Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Наврӯзи дардомез

Наворҳои видео хосияти аҷибе доранд. Онҳо агар туро ба ширкаткунандаи рӯйдод табдил надиҳанд, дастикам ба шоҳиди зиндаи воқеа мубаддал мекунанд. Гузоришҳои видеоии ҳамкоронам Бароти Юсуфӣ ва Фирӯз Баротовро дар торнамои “Озодӣ” медидаму фикр мекардам, Наврӯзро дар ватани азизамон, дар Тоҷикистон пешвоз гирифтам. Он ҷо будам. Дар байни мардум будам.

Ид дар аспрез ё ипподроми Душанбе ҷолиб буд. Пур аз рақсу мусиқӣ. Аммо гӯё иде барои ҷаноби олӣ ва мансабдорони давлат, ки ҷудо аз мардум дар нишемани хос ҳама бо сарутани ҳамсон нишаста буданд ва гардани худро тоб додаву ба ақиб, ба раҳбарони кишвар менигаристанд.

Президенти Тоҷикистон дар он айвони подшоҳӣ бо хушҳолии идона ба мардуми худ менигарист ва аз ҳаяҷон гоҳе ба рақс меомад ва ҳозиронро низ ташвиқ ба шодмонӣ мекард. Шояд беҳтар буд, президенти мардумии мо дар ин ид дар паҳлуи мардум, дар байни издиҳом мебуд ва аъзои ҳукумат низ он гоҳ аз ӯ пайравӣ мекардану канори ҳамагон менишастанд ва ҳеч фарқе байни мансабдорону мардум боқӣ намемонд. Ин ойини подшоҳони ориёӣ буд, ки дар Наврӯз садрнишиниро ба Мири наврӯзӣ медоданду худ миёни халқ менишастанд.

Дар видеои дигар, ки ба Шумо, хонандаи арҷманд, самимона тавсия медиҳам, ҳатман онро бубинед, шоҳиди як паёми такондиҳанда шудам. Модаре аз дили поку софаш мегӯяд:

“Ман ҳамчун як модари меҳрубон ба фарзандонам, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ба ХИЗМАТИ МУҲОҶИРӢ (таъкид аз мо – С.А.) рафтаанд, салому пайғоми худамро ва тамоми халқи Тоҷикистонро ба писаронам – Хуршедҷон, Толибҷон, Соҳибҷон ва духтари нозанинам Гурбаҳорҷон, мардаки меҳрубонам, Сафаралиҷон, мерасонам. Бигзор дар ин РӮЗИ НАВРӮЗ доимо дастархонашон пур аз нозу неъмат бошад ва ХУШИҲОИ ЗИНДАГИРО орзу дорам, СЕРПУЛУ сертӯҳфа биёянд.”

Се писар, як духтар ва шавҳари ин зан ҳама дар мардикориянд ва ҳатман ӯ шабу рӯз дуо мекунад, ки хоре ба пойи фарзандонаш нахаладу зиндаву саломат ба Ватан баргарданд. Аз забони ӯ шакар меборад, аммо рӯшан аст, ки дилаш барои фарзандонашу шавҳараш шӯр мезанад.

Дар ин навор ҳамчунин паёмҳо ба Маскаву Алмато, Лондону Машҳад ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон фиристода шудаанд. Мо дарвоқеъ ба як миллати муҳоҷир табдил ёфтаем. Аммо тавре дӯстам Иброҳимҷон Рустамов менависад, бароямон як иде даркор аст, ки дар ҳар гӯшаи олам бошем, рӯзи ид ба хона баргардем ва ҳамаи аҳли хонадон сари як дастархон бошем.

Бад нест, агар ин ид Наврӯз бошад ва Наврӯзро бояд дар ватан ҷашн гирифт. Бо вуҷуди он ки наворҳои ҷолиби видео, сипос аз заҳмати наворбардорон, чанд лаҳза ҳам бошад, моро дар миёни ҳамватанони азизамон қарор медиҳанд. Дар миёни шодиҳои ғамангез ва дилҳои оташин.

21.03.2011 - Posted by | Ватан, Ваҳдат, Душанбе, Муҳоҷират, Наврӯз, Худшиносй |

7 Comments »

  1. Voqean navorhoi jolib. Tashakkur ba navorgiron!

    Comment by Samandar | 21.03.2011 | Reply

  2. Чи кор кунем акои Салим ин хукуматдорони беномус моро ба ин хол овардаанд ва гуломи русия кардаанд имруз онхо мераксиданд ва мо наврузро дар таги барфи зиёде ки имруз борид дар маскав кор мекардем аз зану фарзанд дур лекин мо Оллохи бузург дорем ва хама умедамон ба у хаст ки ин хукуматро як руз не як руз сарнагун кунад.
    ОМИН!!!

    Comment by bakhtiyor maskav | 21.03.2011 | Reply

  3. Пешниходи кобили кабул! Бигзор точик дар кучое бошад, як бор дар сол иди Наврузро дар ватани худ чашн гирад ва хамрох бо тамоми ахли хонаводаи худ. Ман тарафдор!

    Comment by Rustam | 22.03.2011 | Reply

  4. ох,еее, аз ин идхои пурдард… кош фарзандонашон баргарданду нуре бахшанд ба чашмони рахпуи модар…

    Салимчон, инхо мирони обу рузии дуздида аз мардум, на ба тахти шохи меарзанду на ба чойгохи мири наврузи… илохо дуои модарони точик то чое рахми онхоро хам хурад …

    Comment by муборак | 22.03.2011 | Reply

  5. Shabi guzashta va imruz shabakahoi televizionii Tojikiston yak sahnai jolib ammo dardovari digarro namosih dodand.Sardori davlat noni buzurgi dogro,ki zohiran toza az tanur kanda budand, ba dast girift va ba tarafi izdihomi mardumi hozir dar on jo raft va nonro ba onho doda takhminan chunin goft; gired khured nonro, garm ast. Vai khushhol az in marhamati khud bud,ammo magar bo yak non, agarchi buzurg ham bud, oyo shikami sadho hazor odamonero ki az tangdasti va gurusnagi ranj mebarand, meshavad ser kard? Suole ki posukhashro boyad az davlatmardoni tojik bipursid!

    Comment by shahob | 22.03.2011 | Reply

  6. Nawruz imsol dar Dushanbe bisior bad guzasht. Namoish bema’ni va darhamu barham bud. Musiqi bisior bad intikhob shuda va raqsho yak besaru somoni bud. Hukumati mo faqat dar sukhan dahankaloni mekunad, dar amal hamon kolkhoze ki bud hammon mondaast

    Comment by Rustami Zamon | 23.03.2011 | Reply

  7. Nuqsi khubro dar karded!!

    Voqean Navruz khele oli guzasht ba khusus az kanor tamoshoi davu tozi odamon, khursandii piru barno bo libosi idonai Navruzi, shodii bekanori kudakon, namoishoti rasmu an’anahoi milli va raqsu surudkhonii zanonu dukhtaron ba kas hayajonbakhsh bud VALE chun qayd karded baroi ibratomuzii hukumatdoron boz olitar meshud agar janobi oli dar kanori mardumi oddi menishast!!

    Comment by Tojik | 23.03.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: