Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Андаруни як шумхабар

Субҳи имрӯз аз хабари марги Сафармуҳаммад Аюбӣ, шоир ва драмнависи саршиноси тоҷик сахт афсурда шудам. Ёдаш ба хайр, чеҳрааш пеши назарам омад ва хотираҳое дар зеҳнам зинда шуд, аммо аҷабам омад, ки дилам холӣ буд. Мо мехостем, бо ҳам дӯст бошем. Мехостам, аз як сайёра, як ватан, як диёр бошем…

Кӯлоби деҳмонанд. Соли 1983 ё 84. Ман бо супориши “Комсомоли Тоҷикистон” омада будам, мактуберо тафтиш кунам. Дар идораи нашрияи вилоятии “Роҳи ленинӣ” бо Сафармуҳаммад Аюбзода ошно шудам. Инсони наҷибу хоксор. Аҳли дил. Зуд бо ҳам унс гирифтем, чун ғоибона, аз рӯзномаҳо ҳамдигарро мешинохтем. Аюбзода маро бо Сафармуҳаммад Аюбӣ шинос кард ва шӯхиомез гуфт, ки ду нафар тахаллуси адабии хешро бо машварат баргузидаанд. Зеро ҳарду Сафармуҳаммад буданд ва ҳарду Аюбов. Аюбӣ хандид ва гуфт, узр, барои Салим илоҷе ба ҷуз он нагузоштем, ки худро Аюб ном кунад. Ман ҳам Аюбов будам.

Мушкили ман камтар буд, аммо ҳарду ҳамному ҳамнасабу ҳамқалам, ки як ҷо кор мекарданд, гоҳе сари дастмузде, ки ба номи “С. Аюбов” аз Душанбе ба идораи “Роҳи ленинӣ” меомад баҳсашон мешуд, зеро навиштаҳои ҳарду зуд-зуд дар нашрияҳои марказӣ ба табъ мерасид.

Бо вуҷуди умумиятҳои зиёд Аюбӣ ва Аюбзода бо ҳам тафовут доштанд. Аюбӣ ба назари ман каме пурғайрату пурталоштар, аммо як зарра ҳавобаланд ва муддаӣ намуд. Солҳо баъд, вақте шунидам, дӯстам Сафармуҳаммад Аюбзода ба худ тахаллуси “Маҳзун” низ гирифтааст, ҳайрон нашудам. Аюбзода хеле хоксор ва заминӣ буд, ҳарчанд дар илҳоми шеър, ба фаҳми мани ношоир (ҳарду Аюбовҳои дигар шеър мегуфтанд), аз рақибаш баландтар парвоз мекард ва ҳанӯз ҳамон солҳо ғазалсароиро дӯст медошт, дар ҳоле ки ин жанр барои адабиёти давр “бозмондаи замони феодалӣ” ба шумор мерафт.

Афсӯс, дигар дидор бо Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун насибам набудааст, Худо кунад, боз бубинем. Муддате нагузашта ба Афғонистон рафтам, баъд аз бозгашт, вақте дар “Адабиёт ва санъат” кор мекардам, боз чанд бор бо Аюбӣ вохӯрдам, аммо бо Аюбзода чунин иттифоқе наафтод ва баъдаш солҳои ноорому инқилобӣ ҳаёти ҳамаро зерурӯ кард, ба дунболашон ҷангу хуну оташу ғорат омад ва акнун ҳам ғурбату мусофирату муҳоҷират барои ман.

Вале мулоқоти Кӯлобро пештаърихе низ буд. Шарофати Аюбзодаву Аюбӣ буд, ки дар соли 1982 аз имтиҳони сангини устод Соҳиб Табаров баҳои аъло гирифтам. Муаллим Табаров боре рӯзномаеро бо мақолаи яке аз онҳо дар бораи муассисаҳои маърифатию мадании Кӯлоб ба ман нишон дода гуфтанд, “офарин, писарам, хеле хуб навиштаӣ, бозу боз бинавис!”

Ман нофаҳмида, ки мақола аз ман нест, аз устод ташаккур кардам. Лаҳзае баъд, вақте мақоларо дидаму донистам, ки сармояи каси дигарро ба ҷайб меандозам, хостам, иштибоҳи устодро ислоҳ кунам, вале дер шуда буд, он кас кайҳо ба мавзӯъҳое шабеҳи Юхан Смуул ё чизе мисли уқёнуси шимолӣ фурӯ рафта буданд ва ҷуръати чизе гуфтан накарадам.

Рӯзи имтиҳон ҳамроҳи панҷ гули сари сабади курс ба синфхона даромадам. Росташ, ҳафтаҳо ба велгардию сабуксорӣ сарф шуда буд ва омодагие надоштам. Билетро гирифтаму дидам, ки аслан як нукта ҳам аз саволҳои онро намедонам. Навбатам омаду пеши устод нишастам. Он кас гарму ҷӯшон аз ҳолу аҳвол ва кору нависонависи ман пурсиданд. Сипас, дар посух ба саволҳои билет, Худо шоҳид, ин қадар ҳарфи дурӯғу подарҳаво гуфтам, ки ҳадду ҳисоб надошт, аммо дар посух устод фақат “офарин, писарам!” мегуфтанд ва ба ҳамкурсонам, ки баргашта медидам аз таҳайюр чашмашон аз косахона берун баромада, мӯйи сарашон рост хеста буд, нигариста, таъкид мекарданд, “ана ин хел хондан даркор, ана ин хел ҷавоб додан даркор!”

Пеш аз гузоштани баҳои аъло муаллим Табаров афзуданд, ки шеърҳои нави маро хондаанд ва ман ояндаи бузурге дорам. Дертар дар долон ҳамкурсонам маро накӯҳиш карданд, ки муаллимро фиреб додаам. Оре, шеърҳо аз Сафармуҳаммад буданд. Аюбӣ ё Аюбзода. Яке аз онҳо. Шояд ҳам аз ину ҳам аз он.

Шарофати номи Аюбӣ бори дигар дар соли 1989 ба ман кӯмак кард. Дар Хонаи кино намоиши пӯшидаи филми амрикоӣ баргузор мегашт, вале ман даъватнома надоштам. Танҳо ба баргузидагони ҷомеа, аз ҷумла аъзои Кумитаи марказӣ ё афроди ҳукумат чунин даъватномаҳо дода мешуд, вале бисёр мехостам, ин филмро бубинам ва ба дари Хонаи кино рафтам. Он ҷо тасодуфан, ҳунаршинос Неъматуллоеваро дидам ва дар пеши дар раиси Бунёди кинои тоҷик Юрий Каплунов ҳам истода буд. Неъматуллоева маро ба Каплунов муаррифӣ кард. Пирамард як “оҳҳо!” гуфтаву бо оғӯши боз маро пешвоз гирифт ва гуфт, намоишномаи “Фишор”-ро дидааст ва қойил шудааст ва ин як оғози наве барои драматургияи тоҷик аст ва чизҳое мисли ин. Кӯтоҳи сухан, бо вуҷуди он ки Неъматуллоеваро абрӯвон ба ҷабин баромада буданду талош мекард, иштибоҳро ислоҳ кунад ва аммо Каплунов ҳамоно андешаҳои судмандашро дар бораи сужаи “Фишор” ба миён мегузошту ман ба Неъматуллоева чашмак мезадам, то сир нигаҳ дорад, бо ҳамин ҳол сенафара аз назди дарбонҳо гузаштаву ба Хонаи кино ворид шудем ва он шаб ман филмро тамошо кардаму ғоибона ба Сафармуҳаммад Аюбӣ сипос фиристодам.

Ба худ ваъда дода будам, ки рӯзе ӯро дидам, ин воқеаро барояш қисса мекунам ва узр мехоҳам, ки аз як порчаи шӯҳрати ӯ истифодаи сӯ кардаам. Борe чунин имконият даст дод, аммо сӯҳбат то ба ин қисса накашид.

Соли 2006 як моҳ дар Душанбеи азиз кор кардам ва як нимирӯзӣ бо бачаҳо ба қаҳвахонаи “калла-почахӯрӣ” рафтему пас мизе устод Меҳмон Бахтиро дидам, ки бо Сафармуҳаммад Аюбӣ нишаста буданд. Бо устод Меҳмон гарму ҷӯшон вохӯрдӣ кардем. Гуфтанд, аз дидани ман бисёр хушанд ва пурсиданд, ки акнун батамом омадам ё на, чӣ чизҳои наве навиштаам, як достони кӯтоҳам дар маҷмӯае ба фаронсавӣ нашр шудааст ва чизҳое монанди ин ва сипас баргаштанду ба Аюбӣ гуфтанд, оё маро мешиносад? Аюбӣ сариҳол, хушчеҳра, ҳарчанд бо каме чин дар арбӯвон гуфт, на, намешиносам, ҳарчанд номи шинос, шояд куҷое шунидаам. Ман гуфтам, дар иваз ман Шуморо хеле хуб мешиносам ва ҳамноматон Сафармуҳаммад Аюбзодаро низ ва оё он кас чӣ туранд. Гуфт, хуб аст, бад нест. Сӯҳбат нашуд. Ман шояд таҳтушшууран ишора ба мулоқоти сеҷонибаи Аюбовҳо дар Кӯлоб карда будам, намедонам, паём расид ё на.

Устод Меҳмони меҳрубон барои берун омадани ҳарсеи мо аз ҳолати ноҳинҷор бо лабханд гуфтанд, ба зудӣ президент ба Ҳиндустон сафар мекунанд ва ҳоло ӯву Аюбӣ машварат доранд, ки аз шоирону нависандагон кӣ ба ин сафар ҳамроҳ шавад. Ҳарчанд устод Меҳмон пешниҳод карданд, ки бо ҳам биншинем, гуфтам, мо бисёрием ва рафъи заҳмат кардам.

Сипас, сари мизи худамон нишаставу дурудароз ба он андешидам, ки шояд барои Аюбӣ ман дигар як ҳамкасб ё ҳамқалам нестам, балки аз сайёраи дигарам. Шояд вай “юрчик” асту ман акнун “вовочик”? Ё шояд ӯ буд, ки аз наздикии бешазҳадди худ бо ҳукумат дар баробари мани мусофир хиҷил шуд? Ё дарвоқеъ маро фаромӯш кардааст ва дар ҳақиқат нашинохт? Охир, агар ин ҳама солҳои баъдаш барои ман солҳои ҳиҷрату ғам гашта бошад, барои ӯ пуркортарин солҳо ва авҷи шӯҳрату шодкомиҳо, мулоқот бо ҳазорон чеҳраи нав, маҳфилу нишастҳои бошукӯҳ буд, ки ҳатман зеҳни инсонро саршор мекунанд ва касро тағйир медиҳанд. Ҳарчӣ буду набуд, озоре аз ӯ надоштаму надорам. Нашинохт ё нахост бишиносад. Муҳим нест. Ман ҳам ки осори ахирашро нахондаам ва намедонам, ба куҷоҳо расида ё нарасидааст. Ин ҳам дар ҳоле ки як замон мо гӯё аз як сайёра будем, ҳамфикр ва ҳамдил.

Дар ҳақиқат, дар поёни солҳои 1990 ӯ аз фаъолони озодандеш буд. Ҷасурона пеш баромада буд ва фазои бештаре барои парвоз мехост. Ин фазо баъдан барояш дода шуд, аммо рӯҳияи ҳақиқии миллиро дигар дар ӯ надидам. Сиёсиҳо як сӯ, аммо як шоир метавонист, ба хубӣ нақши як рӯшанфикрро ба ҷо орад ва ба рӯйдодҳои он давра эътироз кунад, на ки ба сари он дастархон биншинад ва аз меваҳои манҳус-анчари қудрат бичашад. Магар чист рисолати як рӯшанфикр? Барои як рӯшанфикр бартарии сиёсию давлатии ҳамдиёронаш муҳим аст ё ваҳдати миллӣ ва пуштибонӣ аз бечорагону ҷабрдидагон? Эй кош, як нафаре бармехост ва ба нишони эътироз аз он ҳама бадбахтие, ки ба миён афтод, садои дигаре мезад ё лоақал сукутро пеш мегирифт. Ҳамонгуна ки бисёре аз сукутҳоро шинохтаам. Онҳо сукути шаҳомат будаанд. Сукуте пурсадо. Ба ин маънӣ, ки ман наметавонам хушбахт бошам, агар миллати ман хушбахт нест. Вале нашояд доварӣ, чун ин ҳама сол намедонам бо чӣ ҳолу аҳволе рӯбарӯ буд ва мумкин аст, беморияш бесабаб набуду заминае дошт.

Ба ҳар сурат субҳи имрӯз ғамгин шудам. Ҳанӯз вақти реҳлаташ набуд. Ҷавон ва пур аз нерӯ буд. Бояд менавишту менавишт. Шояд акнун он чизеро менавишт, ки дар умқи дилаш ниҳон буд. Менавишт, то меросе ҳақиқие во гузошта бошад.

22.02.2011 - Posted by | Адабиёт, Ватан, Ваҳдат, Душанбе, Рӯзгор, Ҳолнома

5 Comments »

  1. Хеле зебо нақл мекунед, устод. Қиссаҳои Шуморо такрор ба такрор мутолиа мекунам.

    Ба оила, дӯстон ва наздикон шоир Сафармуҳаммад Аюбӣ ҳамдардии худро баён мекунам. 66 сол хеле барвақт аст. Афсус, боз як нафари дигар аз байни бузургони Тоҷик дунёро тарк кард.

    Comment by Иброҳим | 22.02.2011 | Reply

  2. Самимона буд. Мамнун аз покии калам ва садокати калом.

    Comment by шахзода | 24.02.2011 | Reply

  3. Сукути хар калам чи дар ин ва чи дар он дуне неруву шахомати абадро падидор мекунад … Бовар дорам равони шоир дар абад шод аст, шодие ки дарефти он дар ин дунеи гузаро барояш мушкил …
    Бо Сафармуҳаммад Аюбӣ ошно набудам, сипосгузорам акои Салим барои ин едномаи махзуну зебо.

    Comment by муборак | 24.02.2011 | Reply

  4. охири кори хамаи мо рехлат аст, чи чавон чи пир. тайёр будан лозим. ана имруз 25 феврал Нурмухаммади масчохи – бародари азизи мо низ дар айни чавони дунёи фониро тарк гуфт. Яъне марг ибоат аст, бояд ибрат бигирем

    Comment by saadullohi muso | 25.02.2011 | Reply

  5. Нурмуҳаммади шаркшинос?

    Оре, марг дар пушти дар аст. Бояд хар лахзаро ганимат шумурд.

    Худо ба онхое, ки наздиконашонро аз даст медиханд, сабр ато кунад. Сахт ва ногузашатанист.

    Comment by aioubzod | 03.03.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: