Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ду нукта дар Wikileaks (Феълан)

Wikileaks аз нав дар дунё ғавғои рӯзи маҳшар бапо кард. Аммо ин бор хеле бузургтар аз ончӣ бори гузашта дар моҳи октябр карда буд. Ва хеле ҷиддитар. Ҳанӯз ҳамагӣ наздик ба 300 номаи махфӣ ва маҳрамона мунташир шуду дар зеҳни мардум таҳаввулоти беназире ҷараён дорад. Қарор аст, 250 000 санад дар дастраси аҳли башар қарор бигирад.

Барои бисёре аз коршиносон ҳукм кардан мушкил аст, ки ифшои асрори ҳукумат то куҷо қонунист ва то куҷо ҷиноят, аммо иқдоми Wikileaks бешубҳа, бисёр чашмҳоро хоҳад кушуд. Албатта, борҳо шунидаем, ки сиёсат касиф аст ва ҳам бузургворе гуфтааст, ки ба мақомот ба таври сарсупурда бовар кардан хиёнат ба хештан аст.

Бояд дид, оё аз ин ифшогариҳо, ки ҳатман ба равобити байни давлатҳо асар хоҳад гузошт, сиёсатмадорон чӣ сабақе хоҳанд гирифт. Оё аз ин пас эҳтиёткор хоҳанд шуд? Оё сиёсат поктар хоҳад гашт? Гуфтан душвор аст.

Дар ин наздик ба 300 санад, ки то 1-уми декабр ба нашр расидаанд, маводи зиёде ба Эрон, Туркия, Русия, Чин, давлатҳои араб ва Аврупо пайванд дорад. Якчанд нома марбути Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистонанд. То ҷое ки онҳоро мутолиа кардам, ду бор номи Тоҷикистон зикр шудааст.

Дар зиёфате ба шарафи шоҳзодаи инглис Эндрю дар Бишкек, рӯзи 28-уми октябри соли 2008, ин шоҳзода ҳангоми сӯҳбат аз Бозии Бузурги Нав дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, ахиран аз раисиҷумҳури Тоҷикистон пурсидааст, ки ба афзоиши нуфузи Чин дар минтақа чӣ назар дорад. Ва гуфтааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора посухе дод, ки «ман наметавонам, онро дар ҳузури хонумҳо такрор кунам.»

Сипас, дар ин санад аз номи шоҳзода Эндрю гуфта мешавад, сарони Осиёи Марказӣ аз нуфузи Русия дар минтақа нигарон нестанд, вале аз афзоиши таъсири Чин норозӣ бошанд, ҳам маҷбуранд, онро бипазиранд.

Ҳоло бояд дид, Чин баъд аз «ҳазм»-и ончӣ дар бораи мавзеъгирияш дар баробари ҳамоиши ду Корея гуфта шудааст, ба ин нукта таваҷҷӯҳ хоҳад кард ё хайр ва оё ҳамчун яке аз бузургтарин сармоягузорони хориҷии Тоҷикистон муносибаташро ба Душанбе бетағйир идома хоҳад дод ё на.

Шояд муҳим аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хотири ҳифзи равобити ҳасана бо ҳамсояе, ки қарор аст, тадриҷан ба бузургтарин абарқудрати ҷаҳон табдил ёбад, суханони шоҳзодаи инглисро рад кунад. Бе ин ҳам ҳазрати Эндрю аз номи дигарон чизҳое гуфтааст, ки на дар рӯи бел меистанд ва на дар рӯи каланд. Хуб, ихтиёр ба ҷаноби раисиҷумҳур аст.

Дар ҷои дигар раиси хадамоти махфии Исроил, Меир Даган, гуфтааст, далелҳое дорад, ки дар ошӯбҳои Ироқ афроди Тоҷикистон, Узбакистон, Сурия ва Яман ширкат доранд. Афсӯс, он далелҳо зикр накардааст. Агар чунин мебуд, аз дигар сарчашмаҳо ҳам кайҳо хабаре берун меомад. Вале аз сӯи дигар, маълум аст, ки Моссад яке аз қавитарин хадамоти махфии ҷаҳон аст ва шояд медонад, чаро барги дарахт меҷунбад. Ба ҳар ҳол, тоҷикон бе ин ҳам дардисари зиёде доранд ва дар Ироқ чизе гум накардаанд.

Муҳимтар аз ҳама чизи дигар, бояд бори дигар ин ҳақиқатро ҳалқаи гӯш кард, ки ҳеч сирре дар дунё ҷовидона маҳфуз нахоҳад монд. Сабақи дигаре барои онҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон “чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.” Дар зимн, Wikileaks гуфтааст, ки дар баробари нашри номаҳои маҳрамонаи бонкдорони Амрико ба ифшои асрори раҳбарони Осиёи Марказӣ ҳам хоҳад пардохт. Худо аз расвоӣ ва шармсории бандагонаш нигоҳ дорад.

30.11.2010 - Posted by | Амният, Амрико, Баҳс, Сиёсат, Таърих, Тоҷикистон |

4 Comments »

  1. Салом
    Холо метавонам хадс бизанам,ки зимомдорони мо ва сиёсатмадорону хукуматдорони мо шояд аз гузориши минбаьдаи Wikileaks нигаронанд….. Ба хар хол офтобро бо доман намешавад пушид ва хамон тур ки фармудед хеч чиз яьне асроре дар дунё абадан боки ва ба таври мастур нахохад монд.Пас;
    Худоё ту он кун саранчоми кор
    Ту хушнуд бошиву мо растагор

    Comment by Фирдавси Аьзам فردوس اعظم | 01.12.2010 | Reply

  2. Устод шояд ин хуччат сарусадое бештаре дар Точикистон баланд кунад. Муаллиф аз Викиликс иктибос меорад:
    “В 2005 году американский посол
    в Таджикистане сообщает в
    Госдеп: “Президент Рахмонов
    может быть беспощадным к
    своим противникам, но
    некоторые противники
    действительно опасны”. Так,
    бывший глава наркоконтроля
    Мирзоев мог угрожать власти
    Рахмонова. Соединенные Штаты
    призвали Рахмонова сместить
    Мирзоева, и он выполнил это
    пожелание”.
    В депешах описываются встречи
    таджикского посла в Вашингтоне
    Х. Зарипова с
    высокопоставленным
    чиновником из Госдепа в начале
    2006 году. После длительной
    беседы, таджикский посол
    обещал исполнить американские
    инструкции по “замене”
    пророссийского Президента
    Рахмонова. По результатам этой
    операции, Х.Зарипов в будущем
    должен возглавить страну. В
    качестве компенсации, США
    лоббировали вопрос о
    назначение Х.Зарипова
    министром иностранных дел
    Таджикистана. Например, США
    требовали от Зарипова, что
    возглавив МИД республики, он
    должен, в первую очередь,
    испортить отношение к России в
    Таджикистане. “Только тогда
    Узбекистан и Россия в этом нам
    помогут”.
    “Проамериканский таджикский
    политик согласился и просил
    сторон соблюдать строгую
    конфиденциальность этой
    встречи во имя исполнения
    стратегически важных задач,
    поставленных перед ним и его
    командой дружественной
    страны- США”.
    Иден КРОН,
    политический обозреватель,
    специалист по Центральной
    Азии и Кавказ.
    Швеция.
    Источник – ЦентрАзия

    Comment by Юсуф | 01.12.2010 | Reply

  3. Приписываемые президенту Азербайджана слова, опубликованные
    “Викиликс”, не отражают действительности – пресс-служба главы государства

    БАКУ, 30 ноября. /Корр. ИТАР-ТАСС Севиндж Абдуллаева, Виктор Шульман/.
    Пресс-служба президента Азербайджана отвергла сегодня информацию,
    распространенную международной организацией “Викиликс” через свой интернет-
    сайт, касающуюся якобы высказанных Ильхамом Алиевым мыслей на его встречах
    с официальными лицами США.
    “Мысли и суждения, отнесенные на сайте к президенту Азербайджана
    Ильхаму Алиеву, не отражают действительности и безосновательны”, –
    говорится в заявлении пресс-службы. В нем подчеркивается, что “эти
    материалы являются открытой провокацией, имеющей целью испортить отношения
    Азербайджана с соседними государствами, создать недоверие между главами
    государств”.
    “В лексиконе президента нет жаргонных выражений, резких и
    эмоциональных оценок, которые изложены на сайте”, – говорится в заявлении.
    В нем также подчеркивается, что “Азербайджанская Республика никогда не
    вмешивалась во внутреннюю политику соседних стран и всегда проводила
    прозрачную политику, служащую сохранению и развитию добрососедских
    отношений с государствами региона”.
    “Президент Азербайджана на всех встречах и в выступлениях открыто
    излагал мысли, продиктованные национальными интересами”, – особо отмечено
    в заявлении пресс-службы главы государства. –0–ад

    Comment by Samandar | 01.12.2010 | Reply

  4. Зарифи дипломатии баланд аз худ нишон дод ва хамакнун дар паи сияхкунии он афтодаанд.

    Comment by mazdo | 01.12.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: