Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ойини нисбатбозӣ

Ҳарчанд аксари ойинҳои наврӯзӣ ба хубӣ омӯхта ва решаёбӣ шудаанд, як бозии қадимии он аз назарҳо ба дур монда ва шояд дар ҳоли нобудист. Модаркалонам ҳикоят мекарданд, ки дар давраҳои пеш одати наврӯзие бо номи “нисбатбозӣ” вуҷуд доштааст, ки ба ҷавонону духтароне, ки номзади ҳамдигар шудаву аммо ҳанӯз издивоҷ накардаанд, имкон медод, дар рӯзҳои Наврӯз бо ҳам мулоқот кунанд.

Дидори дилдодагон метавонист ҳангоми меҳмонии хонаводаҳо ба вуқӯъ пайвандад, яъне замоне ки падарон бо ҳам сари дастархонанд ва модарон бо ҳам дар сӯҳбат, ҷавонон гӯшаи хилвате меёфтанд ва бо ҳамдигар аз наздик ошно мешуданд.

Мулоқот ҳамчунон метавонист дар шароити хосе ба амал ояд, аммо фароҳам овардани чунин шароит шояд машварати пшакии пинҳонӣ, мукотиба ё додугирифти паёмҳо ду ҷонибро талаб мекард. Ба ҳар сурат бархе аз ҷавонон барои дидани ҳамсари ояндаи худ пинҳонӣ аз сари девор, мӯрии хонаҳо ё обмӯрии боғҳо ба ҳавлии падарарӯси ояндаи хеш дуздона ворид мешуданд ва бо маъшуқи худ мулоқот мекардаанд.

Модаркалонам мегуфтанд, дар аксари чунин мавридҳо падару модари духтар интизори инро доштаанд, ки шаби наврӯзӣ домоди оянда роҳе ёфтаву ба “қалъа”-и онҳо хоҳад даромад. Бархе аз падару модарон дар арафаи Наврӯз ҳама роҳҳои эҳтимолиро мебастанд ва шабзиндадорӣ мекарданд, то аз вуруди “дузди ишқ” ба манзилашон пешгирӣ кунанд. Дар натиҷа “нисбатбозӣ” ба сабқат низ табдил меёфт. Хонаводаи арӯс устуворӣ ва фатҳнопазирии “қалъа”-и худро намоиш медод ва домод чолокию зиракию ҷасорати хешро.

Додару бародарони арӯс вуруди “дузди ишқ”-ро ба ҳавлии худ як таҳқир мешумурдаанд ва омодаи “ҷанг” шудаву агар номзади хоҳари хешро боздошт мекарданд, ӯро латукӯб мекарданду рӯяшро бо сиёҳии таги дег табоҳ. Ҳатман овозаи “калтакхӯрӣ”-и домоди “ношуд” рӯзи дигараш ба тамоми деҳа маълум мегаштааст.

Вале падару модари духтар, агар аз вориди “қалъа” шудани “дузди ишқ” огаҳӣ ҳам меёфтаанд, аксаран худро ба карию кӯрӣ мезадаанд ва ба “нисбат”-ҳо, яъне номзадҳо, имкон медодаанд, ки ҳамдигарро бубинанд ва бо ҳам гуфтугӯ кунанд. Онҳо ҳатто талош мекардаанд, ки аз мӯҳтавои чунин сӯҳбат огоҳ бошанд. Ин ҷо озмоиши ду шахси ҷавон ҷараён мегирифтааст, ки дар дидори наврӯзӣ бо ҳам чӣ хоҳанд гуфт.

Яке аз аносири муҳими ин мулоқот тӯҳфае будааст, ки номзадҳо дар ин мулоқот ба ҳамдигар мебахшидаанд. Ин тӯҳфаҳо дертар дар шаби арӯсӣ ҳамчун “ҳадяҳои нисбатбозии наврӯзӣ” дар қатори дигар бахшоишҳо ба намоиш гузошта мешудаанд. Дар бархе аз хонаводаҳо ин тӯҳфаҳоро то охири умр бо эҳтиёти тамом нигоҳ медоштаанд ва агар онҳо хурду ночизу камарзиш ҳам будаанд, аз беҳтарин сарвати хонаводаҳо ба шумор мерафтаанд.

Ҳамин гуна дар он давраҳои “тираву тор”-и, ба истилоҳ, феодалӣ чунин ойине вуҷуд дошт, ки дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ба ҷавонон ҳуқуқ медод, пеш аз издифоҷи расмӣ бо ҳам мулоқот кунанд ва аташи ҳиҷронро дар Наврӯзи оламафрӯз мисле ки ба як қатра борони навбаҳор коҳиш диҳанд. Ин ҳам дар ҳоле ки гуфта мешуд, ҷавонони тоҷик ғолибан ҳамдигарро надида, издивоҷ мекунанд.

Намедонам, оё ҳоло ин ойин зинда аст ё модернитаи замони нав кайҳост, онро аз ёдҳо зудудааст?

17.03.2011 - Posted by | Наврӯз, Рӯзгор, Таърих, Тоҷик, Фарҳанг |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: