Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дар ҷустуҷӯи чашма

Солҳову ҳафтаҳову рӯзҳову лаҳзаҳо дар ҷустуҷӯи он чашмаи поку босафо мегардам. Он чашмае, ки обаш аз қаъри кӯҳҳои сарбафалак бо шӯру шавқу шигифтӣ берун меояд ва ҳар қатрааш ҷону хиради тоза ба нӯшаварон мебахшад. Чашмае, ки чашмҳоро рӯшан мекунад ва ба тан нерӯ мебахшад.

Шояд садҳо, ҳазорон, миллионҳо нафар низ мисли ман дар ҷустуҷӯи ин чашмаанд. Ҳамаи аҳли башар барои он дар часпу талош аст, ки ҳама онро меҷӯянд.

Касе ки як бор як чакра аз ин чашма нӯш кардааст, ҷовидона дар талоши чакраи дигар мешавад. Ман будам, ки солҳо пеш амдан ё тасодуфан лаб бар лаби он чашма ниҳодам ва акнун садсолаҳост, дар ҷустуҷӯи он саргардонам. Ба ҳар даре сар мезанам, зери ҳар сангеро мековам, оби ҳар рӯдеро мешамам, то он ягонатарин чашмаи гетиро дубора пайдо кунам.

Ин як чашмаи одист, ҳеч гуна рамзу асрор ё мӯъҷизаву ҷодуе надорад. Ҳар рӯз садҳо, ҳазорон ё шояд миллионҳо нафар аз паҳлуи он рад мешаванд, гӯё бо ҳар ҳуҷайраи ҷон онро меҷӯянд, аммо кам касоне онро мебинанд ва шумори боз ҳам камтаре аз обаш нӯш мекунанд.

Макони чашма хеле хуб дар ёдам монда буд. Монанди нақше ба рӯйи санг. Тамъи обаш ҷовидона дар кому гулӯям мондааст ва ин аст, ки наметавонистам он маконро фаромӯш кунам. Намебоист, фаромӯшаш кунам, аммо пайроҳа аз ёдам рафта. Ва ё зери нақши пойи садҳо, ҳазорон ё шояд миллионҳо нафар пайроҳа нопадид гашта. Ҳама ин роҳро меҷӯянд, шояд лаҳзаҳое дар ин пайроҳа гом мебардоранд, вале касе масирро намеёбад.

Бархе ҳам пайдо шуда буд, ки гирди ин чашма чиғу тавора бардошта, оби онро муқаддас хонда буданд ва барои ҳар қатра обаш аз ташнагон зар меситонданд. Бархи дигар худро молики маънавии чашма эълом доштаву мехостанд, покизагии он обро ба калому забони хеш биафзоянд. Бархе ҳам мехост, обро дар обгинаҳо бигираду бо Чину Мочин барад ва қатра-қатра бифурӯшад.

Аммо ҳамаи ин тоифа шикаст хӯрданд. Чиғу тавораҳоро намешуд ба замини сахту сангин кӯфту барафрошт, масеҳонафасон наметавонистанд, аввал худро табобат кунанд ва тоҷирон вақте обгинаҳоро боз мекарданд, андаруни онҳоро тиҳӣ меёфтанд. Об, ки аз чашма ҷудо мегашт, бухор мегашту ба ҳаво мерафт.

Ҳар он кас ки арҷ намегузошт, пушаймону саргардон мешуд. Мисли ман, ки акнун солҳову моҳҳову ҳафтаҳову лаҳзаҳо дар ҷустҷӯи он чашма мегардам. То як бори дигар лаб бар лаби он бигузорам ва ин бор абадан барнадорам. Пойҳоям сангкӯб кардаанду асоям сӯзан шудааст. Мегардаму мегардам, вале он чашмаро намеёбам.

Эй дӯст, вақте ба он чашма мерасӣ, бинӯш ва дар обаш ғарқ шав. Чашмонатро пур аз он оби пок кун. Бинӯшу бинӯш ва бидону битарс, ки дигар ин чашмаро пайдо нахоҳӣ кард.

 

24.03.2011 - Posted by | Каме латра, Наврӯз, Табиат, Таҷриба, Фалсафа, Худшиносй

4 Comments »

  1. Ба назарам чашмаи зулоли рухбахшу начотбахш – дар умки дили инсон аст ва номи он Мехри пок – чое дигаре сафар кардан талаф кардани вакт аст… Хар гох ки ин Мехр ба чашми дил падидор шуд, хама чои олам боги фирдавс мешавад… Медонам ки матлаби шумо хам ин буд :)))
    Саломат бошед Салимчон!

    Comment by муборак | 24.03.2011 | Reply

  2. behtarinu behtarinho- Khudovand hamai bandahoi rahgumzadaro ba in makon birasonad,

    Comment by Anvarbek | 25.03.2011 | Reply

  3. Ба нигохи ман устод ростиро дар назар доранд. Хамин ростист, ки солхои охир аз хаёти мо нест шудааст. Хеч кас гапи рост намегуяд ва кори рост намекунад. Танхо хамон огози солхои 1990 буд, ки як дафъа ростй дар ватани мо махаки зиндагй шуд, аммо дертар тамоман аз байн рафт ва имруз мо аз рости нишоне намебинем. Саломат бошед.

    Comment by Rustami Zamon | 26.03.2011 | Reply

  4. Чашма дар баёни Шумо, устоди суханвар ду чиз буда метавонад – ё кашфи маънии хастии инсон ва ё манбаи руху хиради олй. Ман дуруст дарёфтаам?

    Comment by Samandar | 12.07.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: