Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Нукоте дар бораи амнияти миллӣ

Як сиёсатшиноси тоҷик боре барҳаққу нишонрас гуфта буд, ки барои ҳукумати Тоҷикистон масъалаи амният дар ҷои аввал аст. Табъан ҳар ҳукумате амнияти қаламрав ва мардумашро дар садри вазифаҳои худ қарор медиҳад ва бе амният дар ҳеч риштаи дигаре наметавон пеш рафт. Таҳдид ба амният таҳдид ба истиқлолият ва ҳастии давлат аст.

Вале дар таърихи давлатҳо мавридҳое иттифоқ афтода, ки ифроту тафрит дар ин самт баракс ба бузургтарин ноамниҳо сабаб гаштааст. Чашми бузурги тарс, нобоварӣ ва зиёдаравӣ ба хотири бартараф кардани ҳаросу беэътимодӣ дар мавриди устувории ҳокимияти хеш оқибат талошҳои давлатро на ба амнияти миллат, балки амнияти қудрат маҳдуд мекунанд.

Бархе аз давлатҳо барои давлатҳои дигар мушкилоти амниятӣ ба вуҷуд меоранд, то тавонмандию устувории онҳоро ба тарозуи имтиҳон гузоранд. Аммо бархе аз давлатҳо худ барои хеш фазои таҳдиду хушунат меофаранд, то ба бақояшон биафзоянд.

Дар ҳар давлате афроди зиёде ҳаст, ки аз чунин ҳолат ба суди шахсии хеш суистифода мекунанд. Шумо бояд раҳбари худро аз эҳтимолҳои гуногун тарс диҳед, то метавонед, ӯро ба ваҳшат оред ва дар ин байн бо пешниҳоди хидматгузорӣ ва садоқати шахсӣ ҳама чизеро, ки аз ӯ мехоҳед, ба даст оред. Вале оё ин “ғамхорӣ ва қаҳрамонӣ” барои садҳо ва ҳазорон нафар ва дар ниҳояти амр барои давлату давлатдорӣ чӣ пайомад хоҳад дошт, барои чунин афрод аҳамияте надорад.

Масъала аз он лиҳоз хеле ҷиддист, ки барои Тоҷикистон бо он ҳамсоягоне чун Афғонистон (кишваре дар буҳбуҳаи оташу хун), Узбакистон (муҳосирагаре бо дағдағаҳои зидди Роғун) ва Қирғизистон (ҷазираи инқилобҳо ва хушунатҳои байниқавмӣ) ва бо он фарояндҳои геополитикӣ, ки вазъи Афғонистону захираҳои нафту гази минтақа ба бор овардаанд, амнияти миллӣ дар ҳақиқат наметавонад, аҳамияти аввалиндараҷа надошта бошад.

Изофа ба ин, ҳукумати Тоҷикистон ба наҳве зодаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 аст, ки барояш аз ибтидо амният масъалаи ҳаёту мамот буд. Танҳо баъд аз имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифони тоҷик дар соли 1997 як навъ эътимод ба ояндаи амн пайдо шуда, боз ҳам пас аз хунрезиҳои зиёде ва танҳо баъд аз дар солҳои 2001-2002 амнияти воқеӣ ба кишвар баргашта буд. Аммо кафолате нест, ки хотираҳои он давра дар зеҳни афроди аз лиҳози сиёсӣ “дарозумр”-и ҳукумат мисли нақш бар санг боқӣ мондаанд. Онҳо ба мудирияти осоишта одат надоранд ва танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ ҳунари раҳбарияшон ҳувайдо ва корсоз мегардад.

Ин нуктаро ҳам бояд афзуд, ки таъкид ба таҳдидҳои амниятӣ ва амдан ангехтани ихтишош дар ҷомеа ғолибан ба манфиати давлатҳоест, ки мехоҳанд, таваҷҷӯҳи мардумро аз мушкилоти ҷомеа ба сӯи кашонанд ва то ҷое нокомиҳои худро дар ҳалли масъалҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соя қарор диҳанд. Аз ин лиҳоз низ Тоҷикистон борҳо ин роҳи осонро озмудааст.

Одати дигари ҳукумати мо — ин ҳалли бӯҳронҳои амниятӣ бо василаҳои ҳарбист. Истифода аз нерӯи иқтисодӣ, сиёсӣ ва дипломатӣ дар ин роҳ расм нашудааст ва ё ба гуна корбаст нашудааст, ки натиҷаи шоиста диҳад. Ҳукумат, зоҳиран бар ин нест, ки бо истифода аз василаҳои гуногуне, ки дар даст дорад, бар омилҳои таҳдид назорат кунад.

Дар ҳоле ки ҳукумат ягона бозигари ин саҳна боқӣ мемонад, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кунҷе зери фишор қарор дорад, мардуми қаторӣ чӣ мекунад? Мардуми маҳрум аз воситаҳои қонунии баёни андеша, ба монанди тазоҳурот, пикет, раҳпаймоӣ  ва маъракаҳои дигари осоишта мавзеъгири худро бо таҷаммӯъ дар масҷидҳо баён мекунанд. Дингароии густардаи аҳолӣ ба фишори ҷавобии давлат сабаб мегардад. Фишор дар навбати худ тундравӣ ва ситезаҷӯии бештарро ба вуҷуд меорад. Кӯчаи сарбаста. Доирае, ки ҳатто ба спирал шабоҳат надорад. Раванде, ки тамоми пешрафти кишварро ба сифр баробар карда, Тоҷикистонро аз нав дар сароғози роҳе қарор медиҳад, ки наздик ба 20 сол пеш пой бар он ниҳода буд.

Ҳоло бояд тарроҳони назарияи амнияти миллии Тоҷикистон бигӯянд, ки оё ҳама ин ин ба нафъи душманони миллӣ нест? Ҳифзи амният як вазифаи муқаддас аст, вале чаро он бояд ба хидмати хирсона ё ҳатто хиёнат ба манофеи миллӣ табдил ёбад?

10.01.2011 - Posted by | Амният, Ватан, Ваҳдат, Дин, Ислом, Таҷриба, Тоҷикистон

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: