Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дар ҳошияи як вокуниш

Кам иттифоқ меафтад, ки вокуниши хонанда бароям ба дараҷае писанд ояд, ки хоста бошам, зераш имзои худро гузорам. На, майл надорам, касеро наҳ ё таън занам, аммо, росташ, вокунишҳо ғолибан маро дилсард мекунанд. Ҳарчанд инро ҳам бигӯям, ки дар солҳои 1999-2000, вақте радиои Озодӣ нахустин бор торнамои хешро дар шабакаи ҷаҳони интернет фаъол кард, касе вокунише наменавишт.

Ҳатто солҳои баъдаш ҳам мо матолиберо мунташир мекардем ва ҳамзамон нишонии торнаморо ба воситаи пусти электронӣ ё имейл ба даҳҳо нафар мефиристодем, то бихонанду назари худро бинависанд.

Аввал 5-6 нафар менавиштагӣ шуданд, баъд бештару бештар. Ҳоло, мояи ифтихор аст, ки рӯзона ба унвони торнамои Озодӣ то 100-120 нома мерасад. Пас, ҷое барои хурсандист, аммо мӯҳтавои номаҳо якдаст нест. Ҳарчанд боз ҳам хуб аст, ки тадриҷан фарҳанги муошират дар торнамои мо беҳбуд ёфт ва захираи вожаҳои хонандагони номанавис аз дашному таҳқир андак-андак ба эҳтирому ақл иваз мешавад.

Кӯтоҳи сухан, ҳангоми кор барои барномаи “Чашмандоз” ман матлаберо дар бораи вижагии соли 2010 дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон омода мекардам ва сипосгузорам аз афроде монанди сардабири “Нигоҳ” Саймуддин Дӯстов, намояндаи НАНСМИТ Абдуфаттоҳ Воҳидов, устоди илми ҳуқуқ Ашӯрбой Имомов, коршинос Мӯсо Асозода, журналист Абдуазими Абдуваҳҳоб ба ман дар таҳияи ин барнома кӯмак карданд. Сипосгузорам аз имдоди онҳо.

Ба фикрам, навиштаи начандон баде ба вуҷуд омад, ки бо номи “Чашмандозе ба “соли ғайриодӣ”-и Тоҷикистон” дар барномаи шоми ҷумъа ва субҳи шанбе садо дода, дар торнаомои Озодӣ мунташир гашт. Яке аз сахтиҳои таҳияи ин матлаб дар он буд, ки мебоист хеле кӯтоҳ навишта мешуд, аммо тамоюлҳои сиёсии солро фаро мегирифт. Агар онро хонед, мебинед, ки чӣ қадар ба душворӣ рӯйдод ва равандҳо фишурда шудаанд.

Нигоҳ ба фардо ба ин тариқ шуд:

…соли 2011 ниҳоят метавонад, соли сарнавиштсозе барои тарҳи Роғун шавад. Дар моҳи апрел қарор аст, омӯзиши пайомадҳои зистмуҳитии он ба поён расад ва маълум нест, агар сохтмони густарда сар шавад, вокуниши Узбакистон чӣ хоҳад буду агар тарҳи Роғун ба қуттии партовҳо фурӯ афтад, вокуниши саҳмиядорон чӣ.”

Аммо як вокунише, ки омад диламро бурд ва сабаби навишта шудани ин нома гардид. Онро бетағйир ин ҷо меорам:

“Ном: КОСИМЧОН аз: МАСКАВ

23.12.2010 21:22

Посух

Дуруду салом ба ахли ТОЧИКОНИ ЧАХОН !!! Агар дили хукуматдорони Точикистон барои миллату давлаташон сузад,хоханд,ки дар мамлакат тинчи ороми ва серу пури хукмфармо бошад,пас соли 2011-ро соли “Ивази куллии кадрхо” эълон намуда, шахсони ихтисосманди кишварро,ки истеъдоди баланди касби доранд ба вазифахои баланд таъин намоянд ва ман бовари дорам,ки кадрхо Точикистонро дар як муддати кутох аз бухронхои умуми мебароранд… Барои амали ин пешноход иродаи кави,матонат,ватандуст ва поксиришт будан лозим аст ва камина бовари дорад,ки Чаноби Оли камари химмат барои ичроиши ин нияти нек мебандад…”

Аҳсан ба нависандааш! Фикри хуб ва сазовори таваҷҷӯҳ аст. Ҳамаи солҳои гузаштаи мо ном доштанд ва 2010 Соли маориф ва фанновариҳои иттилоотӣ буд. Пас бад нест, агар 2011 Соли Табдили Ҳамаи Кадрҳои Давлатии Тоҷикистон эълон шавад ва дар ин сол тамоми кадрҳои нав ба воситаи озмуну санҷиши бетарафона баргузида шаванд. Ҳамзамон як соли оянда барояшон соли санҷиш гардад ва дар поёни он ҳар кадом аз фаъолияти хеш дар мазҳари ом гузориш диҳанд. Нашрияҳо рейтинги ҳар кадомро муайян кунанд ва раҳбари давлат ҳамроҳ бо порлумон бо назардошти натиҷаҳои инфиродӣ онҳоро дар мақомҳои марбута барои 5 сол тасдиқ кунад.

Солҳои ину он ё ташаббусу қонунгузориҳои баҳсталаб ва умумимиллӣ аслан барои инҳирофи таваҷҷӯҳ аз мушкилиҳои мавҷуда ба дунё меомаданд. Пас ин ташаббус ҳам метавонад, нақши сипарро бозӣ кунад. Дар акси ҳол ин ҳарос вуҷуд дорад, ки тавонмандиҳои ин ҳукумат дигар ба охир расидаанд ва он дар ҳифзи ончӣ ҳоло дар даст дорад, ба мушкилоти сахте рӯбарӯ хоҳад буд.

24.12.2010 - Posted by | Баҳс, Ватан, Роғун, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун |

7 Comments »

  1. Ҳам дар хориҷу ҳам дар дохили кишвар ҷавононе машғули илму дониш ҳастанд. Вақти он расидааст, ки ҷавонони бо лаёқатро ба кор даъват кунем, ба фикру андешаю пешниҳодашон гӯш диҳему ба амалӣ кардани нақшаҳои бунёдкоронашон мусоидат намоем.
    Пешниҳоди беҳтарин аст. Умедворам ин пешниҳод ба гӯши масъулон хоҳад расид.

    Соли нави 2011 муборак! Бигзор соли 2011 барои Тоҷикистон соли пурбарору бунёдкорӣ бошад!

    Comment by Иброҳим | 25.12.2010 | Reply

  2. Бале, устод. Вокеъан он замон фаро расидааст ва хатто дорад мегузарад. Аммо барои аз курсихои мулоим рондани хешу табор, кудохо, хамсинфон, хамсояхо, хамшахрихо…, ки курсихоро “сварка” кардаанд, бояд часорати баякбор буридан аз хамаро дошт. Ва бовари ба инро, ки кадрхои боистеъдод, донишманд, ватандуст… дар оянда худатро аз курси намеронанд (довталабона во гузоштани курси матрах хам намешавад) . Раиси Чумхур хам ба назарам хамин ду рохро дорад: ё хамаро иваз мекунаду Точикистонро начот медихад ва ё то фуру рехтани тахте, ки “кадрхо”-и вафодор зерашро шикофтаанд мунтазир мешавад.

    Comment by Farid | 25.12.2010 | Reply

    • Дастгохи кафшергари дар даст ЭШР ё худ ИШР асту халос. Агар хохад сари худро начот дода пас аз марг дар хакикат кахрамони халки точик шавад, пас каллашро якбор ба кор сар дода ба сухани мардум ва дарди дили мардум гуш дихаду фишор ба сари мардуми бе ин хам факирро хотима дода мансабдорхою вазирхои фасодзадаю чинояткорро тоза намояд. Касам ба номи Худо то зинда хастам зидди Косимов Косимжон ки нохияхои вилояти Сугдро фишор оварда узбакталоши кард мубориза хохам бурд! Чои Косимов паси панчара аст на вазири кишоварзи!

      Comment by Fakhri | 26.12.2010 | Reply

    • Ҳар оғоз анҷоме дорад. Ҳеч чиз дар ҷаҳон абадӣ нест. Шайх Ҳофиз гуфтааст, “доимо яксон намонад даври гардон, ғам махӯр.”

      Comment by aioubzod | 28.12.2010 | Reply

  3. Афсона… Фантастика… Фикри хом… Ин кор хеч вакт намешавад, чун ЧО решакан нашавад.

    Comment by Mirob | 26.12.2010 | Reply

    • Назархо, андешаҳо монанди минаҳои соатиянд. Як руз не як руз мунфачир мешаванд ва тарафдорони зиёд пайдо мекунанд. Муҳим ин аст, ки табодули назар сурат гирад.

      Comment by aioubzod | 28.12.2010 | Reply

  4. Мардикороне, ки аз Руссия бармегарданд накл мекунанд, ки сагу пищак дар он чо кадр дораду точик не. Магар дар худи Точикистон точик кадр дорад? Не, хатто президент кадр надорад, чун багайр аз кадри оилаю хешу табори худ кадри дигаронро ба хок яксон кардааст.

    Comment by Мир Об | 29.12.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: