Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Кашокаш бар сари сенаторони Амрико

Аз як сӯ хеле хуб аст, ки мақолаи кас дар даҳҳо торнамо ва блогҳо бознашр шавад. Мардуми бештаре онро хоҳанд хонд. Худам мутваҷҷеҳ набудам, аммо як шинос бароям гуфт, ки мақолаи ман дар бораи назари мусбати Сенати Амрико ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз сомона ба сомона мекӯчад ва ин “саёҳат” дар ҷаҳони интернет идома дорад.

Дар ҳоле ки ӯ 6 торнаморо ном гирифт, ман фақат медонистам, ки мақоларо Сентразия.ру иқтибос кард. Биноан, ба воситаи ҷӯяндаҳои Гугл ва Яндекс онро ҷустуҷӯ кардам ва дар чанд дақиқа ин сомонаҳоро ёфтам, ки матлабро бознашр кардаанд:

http://ca-news.org/news/620531
http://regnum.ru/news/fd-abroad/uzbek/1378377.html
http://www.centrasia.ru/newsA.php?st=1298716800
http://www.paruskg.info/2011/02/27/40301
http://ru.redtram.com/go/249241336/
http://tjknews.ru/news/1437
http://ru.trend.az/capital/energy/1836405.html
http://tjknews.ru/news/1437
http://thenews.kz/2011/03/01/748506.html
http://is.park.ru/doc.jsp?listno=2167072&listcd=94&listmd=116&listfile=pub&urn=42897317
http://guralyuk.livejournal.com/1686354.html
http://www.uzmetronom.com/2011/03/01/rogun_rakhmon_i_senat_ssha.html

Аммо бадии кор ин аст, ки дар баҳсҳои аксари ин сомонаҳо мухолифони сарсахти Роғун ва куллан онҳое, ки ба мардуми мо як адовати оштинопазиру ғайри қобили дарк доранд, дастболоянд. Дашном ҳам фаровон асту танқид низ. Чанд нафаре амдан хонандагонро саргум мекунанд, ки гӯё ман ба гузориши Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико бандҳоеро дар бораи Роғун аз худам изофа кардаам ё чунин порчаҳоро нодуруст баргардондаам.

Ба фикрам, онҳое чунин менависанд, ки худ ба ин қабил корҳо одат доранд. Аксари муаллифоне, ки зидди Роғун менависанд, барои намуна, нукоти қонун ва қарордодҳои байнулмилалии марбут ба обҳои фаромарзиро таҳриф мекунанд. Аксари онҳое, ки дар бораи таърихи ақвоми Осиёи Марказӣ менависанд, ҳамчунон сарчашмаҳои таърихиро ғалат нақл мекунанд ва ё порчаҳоеро аз матн барканда, ба дидгоҳи худ мутобиқ мегардонанд.

Ман ба матни гузориш, махсусан дар бораи Роғун чизе аз худ наафзудаам, зеро дақиқан медонам, ки ин санадро ҳатман дигарон ҳам хоҳанд хонд ва агар таҳрифе пайдо карданд, мақолаҳои сангине хоҳанд навишт.

Нафаре ба вожаи “relevant” эрод гирифтааст, ки дар баргардони мақолаи ман ба русӣ “своевременный” омадааст. Тарҷумаи дигараш метавонад “актуальный” бошад. Инро ҳам тазаккур додам, ки сенаторҳо аз тарҳи Роғуни Тоҷикистон ҳимояти ошкоро ва бечунучаро ҳам накардаанд, вале ҳамин “relevant” номидани тарҳ худ хеле ҳарф аст, бавижа бо назардошти он ки сиёсатмадорони Иёлоти Муттаҳида ҳамеша дар мавриди Узбакистон бо эҳтиёти тамом ва бо як тобиши нисбатан мусбат ҳарф мезананд.

Сониян, таъкиди онҳо ба чанд нукта, ки нахуст ва пеш аз талабҳои болохонадори оби бештар, кишварҳои минтақа (як манзур – Узбакистон) бояд муайян ва исбот кунанд, ки ба чӣ миқдор об зарурат доранд. Дувум, бояд истифодаи об дар кишоварзии муосири ин кишварҳо, ки сару соҳибе надорад, ба танзим оварда шавад. Савум, 70 дар сади оби Осиёи Марказӣ сарфи кишоварзӣ мешавад ва биноан, набояд аз сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳаюлои бадвоҳима ба вуҷуд оварду бо ин васила равобити байни кишварҳоро мураккаб ва хасмона кард. Магар ин нукот як навъ ҳимоят аз тарҳи Роғун нест?

Албатта, сенаторҳо инро ҳам мегӯянд, ки Узбакистон аз дурнамои кор нигарон аст ва нишон медиҳанд, ки ин нигарониҳоро дарк мекунанд. Онҳо баҳси оби Ҳинду Покистонро намуна меоранд ва мушкили аслиро дар он мебинанд, ки тарафҳо ба ҳам эътимод надошта, омода нестанд, сари мизи гуфтушунид биншинанд.

Тоҷикистон, тавре медонем, ба чунин гуфтушунид омода аст ва борҳо ин пешниҳодро кардааст. Вале ин Узбакистон аст, ки танҳо мухолифаташ ба Роғунро парчам кардааст ва хостори ҳеҷ гуна баррасии илмию оқилонаи масъала нест. Як намунаашро Алихони Латифӣ гуфтааст, ки ба конфаронси “байнулмилалӣ”-и истифодаи захираҳои оби минтақа дар Тошканд, тобистони гузашта аз Индунезӣ ҳам вакилон даъват шуданд, аммо на аз Тоҷикистон ва дар ҳоле ки вакилони Қирғизистон худ бе даъват ба пойтахти кишвари ҳамсоя омада буданд, ба толори нишаст роҳ дода нашуданд.

Шояд бовари бархе аз афрод ба тарҳи Роғун коста шуда ё аз байн рафта бошад, вале ман ҳанӯз мутмаинам, ки ин як тарҳи мусбат ва як роҳи наҷоти Тоҷикистон аст. Роғун бояд сохта шавад. Бигзор бе ғавғо ва дағдаға, аммо бояд бунёд гардад. Сенаторҳои амрикоӣ онро роҳи ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва экспорти барқ ба Афғонистону Покистон номидаанд. Душанбе бояд аз ин мавзеъгириҳо беҳтарин истифодаро бикунад ва онҳоро таҳким диҳад. Маълум аст, ки мавзеъгирии Амрико ба бархӯрди Бонки Ҷаҳонӣ ба масъала таъсири муҳим хоҳад дошт.

Хуб, барои онҳое, ки ба тарҷумаи ман аз инглисӣ шак доранд, ин ҷо пайвандхатти он гузоришро низ насб мекунам, то худ бихонанду хулоса бароранд. Ин ҷо.

Дар боби дашному тавҳини мубоҳисони сомонаҳои бешумор инро мегӯям, ки бигзор, ҳарчӣ дилашон мехоҳад, бигӯянд. Роғун арзиши ин ҳамаро дорад.

—————-

Акс аз “Пайкон”

03.03.2011 - Posted by | Амрико, Баҳс, Матбуот, Роғун, Тоҷикистон, Узбакистон

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: