Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Тарозуи “damage”

Хуб нест, агар манфиҳои падидаеро сабт карда бошаму аз мусбати онҳо чашм бипӯшам. Манзурам, бо “сабабҳои номаълум” аз чоп мондани ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Пайкон” аст, ки ин ҳафта дутои онҳо аз чоп баромад ва чӣ аҷаб, “Нигоҳ” дар чопхонаи “Шарқи озод”. Торнамоҳои “бандӣ” – “Авеста”, “Тоҷнюз”, “Сентразия” ва “Тҷкнюз” ҳам боз шудаанд.

Аҳсант, аҳсант! Ҳоло фурсатест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ташаббускорони ин сиякориҳоро бипурсад, ки аз ин кори хеш ба давлат ва кишвар чӣ суде оварданд. Дареғо, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди сахтҳарфӣ дар мазҳари ом дар нисбати афроди ҳукумати хеш хеле нармдил аст ва ҳам “хидматҳои хирсона”-ву ҳам хиёнатҳои ошкори онҳоро осон мебахшаду зуд фаромӯш мекунад. Чӣ ҳам метавон кард бо “бачаҳои худӣ”? Дар беҳтарин ҳолат фақат ин ки онҳоро ба кори дигар гузаронд, то дар ҷои дигар бо шакли дигар айни корҳоро такрор кунанд.

Шояд он ҷо тарозуе нест, ки неку бадро дар ду паллааш гузошту дид ва суду зиёнро санҷид. Наздики 1 моҳ чоп нашудани нашрияҳо ин манфиҳоро дошт, ки дар баёнияҳое аз тарафи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот, “Хабарнигорони бидуни марз”, Кумитаи дифоъ аз журналистон Тоҷикистон ҳадафи танқид қарор гирифт. Сафорати Амрико дар номае ба номи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз вазъи матбуот дар кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Ин кор ҳеч ҷанбаи мусбат надошт, аммо шояд аз нигоҳи чанд давлатмарди тангназар ин фоида шуд, ки гӯё матбуотро тарсонданд ва барои як муддат бошад ҳам се нашрияро аз хонандагонашон ҷудо карданд. Вале, сардабирони ин нашрияҳо гуфтаанд, роҳу равиши хешро тағйир надодаанд, пас ҳамин муроди тасмимгирандагони пинҳон ҳам бароварда нашудааст.

Барои нашрияҳо, бо вуҷуди ин сахтиҳо як маъракаи хуби таблиғӣ анҷом дода шуд. Дар “меҳмонӣ”-и “Факты и комментарии” чоп шудани “Фараж”, ба Вазорати нақлиёт ва мухобирот тӯҳфа шудани 10 метр кабел барои тармими хатти интернет аз беҳтарин гаштҳои таблиғӣ буданд, ки қаблан журналистони тоҷик дар ёд надоштанд.

Иқдоми чанд нафар сабаб гашт, ки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА дар посух ба пурсиши намояндагони кишварҳои дигар сурху сафед шуда, баста шудани торнамоҳоро як мушкили фаннӣ номид. Аҷиб буд, ки “мушкили фаннӣ” ин қадар донистакор будааст, ки аз кадом бахши кабел гузаштани торнамоҳои дилнохоҳи давлатмардонро медидааст ва танҳо ба сомонаҳое асар гузоштааст, ки мехостанд, вазифаи хешро дар назди муштариёнашон бе каму кост ба иҷро расонанд.

Ман шояд як чизро ин ҷо иштибоҳ гуфтам. Тарозуро набояд баъд аз воқеа ба кор бурду суду зиёнро вазн кард, балки пеш аз воқеа. Агар чунин мешуд, ин ҳама зиён барои кадом суди хаёлӣ ба миён намеомад. Дар Ғарб чунин қадамҳоро “damage” ё рахна, тахриб, вайронкорӣ меноманд. Дардовараш он аст, ки чунин тахриби эътибори Тоҷикистон ҳамзамон ҳам дар ҷабҳаи ҷанги Рашт пеш омад ва ҳам дар сиёсати рӯз. Дар дигар ҷои олам ҳар кадоми онҳо ҷавоби муайян дорад. Танҳо дар Тоҷикистон мо “damage” ҷавобгарӣ надорад, зеро касе аз вайронгарон намепурсад, чаро чунин кореро карданд? Чаро?

18.11.2010 - Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон | ,

12 Comments »

  1. Устод, хело хуб навиштед. Шумо “мехмони”и Фараж дар аргументы и комментарии-ро зикр кардед, вале чаро чоп шудани Пайкон дар чопхонаи Муаттари ХНИТ-ро зикр накардед. Медонам, ки ин вочиби ХНИТ буд то ин корро кунад. Аммо нодида гирифтани баъзе икдомхои мусбат ва созандаи ХНИТ баъзе дустдорони ин хизбро меранчонад.
    Устод Салимчон, хатто ман хуб ёд дорам, ки аксари нашрияхои мустакил кумаки ХНИТ барои зарардидагони Кулобро нодида гирифтанд ва баъзеяшон аслан зикр накарданд. Дар холе, ки аввалин хизби сиёсие буд, дар ин кори хайр икдом карда буд. Хатто Радиои Озодй ин хабарро муддати каме дар сойташ монду зуд онро дар архив гузошт. Устод, Худованд нигахдоратон бошад.
    Бо ихтиром:
    Як хонандаи сойти Шумо ва мухлиси ХНИТ

    Comment by Хонандаи сойти Шумо | 19.11.2010 | Reply

    • Сипосгузорам аз Шумо, ки маълумоти иловаеро дар ихтиёри хонандагон гузоштед. Аммо дар зимн, сардабирон мегуянд, ХНИТ аз чопи ин нашрияхо худдорй кардааст, аммо мухимтар аз ин раиси Иттиыоди журналистон, ки аз руи ин маком бояд хомии матбуот бошад, низ аз чопи “Нигох” худдорй намудааст. Ин иттилоъ нишон медихад, ки масъала хассос аст ва мушкили нашрияхо хануз халли худро наёфтааст.

      Comment by aioubzod | 20.11.2010 | Reply

      • Устод Салимчон, як чахон ташаккур барои чавоб ва мулохизаи хубе, ки кардед. Вале агар озод гуям, ман як чизро намефахмам, умедворам ки дар фахмаш кумакам кунед. Хар ки мехохад дар кишвархои гайри демократй ба мисли Точикистон расман кор кунад, набояд аз хатхои сурхе, ки барояш сохта шудааст убур кунад, вагарна расмияташ зери суол хохад монд. Ман фикр намекунам, ки аз ин коида касе истисно бошад, хатто шадидтарин хизби мухолифи хукумат барои имкони пирузй дар давраи дуввум дар як участкаи интихоботй, лахнашро дигар кард. Аммо Радиои Озодй ва ББС-и бахши Точикй аз ин коида берун хастанд, зеро муассисахои хоричии кавй буда хукумат кодир ба махдуд кардани кори онхо нест ва мо точикхо вокеъан мадюни хидматхои бузурги онхо хастем. Агар ин муассисахо махаллй мебуданд, ман боварии комил дорам,ки кайхо муассисинаш ё дар кунчи махбасхо будан ё гуреза дар кадом кишвархои Урупой ё мисли нашрияхои мустакил сенсураро риоят мекарданд.
        Бахшиш ки аз мавзуъ берун шудам. Пас бояд бидонем, ки хар кас дар Точикистон расмй кор мекунад, махдудиятхое дорад, масохатхои мамнуъае дорад, хисобу хасабхои зиёду кунаму накунамхои мухталифе дорад ва дарди-сархои зиёде. Пас чаро онхое, ки дар Точикистон расмй кор мекунанд ин махдудиятхоро барои худ раво медонанду барои дигарон ночоиз? Чаро мо Точикон ин кадар худхох хастем? Дар чои хамкорй кардан дар рохи расидан ба хадафхои муштарак мисли бунёди чомеъаи маданй, мунтазири фурсате хастем то як дигарро бикубем.
        Устод, хама медонем, ки манъ кардани намози бо чамоъат дар маркази ХНИТ, барои як хизби бо характери динй чй маъное дорад. Боз силох гирему чангро дубора сар кунем ё ба хар фишоре аз дигар зовия нигох кунем? Бехтарин ихтиёр, сабру тахаммулро пеша гирифтану чидду чахд барои расидан ба як чомеъаи маданй аст, зеро мо дар як кишваре зиндагй мекунам, ки хукуматаш худкома хаст (ё ба таъбири хубтар, хукуматашро худкома кардем) ва мардуме дорем, ки фахмиши сиёсияш бисёр пастаст. Кушишхои хукумат барои бадном кардан ё террорист нишон додани ХНИТ кам нестанд, масалан дар ходисахои ахири Исфара. Ба хар бахона банд кардани аъзоёни ХНИТ ва кодир набудани он хизб барои озодияшон ва кушишхои дигар. Оё ин махдудият кардан нест? Чй фарке бошад байни манъ кардани як ё ду нашрия ба таври муваккатй ва манъ кардани намозгузории бо чамоъат дар маркази як хизби бо характери динй? Оё хар дуяшро фишор наменомем? Ё ки факат яктояшро фишор меномем?
        Инчо ман намехохам дар иззати нафси акаи Саймиддин Дустов бирасам ва умедворам, ки ин сатрхоро мехонаду, агар фикри ман хато бошад дурусташ мекунад. Ростй, вакте суханони акаи С. Дустов нисбати устод М. Кабириро шунидам, хело худро норохат хис кардам. Ва бо худ гуфтам, наход як сиёсатмадори чавон ва шинохта мисли акаи С. Дустов шароит ва махдудиятхои ХНИТ-ро нодида гирад ва халли чопи нашрияхоро аз сари нав дар худи матбаъахо бубинад. Ростй, ба фикри банда, рохи халли дурусти он дар мутакоид сохтани он доирахои хукуматие, ки сабаби манъи чопашон шудааст нухуфта мебошад. Роххои мутакоидсозии он доирахои мазкура мухталифанд мисли фахмондан ё лоббии журналистиро истифода бурдан ё хар дуяшон ва гайра. Вакте, ки он доирахои мазкура мутакоид шаванд, дари хар чопхона бароямон боз хохад буд. Табиби хозик манбаъи аслии маразро муолача мекунад, на чанбахои зохириро.
        Ман ба озодии раъй боварии комил дорам ва мухолифи хар гуна махдудиятхо хастам. Акаи С. Дустов хакки танкиди хар касро дорад, хох Президент бошад ё раиси ХНИТ ё дигар кас. Вале бояд танкид бо мавкеъ ва муроъоти шароит бошад. Агар мо дар як кишвари димократй мебудем, хатман уро ахсант мегуфтам ва хатто ин мушкилй аслан пеш намеомад.
        Вале агар касе гуяд, ки бояд ХНИТ дар шароити кунунй ва ба хар киммате мебуд нашрияхои мутаваккифро чоп мекард, то чй андоза мантикй ва хакимона будани ин мавкифро фахмида наметавонам. Умедворам, ки дар фахмондани ин нукта кумакам кунед.
        Устод Салимчон, барои аз хад зиёд сухан гуфтан бахшиш мепурсам. Шоду муваффак бошед.

        Comment by Хонандаи сойти Шумо | 20.11.2010

  2. Хукумати Точикистон дар бисер маврид дуруст рафтор мекунад, аммо МУВОЗАНАТ-ро намефахмад, зеро дар хайъати он одамоне кор мекунанд, ки аз тавозун бехабаранд ва дар натича хамеша ба хатогй рох медиханд. Э.Рахмон ба онхо мехрабон аст, чунки хамааш хешу наздикони худаш хастанд.

    Comment by Samandar | 20.11.2010 | Reply

    • Дуруст аст. Банда хам ба хамин сабаб аз тарозу сухбат кардам. Дар дунё хукуматхое муваффаканд, ки тавозунро мешиносанд ва онро асли кори худ карор медиханд.

      Comment by aioubzod | 20.11.2010 | Reply

      • Ба Хонандаи мухтарам сайт (торнамо) инро бояд бигуям, ки равиши корхоро набояд маслахату мусоидати мансабдор, балки Хазрати Конун хал кунад. Конунхои Точикистон сензура ва фишор барои интикодро манъ кардаанд, пас бояд хамин гуна бошад.

        Дуруст аст, ки мо дар кишвари демократй ба сар намебарем, аммо хамагон шиори демкоратй мезананд, пас бояд икрор кунанд, ки хадафи онхо чомеаи демократй нест.

        Савум, иттиходи хамаи нерухои солими чомеа ва пуштибонии онхо аз хамдигар аст. Агар хар нашрия ё хар хизб танхо дар гами худ бошад, шикастан, таслим ё нобуд кардани онхо осонтар хохад буд.

        Comment by aioubzod | 21.11.2010

      • Устод Салимчон. Банда хам кабул дорам, ки бояд корхоро Конун хал кунад, вале дар Точикистон татбики кунун мелангад. Бубинед, хамаи ахзоби мухолиф, ки дар интихоботи гузашта садхо варакхои такаллубкориро ба “додгох” матрах карда буданд, хамаашон чавобхои манфй гирифтанд. Вале дар байни хамон кадар конуншиканихо, «додгох» як узви хизби мухолифро равонаи зиндон кард. Илова бар пайгирии конунй, ки дар рохи озодй хело мухим аст, бояд аз дигар роххо мисли мутакоидсозии чихатхои марбута ва роххои фишор «лобби» истифода кард. Хушбахтона, муассисони нашрияхои мутаваккифшуда хело хуб аз ин роххо истифода карданд. Номае ба Раиси чумхур равон карданд ва бо чихатхои марбута сухбатхо анчом доданд. Ва хатто аз САХА дархости кумак карданд.
        Нуктаи дуюм хело ба маврид аст, вале мутаассифона сатхи фахмиши сиёсии мардум паст буда, дар зимн барои аксари кишвархои Гарбй масолехи миллияшон аз арзишхои воло мисли озодй ва хукуки башар баландтар аст.
        Бале банда хам ба хамкории нерухои солими чомеъа таъкид кардам ва гуфтам, чаро мехмонии Фараж дар аргументы и комментарии кобил тахсин бошаду чоп шудани Пайкон дар чопхонаи ХНИТ-ро, агарчй як бор хам бошад, тахсин накунем? Агар кодир ба тахсингуфтани якдигар набошем, хадди акал чаро аз хучум ба як дигар худдорй нанамоем?

        Comment by Хонандаи сойти Шумо | 02.12.2010

  3. Чаноби Аюбзод! Аз навиштаи шумо бармеояд, ки шумо афсонахое дар васфи шоhи одилро ки аз хурди бибиёнамон накл мекарданд,
    фаромуш насохтаед. Агар чунин набуд шумо hадди акалл варианти “об аз сар лой” -ро низ матраh менамудед. Матлаби шуморо мехонаму пеши назарам як президенти бечорае меояд, ки атрофашро мансабдорони зиддимардуми иhота карда уро дар муhосираи иттилооти гирифтаанд ва у на ба интернет, на ба ВАО- и мустакил дастраси надораду факат бо барномаhои ТВТ каноат мекунад.
    Вокеъан худи президент низ ба сохтани чунин образ мусоидат дорад, вакте ки ин кадар норозигиву эътирози моро нисбати IRS нодида мегирад.
    Ва айби мо точикон низ хаст, ки бо орзуи шоhи одил худро мефиребем. Аз фишор метарсем ба чои онки мубориза барем. (Максадам муборизаи низоми нест)
    Маъзарат мехоhам, аммо назари ман ин аст.
    Юсуф – як нафар узви ХНИТ

    Comment by Юсуф | 21.11.2010 | Reply

    • Чаноби Юсуф, ба назари Шумо эхтиром мегузорам ва нуктаи мехварии номаи Шуморо кабул дорам, аммо ин як хакикати раднопазир аст, ки чаноби Рахмон тавонистааст, ки бо истифода аз вокеъияти кишвар амалан як низоми шохигариро рохандозй кунад ва аз ин лихоз шояд тагйиру пешрафт осонтар хам буда метавонад, агар шох рушанфикр ва одил бошад, зеро халли масъалахо ба як дахан сухани шох бастагй хохад дошт. Ин аст, ки сукути у дар мавриди рохи пулакй маро ба хайрат овардааст. Касе ки хамеша гами пули кисаи мардумро мехурд (ба телефони мобайл пули зиёд харч накунед; дар тую маросим сармоя ба бод надихед; пул харч карда ду бор ба хачч наравед…ва гайра, акнун, дар холате ки мардум ошкоро аз рохи пулакй тазохурот мекунанд ва ин тазохурот мумкин аст ба амнияти давлат тахдид намояд, дар кунче хаппу хомуш нишастани он кас бисёр шубхабарангез аст. Манзурам, хамин буд.
      Сарафроз бошед.

      Comment by aioubzod | 21.11.2010 | Reply

  4. Салом Салими азиз🙂
    1.Банда аз шумо барои ин матлаби оли ташаккур мекунам, вале дар он як иттилои носахех рафтааст, ки он хам дар робита ба бозшавии пойгохи интернетии Ожонси иттилоотии TojNews аст. Мутаасифона, то имруз пойгохи http://www.tojnews.tj баста аст ва он як сабаб дорад: баъд аз як чаласаи Шурои амният муовини вазири наклиёт ва коммуникатсия Бек Зухуров ва тобеъаш Кадамчон Суфиев бо як мактуб бастани онро тавассути махдудияти IP аз чониби хамаи провайдерхо ва бебарк мондани сервери пойгохро аз ширкати “Вавилон-Т” талаб кардаанд. Албатта, амалашон зиддиконститутсиони аст, вале дасташон дароз аст, зеро дар Дастгохи ичроияи Президент “тага” доранд.
    Банда 5 маротиба бо Бек сухбати телефони доштам ва ваъда дод, ки “хал мекунем”. Имруз хулоса бардоштам, ки ба хуби хал нахохад кард.Муддати ду-се руз иншоаллох сервери захиравиамонро дар Гарб фаъол хохем карду пойгохи интернетамон дар хидмати истифодабарандагон карор хохад гирифт ва акнун мухтавояш боз хам чолибтар хохад шуд.Ба камтар аз ин хак надорем, зеро ягона Ожонси иттилоотии мустакил ба забони точики дар чахон асту назди Миллат ва Давлатдории миллии Точикон рисолат дорад.
    2. Ин чо бародаре аз амали мо интикод кардаанд, ки хакки халолашон аст. Мутаасифона ному насбашонро маълум накардаанд, аз ин ру чавоб доданро ба эшон зарур надонистем.

    Comment by Саймиддин Дустов | 29.11.2010 | Reply

    • Бале, Саймиддини азиз, иштибох аз ман, тахкик накардам ва танхо аз хабаре истифода кардам, ки хамаи торнамохо аз банд рахо шуданд. Мебоист, худам месанчидам, вале торнамохо дар Прага бе ягон мушкил боз мешуданд, зеро хушбахтона, кабел дар ин чо дар дасти макомоти точик нест ва агар мушкили фанние пеш ояд, зуд, дар арзи чанд дакика, бартараф мешавад.

      Дилам ба машаккати хамаи хамкасбон дар ватан месузад, афсус, дасти мо кутох, танхо бо як порча сухан аз онхо химоят мекунему бас.

      Ин сатрхоро менависам ва хабар мерасад, ки торнамои оличаноби Шумо боз шудааст. Умедваорам, ин бор хабар дакик бошад.

      Бо ихлос ва орзуи шодкомихо.

      Comment by aioubzod | 30.11.2010 | Reply

    • Окои мухтарам Саймиддин Дустов. Ман Махмудчон Файзрахмонов, собик устоди донишгохи байналмилаллии Исломии Исломобод. Ман мунтазири чавобатон хастам, бифармоед.

      Comment by Хонандаи сойти Шумо | 02.12.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: