Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ифшои тахаллус

Гуфтам, як рӯз фориғ аз ҳама кори ҷаҳон бошам, то ин фароғат рӯҳамро ором кунад. Қасд доштам, ин субҳ роҳи ҷангалистонро дар пеш бигирем ва ҳамаи хонадон дастархоне сари санг боз кунему нонеро ба оби чашма тар бикунем, дар канори табиат ва ҳамнаво ба обшорону бодҳо бишавем. Афсӯс, Худо нахост.

Вақте бачаҳоям бархостанд ва дар пайи омода кардани абзори сафар буданд, гуфтам, рӯзи дигаре хоҳем рафт, на имрӯз. Ҳайрон монданд, ки чаро. Дар ҳоле ки дар сари ройона пакар нишаста будам, гуфтам, як дӯсти азизи ман даргузаштааст ва тобу тавони чизеро надорам.

Субҳи 7-уми марти соли 2011 дар Ню Йорк хабари даргузашти Санавбар Шерматоваро шунидам. Сангхабаре. Дардхабаре гулӯгир ва ногаҳонию ғайриинтизор.

Бачаҳоям чизе нагуфтанд, вале маълум буд, аз тағйири нақша хуш набуданд. Ҳамсарам оҳ кашиду биншаст. Бачаҳо шояд ӯро дар ёд надоранд, зеро хурдсол буданд. Аммо ҳамсарам ӯро хуб мешиносад. Дар Маскав Санавбар борҳо меҳмони азизу латифи мо буд. Дӯсти мо, ҳомии мо, имдодгари мо. Вакили мо.

Дар Маскав аз касоне буд, ки мехост, ба дардҳои носури мо дардмон шавад. Мо, онҳое, ки аз ҷанги хунини Тоҷикистон дар Маскав паноҳ ҷуста будем. Темури Варқӣ, Дӯстмуҳаммади Дӯст, Олег Панфилов ва даҳҳо нафари дигар. Он вақт, соли 1992, Санавбар дар “Московские новости” кор мекард. Ин аввалин даре буд, ки бо вуҷуди дарбонҳои бешумораш барои мо ҳамеша боз буд. Метавонистем, соатҳои дароз дар кабинети Санавбар бинишинем, аз телефонаш ба ватан занг занем ё ҳамроҳаш соатҳоои зиёди зимистони сардро дар қаҳвахонаи “Московские новости” гузаронем.

Ӯро ба ман ва маро ба ӯ Темури Варқӣ муаррифӣ карда буд. Варқӣ мақолаеро омода мекард, ки қарор буд, аввалин бор ҳақиқати ҷанги Тоҷикистонро бозгӯ ва чарандиёти хабарнигорони кажқаламу тоҷикнописанди маскавиро баҳам занад. Ин мақола дар сафҳаи дувуми ҳафтаномаи бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ба русӣ ва инглисӣ он вақт мунташир шуд ва сабаб гашт, то Санавбар бо сари баланд моро бо афроди дигари муҳими Маскав ошно кунад.

Росташ, он вақт мо Санавбарро бо номи дигаре мешинохтем. Вай бо тахаллуси “Асал Азимова” мақола менавишт ва бо ҳамин ном ҳамчун таҳлилгари камназир ва донандаи хуби авзоъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ машҳур шуда буд. Агар бастаи солҳои 1990-1992-и “Московские новости”-ро варақ занед, бисёр матолиби ҷолиберо хоҳед дид, ки зерашон имзои Асал Азимова аст.

Ҳамон зимистони сарди соли 1992 вай охирин бор зери ин ном мақола навишт ва сипас ба Санавбар Шерматова табдил шуд. Он ҳафта дар “Московские новости” мақолааш баромад, ки “Ифшои тахаллус” ном дошт ва др матлаб Санавбар навишт, аз бими фиристодаҳои Тошканд ва таҳдидҳои бешумор вай бо тахаллуси Асал Азимова менавиш, аммо ҳоло дигар тасмим гирифт, ки тахаллусро канор гузорад ва бо номи ҳақиқияш вориди майдон шавад.

Мақола вокуниши хонандагони зиёдеро ба бор овард. Бархе аз шуҷоати Санавбар таҳсин мекарданд, бархе инро тасмими бошитобе меноманданд, дигарҳо аз ӯ мехостанд, эҳтиёт кунад ва монанди инҳо. Гурӯҳе аз журналистон занг задаву талаб мекарданд, ки Санавбар дар як нишасти хабарӣ ин тасмими худро шарҳ диҳад. Раҳбарони “Московские новости” низ ин мавзӯъро ҷолиб ва шуниданӣ мешумурданд.

Вай ба ин пешниҳод розӣ шуд, аммо шарт гузошт, ки унвони он на “Ифшои тахаллус” бошад, балки “Ҳалокати журналистон дар ҷанги Тоҷикистон”. Ман ҳадс задам, ки Санавбар тасмими худро зери таъсири қиссаҳои мо аз ҷанги Тоҷикистон гирифтааст. Ман худ ба ӯ достони журналистони кушташудаи тоҷикро ҳикоят карда будам. Чанд рӯз баъдаш гуфта буд, марги журналистон, он ҳам вақте ки ҳама сухани худро нагуфта рафтаанд, хеле сахт аст.

Рӯзе ки мақолаи “Ифшои тахаллус” чоп шуд, зангаш задам. Табрикаш кардам, баъд пурсидам, оё душвор нахоҳад буд, аз нав як чунин номи овозадоре сохт. Охир, Асал Азимоваро тамоми ҷаҳон мешиносад, вале Санавбар Шерматоваро касе намедонад. Ҷавоб дод, шояд душвор аст, аммо ношуданӣ нест. Ва ишораи аҷибе кард: “Журналист як бор мемирад ва бояд як ном дошта бошад.”

Дертар мутмаин шудам, ки вай аз қиссаҳои ҷанги Тоҷикистон тасмим гирифт. Аз журналистони тоҷике, ки дар ин ҷанг кушта шуданд. На камтар аз 75 нафар. Бархе барои навиштаҳояшон, бархе барои бадахшонию раштӣ буданашон ва бархе ҳам шояд тасодуфан. Ва сарнавиши номаълуми садҳо нафари дигар.  Вақте ки Санавабар нишасти хабариро ба ин мавзӯъ оид кард, ҳадси ман ба яқин табдил ёфт. Вай ману Темур Варқиро низ дар ин нишаст канори худ нишонд. Худаш мисли гуле дар мобайн буд. Дар паҳлуяш сардабири “Московские новости”, Лен Карпинский, канори ӯ Варқӣ ва аз ин сари миз ман. Чаҳори мо дар баробари қариб 200 журналист ва муҳофизони ҳуқуқи инсон.

Ба гуфтаи ҳамонвақтаи Аркадий Дубнов, ин беҳтарин нишасти хабарӣ дар бораи Тоҷикистон дар он рӯзҳо буд. Мо ба даҳҳо саволи хабарнигорони Русия ва Ғарб посух додем ва бархе аз посухҳои моро Санавбар ба беҳтарин шакл такмил мекард. Вай ҳама чизи марбут ба Тоҷикистонро медонист, дар бора ҳар яке аз бозигарони саҳнаи сиёсии он маълумот медод. Ҳоло фикр мекунам, суханони мо дар он ҳамоиш эҳсосотӣ ва пархошҷӯёна буданд ва ин Санавбар буд, ки бо андешарониҳои ором ва устувораш ба он сӯҳбатҳо тавозун мебахшид.

Вай ҳама чизи марбут ба Тоҷикистонро хуб медонист, борҳо ба он ҷо сафар карда буд ва ҳатто маълумоте дшт, ки мо надоштем. На танҳо аз таҳаввулоти Тоҷикистон, балки Узбакистон ва дигар кишварҳои минтақаро низ огоҳии комил дошт. Рӯзҳое, ки ман дар коргоҳаш будам, шоҳид мешудам, ки чандин нафар аз расонаҳои дигар барояш занг мезаданду тафсилоти ин ё он воқеа ё ҳолномаи ину он сиёсатмадор ва ё шарҳу тафсири равандҳоро мепурсиданд ва комилтарин иттилоъро аз ӯ мегирифанд. Вай чизеро аз ҳамкасбонаш дареғ намедошт. Барои ҳамин ӯро дӯст медоштанд.

Баъзан дар масъалаи Самарқанду Бухоро ҳарф мезадем ва медидам, ки вай ҳақиқатро аз ҳисси миллияш боло мегузошт. Вай аз кам касоне буд, ки тоҷикнишин будани ин шаҳрҳоро эътироф мекард ва инро метавон дар навиштаҳояш низ дид. Вақте моҳи феврали соли 2010 шахсе бо номи Э. Ҳасанов зидди китоби ман “Тоҷикон дар қарни бистум” мақолаи муфассале навишт, Санавбар ба ман занг зад ва гуфт, ин мақола аҳмақона, бебунёд ва фармоишист ва ман набояд мушавваш шавам.

Фармондеҳи мухолифон ва вазири собиқи умури изтирории Тоҷикистон, Мирзо Зиёев дар соли 1996 дар мусоҳиба бо журналист Елена Масюк гуфт, мо бо ин ҳамлаи худ яксара то Самарқанду Бухоро меравем ва ин шаҳрҳои тоҷикро озод мекунем. Вақте ки соли 2009 Зиёев кушта шуд ва коршиносон  корномаву ҳолномаи ӯро шарҳ медоданд, Санавбар Зиёевро “марди сулҳхоҳ” номид. Вай аз роҳи ҳаётии Зиёев ҳикоят кард, аз равобиташ бо Ҳаракати исломии Узбакистон, аз муносибаташ ба сулҳи тоҷикон ва монанди инҳо, аммо аз ин гуфтаҳои Зиёев ёдовар нашуд ва озурдагие аз ин суханон надошт.

Бо бисёре аз сарони давлатҳо, раҳбарони мухолиф, фармондеҳон, одамони одӣ ҳамсӯҳбат мешуд ва кам дидаам, ки дар давоми сӯҳбат чизе ба дафтарчааш навишта бошад. Аммо пас аз солҳо низ нишон медод, ки ҳамаи он сӯҳбатро бо тамоми ҷузъиёт дар ёд дорад. Хеле зиёд сӯҳбатҳо мекард, хеле зиёд мавод гирд меовард, аммо кам менавишт ва чизе менавишт, ки муддатҳо дар ёди хонанда нақш мебаст.

Вай афсӯс мехӯрд, ки солҳои охир маҷбур аст, асосан аз ҷангу хунрезӣ нависад. На, вай мисли бархе аз ҳамкасбонаш, ки аз теъдоди кушташудагон пару бол мебароварданд ё дар остонаи кушокушию нооромие каф ба ҳам месоиданд, набуд. Баракс, аз сарнавишти одамон дар ин ҷангу кашокашҳо ғамгин мегашт, ғам мехӯрд. Дар сӯҳбат бо президентҳо ё раҳбарони мухолиф ҳамеша аз шакку шубҳа кор мегирифт ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҳақиқати пинҳони онҳо буд.

Вай ҳарчанд риштаи журналистиро хонда буд, табиатан журналист буд, на касе, ки баъд аз таҳрирҳои зиёди дигарон навиштани чанд ҷумларо ёд гирифта бошад. Ҳамчун таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ вай чизҳое мегуфт, ки дигарон наметавонистанд бигӯяд, наметавонистанд, дарк кунанд. Вай беҳтарин журналист ва коршинос буд ва беҳтарин инсон низ.

Маҳфили унсе ба ёдам меояд. Санавбари хандон, Марина Лебедеваи ғамхор, Аркадий Дубнови нобовар, Темур Варқии камҳарф, Викторияи Ивлеваи пурсуол, Олег Панфилови пурҳарф, Алексей Симонови рақсон, Уктам Бекмуҳаммадови хомӯш ва Абдуманнон Пӯлодови шод. Мо ҷамъ омада будем, ки Абдуманнонро ба муҳоҷирати Амрико гусел кунем. Маҳфилро Санавбар созмон дода буд ва оши палав мепухт.

Моҳи ноябри соли гузашта, Абдуманнон дар Вирҷиниёи Иёлоти Муттаҳида дар синни 59-солагӣ аз ҷаҳон гузашт. Ман ба Санавбар занг задам ва мо дурудароз он рӯзҳоро ёд кардем. Афсӯс мехӯрд, ки Абдуманнон дар айни ҷавонӣ ва тапу талош дар ҳиҷрат даргузашт. Механдид, ки гӯё ҳамин дирӯзак буд, ки ҷамъ омада будему Абдуманнон дар бораи Каримов латифа мегуфт ва ҳама механдидев ва аз тирезаи хурдакаки хобгоҳи аспирантҳои Маскав бӯи оши палав берун ба хилоли лаклакбарфи Русия мерафт. Дӯстони дигарро ёфд мекардем, ҳол мепурсидем. Ин охирин сӯҳбати мо буд рӯи хатҳои телефон байни Прага ва Маскав. Акнун дар дафтарчаи телефонҳои ман як шумора камтар шуд. Санавбари азиз шаби 6-ум ба 7-уми март дар синни 59-солагӣ ба ин ҷаҳон падруд гуфт.

Рӯҳат шод бод, хоҳари азиз. Ба писарат Тоҳирҷон, шавҳарат ва ҳамаи наздиконат сабри ҷамил ато фармояд.

07.03.2011 - Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Осиёи Марказӣ, Сарнавишт, Ҳолнома

5 Comments »

  1. Салом Устоди азиз
    Узр мехохам агар ба шумо сахт расад аммо мехостам хакикатро донам ки сабаб чи ат аз ин манзуратон
    (Бархе барои навиштаҳояшон, бархе барои бадахшонӣ буданашон ва бархе ҳам шояд тасодуфан)
    Яъне мардуми Катотегин аслан ки вучуд надоштанд ва е ин ки аз опозитсион хар коре бад бошад ба мардуми каротегин рабт медиханд аммо хар коре ки хуб бошад ба мардуми Бадахшон ва е он рузхошумо дар москов намешунидед ки зани каротегиниро дар хонааш тачовуз карданд чавононро дар сари пули сайрон дастачамона ва зинда а зинда ба хок гур карданд касе камтар барои озоди навишта буд уро бо авлодаш куштанд аммо имруз хамчун журналист аз у ед намеоред балки хоини миллат
    ва е аз у фаромуш шудааст ки аслан каротегини аз хама зиед дар ин чанги ДИДУ СУХТУ АЗ ДАСТ ДОД
    Ва е шумо дар дилатон чи озурдагие нисбати каротегинихо доред ( Мисли Сафармухаммад Аюби) ки аз ишон ном намебаред
    Як бори дигар устодузри зиедки хакикатро талх пурсон шудам

    Comment by Rashti | 10.03.2011 | Reply

  2. Салом, бонуи азиз.

    Пурсишҳои дардноке кардаед.Аввалан, мардуми бе ин ыам камшумору нотифоки худро ба ин ё он махал чудо намекунам ва ин чо манзур аз журналистони кушташудаи бадахшонй ишора ба гуфтугуи муайян дар мавзӯе муайян бо Санавбар буд. Ин нишасти хабарӣ марбут ба журналистон буд. Дар нишасти дигар, дар Хонаи адибон дар Маскав, вакте куллан аз руйдодҳои кишвар сухан мерафт, албатта, хамаи маълумоти дастрасшуда матраҳ мегашт ва дӯстон китобчаеро ба чоп расонда буданд, ки ман ҳам дар он саҳм доштам ва ончй Шумо мегуед, ба андозаи зиёд дар ин брошюра сабт гаштааст.

    Журналисте, ки дар бораи Пули Сайрон навишт ва уро бо авлодаш куштаанд, шармандаам, намедонам, манзуратон кист? Агар исмашро менавиштед, бароям рушан мегашт ва метавонистам, посух бидиҳам.

    Озурдагӣ аз мардуми як минтақа? На, ман озурдагӣ аз афроди алоҳида дорам. Монанди Диловари Мирзо, ки баъд аз пирузии опозитсион бо Рустами Ваҳҳобниё дар назди Театри Маяковский рубруям омад ва гуфт, акнун ҳукумат аз мо шуд, ту бирав ва Чароги рузро дар ватанат чоп кун. Ё афроди дигаре, ки дар 6 моҳи Ҳукумати Муросои Миллӣ бо шитобзадагӣ хешу ҳамдиёри худро ба мансабҳои давлатӣ нишонданд, ба таҳсил ё кор дар хориҷ фиристоданд ва монанди инҳо, ки аъмолашон сабаби ғурамарг шудани орзуҳои насли мо гардид, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ озурдагие аз мардуми шарифи як минтақаи бузург, ки он ҷо ҳазорон дӯстони ҷонӣ дорам, дар ягон гӯшаи дилам нест. Он солҳо ман аслан, таваҷҷӯҳ ба он намекардам, ки кӣ аз кадом минтақа аст, чунин пурсишро шармовар мешумурдам ва агар чизе медонистам, шунидае тасодуфӣ буд. Дареғ, солҳои баъдаш ва сиёсате ки имрӯз дар ватани мо дар сатҳи давлатӣ идома дорад, маҷбурам кардааст, ки гоҳе ба чунин чизҳо биандешам. Шояд як матлабе дар ин бора бинависам, ки чаро мардуми мо маҳалгарост.

    Узр мехоҳам, агар нафаҳмида Шуморо озор дода бошам.

    Пирӯз ва сарбаланд бошед.

    Comment by aioubzod | 10.03.2011 | Reply

    • Инро ҳам бояд изофа кунам, ки агар дар ин торнигор ба рӯзҳову ҳафтаҳои пеш баргардед, мебинед, ки ними маводи он ба минтақаи Рашт тахассус ёфтааст. Пас чӣ гуна ман гӯё аз ин минтақа ном набурдаам ё озурдагие аз мардуми он доштаам? Мардуми минтақае, ки то ҳанӯз комаш аз он рӯзҳои сиёҳи 20 сол пеш талх асту сари чанд гоҳ ҳадафи қатлу зӯргӯӣ қарор мегирад.

      Comment by aioubzod | 10.03.2011 | Reply

  3. http://www.ozodi.org/content/article/2330586.html

    Comment by Рустами Замон | 10.03.2011 | Reply

  4. Устоди азиз
    банда Диловари Мирзоро на ба хайси журналист балки ба хайси як беномус мешиносам ва на банда балки Ращтихо.
    Диловари Мирзо як лагандбардоре аст барои Балчувонихр мисли боз ин хоини ватан. Чун гул бе хор намешавад
    Ва барои мисол яке аз Раштхои хоини ватанфуруш ба монанди ин команди полис ва Диловари Мирзо хам ба монанди инхо
    Хохишмандам вакти пуркиммати худро зоеъ намеоед ва як бор бубинед

    Хама коро карданд ва бубнинед ба мардуми рашт чи тавр издиватса доранд

    Comment by Rashti | 12.03.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: