Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ҳабиб Саид: “Мо зодагони ишқем…”

Худнамоӣ ба бисёре аз блогҳо хос аст, вале торнигори тоҷикиву русии нависандаи тоҷик Ҳабиб Саид бештар оламнамоӣ дорад, то шиносоӣ ва таъкид бар ҳувияти худаш. Аммо, албатта, ботини зебои ӯ, муҳаббати бекаронаш ба Тоҷикистон дар ҳар навиштааш худ ба худ ҳувайдо мегардад. Шиори блоги ӯ ин аст: “Мо зодагони ишқем, мо худи ишқем ва ба оғӯши ишқ меравем.” Андарзи як сӯфимашраби муосир.

Зодаи Душанбе — Ҳабиби Саид дар зиндагии худ пешаҳои зиёдеро озмудааст. Вай кафшергар, геолог, муҳандис, сипас корманди рӯзнома ва шореҳи сиёсии радио буд. Соли 1992 китоби ӯ “Одамсуратон субҳидам пайдо мешаванд” ба нашр расид, ки маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳ, новелла, мазҳака ва ҳикояҳои тахайюлист.

Бархе аз мақолаҳои ӯ дар бораи эҳтимоли мавҷудияти ҳаёт дар сайёраҳои дигар ва фазоҳои параллелӣ, ғул ё одами барфӣ дар матбуоти Русия ба нашр расидаанд. Ба забонҳои русӣ ва форсӣ менависад.

Ҳабиби Саид дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте ки се сол пеш блогнависиро сар кард, гумон надошт, ин кор ба як шуғли доимии ӯ табдил меёбад. Аввал мехост, бархе аз навиштаҳои хешро мунташир кунад ва бигзор дар паҳнои интернет ҳар касе ки бо онҳо вомехӯрад, бихонаду бидонад, ки дар дунё касе ҳаст бо номи Ҳабиб Саид ва ин шахс чӣ андешаҳо, чӣ орзуву ормон дорад.

Аммо як навиштааш дар бораи шаҳри Душанбе, шаҳре, ки акнун наздик ба 20 сол мешавад, онро тарк кардаасту лек гӯё лаҳзае аз он дур набудааст ва ҳар шаб кӯчаву гулгаштҳояшро ба хоб мебинад, ин қадар вокунишҳои гарму ҷӯшонеро ба бор овард, ки вай дигар натавонист, блогнависиро давом надиҳад.

Ин ҷо Ҳабиб Саид самимитарин суханонеро дар бораи ватанаш навиштааст ва бо нигоҳе ба аксҳои сершумори он метавон гӯё соатҳо дар хиёбону боғҳои Душанбе сайругашт кард. Вай мегӯяд:

“Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки даҳҳо русҳо, ки низ худро фарзандони Душанбе мешуморанд, ба ин навиштаи ман посух доданд. Онҳо бо меҳру муҳаббат аз Душанбе, мардумони дилкушод ва неки он, зиндагиашон дар канори ин шаҳри офтобӣ навиштанд ва аз ман ташаккур карданд, ки дар бораи шаҳрашон навиштаам. Албатта, чанд номае ҳам буд, ки нависандагонашон ба лаҳни тақҳир ба навиштаи ман посух додаанд. Аммо инҳо хеле каманд, аксарияти русҳо аз Тоҷикистон ва Душанбе ба некӣ ва ҳасрат ёд мекунанд ва барои мардуми тоҷик хушбахтӣ орзу мекунанд.”

Дар ин сӯҳбат ба Ҳабиби Саид гуфтам, оё худро дар ҷомаи як сафири фарҳангии Тоҷикистон дар Русия ҳис намекунад, дафъатан рад кард.

“Не, ман ягон хел сафир нестам, фақат вазифаи худ медонам, ки дар бораи Тоҷикистон дар интернет маводи хуб бештар ба табъ расад. Вақте одамон ба иттилоъ дастрасӣ ёбанд, ҳатман ошиқи Тоҷикистон мешаванд. Мутаассифона, дар бораи Тоҷикистон дар интернет мавод хеле кам аст ва дар торнамову торнигорҳои русӣ аксаран назари манфиро мебинем. Ман мехоҳам, назари одамон ба ватани ман на мусбат ё манфӣ, балки ҳақиқӣ бошад. Бадбахтона, бо сабаби ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон шуд ва ҳам ба иллати рафтори баъзе аз ҳаммиллатони мо дар Русия моро дар матбуоти ин кишвар асосан ба ранги сиёҳ нишон медиҳанд.”

Ҳабиб Саид бо бародаронаш дар шаҳраки Кувандики Урали Ҷанубӣ ба сар мебарад ва дар ин ҷо корхонаи хурде дорад. Аммо фурсат меёбад ва блог менависад. Як навиштаи дигари ӯ ба пешгӯиҳои соли 2012, поёни даври панҷуми ҳаёти тамаддуни ориёӣ ва гузор ба давраи нав бахшида шудааст.

Агар ба блоги Ҳабиб Саид таваҷҷӯҳ пайдо кардед, ин ҷумларо “ангушт” занед: “Мо зодагони ишқем, мо худи ишқем ва ба оғӯши ишқ меравем.”

Бояд афзуд, дар торниигори ишқ андар ишқи ӯ хонданиҳо ва диданиҳои зиёде пайдо хоҳед кард ва ҳам ин навишта нахуст дар “Блогистон”-и Радиои Озодӣ ба табъ расида, умедворам, блогнависони дигар ва нашрияҳо онро бознашр хоҳанд кард. Чанд акс аз торнигори Ҳабиб Саид:

06.12.2010 - Posted by | Адабиёт, Ватан, Инсон, Китоб, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳунар |

1 Comment »

  1. Бо салом ба устоди заки Салими Аюбзод!
    Бешак хадамоти Шумо дар таргибу муаррифии чехрахои маьруфи кишвар бузург аст ва ин кобили тахсину ситоиш аст.Фикр мекунам чаноби Хабиб Саид аз Мавлоно иттилои комил доранд, чун ба фикрам Мавлоност,ки бо ин шуридахоли мегуяд:

    Ишк аст тарику роху пайгамбари мо
    Мо зодаи ишку ишк шуд модари мо
    Эй модари мо нухуфта дар чодари мо
    Пинхон шуда аз табиати кофари мо

    Ва ман низ дар пайрави бо ин рубои чанде аз чахорпора эхчод кардам.Бо умеди пирузии Ишк!

    Ишк чун рохе ба суи кибриёст
    Ишк парвозе ба даргохи Худост
    Медихад аз рушаноихо паём
    Ишк пайгомоваре чун Мустафост

    Оламе андар мани кучак нихон
    Оламе аз бекарон то Човидон
    “Ганчи асрори илохи Одам аст”
    Офаринишро хаме аз Ишк дон

    Нихонам рамзу рози осмонхост
    Нишонам аз нишони бенишонхост
    Ман он мурги самоиям на хоки
    Ки парвоз аз карон то бекаронхост

    Гахе афришта гах шайтонсириштам
    Гахе бар дузаху гах дар бихиштам
    Гахе хубам, гахе бад, гох нокас
    Чун инсонам зи руи сарнавиштам

    Ишкро хокиву афлоки махон
    Ишкро сарчашмаи олам бидон
    Мучиби назму низоми ин чахон
    Ишк бошад , ишк бе шарху баён.

    Ишк худ бахрест бахри бекарон
    Вусьаташ аз хок то бар Кахкашон
    Ошикеро гуфтамаш ин ишк чист?
    Гуфт ишкро ишк месозад баён

    Comment by Фирдавси Аьзам فردوس اعظم | 07.12.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: