видои фарзи бояд дар ихром боки бимонад ва умра бо хач дар як вакт карда наметавонад, аз ин ду сабаб аксар инсонхо Хачи таматтуъ ро афзал медонанд, Ки инчо мачоли шархи муфассал вучуд надорад ва дар хар китоби фикхи дар ин хусус маълумотро метавон дарёфт . Вакти он расида, ки мушкилоти масоили забхгоххо ва исрофкорихою харчу мараче, ки ки ончо вучуд дорард, бояд тавччухи уламо ва сиёсатмадорони олами Ислом ба он равона гардад!
    Like · Reply · 1 · September 13 at 11:23am · Edited

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  22. Salim Aioubzod В истории всех религий известны самые разнообразные формы жертвоприношения — от простейших и невинных (водокропление или возлияние в честь духов и богов перед едой и питьем) до кровавых и жестоких человеческих жертвоприношений у ряда древних народов и гекатомб (заклание 100 быков) в античном мире.

    Древнейшие формы жертвоприношения: кормление покойников и кормление фетишей, умилостивительное и искупительное жертвоприношение, жертва первинок (обрядовое снятие табу, наложенного временно на продукты собирательства или земледелия, на приплод стад и др.).

    Особо жестокими формами жертвоприношения были принесение в жертву богам детей (Древняя Финикия, Карфаген), религиозное самоубийство (Индия, Япония), самооскопление (культ Кибелы в Малой Азии, скопцы в России).

    В Древнем Риме при жертвоприношениях прислуживали мальчики и девочки — камиллы.

    Формами жертвоприношения можно считать посвящение духам живых животных (Сибирь), монашество, религиозный аскетизм, посты и др. Смягчённые формы жертвоприношения — символические жертвы из бумаги (Китай), приношение вставных предметов и др. Пережитки жертвоприношения в той или иной форме сохранились во всех современных религиях: возжигание свечей и лампад, освящение пищи и тому подобное[1].

    Известна также такая форма жертвоприношения, как ритуальное лишение девственности.
    Like · Reply · September 13 at 10:10am

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  23. Salim Aioubzod В христианстве, в отличие от иудаизма, жертвоприношение является центральным элементом не только культа, но и всего учения: добровольное самопожертвование Иисуса Христа выступает в качестве искупительной жертвы за грехи всех людей всего мира. В преобразованной форме евхаристии (вкушения тела и крови Христовых) жертвоприношение остается главным таинством христианской церкви, являясь основой христианского богослужения.

    В Армянской апостольской церкви сохраняется обряд так называемого матаха, в традиционном виде включающего в себя закалывание животного — ягнёнка, бычка, голубя или петуха. Матах противопоставляется ветхозаветному кровному жертвоприношению, так как Богу в рамках матаха приносится в дар не непосредственно жизнь и кровь животного, а акт сотворения милости бедным, пожертвование в виде мяса дарственного животного.

    Учением о Евхаристии (греч. благодарение) как жертве отличаются Католическая и Православная церкви от протестантов. Согласно учению последних, жертва за весь мир принесена однажды и навсегда самим Иисусом Христом, в его крестной смерти, после чего уже никакая новая жертва за мир не нужна и неуместна (Евр. 10:14). По учению же Католической и Православной церквей, однажды и навсегда принесённая за род человеческий Иисусом жертва не исключает многократного и необходимого личного соединения каждого христианина с Жертвой евхаристической, то есть совершения благодарственной жертвы, повторяющей в обрядах Голгофскую жертву Христа, и являющейся её повторением. При этом, по учению Церкви, в таинстве Евхаристии хлеб и вино пресуществляются в истинные Тело и Кровь Христовы.

    Названием бескровной жертвы Евхаристия противопоставляется жертвоприношениям животных, главным образом, в иудаизме

    Отношение к ритуальному убийству животных и птиц принципиально отличает христианство от до-христианских и многих пост-христианских реконструированных религий и вносит существенные разногласия в отношения современных людей.
    Like · Reply · September 13 at 10:12am

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: