Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

IRS – ақл, хирад ва шарафи замони мо

Имшаб Шабакаи аввали телевизиони Точикистон мадҳияи аҷибе пахш кард. Ин бор мадҳу сано ба роҳи пулакӣ хонда шуд. Тақрибан зиёда аз 10 бор такрор ба такрор гуфта шуд, ки роҳи пулакӣ чӣ андоза барои мардум судманд аст ва мояи рушду пешрафти иқтисодиёту ҳаёту мардум мешавад. Ва зиёда аз ин борҳову борҳо гуфта шуд, ки ширкати IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз) барои нигаҳдории “сатҳи баланди хизматрасонӣ” дар роҳи Душанбе – Фотеҳобод (набояд Чанак гуфт) чӣ андоза хидмати бузург мекунад.

Таърифу тавсифи ин ширкат ба дараҷае буд, ки ба фикрам, ҳатто дили мухлисони ашаддии ҳукумати Тоҷикистон аз ин ҳукумат хунук шуд, зеро ситоишҳо чунин маънӣ медод, ки агар худое накарда, роҳ дар дасти ҳукумат мемонд, ба бадтарин вазъ гирифтор мегашт ва чӣ қадар боиси шукр аст, ки роҳ на дар ихтиёри ҳукумат, балки дар дасти сарварону кормандони моҳиру доно ва ғамхору дилсафеди IRS аст. Онҳоянд, ки чашми корро медонанд ва намегузоранд, роҳ хароб шавад ва ё касе дар ин роҳ осеб бинад. Аммо агар дар дасти давлат мебуд, ҳоло аз ин роҳи нозанин сангу муме намонда буд.

Ба ҳар ҳол бардошти ман ҳамчун бинанда аз ин намоиш ҳамин буд. Шояд иштибоҳ мекунам, вале, ба назарам, таъриф, ки аз ҳад гузашт, ҳамин хел натиҷа медиҳад.

Намояндагони хушсарулибоси IRS ва даҳҳо “Тойота”-и сап-сафеди ин ширкат, техникаи зиёди он дар ҳақиқат нишон медиҳанд, ки IRS як ширкати сарватманд аст ва ҳарчанд аз оғози кораш ҳамагӣ ним сол гузаштааст, метавонад миллионҳо долар харҷ кунад. Дар зери ҳар симои фарбеҳи хушлибос ному вазифаи ӯ пайдо мешуд ва кас дар ҳайрат мемонд, ки ин ширкат ин қадар шӯъбаву раёсат ва мансабдори зиёд доштааст. Яке аз онҳо ҳаминро низ зикр кард, ки IRS ба ҳазорон нафар ҷойи кор дод, магар ин мадад ба иқтисодиёти кишвар, мубориза зидди фақру қашшоқӣ нест?

Мансабдори дигари IRS арқому адади зиёдеро овард, ки аз ҳаво афтода буданд ва гӯё дар Амрико 9 000 километр роҳи пулакӣ ҳасту дар Индонезия 10 ҳазор, дар баъзе кишварҳои дигар аз ин ҳам бештар. Ин арқом зиёд боварбахш нест, аммо муҳимтар аз инҳо мансабдори манфиатдор фаромӯш кард, бигӯяд, як қашшоқи Амрико чанд пул музди бекорӣ мегирад ва зиндагӣ дар Индонезия ба чӣ ранг аст. Ва аз ҳама муҳимаш, дар ҳамаи ин кишварҳо, роҳи пулакӣ дар паҳлуи роҳи бепул вуҷуд дошта, мардум ҳаққи интихоб доранд, ки пул додаву бо суръати бештар мошин биронанд ва ё пуле сарф накарда, бигзор каме дертар ба манзил расанд.

Як нуктаи дигари суханони ӯ аслан аз ҳақиқат дур буд. Вай гуфт, тамоми ҷаҳони мутамаддин рӯ ба роҳи пулакӣ овардааст. Дар асл, ин ихтирои асри 14 акнун ҳарчӣ камтар истифода мешавад ва дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон талош доранд, роҳҳои пулакиро бепул кунанд.

Тозатарин намуна, боз ҳам аз ҳамон Амрико. Роҳи Ҷеймс Ривер Бриҷ ҳамроҳ бо пуле, ки аз рӯйи рӯдхонаи Ҷеймс мегузарад, пулакӣ буд. Аммо бо сабаби он ки сол то сол даромади он коҳиш ёфт, ҳукумати аёлати Вирҷиния онро аз ширкати шахсӣ бозпас харид.

Сабаби варшикастагии роҳ дар он буд, ки мардум ҳарчӣ бештар аз роҳи алтернативӣ истифода мекарданд ва даромади роҳи пулакӣ то рафт камтар мешуд. Агар дар паҳлуи роҳи Душанбе – Фотеҳобод як роҳи алтернтиавӣ вуҷуд медошт, ба хубӣ медидем, ки ширкати IRS моҳе чӣ қадар даромад ба даст меовард.

Дар рӯзи Иди Қонуни Асосии Тоҷикистон як нафар гуфт, ин роҳи пулакӣ зидди Сарқонуни кишвар аст, зеро ҳаққи одамонро ба ҳаракати озодона дар қаламрави ватанашон маҳдуд мекунад. Намунаи барҷастаи эътироз аз нақзи ҳуқуқи мардум дар гирдиҳамоиҳои сокинони ноҳияи Варзоб ба хубӣ дида шуд. Дар омади гап, Шабакаи аввали телевизиони тоҷик дар бораи ин ошӯбу эътирозҳо, ки то таҳдиди баркандани дарвозаҳои IRS расид, чизе нагуфт, зеро он гоҳ таърифу тавсифҳо дар ҳаққи IRS -и “ғамхор” ба оби ҷӯ баробар мешуд.

Дар намоиши телевизион дидан мумкин буд, ки дар чанд дақиқа даҳҳо мошини хурду бузург аз дарвозаҳои пулчинаки IRS гузаштанд, аммо ҳамагӣ як ронанда, дандон ба дандон монда, ба суоли хабарнигори телевизион посух медод, ки хай, чӣ хел, нағзай, созай, пулакиш созай. Раҳро таъмир мекунанд, ягон сангрезае нест.

Самимияти ин ронанда, ҳамаи сухангӯёни намоиш ва худи хабарнигор низ хеле шубҳабарангез буд. Эҳтимолан, ин гузориш аз силсилаи гузоришҳои фармоишӣ ва ё шояд рекламаи пинҳонӣ буд. Аммо ман ба як чиз ҳайронам. Наход ин ширкат ин қадар тавоност, ки ҳатто раисиҷумҳур наметавонад, зимни муроҷиати мардум, яъне интихобкунандагонаш, онро барҳам диҳад. Бовар намекунам, ки президенти қавии мо, ки бо як даҳон суханаш ҳавопаймоҳо ба ҳаво хеста, донишҷӯёнро аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан меоранд ва ё ба як ишорааш, бисёр корҳо ҳал мешавад ва худро ғамхори мардум нишон медиҳад, натавонистааст, дар ин масъала изҳори назар кунад. Наход сарони ин ширкат аз сарвари ҷумҳурӣ ҳам зӯртаранд?

Ва аз ин ҳам муҳимтар, агар роҳ акнун ба ихтиёри IRS гузаштааст, чаро қарзи миллат аз Чин низ ба гардани он гузошта нашудааст? Магар “хизматрасонии роҳ” инро ҳам дар назар надорад? Ҳатман рӯзе сирру асрори ягона роҳи пулакии Тоҷикистон, ки рафтуомади мардуми Шимолро ба Марказ ва Ҷануб ба ҳадди охир коҳиш додааст, фош мешавад. Ёд доред, Ҳизби коммунист ҳафтоду анд сол сирру асрорашро пинҳон медошт, чӣ гуна шармандаи ду дунё шуд? Он гоҳ хӯрдаҳо заҳр намешаванд? Он гоҳ рӯйсурхон дар назди миллат ва таърих рӯйтабоҳ намешаванд?

16.11.2010 - Posted by | Ваҳдат, Инсон, Иқтисодиёт, Сиёсат, Таҷриба, Тоҷикистон, Қонун

15 Comments »

  1. 1000 нафарро бо кор таъмин карда пеши садхо хазорро гирифта истодаанд. Аз ин рафтори IRS Шимол боз аз маркази Точикистон дуртар шуд. Узбакхо мегуянд, ки ба Шимоли Точикистон пойтахташон наздик аст!
    Президент наход аз рафтори кормандони ин ширкат ва гирдихамоии мардуми Варзоб бохабар шуда набошад? Ба дуздон инсоф дихад. Як руз мерасад ба хама рафторашон чавоб медиханд. Поёни шаби сиёх сафед аст!

    Comment by Точик | 16.11.2010 | Reply

  2. Як ҳамлаву як ҳамла, к-омад шабу торикӣ,
    Туркӣ куну чустӣ кун, на нармиву тоҷикӣ!

    Бо дуруд бар устод Аюбзод,
    умедворам хонандагон манзурамро дуруст дарёбанд.

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 16.11.2010 | Reply

  3. Нест бод диктатураи бойони беинсоф. Зинда бод сохибдилони гамхори милат.

    Comment by Mirob | 16.11.2010 | Reply

  4. Воизон, к-ин чилва дар мехробу минбар мекунанд,
    Чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд.

    Як суоле дорам аз донишманди мачлис бозпурс,
    Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?!

    Ин газали хазрати Хофизро ба хукумати Точикистон бо сарварии Президент Эмомали Рахмон эхдо мекунам!

    Comment by Кодири Рустам | 17.11.2010 | Reply

  5. Барои Шумо хурдахои Иттиходи Шурави захр нашуданд ку? Хамчун тахсилдидаву парвардаи шурави магар курнамаки нест чунин гуфтахо? Имруз боз резахурии хони хоричихо карда истодаед. Фардо аз хочагонатон низ дилхаста шуда зери тозиёнаи танкид мегиред.

    Comment by daler | 17.11.2010 | Reply

    • Чизе ки ту мегуй, азиз, гайри кобили киёс аст. Сониян на он замон ва на холо банда харомхурй ё хаккимардумхорй накардааст. Шояд хештанро дар назар дорй?

      Comment by aioubzod | 17.11.2010 | Reply

    • Дустам Далерчон. Худованд инсофат дихад.

      Comment by Хонанда | 19.11.2010 | Reply

  6. Пулакй кардани рох заказ ё ба табъи дили президенти Узбакистон Ислом Каримов аст, ки мехохад Шмиоли Точикистон аз дигар бахшхояш чудо бошад ва норозигй дар байни мардуми он зиёдтар шавад. Он вакт чудо карданаш аз Точикистон осонтар мешавад.

    2. Ин ширкат барои он сарватманд аст, ки ягон дирам ба хазинаи давлат андоз намедихад ва тамоми пулаш ба хисобхои банкй дар хорича бурда мешавад. Хол он ки чаноби Олй гуфта буд, бояд сохибкорон пули худро аз хорича ба банкхои Точикистон баргардонанд.

    Comment by Samandar | 17.11.2010 | Reply

    • Он ки ин ихтилоф ба манфиати Каримов аст, шакке надорам, вале наметавон гуфт, рохи моро хам Каримов пулакй кардааст. Имруз расм шудааст, ки дар хама чиз хамсояро айбдор кунем, хатман хакикат чои дигар аст. Хирсу нафс, беназоратй, ношаффофии кори мансабдорон ва дуздии одии пули мардум сабаби бисёре аз бадбахтихои мост.

      Дар нуктаи дувум 100% бо Шумо хамназарам.

      Comment by aioubzod | 17.11.2010 | Reply

  7. Дар хар сурат Хукумати Шуравиро имрузсиёх кардан зеби Шумо нест. Баъдан хизби коммунистро низ бо ширкат. Хуб масъалаи дигар, бо шумо дар мавриди номукамалии механизм дар шароити Точикистон рози шудан мумкин аст, аммо боре дар бораи чихатхои мусбати пулаки шудани рох даст болои сина гузошта харф занед. Агар 1 ё 2-то хам бошад бояд гуфт, чун аз демократияву адолат чор мезанед.

    Comment by daler | 17.11.2010 | Reply

  8. Манзур хизби коммунистро низ бо ширкат киёс кардан.

    Comment by daler | 17.11.2010 | Reply

    • Онхое ки вазъи кишварро ба ин руз расонданд, хох аз дохилихо буданд ва хох хоричиён, холатеро ба миён оварданд, ки мардум дар хасрати замони Шуравй афтад. Орзуи мо ин гуна кишвару ин гуна давлатдорй набуд, тамоман чизи дигар буд ва шояд замоне ба даст ояд.

      Магар Хизби коммунист хафтоду анд сол сиррашро бо эхтиёти тамом махфй намедошт ва он хама боз нашуд?

      Пулакй кардани рохе, ки мардум ночор аст аз он гузарад, хилофи демократия ва иктисоди бозор аст. Ку хакки мардум, ку ракобат ва интихоб? Ин хамон сохти монополиявии шуравист, ки ба гайр аз як намуд ва як нарх мол чизе бароятон пешниход намекард ва Шумо илоче ба гайр аз харидани онро надоштед.

      Рохро барои он тармиму босозй карда буданд, ки равобити мардум ва вахдати миллй тахким ёбад, на барои он ки чанд нафар аз хавои холй миллионхо доллар ба чайб гузоранд.

      Агар ин ташаббус лоакал як зарра хубй медошт, ман албатта, аз он мегуфтам ва химоят мекардам. Афсус, як найранги Остап Бендерй беш нест ва бадтар аз хама ба ягонагии миллат зарбаи чонкох мезанад.

      Comment by aioubzod | 17.11.2010 | Reply

      • Ofarin ustod!
        Umuman har shakhse, ki bo fikri in makola zid mebaroyad yake az hamin du guruh ast:
        1. yo ahli khurandagoni IRS, va
        2. yo ahli kadome az mansabdori kununi.
        Boki, ki 99% jamiyatand va dar qatori hamon shakhsoneand ki baroi roh mablagh mesuporand man bovarii komil doram, ki az Shumo baroi chunin mavodi oli yak jahon siposguzorand.
        Khudo Vatani azizro nigah dorad!
        Salomat boshed.

        Comment by Umed | 19.11.2010

  9. Хукумат хамон хапаст, ки хап. Ин кори у нест. Шумо гуфтааааан гиред. УУУУУУУУУУУУУ корашро мекунад. То точикро несту валангор накунад аз рохаш намегардад…

    Comment by Mirob | 21.11.2010 | Reply

  10. Ба кисаи як нафар ЭШР хазорхо хазор доллари миллионхо мардуми бечора медарояд пас у чи мегуяд??? Аз ин маълум мешавад ки худи Рахмон аз ин фоида мебинад барои хамин тарафи мардумашро намегирад. Вале дар баромадхояш сохтакорона худро гамхори халк нишон медихад. Актёри хубаст ин призидаут.Хуб мешуд дигар уро интихоб накунему у ба Голливуцд кор равад. ТЕРМИНАТОР-3 – да ба чои Арнолд бозингари кунад.Ё АЙЭРСИша чамъ кунаду хуни мардума ика начабад!

    Comment by Fakhri | 26.12.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: