Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Баҳории рафта, барнамегардад, дареғ…

Дирӯз бунёдгузори жанри фантастикаи тоҷик, устод Абдумалик Баҳорӣ, ин ҷаҳонро ба имрӯзиён гузоштанду рафтанд. Дареғо, натавонистам, лаҳзае тобути ин шахси соҳибдил ва нерӯсириштро сари китф дошта бошаму кафи хоки поке ба рӯи қабрашон бигузорам. Ин аст азоби алими фарзандони роҳдур. Ба хона омадаму дуое барои равони эшон хондам ва нишастаму аз умри бобаракати эшон ёд кардам.

Оне ки дар рӯзи Наврӯз (22-юми марти соли 1927) ба дунё омада буд, ҳамон гуна ки баҳор дар зимистон меравад, дар 3-вуми декабри соли 2010 реҳлат кард.

Нахустин чизе ба ёдам расид ин буд, ки соли 1999 аз Прага ба Душанбе занг задам ва телефонӣ сӯҳбат кардем ва Абдумалик Баҳорӣ яке аз чанд тани ангуштшумор буданд, ки пешниҳоди ширкат дар таҳияи таърихи шифоҳии тоҷикон дар садаи бистумро қабул карданд ва гуфтанд, агар ман мақсадро ҷузъитар баён кунам, он кас метавонанд, пешопеш хотираҳои худро варақгардон кунанд ва ба сӯҳбат омода шаванд.

Ин тарҳи “Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум” буд, ки бисёре аз адибону олимон, ки имрӯз сару садояшон оламро гирифтаасту таърихро доварӣ мекунанд, он вақт “э монед, мабодо ягон чизи нодуруст нагӯям, замона нотинҷ…”—мегуфтанду аз изҳори назари хеш сарпечӣ мекарданд ё росташро гӯям, метарсиданд, ки мақомоти давлатӣ аз онҳо эрод нагирад, чаро бо Радиои Озодӣ дар тамос шудӣ ва ё чаро ину он ҳақиқатеро ба забон овардӣ.

Устод Баҳорӣ низ, албатта, замонаи мӯҳликро бо ҳар ҳуҷайраи дили ҳассоси хеш ба хубӣ дарк мекарданд, хонаашон ҳам дар маркази шаҳр ва маркази муштзӯриҳои замона буд, аз бисёр чиз огоҳ буданд, вале гуфтугӯ бо як расонаи хориҷиро рад накарданд, баракс гуфтанд, ин кори хубест, бояд неку баде, ки мардуми тоҷик ба сар бурд, сабт шавад, барои таърих бимонад. Баҳорӣ дар баёни андешаҳо худ аз касе сари тарс надоштанд ва танҳо аз инсофу виҷдону адолат кор мегирифтанд.

Наворҳои зиёди сӯҳбатҳои устод Баҳорӣ як бахши тилоии бойгонии мананд. Аз он гуфтугӯҳои дурудароз ва пурэҳсос бахше дар барномаи радиоӣ ва сипас китоби “Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум” дар соли 2002 ба нашр расид. Нақли устод дар бораи рӯзи пахши хабари марги Иосиф Сталин, раҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ фазо ва рӯҳияи он рӯзи Душанбеи азизашро тасвир мекард:

“Тамоми шаҳр дар ғаму ғусса афтод, чунки мо дар шахси вай раҳбари партия, раҳбари давлат ва ғамхори мардумро медидем. Мо бисёр дар ҳарос афтода будем, ки ин хел одами бузург вафот карда бошад, ҳоли мамлакат чӣ мешавад?”

Дар ҳамин барнома лаҳзаҳое баъд порчаи дигари сӯҳбатҳои Абдумалик Баҳорӣ дар бораи тағйири куллии афкори рӯшангарон пас аз интиқоди ҳизбии сиёсатҳои Сталин садо медиҳад.

“Нутқи пинҳонии Никита Хрушчев дар анҷумани пӯшидаи ҳизб аввал дастраси ҳама набуд. Фақат дар ташкилотҳои ҳизбӣ ҳизбиён онро мехонданд. Аҳолӣ аз он хабар надошт. Сонӣ, тадриҷан, даҳон ба даҳон ин маълумот дар байни мардум ҳам паҳн шуд ва Маскав ҳам тасмим гирифт, ки онро нашр кунад. Рости гап, аввал ҳама ба нукоти ин маърӯза шубҳа карданд. Гумон карданд, ин тӯҳмати маҳз ва ё натиҷаи хусуматҳост. Аммо зина ба зина рӯшан шуд, ки дарвоқеъ хатоҳои зиёде низ рӯй додааст. Ва хусусан, воқеъаҳои мудҳиши соли 1937-ро ҳама нoмбар мекард. Зиёиёнеро ёдоварӣ мекардагӣ шуданд, ки баноҳақ, ба тӯҳмат қурбон шудаанд.”

Дар сӯҳбатҳои баъдӣ устод Баҳорӣ аз фосид шудани сиёсати Ҳизби коммунист ва ба рукуд гароидани ҳаёти мамлакат, сонсур дар адабиёт ва матбуот сухан кард. Аммо пеш аз инҳо бо самимияти хосе аз овони ҷавонии худ нақл кард, ки ба солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум (1941-1945) рост омад. Вай аз худфидоӣ ва садоқати мардуми ақибгоҳ гуфт ва ҳам ба ҷанг рафтани ягона бардораш, ки хеле дӯсташ медошт. Сипас, аз Рӯзи Ғалаба, ки барои ҳама шодию фараҳ овард, аммо барои хонадони ӯ андӯҳи ҷовидона – ягона акояш аз ҷанг барнагашт ва ба ҷои ӯ хатти сегӯшаи сиёҳ омад…

На ҳамаи сӯҳбатҳои устод Баҳорӣ дар ин барнома истифода шудаанд, вале бисёре аз андешаву бардоштҳои ӯ дар таъини масири барномаи мо таъсири амиқ доштаанд.

Пеш аз ин сӯҳбатҳо, ҳанӯз дар соли 1995 низ бо устод Баҳорӣ телефонӣ ҳамсӯҳбат шудаам, зеро он кас мехостанд, ба собиқ раҳбари Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, Музаффар Орифӣ (Маркиел Дониёл) – ҳамсоя ва ҳамкори пешинашон паём фиристанд. Баҳорӣ Дониёлро дӯсти деринаи худ медонист ва аз ӯ хоста буд, барояш даъватномаи сафари Амрико фиристад. Зоҳиран соли 1995 даврае буд, ки Баҳорӣ аз вазъ дар Душанбе шадидан дилтанг шуда буд ва мехост, муддате барои як нафас ҳавои тоза ба “берун” равад. Дӯсти дерина шояд натавонист, ин муроди Баҳориро бароварда созад.

Дертар, ман боз бо устод дар тамос шудам ва ба шубҳаи худ бовар кардам. Мегуфтанд, аз ҳолу ҳавое, ки дар Душанбе ҳоким шудааст, нафастанганд ва  бад нест, агар як-ду ҳафтае дуртар аз ин ҷо бошанд. Гуфтам, намехоҳанд, як раҳ аз Чехистон дидан кунанд. Устод гуфтанд, медонанд, ки дар он ҷо тоҷикшиноси бузург Иржи Бечка ба сар мебаранд ва чанд матлабе дар бораи осори Баҳорӣ навиштаанд ва дидани эшон хости дил аст.

Аммо замоне, ки тадорук дидам, то асбоби сафари эшонро фароҳам орам, гуфтанд, хости эшон як заъфи лаҳзагӣ будааст ва гумон надоранд, берун аз Душанбе, шаҳри маҳбубашон, вақташон хуш гузарад. Инро ҳам гуфтанд, ки саломатияшон ба сафари раҳи дур имкон намедиҳад. Ду устод – Баҳорӣ ва Бечка дертар дар моҳи сентябри соли 2002 дар Душанбе дар муаррифии китоби “Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум” ҳамдигарро мулоқот карданд.

Дар он ҳамоиш сӯҳбатҳои зиёде шуд. Устод Баҳорӣ ҳам таассуроти худро аз китоби нав, ки худ яке аз ҳаммуаллифонаш буданд, нақл карданд. Сипас, аз кору рӯзгор гуфтанд ва як хушгӯии он кас дар ёди бисёриҳо монд. Гуфтанд, ҳар чизе шуду нашуд ва ё хоҳад шуд, чорае нест, тақдиру қисмат ҳамин, вале мо бояд кор кунем, талош намоем, ба мардуми хеш мадад расонем. Баъд гуфтанд, “мо, зиёиён, имрӯз худамон — фидоӣ ва меҳнатамон худоӣ” аст, дар роҳи Худо ва халқ. Ишора ба он буд, ки заҳмати зиёиён дигар қадру қимате надорад, аммо муҳим аст, чун ба хотири мардум аст.

Зоҳиран ин навиштаи ман сафаре ба гузашта шуд, пас ҳоло ба он ҷо бирасам, ки устод Баҳорӣ аз аввалин ҳикояи ман – “Охирин одами шаҳр” хурсанд шудаву ба Иттифоқи нависандагон пешниҳод карданд, маро ҳамчун навқалами жанри фантастика ба давраҳои омӯзишии адибони ҷавон ба Дубултаи Литва фиристанд. Ман аз ин сӯҳбатҳои паси парда хабаре надоштам. Котибаи раиси Иттифоқи нависандагон, Мӯъмин Қаноат, ба ман занг заду ин пешниҳодро расонд ва маро шод кард. Маҳз ӯ ва дертар нависандаи фантаст Адаш Истад ба ман гуфтанд, ки ин пешниҳоди Баҳорӣ будааст. Вале чун он вақт дар иттифоқ Қаноат ба ном раис буду ҳама корро Минел Левин дар даст гирифта буд, ба ҷои ман ба Дубулта як хонуми русзабон фиристода шуд. Хуб, бигзарем, сӯҳбат на аз ман, аз Баҳорист.

Эшон бисрёр мехостанд, сафи нависандагони фантаст афзоиш ёбад. Ҳатто вақти дидор дар Душанбе дар соли 2002 гуфтанд, гӯё ман ҳатман достонҳои тахайюлии зиёде навиштааму намехоҳам ба чоп расонам.

Дарвоқеъ, ончӣ навишта будам, дар таъсири бевоситаи осори Баҳорӣ буд. Нахустин бор, ҳанӯз кӯдаки матабхон қиссаи шавқангези “Занбӯри айнакдор”-и Баҳориро дар “Садои Шарқ” хонда будам. Баъд “Аҷоиботи Нодар” маро моту мабҳут карда  буд. Баъзе аз бахшҳои онро чандин бор хондаам. Достони “Сунбула”-и устод дар соли 1974 ба нашр расид ва барои харидани он чаҳор дафъа ба маркази ноҳия рафта  будам.

Ба эътиқоди ман, нависандаи тоҷик, Абдумалик Баҳорӣ нахустин шасхе дар ҷаҳон аст, ки пеш аз Айзек Азимов, Рей Бредберӣ, Артур Кларк, Курт Воннегут ва фантастҳои дигар эҳтимоли робитаи бесими телефонӣ, ҳамин мобайлҳои имрӯза, ҷарроҳии пластикии симо ва бадани инсон, эҳтимоли нусхасозӣ аз инсон, яъне ончӣ имрӯз “клон” номида мешавад, ҳанӯз дар солҳои 1970 пешгӯӣ кардааст. Аммо ба иллати он ки асарҳои он кас сари вақт ба инглисӣ баргардон нашудаанд, имрӯз ин ҳарфро ба хориҷиён гӯед, бовар намекунанд.

Як пешгӯии дигари Баҳорӣ ин аст, ки бошандагони сайёраҳои дигар мумкин аст, ба сокинони Замин монанд набошанд. Дар осори эшон меҳмон аз галаксии дигар симои Занбӯри айнакдорро дорад. Ҳангоме ки ӯ ба забони худ сухан мегӯяд, дастгоҳе дафъатан ҷумлаҳои ӯро ба забони шунаванда тарҷума ва талаффуз мекунад. Аз рӯи шунидам, имрӯзҳо олимони Ҷопон дар офаридани чунин дастгоҳ муваффақ шудаанд. Дар достони “Аҷоиботи Нодар” баракс заминиҳо ба сайёраи дигар сафар мекунанд ва аз вазъ дар он ҷо ба ҳайрат меоянд. Устод Баҳорӣ дар намунаи сайёари Нодар мушкилоти зиндагии мардуми худро тасвир кардаанд.

Жанри фантастика имкониятҳои фаровоне медод, ки бо баҳонаи тасвири ояндаи дур ё ҳаёт дар сайёраи дигар дарду ғами имрӯзаи мардуми худро баён кард. Аз сӯи дигар он ҷавононро дар рӯҳи омӯзиши техника ва фанновариҳои нав, кашшофӣ ва ихтироъкорӣ, нуҷуму ситорашниосӣ ва монанди инҳо парвариш медод. Дар зимн, айнаки Занбӯр ҳамзамон дурбини наворбардорест, ки ҳамаи диду боздидҳои ӯро забт мекунад.

Ин ихтироъҳои зеҳни борикбини устод Баҳорӣ чизҳое ҳастанд, ки ҳамин ҳоло ба ёдам омаданд. Нигоҳ ба осори адабии эшон сӯҳбати дигарест, ки ба вақти дигар идомааш хоҳам дод. Имрӯз фақат хостам, дуое ба рӯҳи поки эшон бифиристам. Инна иллаҳу ва инна алайҳи роҷеун. Равонат шод ва хонаи охиратат обод, устоди азиз.

04.12.2010 - Posted by | Адабиёт, Сарнавишт, Таърих, Тоҷикистон, Фарҳанг |

11 Comments »

  1. Руҳаш шод! Сипосгузорем устод Аюбзод!

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 04.12.2010 | Reply

    • Илохо, омин! Коре накардем, дарег.

      Comment by aioubzod | 07.12.2010 | Reply

  2. Ташаккур ба Шумо, ба фикрам бехтарин навишта дар бораи Абдумалик Бахори дар ин хафта ин хотироти Шумо аст.

    Comment by Sherali | 04.12.2010 | Reply

    • Саломат бошед, азизам. Ба ман куввати дил додед.

      Comment by aioubzod | 07.12.2010 | Reply

  3. Сипоси фаровон, ки Шумо пайваста дафъатан пас аз даргузашти азизон аз онхо ба неки ёд мекунед, ки ин амр яке аз рисолатхои Инсон аст, сарбаланд бошед!
    Чун Шумо ёднома ва таассуроти хешро аз зиндаги ва осори ахли адаб, илм ва сиёсат, ки хамаги чехрахои мондагори халки мо хастанд, зиёд ракам кардаед (Мухаммадзамони Солех,Тохири Абдучаббор, Мухаммадрахими Сайдар, Искандари Хатлони, Фаррух Косимов, Курбонали ва г) пешниход аст, ки онхоро чамъ оваред ва дар шакли китоб мунташир созед. Албатта, бо илова, бознигари ва веростории лозим, чун хамаи ин навиштахо чунонки гуфтам, ба таври очили иншо шудаанд ва шояд боз харфхои гуфтани дар боби онхо доред, ки ба иллати тангии вакт ва ё сабаби дигар ба навиштахоятон ворид нашудаанд! Хатман дар ин хусус биандешед! Тавфики Худованд ёратон ва ёди азизон мададгоратон бод!
    Ва аммо: агар фаромуш накарда бошам, “Об аз кучо меояд” кисми аввали киссаи Аминчон Шукухи аст дар бораи ду писарбача -Асад ва Самад ва низ дар мачаллаи “Машъал” (ё “Пионери Точикистон”?!) чоп шуда буд! Агар чунин нест, маъзарат мехохам!

    Comment by Кодири Рустам | 06.12.2010 | Reply

    • Шукргузорам, ки хонандае мисли Шумо сар ба ин кошона мезанад. Вокеан, иштибох аз ман аст, ки асари Шукухиро ба Бахорй нисбат додам. Афсус, ин чо маъхазе надорам, ки дакик кунам ва дар интернет хам дар ин бора чизе наёфтам. Аммо хатман иттилоъро дакик хохам кард.

      Бале, мехохам, таассуротеро, ки аз инсонхои нек бардоштаам, дар чое барои худ ва дигарон бигузорам ва онхоро фаромуш накунам. Ин сарманзил як хубие дорад, ки метавон хар гаху ногах ба ин навиштахо баргашт ва онхоро такмилу веросторй кард.

      Агар ношири гавхаршиносе ёфтам, хатман гулчине аз навиштахоро пас аз тахкику веросторй дар шакли китоб интищор хохам дод. Бастагй ба ноширон дорад.

      Сарбаланд бошед!

      Comment by aioubzod | 07.12.2010 | Reply

  4. Устод Бахори бешак барои ривочи тахайюли фаннии хонандагони асархои худ хизмате бузурге кардаанд. Ба назму драматургия низ алокаманд буданд. Мазхакаи эшон “Фармони Кадушох” хеле пардапушона бошад хам, дар замони Шурави ба мансабхои баландтарин расидани мансабпарастони бехирадро масхара мекард, яъне хадафаш на замони феодали, балки замони Шурави буд. Коргардон аз тарси чони худ онро ба буффонада табдил дод, аммо тахтулматни онро хира карда натавонист. Сипас ин спектакл умри дароз надид. Кош коргардоне пайдо шаваду онро аз нав ба сахна гузорад.

    Ба мухлисони Бахори хамдардии хешро иброз медорам.

    Comment by Адаш ИСТАД | 06.12.2010 | Reply

    • Сипосгузорам аз устод Адаш барои ин иловаи бамаврид. Аслан аз корхои устод Бахорй танхо чанд нукта номбар шудааст, ки сари навиштан ба ёдам омад. Дертар ин навиштаро такмил хохам дод.

      Умедворам, ёдномаи Шумо дар бораи он кас адхо бор чолибтар хохад буд, зеро он касро ба мартиб бехтар мешинохтед ва хамнишину хамкорашон будед.

      Comment by aioubzod | 07.12.2010 | Reply

  5. Мо бо китобхои Абдумалик Баҳорй калон ва китобхон шудем. Сухан бисёр аст. Вале холо хамин кадар гуфта метавонам, ки рухаш шод бошад.
    Ба ахли хонаводааш ва мухлисони осораш ин талафотро таслийят мегуям.

    Comment by Мунаввар | 07.12.2010 | Reply

    • Саломат бошед. Умедворам сари фурсат лутф бикунеду аз он суханхои бисёр бинависед. Мо меравему суханхо мемонад.

      Comment by aioubzod | 07.12.2010 | Reply

  6. Рухатон шод бод устоди азиз А. Шукухи. Дар бораи хаёту эчодиёти устод Аминчон Шукухи маълумоти бисёртаре дихед илтимос азизон.

    Comment by Хоким | 30.03.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: