Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Кӣ занад теша ба решаи хеш?

Касеро дидаед, ки теша ба пойи худ занад? Вақте мегӯянд, Амрико худ асноди махфияшро ба воситаи торнамои Викиликс фош кардааст, ман ба ёди ҳамин гуна шахс меафтам. Албатта, тасодуфан теша ба пойи хеш задан мумкин аст, аммо танҳо ландаҳур метавонад шохеро бибурад, ки бар он нишастааст.Чизи дигарро ҳам пай бурдам. Онҳое ифшогариҳои Викиликсро кори дасти худи Амрико меноманд, ки асноди фошшударо мутолиа накардаанд ва ё дар бораи онҳо маълумоти хеле кам ва умумӣ доранд.

Шахсан ман бовар намекунам, ки Амрико бо ин роҳ хоста бошад, ақидаи ҳақиқияшро дар бораи умури ҷаҳон баён кунад. Ягон зарурате ба ин дар миён набуда.

Шояд рӯйдод ин қадар боварнакарданист, ки чунин андешаҳо ба миён омадаанд. Магар давлати муқтадире монанди Иёлоти Муттаҳида натавонистааст, асрори худро махфӣ дорад?

ТЕРРОРИЗМИ ИТТИЛООТӢ?

Набояд фаромӯш кард, ки мо дар давраи наве ба сар мебарем ва даст ёфтан ба гӯшаву канори шабакаи ҷаҳонии интернет барои мутахассисони варзидаи фанновариҳои иттилоотӣ душвор нест.

Чанд моҳ пеш аз оғози достони Викиликс буд, ки шахсе роҳи вуруд ба пусти электронии садҳо сафоратро дар интернет паҳн мекард ва дар номааш шеваи вуруд ба имейли сафирону вазиронро меомӯзонд. Дар Ютюб ба таври рӯшан роҳҳои шикастани торнамоҳои давлатӣ нишон дода мешавад. Биноан, барои касоне ки хуш ва вақти фаровон доранд, ворид шудан ба мукотибаи махфии дигарон мушкилие нахоҳад дошт.

Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷозеф Байден гуфт, кишвараш дар пайи омӯзиши роҳҳои муҷозоти Викиликс аст. Вай Ассанҷро ба “террористи фанновариҳои иттилоотӣ” ташбеҳ дод, ки бо роҳи нашри маълумот ҳаёти инсонҳоро ҳадаф қарор додааст.

ОЗОДИИ ҶУЛИАН АССАНҶ

Шоми панҷшанбеи 16-уми декабр бунёдгузори Викиликс, дар ивази зиёда аз 300 000 доллар гаравпулӣ аз ҳабс озод шуд ва ваъда кард, ки на танҳо кори худро идома хоҳад дод, балки бегуноҳияшро дар робита ба иттиҳомоти озори ҷинсӣ исбот хоҳад кард.

Шаҳрванди 39-солаи Австралия, ки барои ифшои садҳо ҳазор номаи махфии Иёлоти Муттаҳида як моҷарои байнулмилалии дипломатиро ба вуҷуд овард, 9 рӯзро дар маҳбас ба сар бурд, аммо тарафдоронаш мегӯянд, айбномаи ҳамлаҳои ҷинсӣ дар Шведсия ба муқобили Ассанҷ ангезаҳои сиёсӣ доранд.

Ассанҷ аз низоми адлияи Британия изҳори сипос кард ва гуфт, “ҳарчанд адл на ҳамеша ҳалкунанда аст, дастикам хуб аст, ки ҳанӯз намурдааст.” Додгоҳ ҳукм кард, ки вай бояд дастпонаи электронӣ дошта бошад, ки ҳамаи ҳаракати ӯро ба полис хабар диҳад ва худаш ҳар шом аз мавқеияти хеш ба полис иттилоъ диҳад. Шиносномаи Ассанҷ ҳам дар дасти полис боқӣ хоҳад монд.

ШУБҲАИ ҲУҚУҚШИНОСОН

Дар ҳоле ки Ассанҷ худ баъд аз хабари иттиҳомоти Шведсия хештанро ба полиси Лондон таслим кард, додгоҳ бино бар қонунҳои Иттиҳоди Аврупо ҳаққи истирдоди ӯ ба Шведсияро надорад, зеро ҳанӯз дар Шведсия парвандаи Ассанҷ муҳокима нашуда ва айбнома дар додгоҳ исбот нагаштаву ҳукми додгоҳ дар бораи гунаҳкор будани Ассанҷ садо надодааст. Танҳо баъд аз эълони ҳукми додгоҳ Британия маҷбур хоҳад буд, ки Ассанҷро истирдод кунад.

Ҳуқуқшиносони аврпуоӣ мегӯянд, дар айни ҳол мақомоти Британия танҳо ин вазифаро дар дӯш доранд, ки Ассанҷро бино бар дархости муфаттишони шведӣ бозпурсӣ кунанд ва ё шароити бозпурсии Ассанҷ аз тарафи ин муфаттишонро фароҳам оранд.

Аз ин лиҳоз бархӯрди додгоҳи Лондон ба Ассанҷ, ба ақидаи ҳуқуқшиносон, дастикам шубҳаовар ба назар мерасад. Ҳам нигаҳдошти 9-рӯзаи ӯ дар маҳбас ва ҳам ҳукми гаравпулии гарону шартҳои сахти озодии ӯ.

Мақомоти давлатии Иёлоти Муттаҳида, Британия ва кишварҳои дигар Викиликсро айбдор мекунанд, ки амнияти сарбозон ва давлатмардони онҳо ва ҳамчунин амнияти миллии ин кишварҳоро зери хатар гузоштааст.

ТОҶИКИСТОН ДАР ВИКИЛИКС

Онҳое ки мегӯянд, ифшогариҳои Викиликс аҳамияте надоранд, ғалат мекунанд. Агар ин иттилоъ беаҳамият бошад, барои ягон кишвар зарур нест, хадамоти ҷосусӣ дошта бошаду талош кунад, бидонад, ки дар диду гуфтушунидҳои давлатӣ ё байнидавлатӣ чӣ мегузарад ва ин ё он ҳукумат чӣ сирру асроре дорад.

Баъзе кишварҳо ҳатто шояд даҳсолаҳо даркор доранд, то ними он асрореро, ки дар номаҳои Викикликс омадааст, худ бо заҳмати хеш ба даст оранд. Дуруст аст, ки ин номаҳо шадидан ба манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида зарба мезананд, кори дипломатҳои онро ба маротиб сангинтар мекунанд, аммо барои кишварҳои дигар дар ҳавзаи равобит бо Амрико ва кишварҳои дигар, аз ҷумла ҳамсоягони худ маводи зиёде медиҳанд, ки нархи онҳо ҳанӯз идрок нашудааст.

Дар бораи якчанд санаде, ки марбут ба Тоҷикистононанд, бисёриҳо навиштаанд ва банда ҳам матлабе дар ин бора доштам. Он ҳамон шабе, ки Викиликс 7 санади навро мунташир кард, бо шитобзадагӣ навишта шуд, аммо, зоҳиран, хонандаи зиёд дошт. Онҳое, ки ин матлабро надидаанд, метавонанд бо “ангушт задан” ба ин пайвандак вориди торнамои “Озодӣ” шаванд ва онро бихонанд.

990 БАРҚИЯ АЗ ДУШАНБЕ

Ҷамъан дар бораи Тоҷикистон то ин дам ҳамагӣ 9 санади Викиликс нашр шудааст. Ҳол он ки, ба гуфтаи Ассанҷ, 990 санади пайваст ба Тоҷикистон ба дасти ӯ афтодааст. Бояд интизор буд ва дид, он 981 санади дигар чиҳо дорад.

Аз асноде, ки мунташир шуд, агар баъзе “зиёдаравиҳо”-ро тарҳ кунем, дар бораи фарояндҳои геополитикӣ ва ҳақиқати равобити Тоҷикистон бо Русия ва Амрико маводи зиёде гирифтан мумкин аст. Бояд ба асноде, ки аз Тошканд ба Вошингтон фиристода шудаанд, низ мутаваҷҷеҳ буд, зеро он ҷо низ маводи зиёде дар бораи равобити Узбакистон бо Тоҷикистон, Амрико, Русия, Афғонистон, Қазоқистон ва ғайра метавон ба даст овард.

ВОҚЕЪИЯТИ НАВ

Ассанҷ мегӯяд, ин мавод башарро ба самти бознависии таърих таҳрик хоҳад дод. Дар ҳоли ҳозир исботи ин суханони ӯро дидан мушкил аст. То ҳоло санадҳои нашршуда шубҳаву гумони моро тасдиқ карданд ва дар бораи чизҳое, ки медонистем, баъзе ҷузъиёти ҷолиб илова карданд. Аммо таърих дар ин росто ҳанӯз ниёзи ҷиддӣ ба бознависӣ пайдо накардааст. Шояд, вақте ҳамаи мавод ба дасти мардум расид, чунин зарурат ҳувайдо гардад.

Вале як чиз мусаллам гашт, ки Ассанҷ як воқеъияти наверо ба вуҷуд овард, ки ба журнализм ва сиёсат таъсири муҳим хоҳанд дошт. Журналистону таҳлилгарон акнун бояд дар назар дошта бошанд, ки ҳарчанд баъзан воқеъиятро хеле хуб дарк мекунанд ва бо камтарин бӯе аз ҳақиқат, манзараи боқимондаро тасвир менамоянд, баъзан навиштаҳои онҳо дар баробари воқеъият содалавҳона намудор мешаванд.

Сиёсатмадорон бори дигар бовар карданд, ки ҳеч сирре дар ин дунё ҷовидона пинҳон намемонад ва беҳтар аст, дастикам бо мардуми худ ростқавлу росткор буд, то пеши чашми онҳо ва дар сафҳаҳои таърих расво ва шармсор боқӣ намонд. Ва аз ин ба баъд сухан бо эҳтиёт гуфту қадам бо эҳтиёт ниҳод.

19.12.2010 - Posted by | Амрико, Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон |

2 Comments »

  1. Бале, устод! Кулах афтиду сар во шуд! Шояд бо лутфи Худованд замони Адл дорад фаро мерасад. Дигар онхое, ки гумон доштанд ресмони такдири Замин дар дасташон аст, хоханд дарёфт, ки
    Худо кишти он чо ки хохад барад,
    Агар нохудо чома бар тан дарад.
    Аммо як чиз шубхабарангез аст, ки чаро аз фасод ва хиёнатхои сионизми чахони чизе намехонем? Викиликс аз ин хусус чизе надорад ё матбуот аз чопи он худдори кардаанд ва ё мо бехабарем?
    Мунтазири чопи хабархои дигар аз Точикистон хастем, устод.
    Дасти Шумо дард накунад.

    Comment by Farid | 20.12.2010 | Reply

  2. Ба ин гуфтахо чои бахс нест. Дар матбуботи Душанбе низ дар бораи Ассанч ва корнамоихои у хеле зиёд гуфтанд. Дар мавриди кори дасти ИМА будан, ё набуданаш як нафар назари хубе додааст. Гуфтааст, агар Ассанч маводе нашр кунад, ки вобаста ба Хадамоти чосусии ИМА ё худ ЦРУ бошад, пас бегумон он шубха бархам мехурад, ки кори дасти ИМА нест. Аз ин ру хеч гуфта намешавад, ки кори дасти ИМА хаст ё на!
    Худи Ассанч инсони одияк нест, ки ин маълумотхо муфт ба дасти у омада бошад. Дур нест, ки роз ифшо нашавад:)

    Comment by Абдуазими Абдуваҳҳоб | 23.12.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: