Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Чоркалид дар хиёбони Медисон

Вақте ки аз кӯчаи 46-уми Ню Йорк қадам задаву ба Медисон Авеню расидем ва ба дасти рост тоб хӯрдем, ман аз шигифтӣ “воҳ!” гуфтам ва дигаронро ҳам мутаваҷҷеҳ сохтам. Дар пештоқи биное, ки дар кунҷи кӯча ва хиёбон ҷойгир шудааст, свастикаро дидам. Он андаруни нақше буд, ки бист сол пеш дар Бухоро ва Самарқанд дида  будам. Оё касе аз гиребони амрикоиҳо мегирифта бошад, ки чаро “рамзи фошистӣ”-ро дар пештоқи биное дар дили шаҳри Ню Йорк ба намоиш гузоштаанд?

Ин бино аз солҳои 1920 ба ин сӯ дар ҳамин шакл боқӣ мондааст ва ҳар рӯз шояд садҳо ҳазор нафар аз назди он рад мешаванд, аммо шояд кам касоне ба нақши салиби шикаста дар девори он диққат медиҳанд. Бино бар қонунҳои шаҳр рамзу нишонаҳои таърихӣ аз ҷониби давлат ҳифз ва тармим карда мешаванд. Агар ин қонун намебуд, шояд кайҳо ин нақши таърихӣ аз девори бино зудуда мегашт.

Нависандаи ормонгарои тоҷик, Адаш Истад, ки солҳои охир ба пажӯҳиши митроизм ҳамчун як сафҳаи фаромӯшшудаи таърихи мардуми худ камар баставу кашшофиҳое дар ин росто анҷом додааст, свастикаро яке аз рамзҳои меҳварии дини митроистӣ мешуморад. Қадимитарин, шояд. дини аҳли башар, ки пеш аз зардуштия вуҷуд дошта, ба динҳои дигар, аз ҷумла насроният низ асос гузоштааст. Чоркалид ё свастика хуршеди геометришудаест, ки ҳамзамон маънии чарху чархиш ва чаҳор унсури ҳастӣ — хок, об, ҳаво ва оташро низ медиҳад.

Салиби шикаста ҳамчун рамзи Соли тамаддуни ориёӣ дар кӯчаҳои Душанбе дар соли 2006 талотумеро дар расонаҳои ҳамагонии ғарбӣ ва рус ба бор оварда буд. Мақомоти Тоҷикистон аз ин танқидҳо ба ҳарос афтода, бахши зиёде аз ин рамзро барчиданд ва корбурди онро дар таҷлил аз мероси фарҳангию таърихии мардуми худ то камтарин ҳад маҳдуд карданд.

Дар пажвоки ин ҳаёҳӯ, моҳи феврали соли 2007, вақте ки Олмон раиси даврии Иттиҳоди Аврупо буд, пешниҳод кард, истифодаи салиби шикаста бо ҳар мақсаде бошад, дар қаламрави ҳамаи кишварҳои узви иттиҳод барои ҷовидона мамнӯъ гардад.

Мақомоти Олмон ин рамзро ба қонуни манъи радди Ҳолокост ё қатли оми яҳудиён дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум рабт доданд, зеро он дар зеҳни аврупоиён ҳамчун нишони фошистон ва натсистҳои Олмон боқӣ мондааст, ки дар қатли шаш миллион яҳудӣ муттаҳам гаштаанд.

Бархе аз донишмандони Аврупо “эъломияи Меркел”-ро танқид карданд. Як-ду дӯсти журналисту таърихшиноси аврупоии мо низ ин мавзӯъро доғ карданд, чандин матлаби эътирозӣ мунташир шуд

Ёдам ҳаст, он вақт дар мусоҳибаи яке аз онҳо, Рамеш Каллидей, раиси Форуми ҳиндуҳои Бритониё гуфта буд:

“Свастика рамзи сулҳу тавозун ва бахту иқбол аст. Маросими мазҳабӣ ва ҷашни арӯсии пайравони ҳиндуизм бо ин аломат ороиш меёбад. Сиёсатмадорони аврупоӣ набояд ба худи свастика, балки ба истифодаи он бояд диққат кунанд, ки оё аз тарафи кӣ ва бо чӣ аҳдоф истифода мешавад. Масалан, салиби масеҳӣ аз тарафи ирқпарастони Амрико сӯзонда мешуд, то сиёҳпӯстон тарс дода шаванд. Аммо ин далел нашуд, мардумро даъват кунанд, ки “биёед, ҳамаи салибҳоро дар ҳамаи калисоҳо мамнӯъ эълон кунем.”

Ҳамон вақт матни охирин китоби тоҷикшиноси маъруфи ҷаҳон, устод Иржи Бечкаро, акнун баъд аз даргузашташ, ҳамроҳи духтараш Лайло ба чоп омода мекардем. Тазкираи адабиёти форсу тоҷик бо номи “Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва зебоӣ” сафҳабандӣ шуда буд. Дар чанд ҷои китоб нақшу аксҳое буд, ки чоркалид ё салиби шикастаро ҳамчун рамзи тамаддун бозтоб медод. Агар пешниҳоди хонуми Меркел мегузашт, ин рамзҳо мебоист аз китоб ҳазф мегашт ва зарур мешуд, тамоми тазкира аз сари нав сафҳабандӣ шавад.

Хушбахтона, қонуни манъи истифода аз салиби шикаста ба тасвиб нарасид ва китоби шодравон Бечка ҳамон гунае, ки худи устод мехостанд, бо аксу нақшҳои рамзи қадимӣ нашр шуд.

Тақрибан, ҳамон рӯзҳо буд, ки академик Раҳим Масов низ дар китобе зидди душманони тамаддуни ориёӣ навишт:

«Салиб рамзи хонаводагии Ҳитлер нест, балки тарсими ҷаҳонбинии эрониҳо ва ҳиндувони аҳди қадим аст.»

Дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ, таърихшинос, сардори Раёсати бозрасӣ ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва ташхиси бадеии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Музаффар Азизӣ ин гуна афзуд буд:

«Салиби ориёӣ ҳам рамзи офтоб аст ва ҳам рамзи чархи зиндагӣ ва чархи марг: шохаҳое, ки аз рост ба чап нигаронида шудаанд, рамзи ҳаёт ва шохаҳое, ки аз чап ба рост мераванд, ин рамзи марг аст. Баъдтар ин тарсим ба дини буддоӣ ҳам дохил шуд ва дигар маъно гирифт.»

Ин суханон бори дигар нишон медиҳанд, ки рамзи тамаддуни ориёӣ дертар аз тарафи дигарон низ пазируфта шуда, бо эҳтимоми онҳо густариш пайдо кардааст. Фошистон, ки худро ориёӣ унвон карданд, табъан рамзи ин тамаддунро низ рабуданд ва бо каме тағйир ба нишони хоси худ табдил доданд. Ҳоло бояд ба он андешид, ки чӣ гуна мешавад, ҳувияти ин рамзи қадимиро аз танаффури фошизм ҷудо ва пок кард.

Устод Адаш Истад омӯзиш ва дарки митроизмро барои худшиносии миллии тоҷикон ва эҳёи ҳофизаи таърихии онҳо ҳаётан муҳим медонад, зеро шояд он сароғози тамаддуни ориёист ва ҳар омӯзишу идроке бояд аз нуқтаи аввал шурӯъ шавад, на аз нимароҳ. Вай даҳҳо аксро аз ёдгориҳои таърихии Бухоро ва Самарқанд мунташир кард ва ҳамчунин андешву далелҳои даҳҳо муҳаққиқро гирдоварӣ намуд ва дар бахше аз ин аксҳо свастика айнан дар ҳамон шаклест, ки на танҳо дар хиёбони Медисон Авенюи Ню Йорк, балки дар биноҳои қадимии Ҷопон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Юнон ва мамолики дигар дида мешавад.

Адаш Истад аз китоби ҳунаршиноси номвар Маннон Рӯзиев иқтибос овардааст, ки салиби шикаста дар ҷӯробҳои помирӣ, деворҳои Ҳулбук ва фарши хиштии хонаҳои Хатлон ва гулдӯзиву сӯзаниҳои тоҷикӣ бо номҳои чоркалид, гули бодом, гули ҳашт, зулфа ва ғайра низ фаровон ба мушоҳида мерасад, ҳарчанд дар аҳди Оли Сомон асосан дар дару дарвозаҳо ба ҳайси рамзи чашм ё балогардон ҳак шудааст.

Рамзи бостонӣ пас аз шикасти митроизм аз ҷониби зардуштия ба ҳайси ҳасрати дини мамнӯъ ва савоби пинҳони он дар нақшунигор боқӣ монда бошад, баъд аз шикасти зардуштия аз тарафи ислом бо баҳонаи синтези чаҳоркаратаи калимаи “Оллоҳ” ба навишти арабӣ ҳамоно зинда монд ва дару девори мадрасаву мақбараҳоро оро дод. Ҳақиқати рамз мояи пояндагии он гашт.

Акс аз Ҳулбук. Мӯъмин Аҳмадӣ

Акс аз блоги "Герби шердор"-и Адаш Истад

Акс аз блоги "Герби шердор"-и Адаш Истад

Акс аз "Герби шердор"

Акс аз Ҳулбук. Мӯъмин Аҳмадӣ

Аз блоги "Герби шердор"-и Адаш Истад

19.03.2011 - Posted by | Амрико, Дин, Мазҳаб, Наврӯз, Таърих, Фарҳанг

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: