Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дуруд бар журналистон!

Иди матбуот ё беҳтараш Иди журналистикаи тоҷикро ба ҳамаи ҳамкасбону ҳамкорон самимона табрик мегӯям ва орзу мекунам, аз душвориҳои имрӯз бо сари баланд бигзаранду ба ояндаи хубтаре бирасанд. Ояндаи беҳтаре на танҳо барои онҳо, балки барои ҳамаи мардум ва тамоми кишвар. Ин ид ҳарчанд реша дар гузашта дорад, ба сурати умум, нигоҳ ба имрӯз ва оянда аст.

То ҳамин соли гузашта ақидае маъмул буд, ки озодии баён дар матбуоти муосири тоҷик ба он сатҳе нарасидааст, ки кишвари мо дар ибтидои солҳои 1990 таҷриба карда буд. Ҳамчун яке аз намояндагони матбуоти он солҳо бо хушҳолӣ изҳор медорам, ки ин ақида дигар далеле барои ҳастӣ надорад. Матбуоти мо на танҳо бо он сатҳ расид, балки аз он ҳам гузашт, марҳилаи комилан навро бунёд гузошт ва ба андозаи зиёд комёб аст.

Ин комёбиро пеш аз ҳама ҷасорати журналистон ва ҳарчӣ амиқтар шудани мӯҳтавои кори онҳо ба миён овардааст. Маъниҳое, ки ба нашр мерасанд, воқеан ҷасуронаанд ва масъалаҳо акнун тавре таҳқиқу пешниҳод мешаванд, ки хонандаро ба ҳадди лозим қонеъ мегардонанд. Сухани сабук ва биниши сатҳӣ то рафт камтар ба мушоҳида мерасад.

Муҳимтар аз ҳама дар навиштаҳои аксари журналистони тоҷик, ки дар чанд соли охир вориди саҳна шудаанд, тарафкашӣ, муболиғаву мутлақбаёниро камтар ва мувозанату ҳақиқатнигориро бештар мебинем. Ба андозаи зиёд хабар аз шарҳ ҷудо шудааст. Таҳлил ва тадқиқ ҳарчӣ бештар бар пояи факту далелҳост, на ҳадсу гумону эҳсос.

Бубинед, ки бештари часпу талошҳо дар ҷомеаи мо ба шарофати матбуот ва расонаҳои ахбори ом иттифоқ меафтанд. Аз бисёр ҷиҳат матбуот на танҳо нақши ҳукумати чаҳорум, балки ҳукумати аввалро мебозад, зеро бахши умдаи ин ҳукумат, ба истиснои раисиҷумур ва ниҳодҳои қудратӣ гӯё дар ҳоли пинак ба сар мебарад. Журналистонанд, ки ба ҳар даре сар мезананд, ҳар мушкилеро ифшо мекунанд, ногуфтаҳову ногуфтаниҳоро мегӯянд ва чархи зиндагии маънавии кишварро мегардонанд.

Агар фишоре, ки баъд аз рӯйдодҳои Рашт бар сари матбуот фуруд омад, намебуд, ман бовари комил дорам, журналистони тоҷик ба сатҳи боз ҳам болотари кордонию ҳунар мерасиданд. Ин фишори ноҷавонмардона шабеҳи тирборони парандаҳо дар авҷи парвозашон буд. Дар зимн, фишор ҳанӯз аз аввали соли 2010, аз “додхоҳӣ”-и додрасоне шурӯъ шуд, ки бо ҷубронталабии худу эълони ба хазинаи Роғун рехтани он хешро хандахариши ҷаҳон карданд. Баъд номаи вазири дифоъ буд, ки нашрияҳои мустақилро дар ҳамкорӣ бо террористон айбдор кард ва ҳамин гуна силсилаи додхоҳии “тӯҳматшудагони бечора” идома карду идома дорад.

Вале ин фишор дастикам ду натиҷаи мусбат дод. Яке – журналистонро муттаҳид кард, то якҷоя аз озодии баён дифоъ кунанд ва дигаре – таваҷҷӯҳи созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои Ғарбро ба вазъи матбуот дар Тоҷикистон ҷалб намуд. Аз сӯе ҳам муҳокимаву ҳукмномаҳо нишон дод, ки додгоҳ дар Тоҷикистон мустақил нест ва додрасон бе ягон истихора метавонанд, ширро сиёҳ номанд.

Ҳамбастагии журналистон ва таъсиси як кумита барои дифоъ аз ҳамдигар шоёни таҳсин буд. Аз ёд намеравад, ки чӣ гуна як нашрия сафҳаҳои худро дар ихтиёри нашрияи дигаре гузошт, ки матбааҳо аз чопаш сарпечӣ карда буданд.

Бисёр хурсандиовар аст, ки аксари нашрияҳо торнамои худро дар шабакаи ҷаҳонии интернет боз карданд ва акнун матолиби онҳо дар саросари дунё дастрас аст. Сомонаҳои нави хабарию таҳлилӣ, торнигор ё блоги журналистони алоҳида пайдо шуд, ки шахсан ман аксари онҳоро бо шавқи тамоми мутолиа мекунам.

Дар чунин пасманзар амалкарди Вазорати пешини нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, яъне аз чашми мардум дур кардани чандин торнамо ба хиёнате зидди ҳам журналистон ва ҳам мардум монанд буд. Тасаввур кунед, ки идораи давлатӣ монеи дастрасӣ ба иттилоъ ва аз ин роҳ садди пешрафти кишвар мешавад. Чунин афрод бояд бино бар Қонуни матбуот муҷозот шаванд ва мӯҳлатеро дар маҳбас ба сар баранд, то ба дигарон сабақ шавад. Афсӯс, дағдаға ба сари журналистон аз боло меояд, гоҳе аз худи раисиҷумҳур, ки гоҳи дигар баракс журналистонро ба ҷасурию росткорӣ даъват мекунад.

Аммо тӯҳфаи журналистон ба ин вазиру вазораташ хеле ҷолиб ва хотирнишин буд – 10 метр сими кабел, зеро ин дурӯғгӯён мегуфтанд, кабел осеб дидаасту бояд тармим шавад ва тармим ҳам фурсати дарозеро гирифт.

Тавре мебинем, дар ҳама ҳолат журналистони тоҷик пирӯзанд. Ҳатто агар додгоҳ зидди онҳо ҳукм содир кард, боз ҳам журналистон пирӯзанд ва инро ҳам муаллифони чунин аҳком медонанду ҳам онҳое, ки ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Ин додгоҳбозиҳо журналистону вазирону додрасҳоро, ки қаблан гӯё кастаҳои гуногун буданд, дар як сатҳ қарор дод. Ташаккур аз онҳое, ки ба додгоҳ шикоят бурданд.

Вале марҳилаи баъдӣ, зоҳиран, хеле душвортар хоҳад буд. Муваффақият бадхоҳонро олуғдатар ва талоши онҳоро қавитар мекунад. Бояд ба оянда амиқ андешид. Бояд ҳунару сухани журналистон ба сатҳе бирасад, ки ба додгоҳ кашидани онҳо мушкил бошад ва дар додгоҳ мағлуб шуданашон аз он ҳам мушкилтар. Барои ин бояд тамоми ин таҷриба омӯхта ва таҳлил шавад ва роҳкорҳое барои оянда пайрезӣ гардад.

Душвориҳои печидатаре аз худ дарак медиҳанд. Аз ҷумла таъсиси “фабрика”-и мақоланависоне, ки дар сиёҳ кардани чеҳраҳои сиёсӣ ё пуштибонӣ аз мавзеъи ҳукумат идораи нашрия ва торнамҳоро бо имзоҳои мустаору дурӯғин мақолаборон мекунанд.  Аксари ин мақолаҳо бо вуҷуди имзои гуногуни зерашон сабки ошно ва ҳадафи маълум доранд. Агар сармоягузории ин падида бузург ва чатри он давлат бошад, журналистикаро мушкили сахте дар пеш хоҳад буд.

Ин падида ҳам бояд таҳқиқ ва арзёбӣ шавад. Оё ин як намуди нави журналистика (Пиари сиёҳ) аст ё бояд ҳамаи расонаҳо ва журналистон чунин сияҳкориҳоро маҳкум ва худро аз ин падидаи нангин комилан ҷудо кунанд? Беҳтарин роҳ ин аст, ки расонаҳои ҳамагонӣ аз нашри маҳсулоти ин “фабрика” иҷтиноб варзанд. Ё ба ифшои муаллифони аслии ин мақолаҳо пойфишорӣ кунанд. Он гоҳ шояд ин падида худ ба худ аз байн равад.

Якчанд сол пеш дӯстам Илҳоми Ҷамолиён ба ин фикр буд, ки бояд Академияи журналистикаи тоҷик таъсис дода шавад. Чанде аз ҳамкасбони дигар низ аз ин андеша пуштибонӣ мекарданд. Вале шунидам, ки чунин академия кайҳо, солҳо пеш, ташкил ёфтааст, ҳарчанд маълум нест, муассисонашу акадмекиҳояш киҳоянд ва аслан бо чӣ корҳое машғул аст.

Вале бешак, чунин созмон метавонад, дар рушди журналистикаи мо хидмати бузурге бикунад. Барои ин бояд ҳеҷ манфиате ба ғайр аз пешрафти журналистикаи тоҷик надошта бошад. Он набояд худро бо ҳимоят аз озодии баён ё ҳуқуқи касбии журналистон машғул дорад, балки вазъи феълии ришта ва ояндаи онро баррасӣ намояд. Як каме ба дур аз сиёсати рӯз бошаду ҳадафи асосиаш ояндае бошад, ки ҳанӯз дар роҳ аст ва ё танҳо нишонаҳояш намудор шудаанд.

Ҳарчанд дур аз сиёсати рӯз будан ҳам барояш осон нахоҳад буд, зеро ояндае, ки аз он ҳарф мезанем, имрӯз сохта мешавад. Ва агар мехоҳем, бинои оянда росту дурусту маҳкам сохта шавад, хишту санги имрӯзро низ бояд ба эътибор гирифт.

Сониян, бояд ҷоизаҳое барои сардабирон таъсис дод, зеро рушди аксари нашрияҳо ба завқу дониш ва талошҳи онҳо бастагӣ дошт ва ҳам дар ин як соли гузашта машаққати зиёд диданд. Ҳифзи андешаи озод дар зери фишори додгоҳ осон нест ва ин сардабирон нишон доданд, ки ба арзишҳои худ содиқанду аз чӯби дор наметарсанд.

Пас, дуруд бар сардабирон низ!

10.03.2011 - Posted by | Баҳс, Матбуот, Озодии сухан, Таҷриба, Тоҷикистон, Қонун

5 Comments »

  1. Maqolai xele xub va umedbaxsh. In id ba shumo ham muborak boshad akoi Salim!

    Comment by муборак | 10.03.2011 | Reply

  2. Аз Facebook:

    Санджар Хамидов: Зинда бод журналистикаи озод! Хурмату иззат бар хама жрналистони точик, ки дар Ватан зиндаги карда, хар руз менависанд бидуни хаелу руъе!!! ТАНХО ХАКИКАТ!

    9 hours ago · Like · 2 people

    Firdavs Khujaev Durud ustod!
    Ba shumo niz tabrik arz mekunem

    8 hours ago · Like · 2 people

    Mahmoudjon Ochilov Дуруд ба хама хабарнигорону рузноманигорон! Ахсант барои шумо, ки дар ин шароити танг ва фишорхои зиёд, рохе ёфта хакикатро то хадди имкон ба мардум менависед! ЯК ДЖАХОН ТАШАККУР!

    6 hours ago · Like · 2 people

    Shahlo Mahmudzoda БА ЖУРНАЛИСТ.
    Кишти деҳқон чу сар кашад аз хок,
    Сар кашад кишти муддаои ту ҳам.
    Хӯшаҳо ҳар замон, ки дон банданд,
    Хӯша бандад мақолаҳои ту ҳам.

    Чун гудозанд оҳану фӯлод
    То замонро матонат афзоянд,
    Гӯӣ дар кӯраи гудозишҳо
    Ҷумлаҳои ту ҳам ба тоб оянд.

    Дар такутозу дар даводавҳо
    Умри ту бигзарад сафо монда.
    Бо ҳама пешсаф ту пешсафӣ,
    Бо қафомондагон-қафомонда.

    Бо гунаҳкорҳо-гунаҳкорӣ,
    Ки чаро пештар нафаҳмидӣ.
    Бо писандидагон-писандида,
    К-аз ҳама пеш ту писандидӣ.

    Мепарӣ ҳамраҳи фалакпаймо,
    То фалакҳо, ки ҷумлае ёбӣ.
    То кунӣ чашми халқро бедор,
    Бас шабоне, ки ту намехобӣ.

    Росткориву ростандешӣ –
    Муддаои замири огаҳи туст.
    Дар паноҳи ҳақиқатӣ доим,
    То ҳақиқат ҳамеша ҳамраҳи туст.

    Comment by aioubzod | 10.03.2011 | Reply

  3. Устоди азиз, назаратон чист, ки журналистони расонахои мустакил чоизахои давлатиро кабул кунанд. Махсусан яке аз онхо, ки медоли вазири дифоьро гирифт. Хатман барои он ки аз катлу куштор дар Рашт бо хар рох химоят кард. Вокеан агар чунин чоизахоро Академияи журналистика медод ба маротиб бехтар буд. Ба назари ман кабул кардани медали вазири дифоь, ки журналистонро хамёри терруристхо номид, як худфурхтагй ва хиёнат ба хирфа аст.

    Comment by Samandar | 13.03.2011 | Reply

  4. Баъди танаффуси тӯлонӣ аз торнигоратон матолиби нав ба навро мутолиъа намуда лаззат мебарем ва баъзе андешаҳои ғалати худро ислоҳ менамоем. Ташаккур, устод!

    Comment by sohibyor | 16.03.2011 | Reply

  5. Саломат бошед! Худо шуморо нигахбон бошад

    Comment by Чамшед | 06.04.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: