Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ёди замини бачинрафта

Фурӯшандаи чиноии “Macy’s” (яке аз бузургтарин силсилафурӯшгоҳҳои Амрико) аз хабари заминларзаи мудҳиш дар Ҷопон хушҳол намудор мешуд. Батакрор мегуфт, дар Ҷопон зилзила шудааст. Вақте ман изофа кардам, ки тсунамӣ ҳам шудааст, гуфт, на тсунамӣ дар Ҳавая шудааст. Аз суоли рӯшоди ин ки оё аз заминҷунбӣ дар Ҷопон хушнуд аст ё малӯл, ба иллати “шарми шарқиёна” ё одати “иззои бандааш ҳаром” худдорӣ кардам.

Ҳоло фикр мекунам, бояд мепурсидам. Хуб, шояд ба хотири дурустии сиёсӣ мегуфт, оре, ғамгин аст, баъдаш чӣ? Вале сад дар сад ошкор буд, ки хурсанд аст. На ҳама мардум ин суннатро доранд, ки аз бадбахтии дигарон андӯҳгин шаванд. Лоақал ба зоҳир.

Ин фурӯшанда дар ҳоле дар “Macy’s”-и кӯчаи 34-уми Манҳеттени Ню Йорк ба мо наздик омад, ки мо барои писарам Исфандиёр пойабзор интихоб мекардем. Чиноии хушсарулибос, нишони “Macy’s” дар сари синааш омаду як пойпӯши сиёҳи чармиро аз дасти писарам гирифта, бо лабханд гуфт, “имрӯз дар фурӯшгоҳ нархҳо хеле арзонанд ва пойабзоре мисли ин ҳамагӣ 29.99 доллар аст” ва пеш гузашта, ба тарафи дигар рафту моро ба дунболаш хонд. Дар ҳақиқат назди рафу пештахтаҳое бурд, ки нархҳо поёнтар буданд, вале мол низ камсифаттар.

Ба ёди сели моли арзону бесифати Чин дар Тоҷикистон афтодам, ки бозору фурӯшгоҳҳоро ғарқ кардаву бо нархи мисли сифаташ паст мардумро ба худ кашидааст.

Аммо шояд ин як найранги тиҷоратӣ буд, ки ба фурӯшандаи чиноӣ имкон дод, моро ба бахши худ оварад ва дертар моли гаронтари 79.99-доллариро ба сарамон бор кунад. Дар чунин фурӯшгоҳҳо фурӯшанда аз моле, ки фурӯхтааст, баҳра мегирад. Меҳрубонию ғамхории фурӯшандаҳо аз ин ҷост, ки чашм ба ҷайби харидорон доранд. Дар ин байн вай хеле зиёд ҳарф мезад (шояд барои андармону афсун кардан) ва ҳатто пурсид, ки мо аз куҷоем ва вақте номи кишвари моро шунид, ҳадс зад, ки Тоҷикистон дар паҳлуи “Киркистан” (ба эҳтимоли зиёд Қирғизистон) аст.

Ман гуфтам, “на танҳо ҳамсояи Қирғизистонем, балки ҳамсояи Чин низ ва ахиран кишвари бузургу паҳновари ту аз замин носерам будааст, ки заминҳои моро гирифт.” Маълум буд, аз ин рӯйдод хабар надошт, даҳан инҷ кард ва ҳамин ҷо буд, ки аз заминларзаи Ҷопон ёдовар шуд.

Гуфтам, “ҳамон порча замини Тоҷикистони кӯчакро, ки кишвари ту гирифт, пур аз заминҷунбист ва мумкин барои Чин хушбахтие наорад.” Дар ҳоле ки пойабзори дигареро ба пои писарам мепӯшонд ва хам шуда, нӯги пойи ӯро ламс мекард, то дуруст омадани андозаро муайян кунад, гуфт, “на, заминларза дар Ҷопон аст, Ҷопонро мезанад, Ҷопон ба умқи уқёнус меравад.”

Маълум аст, ки байни чиноӣ ва ҷопониҳо хусумати дерина хуфтааст ва гоҳе ногоҳ нишонаҳои он ҳатто дар сиёсати давлатии ду кишвар низ ба мушоҳида мерасад.

Гуфт, аз Тоҷикистон, ки бошем, ҳатман русӣ ҳарф мезанем ва шурӯъ кард ва “корошо”, “продаю дешево”- гуфтан. Ман гуфтам, “русиро дӯст намедорам, тоҷикон тоҷикӣ ҳарф мезананд, форсӣ, шакар, асал, қанд…”

Гуфт, “ҳоло дар ҷаҳон фақат русҳову чиноиҳо пул доранд, дигар ҳама қашшоқанд, Чин аз Амрико ҳам гузашт ва ҳоло дар ҷои аввал аст. Иқтисодиёташ хеле пеш рафт, ҷои аввал дар ҷаҳон. Амрико аз пой афтод. Ҷопон ҳам афтод. Ҷопон худ чизе ҳам набуд.”

Гуфтам, “иқтисодиёти Чин ин қадар пеш рафт, ки ҳоло дар Тоҷикистон мардуми зиёде аз Чин омадаанду мардикорӣ мекунанд, Тоҷикистон пур шудааст.” Гуфт, “чиноиҳо дар саросари ҷаҳон кор мекунанд. Ман 35 сол боз дар Амрико кор мекунам.”

Гуфтам, “дар 35 сол амрикоӣ нашудӣ, чиноӣ мондӣ.” Ишораам ба инглисии шадидан сактадораш низ буд. Гуфт, “ман чиноие ҳастам, ки барои “Macy’s” кор мекунам, чиноии шаҳрванди Амрико.” Ва нархи пойбзорро гуфт, ки 79.99 аст, вале ӯ метавонад нархро 20 дар сад камтар кунад.

Чанд лаҳза пеш дар ошёнаи поёнии фурӯшгоҳ ҳангоми хариди чанд куртаву шим фурӯшанди покистониасл дарвоқеъ аз нархи умумии хариди мо 20% тахфиф дода буд. Вай аз номи Тоҷикистон шод шудаву гуфт, шунидааст, ки Тоҷикистон ба Покистон нерӯи барқ хоҳад дод. Вале дафъатан пурсид, “оё Тоҷикистон худ барқи кофӣ дорад, ки ба Покистон диҳад?”

Гуфтам, “ҳанӯз на, вале Роғунро, ки сохтем, ҳатман барқи фаровон ва арзоне хоҳем дошт, ки ба мардуми Покистон хоҳем дод.” Гуфт, “пас ба хотири ояндаи хуб, 20% тахфиф.”

Акнун чиноӣ ҳам аз тахфиф ҳарф мезад. Вале пойабзорашро нахаридем. Ҳеч кадоме ба писарам писанд наафтод. Ё шояд вай нахост, барои замини бачинрафта (баяғморафта)-и тоҷикон кадом як тахфифи 10-15 долларӣ гирад. Чизе ба ӯ нагуфтаам, аммо сар аз он рӯзи рафтани замини тоҷик дилам аз чиноиҳои ҳарис мондааст ва шояд падару писар ягон телепатия дорем?

Ду рӯз аз он мулоқот гузашт, вале намедонам, ҳар лаҳза фурӯшандаи чиноӣ пеши назарам меояд. Дар хиёбонҳо мегардам ва ба он меандешам, ки шояд воқеан давраи суқути Амрико фаро расидааст. Давраи ифтихори муҳоҷирони собиқ аз “амрикоӣ будан” ҳам гузаштааст. Аслан, шояд ҳамеша амрикоиҳо аз ақвоми гуногуне иборат буданд ва ҳаргиз ҳамоиши ҳақиқӣ надидаанду ҳар кадом дар ҷомеаҳои худ, мисли ватани кӯчаки хеш ба сар мебаранд.

Чанд сол пеш як шореҳи амрикоӣ изҳори шигифтӣ карда буд, ки дар бозии футбол байни дастаҳои Амрико ва Мексик, ки дар варзишгоҳи Кливленди Амрико баргузор гашт, дастаи миллии Амрико тақрибан ҳаводоре надошт. Дар ҳоле ки ҳамагӣ чандсад мухлис аз Мексик омадаву ҳазорон нафар аз Амрико буданд, тамоми варзишгоҳ ба забони испониёӣ ва барои пирӯзии Мексик доду фиғон мекард.

Ин мушкили ман набуд. Мушкили ман ҳузури Чин дар Тоҷикистон буду ҳаст. Агар яке аз онҳо 35 сол нону намаки Амрикоро хӯрду сипосе ба ин намак надорад ва қарнҳост, хусумати миллиаш бо ҷопониҳоро дар қалби худ мепарварад, бо Тоҷикистони кӯчаки мо чӣ чизе иттифоқ хоҳад афтод, ки имрӯз чиноӣ бародари бузург, сармоягузор, бозорнишин ва ҳатто домоди тоҷик шудааст. Рӯзе қиблаи сиёсии ҳукумати мо низ Пекин хоҳад шуд.

13.03.2011 - Posted by | Амният, Амрико, Баҳс, Ватан, Дурнамо, Тоҷикистон, Худшиносй, Чин

5 Comments »

  1. Va alaikum Salom alkai Salimjon,

    Dar joimai 1 muyshkil vujyd ki sabab gashtast tanho kishvarhoi sarmoyagyzori kynand ki ba hadafhoi sisyosi meoyad. Chynki dar mo to sharoitro hykymat baroi biznesi voqai tayor nanamydast. Bybin azizam Chin, Iron, Rys hama baroi nugyz dar TJK aziz sarmoya megyzorand. Factrorhi ki sarmoya gyzor dar TJK dar anzar megirad dar TJK hama pyon hast va baroi hamin sarmyagyzoron va hadafi bisnes nameravand. Mo boyad faromysh nakynem ki Singapyr jyzi Malaisiya byd va chinoiho ohista ohis arafta sukunat kardand va zaminro az xyd namydand va holo davlati mystaqil hast. Va in siyosatro dar hamajo chinoihopesh mebarand. Xydo xydash panoh dihad.

    Comment by Qodirjon | 13.03.2011 | Reply

  2. Хеле хуб буд, ташаккур. Аз хар кучо чизе дармиёред, даст марезод.

    Comment by Рустам | 13.03.2011 | Reply

  3. Устоди азиз! Хеле олӣ буд. Як чизеро илова мекунам дар бораи чиноиҳо. Дар куҷое хонда будам, ки чиноҳо ҳар сол барои таҷлили Соли Нави чиноӣ ба Чин меоянд. Мегуянд ки соли навро чиноиҳо дар Ватанашон ҷашн мегиранд. Фурудгоҳҳои тамоми ҷаҳон пеш аз соли нави чиноӣ аз сабаби бисёр будани мусофирон хеле банд мешудаанд. Бовари дорам бо ин ҷашни соли нави маблағи зиёд ба Чин ворид мешавад.

    Кош мусофирони мо низ, ақаллан як маротиба дар як сол идро бо аҳли оила дар Ватан ҷашн гирифта метавонистанд.

    Comment by Иброҳим | 14.03.2011 | Reply

  4. Следующий по степени деградации – Таджикистан. До какой степени падения надо было дойти, чтобы три года назад даже в столице республики неделями было отключено все электричество, чтобы дети замерзали в больницах насмерть. Нурекская ГЭС была построена в советский период. А что создано за период независимости? Сангтудинская ГЭС? Так ее построили россияне и на российские деньги. А доблестное таджикское правительство оказалось не в состоянии даже обеспечить оплату российским инвесторам за производимое этой ГЭС электричество. Сейчас договорились, что оплачивать будут за счет средств Всемирного Банка. И это называется “достижениями независимости”?! Сегодня таджики фактически шаг за шагом сдают свою инфраструктуру китайцам, те строят дороги и тоннели. Душанбе решил обмануть китайцев, как он ранее обманул русских, рассчитывая, что китайцы возведут за свой счет объекты, а потом их можно будет кинуть и присвоить все себе. Но полагаю, что Рахмон серьезно ошибается. Китайцы – не русские, они не потерпят такого. Наступит день, и таджики с удивлением обнаружат, что они уже не хозяева в своей стране: все будет контролироваться из Пекина.

    А.Куртов: Средняя Азия привыкла слизывать крошки с ладоней России и кусать длань дающего

    http://www.centrasia.ru/news2.php?st=1297748640

    Comment by Samandar | 14.03.2011 | Reply

  5. По официальным данным Агентства по статистике при президенте РТ, в настоящее время на территории Таджикистана работают свыше 2 тыс. 360 трудовых мигрантов, из них более 60% (1427 человек) составляют китайцы. Среди иностранных работников 2 тыс. 225 человек составляют мужчины, 136 – женщины.

    Из-за нехватки средств для проживания, сегодня увеличились факты продаж малоимущими семьями, за денежные вознаграждения в размере от 2000 до 3000 тысяч долларов США, своих совершеннолетних дочерей в возрасте 18-20 лет руководителям и работникам различных фирм, а также частным предпринимателям из числа граждан КНР.

    К примеру, в июле прошлого года в столице Таджикистана официально зарегистрировали свой брак с таджикскими гражданками более 20 граждан КНР, в числе которых 6 работников китайской строительной компании занимающейся реконструкцией автодорог г.Душанбе. При этом четверо из семей, от совместного брака уже имеют детей.

    В течении августа 2010 года в роддоме №1 г.Душанбе зафиксировано рождение 9 детей от граждан КНР, не состоящих в официальных брачных отношениях с таджикскими гражданками. Кроме того, резко увеличилось число новорожденных у матерей одиночек и незамужних девушек.

    В связи с указанными случаями, администрацией таджикской столицы даны указания правоохранительным структурам о необходимости проведения мероприятий по предупреждению фактов гражданских браков жительниц столицы с гражданами КНР или сожительств в качестве вторых (третьих) жен. Но при этом, сотрудникам правоохранительных органов указано строгое соблюдение вежливости и учтивости при общении с китайскими предпринимателями.

    В настоящее время правоохранительными органами г.Душанбе по фактам рождения детей от граждан КНР, проводятся беседы с руководителями китайских фирм и компаний, с целью побуждения граждан КНР заключить официальные браки с гражданками Таджикистана.

    Некоторые эксперты считают, что заключение брака с иностранцами может способствовать постепенному приходу в страну китайского капитала, что возможно даст толчок к развитию таджикской экономики, однако другая группа наблюдателей утверждает, что слияние таджиков с китайцами существенно подобьет и так уже ослабевающий генофонд таджикской нации…

    Comment by Samandar | 15.03.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: