Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Набарди носолим

Шояд на барои ҳама, вале барои онҳое, ки вазъи сиёсии Тоҷикистонро дунбол мекунанд ва хостори сулҳу осоишу шукуфоии Ватан мебошанд, хабари баста шудани масҷид дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 26-уми ноябр як рӯйдоди нохушоянд ва озордиҳанда буд.

Мисли ин аст, ки толори консертиро дар Консерватория бубандед. Аммо қонун барои ҳама як аст ва бояд амалӣ гардад. Дар қонун таъсиси намозгоҳ дар идораи расмӣ мамнӯъ мебошад. Хеле хурсандибахш аст, ки мақомоти Тоҷикистон иҷрои қонунро ин гуна пайгирона ва ба таври оштинопазир талаб кардаву назорат мебаранд. Эй кош, дар ҳама ҳолат ва ҳама риштаҳо ва ҳамеша ҳамин часпу талош мавҷуд бошад ва эҳтиром ба қонун на бино бар манфиатҳои сиёсӣ, шахсӣ, гурӯҳӣ ё ҳизбӣ, балки танҳо бино бар волоияти қонун амалӣ шавад.

Барои намуна, чаро ҳамин гуна эҳтироми қонун дар мавриди эълони дороиҳои мансабдорони давлат ё ҳаққи шаҳрвандон ба ҳаракати озод дар қаламрави кишвар ба мушоҳида намерасад? Бино бар қонун бояд ҳар сол мансабдорони давлат даромади солонаи хеш ва сарчашмаи онро эълом доранд. Ва тибқи сарқонун роҳи пулакӣ хилофи асли озодии ҳаракати шаҳрвандон аст.

Ба ҳар ҳол риштаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки эҳтироми қонун ва талошҳои татбиқи онро мехоҳад.

Бигзарем аз ин, хабари зарбаи нав ба ягона ҳизби исломии Осиёи Марказӣ, ки мавҷудияташ яке аз мояҳои ифтихори кишвар аст, дар ҳоле расид, ки фикру андешаи сиёсатшиносони Ғарбро дар бораи рӯйдодҳои як-ду моҳи ахири Тоҷикистон бодиққат мехондам ва як матлабе дар ин бора менавиштам.

Бештар аз ҳама ин хулосаи донишманди бритониёӣ, муаллифи китоби “Тоҷикистони баъд аз низоъ”, Ҷон Ҳитерша аз Донишгоҳи Эксетер ба ман писанд омад, ки менависад, ҳукумати Тоҷикистон тарзи муносибат ба дингарои мардуми хешро намедонад ва ба шеваҳои бархӯрди замони Шӯравӣ ба ин масъала пойбанд мондааст.

Илова ба ин шояд ҳарос зиёд аст. Тарси он ки дар пасманзари нокомиҳои ҳукумат дар масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳизбу афроди дигаре обрӯ ва эътибори бештар касб мекунанд. Ва шахсан, ман дар ҳайратам, ки чаро мақомоти кишвар терроризму тундгароии исломиро бо исломи сиёсӣ махлут мекунанд. Оё амдан ва ё аз надонистан.

Албатта, ифротгароии диниро низ дар Тоҷикистон наметавон рад кард. Он мавҷуд аст ва ҳарчӣ бештару бештар аз худ хабар медиҳад. Сиёсатшиносон бар инанд, дар шароите ки Тоҷикистон дорад, барои ҳар фармондеҳ ё афроди дохилию хориҷии норозӣ аз ҳукумати Тоҷикистон аз пайи худ бурдани ҷавонони ноозмуда ва хунгарм зери шиорҳои исломӣ хеле осон аст.

Ба назари ман, ҳамчунин ислом ҳарчӣ бештар ба як шакли эътирози омма табдил меёбад. Гирдиҳамоиву тазоҳурот, ки мамнӯъст, аз рӯи қонун иҷозат аст, вале дар амал дафъатан саркӯб мешавад, мардум бо ширкаташон дар намозҳои ҷумъа эътирозу бегонагии худро ба ҳукумати хеш баён медоранд.

Аз ин ҷо то печидан ба гурӯҳҳои террорист барои ҷавонону наврасони мо хеле осон аст ва бадбахтона, ин раванд то рафт густариш меёбаду рӯҳияи онҳо низ тундтару оштинопазиртар мешавад.

Дар муқобили ин, тавре мебинем, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва рӯҳониёни саршиноси кишвар  то рафт нармтару мусолиҳаҷӯтар мешаванд, то худро аз ифротиён канор бигиранд.

Оё беҳтар нест, ҳукумат дар иттиҳод бо онҳо, бо исломи сиёсӣ ба тундгароӣ ва ситезаҷӯии исломӣ, ки камтар ба ислом рабт доштаву бештар зери шиори исломӣ мехоҳад, аҳдофи нерӯҳои хориҷиро бароварда кунад, сарбасар ва дар набард шавад? Оё он вақт муборизааш босамартар нахоҳад буд?

Бар ҳар ҳол, бо омӯзиши фикру ақидаҳои гуногун ва нигоҳ ба хабарҳои охирин аз Тоҷикистон зери унвони “Рашт, парчами миллӣ ва масҷиди ҳизбӣ” чизе навиштам, ки метавонед бо ангушт задан ба сарлавҳааш боз бикунеду бихонед ва агар дидгоҳи Шумо дар он ҷо бозтоб наёфтааст, дар ҳошияаш бинависед, ки чӣ андеша доред?

26.11.2010 - Posted by | Амният, Баҳс, Ватан, Дин, Ислом, Таърих, Тоҷикистон, Қонун

9 Comments »

  1. Кавонини кишвар ба руи варак
    Амалхои моро набошад дарак
    Бубаста дару боби масчидро
    Нишонда ба дил тухми навмедро

    Comment by Фирдавси Аьзам فردوس اعظم | 27.11.2010 | Reply

  2. Устод Салимчон, Дуруди Худованд бар Шумо. Ростй, Шумо бо ин маколаатон барои мо Точикон як дарси хубе додед. Он хам инаст, ки сарфи назар аз ихтилофи назару идеология мо бояд аз хукукхои конунии якдигар химоят кунем. Худованд куввататон дихад.
    Банда, ки узви мухлиси ХНИТ хастам аз баъзе муддаъиёни озодй ва хукуки шахрвандон дар хайрат хастам. Баъди баста шудани намозгохи ХНИТ, ман кариб хама маколахо ва назархои шахрвандони Тч-ро хондам. Бовар кунед, кам инсоне пайдо кардам, ки гуяд ман нахзатй нестам ё ман мухолифи идеологияи ХНИТ хастам, вале ин феъли ношоями хукуматро нисбат ХНИТ ва ин поймолкунии хукуки шахрвандонро махкум мекунем.
    Медонам, ки зиёде аз дустони мо боварй ба озодии вичдон ва мазхабй доранд, вале вакте ки ин хукукпоймолкунй нисбати идеологияи мухолифи онхо сурат гирифтааст, ё инки сукутро ихтиёр мекунанд ё баъзеяшон аз ин кор хушхол ба назар мерасанду хукуматро барои ин кораш ситоиш мекунанд. Барои мисол, як бор назархои хонандагони Озоди дар ин казияро бубинему тахлил кунем, ки гарчй он инъикоскунандаи раъйи ом нест, вале то чоеро мешавад як мафхум аз он гирифт.
    Устод, ба фикрам мо точикон бояд фарханги озодй ва озодихохии дурустро пеша кунем ва хар шахрванд сарфи назар аз акидаву махаллу нисбият бояд хукукхои конунии худро дошта бошад ва якдигарро дар ин амри мухим кумак кунем. Ман вакте маколаи Шумо (Ракобати носолим)-ро, ки хосси ин мавзуъ хаст дидам хуш шудам, ки дар мо Точикон алхамдулиллох касе пайдо мешудааст, ки фахмиши дуруст аз фарханги озоди ва хуррият дорад.
    Устод, Худованди карим нигахдорат бошад.

    Comment by Хонандаи сайти Шумо | 28.11.2010 | Reply

  3. Ман намефахмам чаро шумо аз хизби исломи химоят мекунед, чи кори неке кардааст он барои Точикистон?

    Comment by Насим | 29.11.2010 | Reply

  4. Hej yagon joi vohima nest. Basta shudani maschidi HNIT dar sharoiti kununii Tojikiston zarurist. Dar Tojikiston ifrotgaroii diniro mo hamagon dida istodaem va on ruz to ruz dar magzi omma inkishof shuda istodaast. Vaziyate, ki alhol Tojikiston dorad baroi dushmanoni in millat zeri shiorhoi Islom mardumro az payi khesh burdan amali khele ham oson ast.Islom dinest farogiri omoli naku. Biyoyed bingarem ba Jumhurii Islomii Pokiston mardum az taassubi dini ba kujo omada rasidand. Albatta man ziddi HNIT kadom yak sukhanero guftani nestam, zero, ki dar masiri tarikh namoyandagoni in institut ba jomeai Tojikiston khizmathoi arzanda namudaand. Va mo holo ham ba in Hizb niyozmand hastem. Vale chi metavon kard, chut sharoit in holatro az mo taqozo menamoyad. Chun hamagon medonem, ki dar halli tamomi masoilhoi peshomadai kishvar HNIT faolona shirkat menamoyad. Az nigohi siyosi basta shudani maschid niz az rui mantiq hast. Chunin metavon guft, ki siyosati peshgiriftai davlat dar in ravand haq va qobili dastgirist. Imruz in amal zarur ast.
    Va basta shudani in maschid in manii huquqpoymolkuniro nadorad, chun azoyoni hizb hamzamon rohi alternativii ibodatro dorand. Mani bastani maschidi HNIT on manoro nadorad, ki azoyoni on kullan az khondani namozhoi bo jamoat dar digar masojidro nadorand. Yane onho metavonand, ki dar digar masochid namozhoi kheshro bikhonand.
    Va dar okhir ba tamomi azoyoni HNIT sabru tahammulro khohonam.

    Comment by Abubakr | 29.11.2010 | Reply

    • Дустам Абубакр, гарчй бо Шумо кисман розй шуда наметавонам, вале барои кадрдониятон ва дуои хайратон муташаккирам.

      Comment by Хонандаи сайти Шумо | 02.12.2010 | Reply

  5. Абубакр, додарам, гап сари бастану набастани масчид нест. Бубин, ки барои бастани масчиди мазкур хукуматиён чи кадар …даррони карданд. Дар баробари ин ахён-ахён мушкилоти доги чомеа аст, ки касе барои халли онхо оби ишкамбаашро намечунбонад. Бигирем, акаллан мушкилоти сохаи маориф ва ба гуфти устод, хамин рохи пулакиро. Аз сабаби он ки касеро гам нест, мушкилотхо руз аз руз зиёд шудан мегиранд, печидатар мешаванд, мисли бемории саратон кор аз кор ки гузашт… окибаташ маълум…
    Бисёр мавкеи хато аст, вакте ба хотири замонасози тамоми амалхои хукуматиёнро “ин амал зарур аст” гуфта бахо додан. Номаъкул кардаанд, ин ягон амали зарури нест. Ин аблахист, ки хадду худуд надорад.
    Устод Салим ташаккур барои андешахои бисёр чолибатон! Вокеан, маколаи ишоракардаатон кушода намешавад. Шояд дар хамин рузномаатон чой кунонед. Хаста набошед!

    Comment by Surush | 30.11.2010 | Reply

  6. Як бародар бо номи Насим инчо мепурсад, чаро аз ХНИТ Устод Аюбзод химоя мекунанд? Албатта Устод чавоби худро доранд, аммо ба фикри банда мо бояд хама аз арзишхои демукроси, аз хукукхои инсон химоя кунем. Вакте аз хукуки як кудак химоя мешавад, хеч кас намепурсад ки ин кудак чи кори хубе кардааст, хама аз ояндаи у умед доранд.
    Аз ХНИТ химоя бояд кард, зеро имруз хизби нахзат шояд ягона хизбе бошад, ки зидди яккатозихои хукумат аккалан садое баланд кунад.
    Абубакр аз алтернатива харф мезанад, аммо маълум ки бо конуни нав, ки озодихои динии мардумро махдуд мекунад, ошно нест. Эътирози ХНИТ танхо ба хотири масчиди хизби нест, балки аз хукуки хар мусулмоне ки мачбур шудааст то 50 – 70 км рохро тай карда намози чумъа биравад, химоя мекунад. Оё мардуми рустохои ки нуфусашон аз хадди нишондодаи ин конуни ихтилофбарангез кам аст, чи алтернативае доранд?
    Хеч як аз аъзои парлумон фикр накард, ки чи кадар вакт, кувват, маблаги халк сарф мешавад. Ё мусафеди 80-солае чи кунад?

    Comment by Юсуф | 30.11.2010 | Reply

  7. Насим ман аз шумо суол дорам, ки оё шумо ва дигарон ба хизби нахзати исломи дар аёми интихобот рай додед?, то вазифаеро дар ихтиёр гирифта бошад баъд иддо кунед, ки хизби нахзати Илосми чи кор кардааст?
    Аввалан рай ба хизби назати Исолми ва гирифтани вазифа баъд интизор.
    Мувафак бошед

    Comment by Камир | 01.12.2010 | Reply

  8. Сиёсат мегуянд кори харом аст, вале афсус, ки дар ватани мо онро аз харомхам харомтар намудаанд. Кош он муборизахои сиёсии бахсталаб ба манфиати факад ин ё он хизб мебуд, вале навори писарчаи кушташудаи кухистониро бо котилу тачовузгараш намоиш додани ТВ1 ин теша ба решаи миллат задан аст. Охир Шумо чи кор карда истодаед? Камтар андеша кардан лозим? Хукумат бе гунох аст, магар? Бе гунох мебуд К+ ро мебаст? Холи точикони дар Руссия бударо ба назар намегиред, ки агар ин наворро ба русси тарчума кунанду дар Россия пахн шавад? Назорати давлатиатон магар кур буд, ки чунин мадрасахою мударисони нобакорро нодида гирифт? Телевизиони оилавии як оила чизеро, ки хохад хамонро нишон додан мегирад? Он харомбозии сиёсие, ки рафта истодааст, шахсан ман худо гуфта истодаам, ки боз ба як чанги бародаркуши мубадал нагардад. “Ба хун омадаем бо хун меравем”-ро хама дар ёд доранд. Аз инкадар вохима кардана хешу таборатро чаъму гир кун, дузду чинояткорони давлатиро чора бин, роххои пулакиро маън кун, хама ахсанат мегуянд, хама ба ту овоз медоданд. Вале афсус, ки айнаки дурбин надорию хам худ ва хам миллатро ба тарсу харрос андохтаи. Ман тарафдори хизби исломи нестам ва агар максад онро нест кардан бошад, кайхо референдум гузаронида масъаларо хал кардан мумкин буд.

    Comment by Radical | 22.09.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: