Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Горбӣ ва “Таджикия”

Раҳбари собиқи Шӯравӣ, Михаил Горбачев, бароям ба ҳайси як муаммо боқӣ мондааст. Имрӯз чанд сатре дар бораи ӯ навиштам ва бори дигар ба ин андеша баргаштам, ки ботини ин шахс ҳамоно  паси парда боқӣ мемонад. Маълум нест, то куҷо рост мегӯяд. Ошкор нест, ҳанӯз ҳам гоҳе билети ҳизбияшро боз кардаву ба акси хеш менигарад ё дигар ақидааш аз реша иваз шудааст.

Бо вуҷуди ин вай дар мақоми меъмори “перестройкае”, ки дунёро дигар кард, боқӣ мемонад.

Як калимаи мисли «перестройка» ва «гласностъ» нави ӯ дар ёдам сахт нақш бастааст – «полуправда», нимрост. Вале ҳоло фикр мекунам, ин калима бештар ба шахси худаш ишора мекунад.

Аз сӯи дигар бадбахтии ӯ буд, ки фишор дар деги шӯравӣ ба ҳадди охир баланд шуда буд ва агар ӯ хост, танҳо сӯрохи хурде дар сарпӯши он шикофаду буғро андак-андак ба берун сар диҳад, ин сӯрох кофӣ набуд ва фишор сарпӯшро ба тори фалак афканд.

Шӯравӣ дар ҳоли сакарот буд. Горбачев пизишке нашуд, ки дардро ташхис кунад ва дардмони муносибе ёбад. Вай сарнахи таҳаввулотро аз даст дод ва аз корвоне, ки худ ба роҳ андохта буд, ақиб монд. Ҳангоме ки пайти амал расида буд, вай ҳамоно ҳарф мезаду ҳарф мезад. Замоне ки идеология ба поён расида буд, вай аз он ҳимоят мекард. Вай аз озодии инсон мегуфт, вале худаш озод набуд.

Шӯравиро шахсе метавонист, ҳифз ва ислоҳ кунад, ки худ шӯравии асил бошад. Аммо Горбачев пеш аз он ки шӯравӣ бошад, рус буд ва натавонист, манофеи миллатҳои дигареро, ки ба ормонҳои шӯравӣ бовар доштанд, дарк кунад. Ҳаргиз наметавон фаромӯш кард, ки ӯ Тоҷикистонро дар вазни «Молдавия», «Армения» ё «Киргизия» «Таджикия» номид.

Барномаҳои Горбачев нимрост набуданд, вале нимкора буданд. Вай ҳам мехост, фарзанде ба дунё орад ва ҳам бокира боқӣ бимонад. Вақте Шеварднадзе ва Яковлев ӯро аз пайомади кораш ҳушдор доданд ва ҳатто Шеварднадзе дар анҷумани ҳизбӣ аз эҳтимоли табаддулот ӯро огоҳ кард, вай ин дӯстонашро рад кард ва бо мухолифонаш монанди Лигачев, Лукянов ва монанди онҳо монд.

Мӯҳлати нисбатан кӯтоҳи раҳбарии Горбачев пур аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ буд. Ба монанди маъракаи ошкорбаёнӣ, фалокат дар Чернобил, хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон, нахустин озмунҳои маликаи зебоӣ, кооперативҳо ва рафҳои холии мағозаҳо, бозгашти академик Андрей Сахаров аз бадарға ба Маскав, заминларзаҳои Спитаку Ленинакан ва ғайра.

Ва ҳам рӯйдодҳои феврали соли 1990 дар Тоҷикистон. Горбачев гуфтааст, вай фармони тирандозӣ ба тазоҳуркунандагон дар Душанберо надодааст. Аммо қаблан иқрор карда буд, ки ҳамлаи артиш ба тазоҳуркунандагон дар Боку ва Тифлис бо дастури ӯ шудааст. Вай барои ин аз озариҳо ва гурҷиҳо маъзарат хост, аммо дар бораи тоҷикон чизе нагуфт.

Раҳбари вақти шӯравӣ бештар ба бахши аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ, равобит бо Аврупои Ғарбӣ ва Иёлоти Муттаҳида мутамарказ буд, то ҷамоҳири Осиёи Миёна. Вай метавонист, бо як занги телефон аз рӯйдодҳои хунини Душанбе пешгирӣ кунад, аммо накард ва бо осиёи онҳое об рехт, ки рақибону душманонаш буданд.
Бахше аз ин андешаҳоро дар матлаби имрӯзаам дар торнамои Радиои Озодӣ навиштам, аммо шояд аз ин гуфтаҳои ман дида, назари мардум дар кӯчаҳои Душанбе, ки ҳамкорам Бароти Юсуфӣ рӯи навори видео сабт кард, ба маротиб ҷолибтар буд. Худ бубинед…

02.03.2011 - Posted by | Ватан, Осиёи Марказӣ, Русия, Таърих, Тоҷикистон |

5 Comments »

  1. эх-хеее, Устод, мешудааст ку! Аз кушодани сафхаи Шумо ба як чо расидем. Як пешниход: ё by rb тез-тез нависед, ё торномаатонро официально бандед! Sari klaviatura ham zad, namekhohad bo cirilik navisad. Ustod! Ba andeshai Shumo chizi dustdoshtaatro muntazir shudan oson ast? Chi mo bachai jayraem, ki har ruz dah bor tornomai shumoro khabar giremu Shumo dar 2 moh 1 bor navised?!

    Comment by Farid | 03.03.2011 | Reply

  2. Валлоҳ, мехоҳам ҳар руз бинависам ва ҳар лаҳза, аммо кор зиёду чисм пиру неру нест.

    Наход рост менависед? Рузе 10 бор боз кардани ин кулбаи хароба?

    Росташ, хар дафъа бозаш кунам, за шарм месузам, ки шояд касе бо умед ин чо меояду ноумед меравад. Ё насиб, минбаъд талоши бештар хоҳам кард.

    Comment by aioubzod | 03.03.2011 | Reply

  3. Бошад, Устод. Хичолат будам, ки беадаби шуд. Аммо ба назар мерасад бо ин густохиам хидмате ба мухлисони Шумо кардаам. Рост навиштам, баъзе рузхо “кулбаи вайрона”-ро шояд зиёдтар хам боз кунам, ба умеди ёфтани ганче. Медонам, ки коратон зиёд аст, аммо “мы в ответе за тех кого приручили”. Ман як орзу дорам, Устод. Ба рузе бирасам, ки ба Шумо чунин пешниход намоям: хамон мохонае, ки аз “Озоди” мегиред, ман медихам, Шумо он чоро тарк кунеду танхо нависед ва нависед.

    Comment by Фарид | 04.03.2011 | Reply

  4. Салом ва дуруди бепоён. Дар хакикат ман хам рузе то 10 маротиба ба кулбаи шумо сар мезанам аммо аз газои маънави буе нест… Шукр ки навиштед ва моро рухбаланд кардед. Худо хофизи шумо бошад

    Comment by Аличон | 04.03.2011 | Reply

  5. “Меченый”

    Горбачев похож на инфернальное существо. Иногда кажется, что в таком же режиме он доживет и до девяноста, и до ста, и до тысячи лет. И каждый новый юбилей ему будут вручаться новые награды и премии, вокруг “живой легенды” – виться политики и журналисты, а он при этом – говорить, говорить, говорить…

    Его как будто специально законсервировали на этом свете, чтобы на примере “меченого” показывать всем, что ложь и предательство – вовсе не грехи, а весьма выгодный бизнес, который, если лгать и предавать “правильно”, приносит благополучие, здоровье, долгие лета, славу и почет. Чтобы тысячи и миллионы новых отечественных иуд и иудушек точно знали, с кого им “делать жизнь”.

    Программа торжественных мероприятий в Москве, Лондоне и Берлине, посвященных 80-летию бывшего генерального секретаря ЦК КПСС и президента СССР, который собственными руками уничтожил и свою партию, и свое государство, на совести которого, по сути, – кровь и смерти миллионов людей во всем мире, – поражает своим размахом.

    Чествовать “лучшего немца” в три столицы по очереди слетятся vip-персоны со всего мира. Он – это они. Они – это он. Реклама пиццы “Pizza Hut” и чемоданов “Louis Vuitton” – не ради денег, а ради символа, обозначающего глубину падения некогда второй сверхдержавы мира… Имитация “демократизма” – точно так же, как раньше была имитация “коммунизма”. “Человек без свойств”…

    Пока Михаил Сергеевич жив и здоров, за остальных наших власть предержащих можно не опасаться – все у них будет хорошо, ведь не они “первые начали”. Как говорили еще на заре “перестройки”: “Куй железо, пока Горбачев!” Так оно, в конце концов, и случилось, и длится вплоть до сей поры.

    Наверное, именно поэтому “демократы” всей Земли и берегут, и преклоняются перед Горбачевым так, как гоголевская нечисть берегла своего Вия и преклонялась перед ним.

    Открывать ли и дальше его веки?

    Журналист “Завтра”
    Алексей Гордеев
    02 марта 2011 года

    Comment by Рустами Замон | 10.03.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: