Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Исмоиловро озод кунед!

Эҳтимолан, навиштаи ман ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик беш аз ҳад хушбинона буд. Ба вижа дар мавриди ҳамраъйӣ ва ҳамбастагии журналистон. Як нокомии бузург ногуфта монд ва ин ҳам бошад, дар зиндон боқӣ мондани журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов. Ягона журналисти зиндонии тоҷик.

Нашунидам, ки дар Рӯзи журналистикаи тоҷик, 11-уми март касе дар ҳамоиши идона аз ӯ ёд карда бошад. Ҳол он ки пайте буд, аз мақомоти давлатӣ хоста шавад, ки Маҳмадюсуф то исботи ҷурмаш аз маҳбас раҳо бошад. Ё дар дидори намояндагони касб бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, дастҷамъона аз ӯ хоҳиш кард, ки ба озодии Исмоилов мусоадат кунад. Зуҳуров инсони хуб ва адолатпеша аст, кӯмак мекард.

Охир, журналист Исмоилов одамкуши васвосӣ нест, ки озодии ӯ барои ҷомеа хатар дошта бошад. Миллионҳо доллари миллатро надуздидааст, ки ба хориҷа фирор кунаду дастнорас шавад. Ва айбномае, ки ба вай часпондаанд, худ далел аст, ки дар маҳбас будани айбдоршаванда ҳатмӣ нест.

Додситонии ноҳияи Ашт ӯро ба тӯҳмат, таҳқир, ангезиши низои маҳалгароёна ва тамаъҷӯӣ айбдор кардааст. Инҳо аз ҷумлаи ҷиноятҳое мебошанд, ки исбот карданашон душвор аст, вақт ва далелҳои қотеъ мехоҳад ва агар айбдоркунандагон ба ин иттиҳомот бовари комил дошта бошанд, озод будани Маҳмадюсуф чизеро бар зарари онҳо тағйир дода наметавонад. Маълум нест, ба чӣ далел тасмими ҳабси Исмоилов гирифта шудааст ва ин норӯшанӣ қонунмандии қарори ҳабсро зери суол мебарад.

Сардабири “Нури зиндагӣ”, Ҷумъаи Мирзо дар ҳамон рӯзҳои аввали рӯ задани овозаи ҳабси Исмоилов гуфта буд, ки хабарнигори ин нашрияро барои силсилаи мақолаҳои танқидияш дар бораи раиси ноҳия, додситони пешини ноҳия ва дигар мақомоти давлатӣ боздошт кардаанд.

Номи бархе аз навиштаҳои Маҳмадюсуф Исмоилов, бешубҳа, гуфтаҳои сардабири “Нури зиндагӣ”-ро тақвият медиҳад – “Ашт валангор мешавад”, “Қотили Наргис кист?”, “Худкушӣ дар Ашт”. Ҳатман чунин мақолаҳо ба иззати нафси раҳбарони ноҳия расидааст. Аммо то ҳол нашунидем, ки раиси ноҳияи Ашт ё додситони пешину ҳозираи ин ноҳия мавриди суолборони журналистон қарор гирифта бошанд. Намедонем, онҳо ба чунин ишораҳо чӣ назар доранд ва дар ҳимоят аз шарафу номи хеш чӣ гуфта метавонанд.

Онҳо ин нукотро то ҳол на тасдиқ кардаанд ва на рад. Чунин сукут метавонад маънои гуногун дошта бошад, аммо умдатан аломати ризо шумурда мешавад. Онҳо шояд хоҳанд гуфт, ки бигзор, додгоҳ ҳама чиро рӯшан кунад. Вале дар намунаи парвандаҳое зидди “Пайкон” ва “Миллат” дидем, ки додгоҳи тоҷик то куҷо мустақил ва одил аст. Парвандаи нави зидди Рамзия Мирзобекова ва баҳсҳои бадарозокашидаи зидди “Азия-Плюс”, “Озодагон” ва “Фараж” низ нишон медиҳанд, ки Фемидаи тоҷик на танҳо ду чашми боз дорад, балки ҳамаро ба як чашм намебинад.

Аммо агар дар чанд масъала журналистони тоҷик ҳамдилӣ ва иттиҳод нишон доданд, дар мавриди Маҳмадюсуф Исмоилов, ягона журналисти зиндонии тоҷик дар марҳилаи феълӣ чунин ҳамбастагӣ ба мушоҳида нарасид. Дуруст аст, ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба гуфтаи раҳбари он, Нуриддин Қаршибоев, талош дорад, вакилони озмудаеро ба дифоъ аз Исмоилов сафарбар кунад. Вале шояд беҳтар аст, ҳамаи журналистони мо ба қазия бетафовут намонанд.

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), ки 16-уми декабр аз ҳабси Маҳмадюсуф Исмоилов изҳори нигаронӣ кардаву мақомоти Тоҷикистонро ба раҳоии фаврии журналист аз зиндон даъват намуда буд, имрӯз ба пурсиши телефонии ман дар бораи иттилои тозатаре гуфт, ҳанӯз аз Душанбе посух нагирифтааст. Шояд аслан посухе наояд. Пас бояд аз нав бонги изтироб зад! Аз ҳар гӯша, аммо бо як овоз: Журналистон набояд дар зиндон бошанд! Сукут, худ медонед, нишонаи чӣ буда метавонад ва ба куҷо хоҳад бурд.

17.03.2011 - Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун |

1 Comment »


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: