Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Замини моро ба Чин доданд

Бархе аз блогнависон ва расонаҳои ҳамагонӣ ин иқдомро як рӯйдоди камназири садаи 21 номиданд ва суол гузоштаанд, ки чаро дар муқобили чунин гузашти сангин кишвари бе ин ҳам кӯчак ва фақир чизе ба даст наовардааст. Чанде аз торнамоҳо ҷузъиёти баҳс дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро ба нашр расондаанд.

Дар Фейсбук ин субҳ зиёд истода натавонистам. Саволбороне ҷараён дошт, ки ҳеч ҷавшане дар баробараш сипар шуда наметавонад. Аз ҳар гӯшаву канори ҷаҳон мепурсиданд, чаро тоҷикон ин корро карданд, сабаб чӣ буд, чӣ зарурате пеш афтодааст?

Дар ҳамин ҷо ҷавони тоҷике сафҳаи мухолифони ба Чин додани сарзамини Тоҷикистонро таъсис дод, ки шумораи аъзояш бо суръат зиёд мешавад.

Мулк аз даст рафт. Бигзор як қитъаи начандон муҳим дар миёни кӯҳистон, аммо ин як навъ идомаи ишғолгарии бераҳмонаи Чин ва заъфу шикасти маънавии тоҷикон аст.

Мусоҳибаи академик Раҳим Масов ягона рӯшанӣ дар ин баҳсҳо буд, ки гуфтааст, ҳамчун узви кумиссюни байнидавлатии ҳалли қазия ба созишнома имзо накардааст. Вай гуфтааст, чунин имзо доғи абадие дар рӯи номаш мебуд. Шояд ба ин сабаб буд, ки Масов дигар зоҳиран аз пуштибонии “боло” маҳрум гаштааст.

Вай зимни руспарастӣ ва ҳамлаҳои тахрибгаронааш ба академик Муҳаммадҷон Шакурӣ хеле аз обрӯи худро дар назди мардум бохта буд, акнун дубора бо чеҳраи хубу пок намоён гашт.

Вале оё имконе ҳаст, матбуот феҳрасти вакилонеро ба нашр расонад, ки аз ин тасмими зиддимиллӣ ҳимоят карданд? Бубинем, доғ ҳамчунин ба рӯи кадом номҳо фурӯ афтодааст. Доғи абадӣ.

13.01.2011 - Posted by | Ватан, Ваҳдат, Сиёсат, Таърих, Тоҷикистон

6 Comments »

  1. ТАДЖИКСКАЯ ЗЕМЛЯ СТАЛА КИТАЙСКОЙ
    Автор: Руслан Муртазаев, Василий Воропаев
    Источник: Известия, N4, 14.01.2011, с. 4

    Душанбе поделился с Пекином безлюдной территорией
    Нижняя палата парламента Таджикистана ратифицировала соглашение о демаркации границы с Китаем. Соседняя страна получила почти один процент территории центральноазиатской республики. В Душанбе говорят о “победе таджикской дипломатии”.
    Внешнеполитическое ведомство Таджикистана настаивает: это серьезный успех. Ведь приграничный спор удалось решить, как говорится, малой кровью. Китай изначально претендовал практически на 20% территории страны. Это около 29 тысяч квадратных километров. Теперь же к Поднебесной перейдет всего лишь около тысячи – 0,77% всей территории центральноазиатской республики. Таким образом, официальная граница утверждена окончательно. А значит, с территориальными претензиями должно быть покончено. Вопрос закрыт.
    Этот процесс затянулся на десять лет – Пекин и Душанбе договорились о границе еще в 1999 году. А в 2002-м подписали межправительственный протокол, по которому к Китаю отходит незаселенная людьми территория, расположенная в Мургабском районе на востоке Таджикистана. Противники такого решения напоминали: в седьмой статье конституции страны говорится о неделимости государства. Тем не менее 99% народных избранников проголосовали за ратификацию. Парламентарии сочли, что не должны оставлять этот спор потомкам.
    Вопрос этот и правда очень стар – ему более ста лет. Границы Китая с Российской империей, а затем СССР были в основном определены к концу XIX века. Однако китайские власти и позднее неоднократно выдвигали территориальные претензии сначала к царской России, а затем – к Советскому Союзу. Часть спорных участков находилась как раз в Центральной Азии.
    Первым на постсоветском пространстве свои территориальные проблемы с Китаем урегулировал Казахстан, отдав ему около 400 квадратных километров спорной земли. Киргизия также предпочла закрыть эту тему, поделившись с соседом тысячей квадратных километров территории. Приграничный вопрос с Пекином решила и Москва.
    * * *
    КАК ВАМ ЭТО?
    Алексей Власов, директор Центра постсоветских исследований МГУ:
    – По большому счету этот процесс был начат 15 лет назад, когда странам Центрально-Азиатского региона и России удалось договориться об урегулировании пограничных вопросов с Китаем, что стало отправной точкой к созданию Шанхайской организации сотрудничества. Теперь мы видим развитие этой тенденции. Безусловно, небольшие противоречия оставались, сейчас они полностью разрешены.
    Понятно, что для Душанбе Пекин – инвестор, страна, которая в перспективе будет оказывать поддержку находящейся в сложной ситуации таджикской экономике. Ну а Китай за это получит меньше одного процента территории Таджикистана.
    Что касается противников такого решения – речь идет в основном о Партии исламского возрождения Таджикистана. Нужно помнить, что в этой республике единственной в Центральной Азии зарегистрирована партия религиозного толка. Понятно, что здесь критика властей – это повод, который с их точки зрения может мобилизовать недовольных. Но мне кажется, что каких-то последствий в негативном плане для таджикского руководства это скорее всего не имеет. К содержанию >>

    Comment by Samandar | 14.01.2011 | Reply

  2. Салом! Хохиш мекунам ба хар имкону кимате ки бошад, руйхати намояндагони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро, ки ба тарафдории чунин к..фуруши райъ додаанд, пахш кунед.. Точикон бояд хиёнаткорони худро донанд.

    Comment by Точик | 17.01.2011 | Reply

    • Агар Лоик зинда мебуд, аз ин “галаба”-и дипломатияи точик дилкаф мешуд. Ин сиёсатмадорони хоини миллат, ки бо сиёсати “окилонаю хирадмандона”-и худ миллатро сарнагун карданианд, кай аз бекорию бесаводии худ шарм дошта, зимоми давлату хукуматро ба шахсони лоик месупорида бошанд. “Ахсант” ба ин тарсухо!!!

      Comment by Афсус | 18.04.2011 | Reply

  3. Устод, ҳамдардиямро бипазиред.
    Ин дувум бор аст ки маҷлисиён даст ба номуси Модарамон мезананд ва мо хомушем. Оё ин Модар фарзанде надорад ки пуштибонияш кунад? Дареғо ки дар Тоҷикистон нестам, вагарна ягон коре мекардам… чун медонам ки Чин ҳеч гуна ҳаққу ҳуқуқе надошту надорад ки замини моро ситонад.
    21 сол пеш аз барои чанд хонае, ки гӯё ҳукумат ба арманиҳо вогузор карда буд, мардум бар по хосту даст ба гиребони ҳукумат шуд. Имрӯз ки ҳамон ҳукумат Тоҷикистонамонро тика-тика ба Чин вогузор мекунад, касеро тӯшу тавоне нест ки овоз барорад… Дареғ аз мардуму дареғ аз ин кишвар… Офарин бар қирғизҳову тунисиён…
    Ин маҷлисро агар ҳарчӣ зудтар барканор накунем, фардо ҳама Тоҷикистонро ба бегонагон хоҳад бахшид. Нест бод маҷлиси меҳанфурӯш!!! Нест бод!!! Нест бод!!!

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 18.01.2011 | Reply

  4. Замини ачдодиро ки дод, модару хохару духтарашро хам хохад дод… Вой бар холи шахсоне ки ончо имзо гузоштанд…

    Comment by Мерган | 20.01.2011 | Reply

  5. Вокеан на аз номусу на аз ор хабаре надоранд!

    Comment by Мерган | 20.01.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: