Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Васл кунед, на фасл!

Тарҳе бо номи “Қонуни масъулияти волидон дар таълим ва тарбияи фарзанд” андарзи “пояи зулм дар ибтидо андаке буд, ҳар кӣ омад,  бар он зам кард”-ро ёдовар мешавад. Шояд дастандаркорони Вазорати маориф аввал фақат мехостанд, ки ҷавобгарии падару модарро барои аз таҳсил канор мондани фарзандашон ҷиддитар кунанд. Ҳақ ҳам доштанд, зеро ҳазорон навраси тоҷик ва асосан духтарон – модарони оянда ба ҷурми падару модар ё бародар аз мактаб дур мондаанд.

Қонуне ҳам дар ин маврид буд, вале омаданду ташаббус оварданд ва тарҳи наве заданд. Касе аз падару модари бепарво ва кӯдакони бепарастори хиёбонҳо ёд кард, инро ҳам ба тарҳ афзуданд. Мушовири дигаре аз роҳ расиду гуфт, кӯдаку наврасони масҷидрав ба онҳое табдил хоҳанд ёфт, ки низоми моро нахоҳанд писандид, инро ҳам афзуданд. Дар натиҷа ҳаюлое сохтанд, ки дар ин шаклаш ба ҷои фоида зиён меорад.

Ихтилофи он бо Қонуни асосӣ ва ҳуқуқи инсон як сӯ, тарҳи нав пайомадҳои ваҳшатоваре дошта метавонад. Он тафоҳум ва эҳтиром дар хонаводаҳоро баҳам хоҳад зад, ҳол он ки бе он ҳам ба иллати вазъи сангини иҷтимоӣ фазои равонӣ дар оилаи тоҷик ба мушкилоти зиёде рӯбарӯст. Сангаре дар дохили як оила сохта шуд, ки дар як сӯи он падару модар ва дар сӯи дигараш писару духтар зидди ҳам қарор хоҳанд гирифт.

Вақте ба дастурҳои қонуни нав сар фурӯ мебарӣ, дар шигифт мемонӣ. Магар падару модаре ҳаст, ки бадбахтии фарзанди худро хоҳад? Вале аз ҷониби дигар, магар надидаем, ки чӣ теъдод аз қонунҳо танҳо рӯи коғаз мемонад? Падару модаре, ки дилашон ба фарзандашон ва ояндаи ӯ месӯзад бе ин қонун ҳам ҷигарбандони худро ба беҳтарин шева тарбия хоҳанд кард. Падару модаре, ки маданияташро надоранд ва ба гуфтае, “мезоянду ба кӯча мепартоянд” бо ҳамин қонун ҳам раванди мазкурро идома хоҳанд дод.

Аммо барои шахси ман зермаънои амиқи ин қонун хеле нигаронкунанда аст. Агар ба он борик нигарем, мебинем, қонунест, ки мақсад дорад, ояндаи кишварро ба хатар кашонад. Ин тарҳи онҳое нест, ки хушбахтии мамлакатро мехоста бошанд, тарҳи онҳоест, ки осудагии худро мехоҳанд. Ин намунаи ҳасади ашхосест, ки мехоҳанд, ҷавонон дилмурда, сархам, афсурда, сокит ва мутеъ  бошанд. Ин як талоши завлона андохтан ба шӯру шавқи ҷавонӣ ва озодии зотии инсон аст.

Ба назари ман ингуна меояд, ки афроди муайяне дар талоши боздоштани рушди маънавии ҷавонон ва роҳ надодани онҳо ба ҷавлонгоҳи сиёсию иҷтимоӣ, ба зинаҳои болоии қудрат аст. Ин талоши наслест, ки ба иллати ҷангу нооромӣ ва маҳалгароиву зӯргӯиву тасодуфу заруратҳо ба вазифахо расида, ҳоло бо дидани нерӯву тавону насли баъдина ба ваҳшат афтодаву бо ҳар роҳи мумкину номумкин зӯр мезанад, ба он имкони сабзидану мустақил буданро маҳдуд кунад.

Аммо ин шояд як талоши хатарноке бошад. Талошқое, ки дар натиаҷи онқо рӯҳи миллӣ ба кажроқа бурда шуд, бо ҳамаи василаҳо мардум мӯҳтоҷу муҳоҷиру мустаманд карда шуд, вале ҷавониро, ки атои Худо ва табиат аст, намешавад дар қавсайни зиндони равонии хеш гирифт. Баракс, ин талош натиҷаи чаппа хоҳад дод. Ҷавонӣ ба маънии озодӣ, қиём ва ҳақталошист. Ҷавононро Худо озод мегузорад ва ҳар гуноҳи онҳоро мебахшад. Магар Худованд гуноҳҳои ҷавонии шуморо набахшидааст, наход фаромӯш карда бошед? Озодии ҷавононро наметавон ба маҳбас андохт.

Пешрафти тамоми ҷаҳон ба дасти ҷавонон аст. Агар онҳо гоҳе хомӯш мемонанд ва сукут меварзанд, ба маънои тарс ё итоат нест. Онҳо дар ҳақиқат падару модар ва калонсолонро ҳурмат мекунанд ва намехоҳанд, дили онҳоро биозоранд. Аммо ин сукутест то марзҳои муайян. Бо зарби адабчӯб ё таҳдиду зӯрӣ фақат ҷинояткорон ва осиёни ояндаро ба вуҷуд хоҳед овард. Нерӯе, ки табиат ба ҷавонон ато кардааст, бояд баромадгоҳе дошта бошад. Ва на танҳо дар як ё ду ҷабҳа, балки дар ҳамаи риштаҳои зиндагӣ.

Касе ки метарсад, дар ҳама чиз, ҳатто чизҳои табиӣ таҳдидро мебинад. Ин бор на танҳо таҳдид дуруст ташхис нашуда, балки, дареғ, роҳи дифоъ ҳам нодуруст интихоб гаштааст.  Ба ҷавонон бояд фазо ва умед бахшид. Бадтарин ҷомеа онест, ки ҷавононаш ноумед шуда бошанд. Фаромӯш накунед, агар шумо ҷавонони садаи 20 будед, онҳо ҷавонони садаи 21-анд ва комилан дигаранд. То марзҳои муайян ба арзишҳои шумо, бузургсолон ва падару модари хеш арҷ мегузоранд ва ҳарфи онҳоро мепазиранд, вале худ он қадар пешрафта ва фаҳмидаанд, ки тамоми найрангҳои калонсолонро хубтар аз худи онҳо дарк мекунанд. Замоне ки паймона пур шуд, онҳо ҳарфи худро хоҳанд зад. Ҷавонию ғуломӣ мафҳумҳои пайвастнашавандаанд.

Акс аз торнамои Травелпод

05.03.2011 - Posted by | Баҳс, Ватан, Тоҷикистон, Худшиносй, Қонун |

6 Comments »

  1. Субхоналлох, Устод! Шумо инчо аз сабки хамкори кадиматон Додварз кор гирифтаед. Зохиран тархи ин конун сахт ошуфтаатон кардааст. Дар Ватан хелехо барои кабул нашудани ин конун аллакай ду мох аст, ки шадидан мухолифат меварзанд. Иншоаллох рузномахои мустакил ин навиштаи Шуморо бознашр хоханд кард, то вакилони интернетбехабар, ки алъон навбати барраси аз онхост, бихонанду ба андеша раванд. Аммо баъид ба назар мерасад, ки андешаашонро ошкор карда тавонанд. Ба хар хол ба рахмати Худованд умед мебандем, то акли солим ин бор дар Ватани сарозер суи каърамон боло бигирад.

    Comment by Farid | 05.03.2011 | Reply

  2. Салому дуруд
    Инчо назаре ки каблан барои чаридае гуфта будам, меоварам.
    Имрузхо дар саросари чомеаи кишвар феьлан танури бахсхо ва назархо рочеь ба лоихаи конун “Дар мавриди масулияти падару модар,ки дар таьлими фарзанд” ки аз чониби раисчумхур пешниход шуд, гарм аст.Ва бадин манзур хам шабакаи Точикистон барномаеро тахти унвони “Микрофони озод” сомон дода аст.
    Агар манзур аз ин мафхум барномаи кариб харрузаи Микрофони озоди шабакаи Точикистон бошад , пас бояд арз шавад,ки ин кисмат аз барнома яьне “Микрофони озод” натавониста рисолат ва вазоифи вежаи худро ба чо биоварад.Дар вокеь бояд бигуям,ки чун ин шабакаи давлатии кишвар аст ва аз “боло” хуб идора мешавад, мучриён ва масулини ин барнома танхо суроги онхое, мераванд,ки ин тархи раисчумхурро “окилона”, одилона”, ва “дурусту саривакти” унвон мекунанд, аммо дар доираи сухбатхои бидуни микрофон кисми зиёде аз шахрвандони кишвар аз каму костагихо ва мейёрхои ин тархи пешниходшуда лаб ба шиква мекушоянд.Ва хамеша табиист,ки он гурух аз назардихандагони ин барнома ва умуман онхое,ки ки мехоханд,рочеь ба ин тарх сухан бигфуянд аз ба истилох “табори” давлатанд ва мусаламан манфиатдор будан ва саривакти будани ин тархо дастгири мекунанд, чун дар гайри ин сурат аз “руйхат” хазф мешаванд.Аммо вакте,ки дунболи ягон коршиноси мустакил ва чудо аз давлату хукумат меравед, асоси ин тархро нозарур мешуморад.Бубинед, рисолати “Микрофони озод” ин нест. Бояд он вокеан иникосгари авзо ва хаводиси актуали ва вокеии чомеа бошад ва тавассути ин дастгох мардум битавонанд арзу дод, ва гилаву фарёди худро ба гуши давлатмардон бирасонанд.Феьлан аз шева ва равиши ин барномаи телевизиюни Точикистон наметавонам каноатманд бошам, зеро он чизеро ки мебояд бишунавонад, намешунавонад.Аз ин гуна намоиш додани барнома танаффус карданаш авлотар аст.
    Бубинед хамин модаи 12 тархи ин конун ки дар бораи чавобгари падару модар дар таьлиму тарбияи фарзанд аст, фикр мекунам,ки дуруст нест, ва ин як нав эчоди низо миёни падару модар аст, охир мо наметавонем бо рохи конун ва ичбори ишку мехрабони нисбат ба фарзандро аз суи падару модар эчод бикунем, ё баракс.

    Comment by Firdavsi Azam | 06.03.2011 | Reply

  3. Давлат Усмон. “Сегодня, по моему убеждению, в правительстве Таджикистана в основном работают кадры с низким уровнем мышлением и по своему порождают в стране светский радикализм, а это в свою очередь способствует развитию религиозного радикализма в обществе.”

    Comment by Samandar | 06.03.2011 | Reply

  4. Мехохам як чизро фахмам, ки ягон вакт конуни масъулияти давлат дар таъмини зиндагонии дурусти шахрвандон кабул мешуда бошад?

    Comment by Рустами Замон | 06.03.2011 | Reply

  5. Ба ағлаби гуфтаҳои дӯстон ҳамфикрам. Ин тарҳ бояд ё ҷиддан бознигарӣ ва аз нав баррасӣ шавад ё беҳтар аст ба сабад афганда.

    Comment by aioubzod | 10.03.2011 | Reply

  6. […] ҳар сурат, оқибати ин қонун хуб ба назар намерасад. Навишта будам, ки он ихтилофотеро дар хонаводаҳо ба вуҷуд хоҳад овард. Бар замми ин таълимоти динӣ […]

    Pingback by Банди ҷудоиандоз « Салими Аюбзод | 10.04.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: