Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Шодбодии соли нав

Фикр мекунам, касе нашумурдааст, ки чанд дарсади мардум дар Тоҷикистон дар охирин шаби соли 2010 гирди дастархони ороста менишинад ва фаро расидани соли нави 2011-ро ид мекунад. Ҳадси ом ин буд, ки чунин хонаводаҳо сол то сол камтар мешаванд. Вале як дӯстам гуфт, баракс, дар қиёс бо 2-3 соли пеш имсол, зоҳиран, пешвозгирандагони соли нави милодӣ бештар шудаанд.

Ба ақидаи ӯ, шумораи мардуми пулдор назар ба солҳои пеш зиёдтар ва ҳам ҳасрати давраи шӯравӣ сахттар шудааст. Аз сӯи дигар таассуб густариш ёфтааст. Ҳеч ҳамсояе намехоҳад аз ҳамсояаш ақиб монад. Мансабдорон ва тоҷироне, ки дар сояи онҳо парвариш ёфтаанд, ҳатто дар бобати тамғаи машруботи нодир дар рӯйи мизи солинавияшон бо ҳам сабқат мекунанд.

Шояд ин ҳолат бештар дар шаҳрҳост. Мардуми русто дар даврони шӯравӣ ҳам ин одатро надошт ва чанд тани ангуштшумор, ки ҷамъомадҳои шаробу кабоб дуруст мекарданд, акнун аз ҳарфи даҳони мардум меҳаросанд ва агар соли навро ҷашн гиранд ҳам, ин корро бесарусадо анҷом медиҳанд.

ШОДХОРИИ ИДОНА

Овозае буд, ки имсол дар Тоҷикистон Соли нави милодӣ расман таҷлил нахоҳад шуд, аммо дертар аз омодагиҳои густарда дар Душанбе хабар расид. Арчаи солинавиро низ дар маркази шаҳр устувор карданд. Аз ҳар сӯ табрики идона ба гӯш мерасад. Ҷашн бигирем ё нагирем, тамоми низоми зиндагии мо дар чаҳорчӯби ҳамин солшуморист. Гоҳшумории миллии мо ба таҳхонаи таърих афтодааст. Як далели дигари шикасти фарҳанги шарқӣ дар баробари ғарбӣ.

Вале масъала дигар аст: То куҷо ин ид пайвандгар ва васлкунандаи мардум аст? Як бахше аз он идро ба ҳамдигар табрик мегӯянд ва бахши дигар сукут меварзад ё ҳатто мухолифат меварзад. Вақте ки ман дар Фейсбук ҷавобан ба як дӯсти амрикоиям Мавлуди Масеҳо ва Соли Навро барояш табрик гуфтам, дӯсти тоҷикам дар хашм шуд ва навишт оё ман мусулмонам?

ДУ НУКТАИ ХУШОЯНД

Нависанда ва рӯшангари саршиноси тоҷик Адаш Истад дар торнигораш “Герби шердор” пажӯҳишгари дини насронӣ Александр Амфитеатровро нақли қавл кардааст, ки мегӯяд:

“…агар ба масал аз дини масеҳӣ шахсияти Исои Масеҳро берун кунем, танҳо митроизм боқӣ хоҳад монд.”

Ин хулосаи муҳаққиқ баъд аз кашфи унсурҳои дини митроӣ ҳамчун пояҳои бунёдии масеҳият гуфта шудааст. Устод Истад меафзояд:

“Наметавон ин ҳукмро нодида гирифт, чун онро як нафар адиб ва донишманди таърихи оини масеҳӣ гуфтааст. Як аср аз нашри мақолааш гузашта бошад ҳам касе ин фикри ўро рад накардааст.”

Дар ҳоли хондани навиштаи устод будам, ки шодномаи солинавии эшон ба ман расид:

“Соли Нави митроӣ муборак!”

Зиманан, устод дар чанд матлаби тозаи хеш нишонаҳои бостонии дини митроии ниёкон ва ақидаҳои илмии муҳаққиқони ин оинро ба таваҷҷӯҳи ом пешкаш кардаанд.

Дувумин нуктаи хушоянд ҳам буд, ки набераи аммаам Беҳрӯз имсол паёми табрикияшро дуруст навишт. Идро БА ШУМО табрик мегӯям. Аксари кулли мо ғалат мегӯем: ШУМОРО БО СОЛИ НАВ табрик мегӯям. Яъне чӣ? Ҳамроҳ бо соли нав? Баргардони вожа ба вожаи “поздравляю Вас с Новым Годом.” Солҳо рафту ин ғалат монд, ки монд.

ШОДИЁНАИ СОЛГУЗАШТ

Кӯтоҳи сухан, идро ба касе фархунда бояд гуфт ё на? Бале, шояд қарзи мост, Соли Навро ба онҳое табрик гӯем, ки дар маҳбас нишастаанд. Монанди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Рустам Файзиев ва дигар ҳамсарнавиштони онҳо. Зеро гузашти сол мӯҳлати ҳабси онҳоро камтар мекунад. Ва ба сарбозони Артиши миллии Тоҷикистон, ки бо машаққат солҳои “хидмат ба Ватан”-ро паси сар мекунанд. То ҷое ки медонем, аскарбачаҳо азоби алиме доранд.

Дигарон илоҷи худро хоҳанд ёфт. Онҳоро ба Наврӯз шодбош хоҳам гуфт.

31.12.2010 - Posted by | Баҳс, Дин, Рӯзгор, Таърих, Тоҷик, Фарҳанг, Худшиносй

4 Comments »

  1. Онхое, ки Соли Нави мелодиро инкор кардан мехоханд, ду нуктаро нодида мегиранд:

    1. Соли Нави мелоди то мелоди Исои Масех чун зодрузи Митро кайд мегардид ва асосгузорони оини масехи ба он чизе илова карда натавонистаанд, ки бигуянд хоси мазхаби онон бошад.

    Сипас аз он даврони бостон то ба имруз натавонистаанд он кадар бо масехият даромезанд, ки ба мисли идхои «Курбон» ё «Фитр» бошад. Ба ин сабаб имруз дар тамоми олам ба сифати иди дуняви чашн мегиранд. Дар замони Шурави чашн гирифтани он низ ба ин сабаб буд. Тантанахои солинавии имсола дар Дубайи соф мусулмоннишин бештар аз хар як кишвари бузурги масехи буд.

    2. Чашн гирифтани Соли Нави мелоди бо номи Иди мелодии митроиасос дар Точикистон ва ошнои бо оини митрои мардуми моро огох хохад кард, ки кисми аъзами мафкураи исломи оид ба олам 7 хазор сол пеш дар байни ниёгони мо шакл гирифта будаааст. Яъне ислом барои ниёгони мо чахонбинии тамоман бегона набудааст ва ба ин сабаб дар ин заминаи мусоид дар андак муддат устувор шудааст. Агар мо ин идро инкор кунем, фарханги то зардуштии халки худро инкор кардаги хисоб мешавем.

    Comment by Адаш ИСТАД | 01.01.2011 | Reply

  2. Hi, congratulations on your blog. I am an educator and I live in Santa Marta, Colombia. I have a blog journal on literature and philosophy. Now I’m determined to draw up a list of authors and literary works by countries but have not found enough information about it in this country. If you can help, I appreciate it. If you want to visit my site address is:
    http://alvarogomezcastro.over-blog.es
    Thank you very much

    Comment by ALVARO | 02.01.2011 | Reply

  3. Соли Нави Митрои муборак! Ин чизи нав буд бароям. Ташаккур! Вале он мелоди аст ё митрои чи ки набошад ба он нафрат дорам. Чунки дар огози он нарххои барку об ва дигару дигар афзуда, конунхои аблахона ба амал мебароянд. Оё боре дидаед ё шунидаед, ки – “пас аз соли нав нархи фалон чиз арзон мешавад” ва ё конуни наве бар химояи мардум мебарояд? Пас чи гуна ин идро дуст дорам?

    Comment by Rahgusar | 05.01.2011 | Reply

  4. Иди соли нав ба дини масехи таалук ки дорад, мо мардуми мусалмон аз чашнгириву пешвозгирии соли нав бояд канорачуи кунем. Аждодони мо ин идро то асри 20 чашн намегирифтанд, чаро мо бояд чашн гирем? Чаро мо бояд таклид ба дини масехи кунем? Мо метавонем факат гайри мусалмонхоро бо ин идашон табрик кунем, аммо агар мусалмонхоро табрик кунем гунахкор мешавем. Як чизи дигар. Магар масехиен ба монанди мо иди рамазону курбонро кайд мекунанду хурсанди мекунанд? Не хечгох. Онхо факат табрик мекунанду халос. Пас мо хам бояд идхои онхоро кайд накунему факат табрик кунем шуд. Далели чоиз набудани чашн гирифтани соли нав бар мусулмонон ин аст, ки дар як хадисе Расули Акрам мефармоянд. Касе пайрави аз дигар динхо мекунад, аз мо нест. Бинобар ин мо бояд соли навро арча монда чашн нагирем. Ман фикру андешаи худамро гуфтам. Боки Худо доност.

    Comment by amid | 07.01.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: