Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Қаламрави Маҳбуби Ганҷаалӣ

Маҳбуби Ганҷаалӣ, номи аслияш Абдулазизи Восеъ, дар шабакаи ҷаҳонии интернет қаламрави рангини худро дорад. Ҷое кӯҳу адир, ҷое боғу гулистон. Майдони аспдавонӣ. Аспи андеша бо тозиёнаи танз. Территория дар торнигори хусусияш, ки баъдан дар зеҳни хонандагон доман мегустурад.

Бунёдгузори блоги “Маҳбуб – ТҶ” фазои диданиеро офаридааст, ки имконияти ҷалби тамошобинони бешуморро дорад. Калидвожаҳое чун Зафар Нозим, Ҷӯрабеки Мурод, Шабнами Сурайё, Далери Назар, Дӯстмуроди Алӣ, Манижаи Давлат, Валиҷон Азизов, Шаҳроми Абӯбакр, Дилноза ва даҳҳои дигар метавонанд ба зудӣ ҳазорон нафар аз дӯстодорони созу овозро ба ин майдон бикашанд.

Ин торнигорест, ки ба ҳунари мусиқии Тоҷикистон, омилҳои комёбӣ ва иллатҳои номуваффақии овозхонон, муносибати дилсардонаи мақомоти давлат ба ҳунар ва ҳунарманд, бесарусомониҳо дар намоишҳои ҳунарӣ, матнҳои ноқису оҳангҳои нобарор, ҷойгоҳи ҳунар дар ҳаёти мардум ва ҳатто пайванди музҳики маъвиза ва тарона бахшида шудааст ва аз ҳама муҳимаш ҳар навишта дар он бо сабки шево, ҷузъиёти нодир ва самимияти сухан хотирнишин аст.

Сабки ӯ на танҳо танзомез, балки ҳамчунин шарикона ва дилсӯзона низ аст. Ин аст, ки лаҳнашро дилрас мекунад.

Торнигори Маҳбуб аз ноябри соли 2009 ба ин сӯ вуҷуд дорад ва агар доираи мавзӯъ ва қаҳрамонони он густаришу баҳо ва таҳлилҳояш умқи бештар, танзаш мурчу намаку занҷабили зиёдтар ёфта бошад, як ҷанбаи хосе буд, ки зоҳиран рӯ ба коҳиш дорад. Ин бархӯрду эҳсосоти пуршӯри хусусӣ ва баёни ҷасуронаи он аст.

Агар дар навиштаҳои аввалааш пойдевори андешаҳояшро аз қиссаҳои бибию хотираҳои бачагияш месохт, акнун гоҳе бе ҳеҷ далел ба гуфтаҳои иқтибосӣ ва “дастидувум” такия мекунад. Шояд ин хислат аз таъиноти ҳамчунин матбуотии навиштаҳояш маншаъ мегирад, аммо боз ҳам хуб аст, ки ҳувияти шахсии ӯ дар торнигор ҳанӯз маҳфуз аст ва Худо кунад, ҳифз шаваду таҳкими бештар ёбад.

Вале нависонавис дар бораи шоу-бизнес хатарнок ҳам ҳаст. Бисёр блогнависоне, ки бо ситораҳои саҳна сари кор доранд, гоҳе ҳадафи мушту лагаду дашноми онҳо қарор меёбанд. Маҳбуби Ганҷаалӣ шукр мегузорад, ки кор ҳанӯз то ин ҷо накашидааст, ҳарчанд як овозхон таҳдид кардааст, ки ӯро ба додгоҳ мекашад. Вай мегӯяд:

“Ман ягон сарояндаро бад намебинам, танҳо мехоҳам, суруду оҳангу рақси тоҷикӣ озода бошад.”

Маҳбуб мегӯяд, шояд сарояндагон дар ҳамҳамаи тӯйгардиҳо ва машаққати олбумсозиҳо фурсату икмони хондани блоги ӯро надоранд ва ё мумкин аст, ба сухани ӯ зиёд сарфаҳм намераванд, ки ҳанӯз дар амну офият ба сар мебарад ва қалам ба намак тар кардаву менависад. Аммо агар Маҳбуб роҳи эҳтиётро дар пеши гирад, маҳбуб нахоҳад шуд ва маҳбубияташро аз даст хоҳад дод. Шиори ӯ хушоянд аст, ки шояд афроде бо ӯ мувофиқ набошанд, аммо вай ҳамин аст, ки ҳамин…

Абдулазизи Восеъ мегӯяд, аслан дар ин андеша эҳтиёткорӣ нест, балки дар фикри он аст, ки чӣ тавр акнун шӯҳрати Маҳбуби Ганҷаалиро ба худаш нисбат диҳад, зеро номи Маҳбуб аз давраи донишомӯзӣ дар бахши журнализми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон зимни як саҳначаи ҳаҷвӣ ба ӯ “часпид” ва Ганҷаалӣ, номи падараш аст. Абдулазизи Восеъ акнун ба Маҳбуби Ганҷаалӣ ҳасад мебарад. Вале магар офаридани як инсони дигар бо он ҳама вижагию ҳувияташ магар коре бузургтар аз сохтани “клон” нест?

Ба меҳмонсарои хушбодуҳавои Абдулазизи Восеъ меҳмон шавед, коху кӯшку бӯстонсарой аст, ҳарчанд худаш онро хоксорона “кулба” меномад. Пайвандак ин ҷост:

MAHBUB – TJ. Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид…

Ин матлаб нахуст дар Блогистони Озодӣ ба нашр расидааст.

26.12.2010 - Posted by | Озодии сухан, Таҷриба, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳунар |

3 Comments »

  1. Дуруд
    Харчанд ин мехмонсаро баьзан хавояш абриву боронист , бо ин вучуд аз бехтарин фазост дар фазои иттилоьрасонию даст задан ба хунари точик..:))
    Муваффак бош чаноби Ганчаали ва хамеша саманди андешаат дар масири ин гуна танзхо дар харакат ба суи муваффакият бод..

    Comment by Firdavsi Azam | 27.12.2010 | Reply

  2. Дар Блогистони Озодӣ баҳси ҷолибе давом дорад:

    Ном: Каждум:)
    27.12.2010 09:09
    Посух Наметавонам, ба ин навишта неш занам. Салими Аюбзод аз нуги калам чунон чавшане барои худ офаридааст, ки хар нешро реш мекунад. Абдулазиз дар миёни чавонон бошад, аз чирадастон аст. Калами уро КАСЕ надорад! Хар чумлааш хоси Абдуалазиз аст.
    Аз он хурсандам, ки Салими Аюбзод каме хам бошад, барои бозкушои ва чехраномоии ин чавон мусоидат мекунад. Ин корро танхо Аюбзод метавонад. Чунки барои у махал, манфиат ва кимчии дигар арзиши аввал нест. Шояди арзишхои баъди бошад. Хеле хушам омад. Браво Абдулазиз, Браво Аюбзод! Каламатон боз намакин гардад!!!

    Дар посух
    Ном: Мансур аз: Душанбе
    27.12.2010 14:13
    Посух Ачаб гапе зади Каждумчон! Дар кадом навиштаи Аюбзод буи махал дидй ки акнун чустучу кунй?

    Хеле ташаббуси хуб аст, ки Озоди бо и рох аз каламкашони чавон химоят кунад ва хусну кубхи кори онхоро нишон дихад. Ин кор ба фикри банда ба тавсеаи блогнависи ва аз ин рох ба озодии сухан дар чомеаи мо таъсири мухим хохад гузощт. Ташаккур мекунам.

    Дар посух
    Ном: Шимоли аз: Шимол
    28.12.2010 14:16
    Мухтарам чаноби Аюбзод таърифра аз хадд гузарондаст. Абдулазизи Восеь асосан дар бораи хоифзхои як минтакаи Точикистон менависад ва дар бораи хофизони минтакахои дигар сукут мекунад. Ман барои он дар ин бора навиштам, ки ин чо гап аз махалгарой рафтаст. Бояд хар чиз ё касро баробараш гуфт на зиёд кард.

    Дар посух
    Ном: Маркази аз: Марказ
    28.12.2010 18:12
    Бародар Шмиоли. Ман фикр мекунам, хар нафар дар торнигораш мустакил аст, ки дар бораи кадом хофизхо нависад ё нанависад. Ба ту ичоза диханд дар блогхо хам сензура чорй мекунй. Худат як тотрнигор кушо ва хофизхои дустдоштаатро чй кадар ки мехохй навис. Ачаб мардуме хастем мо!!!!!!!

    Ном: Samandar аз: Ekaterinburg
    27.12.2010 18:36
    Посух Mahbub blogi xub ast. Zeyodtar binavisen. Ohanghoi saroyandahora ham bugzored, xubtar meshavad.

    Ном: Рустам аз: Ландан
    27.12.2010 18:50
    Посух Хеле хуб аст ба ман бисер писанд омад, ташаккур! Соли нав ба муаллифи макола ва Махбуби Ганчали муборак бошад!

    Ном: Раҳматуллоҳ аз: Душанбе
    27.12.2010 19:19
    Посух
    Икдоми мухтарам Салими Аюбзод ва “Радиё Озодӣ” қобили таҳнийят аст. Олиҷаноб буд агар бадин минвол блогхои дигар низ шиносой ва муаррафӣ шаванд ва дар зимн изофа бояд кард, ки Абдулазизи Восеъ дар масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳам чизҳои хубе менависад ва тасбит мегардонад, ки як инсони шариф ва босистеъдод аст ва хеле ҳам пуркор, ки аз таҳи дила барояш табрик мегуям.

    Дар посух
    Ном: Абубакр аз: Хучанд
    28.12.2010 01:41
    Посух Сад фоиз ба ин суханхо мувофикам. Хозир фамидам, ки чаро номи ин журналист Мачбуб Ганчаали будааст. Сипос.

    Ном: абдуллох аз: точикистон
    27.12.2010 23:29
    Посух Ман ба навиштахои Махбуб дар хафтаномаи Нигох ошно шуда будам нигоштахояш бехад бароям писанд буд вакте хафтаномаро мекушодам аввал азхамон сахифа шуруъ мекардам нохонда табассум дар лабон пайдо мешуд Барори кор Абдулъазиз

    Ном: Айёр аз: Душанбе
    28.12.2010 13:14
    Посух Аслан бештари хонандагони РО журналистонанд, баъдан дигару дигар… Навиштачотхои М.Ганчаалиро хам худи ж-тон бисёр мутоила кардаанд! Пас хочат ба муарифии у ва блогаш набуд! Хуб мешуд вакти кимати худро бештари сари дигар мавзухои мушкилзо сарф мекардед…

    Comment by aioubzod | 28.12.2010 | Reply

  3. Дӯстам Абдулазизро табрик мекунам! Устод Салими Аюбзод ба ҳар касу ҳар чиз баҳои мусбат намедиҳад…

    Comment by sohibyor | 16.01.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: