Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бозгашти Акбари Турсон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми наҷибе кард. Вай донишманди муҳоҷир Акбари Турсонро ба ватан баргардонд. Аз рӯйи шунидам олими тоҷик ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, ки “ҷои гарм”-и худ дар Амрикоро тарк кунад, вале, зоҳиран, пешниҳоди президенти кишварро рад накардааст ва ба Душанбе хоҳад баргашт.

Агар ин ҳодиса иттифоқ афтад ва Акбари Турсон дар Душанбе низ аз пуштибонии ҳамаҷонибаи президент бархӯрдор боқӣ бимонад, ҳатман шоҳиди таҳаввулоти нодире хоҳем шуд ва эътироф хоҳем кард, ки ҷаноби Раҳмон барои илми тоҷик як кори таърихие анҷом додааст.

Раиси Академияи улуми Тоҷикистон, Мамадшо Илолов дар гуфтугӯе бо ҳамкорам Хуршеди Ҳамдам гуфтааст, ки президент Раҳмон вазифаи сарварии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттиро ба Акбари Турсон пешниҳод карда ва аммо ҳанӯз фармони таъини Турсон ба ин мақом имзо нашудааст.

Ҷое барои шубҳа нест, ки олимон, шоирон, нависандагон, оҳангсозон, овозхонон, ҳунарварон, ихтироъкорон ва мутафаккирони тоҷик бояд ҳатман дар Ватан зиндагӣ кунанд, зеро созу ҳавои Ватан онҳоро ба эҷодиёт ва корномаҳои нав таҳрик медиҳад ва ҳузурашон ба парвариши насли нави чеҳраҳои боризи кишвар сабаб мегардад. Худо кунад, ин иқдоми ҷаноби Раҳмон нимакора ва тасодуфӣ набуда, оғози маъракаи ба Ватан хондану сарҷамъ кардани афроди боистеъдод гардад.

Аммо ба бисёре аз ташаббусҳои раҳбари давлат нигариста, метавон ҳадс зад, ки агар худи ӯ гоҳе дар тасмимҳои хубаш ноустуворӣ нишон медиҳад, гоҳи дигар “маслиҳатгарон”-и давру бараш бо ҳар роҳу васила ба миёна медароянд ва бо воҳимаву росту дурӯғи зиёд ӯро аз райъяш гардонда, оғозҳои некро ба анҷомҳои бад мерасонанд. Решаи бархе аз нокомиҳо на танҳо дар талошҳои эҳсосотӣ ва бидуни омодагист, балки ҳамчунин дар “гаправӣ”-и раисиҷумҳур, эътимоди ӯ ба афроди давру бар, набуди меъёрҳои шоистасолорӣ ва бартарии хешу қавмгароӣ ва фасод дар таъини кадрҳост.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Акбари Турсон, фаразан, бо вуҷуди биография ва библиографияи муносиб, “география”-и барои қавмгароён мувофиқе надорад, ҳамчун шахсият низ аз хоки дигаре сиришта шудааст, дар давраи дигаре фаъолият кардааст, бо афроди дигаре ва дар сатҳи дигар нишаставу хестааст, хислату хосият ва таҷрибаҳои мутафовит дорад.

Агар навиштаи пешинаи маро бихонед, дар ин бора тасаввуроте пайдо хоҳед кард. Метавонед, ҳамчунин ақидаҳои шахси устодро дар ин торнигор мутолиа намоед. Ҳоло бояд дид, оё Акбари Турсон дар низоми мавҷуда тағйире ба бор хоҳад овард ва ё баръакс низом Акбари Турсонро ба коми худ кашидаву тағйир хоҳад дод.

Ҳанӯз Турсон ба Ватан барнагашта, садои “ватандӯстоне” ба гӯш мерасад, ки мехоҳанд  қадру қимати ӯро ҳамчун олим қасдан паст зада мардуми ноогоҳро гумроҳ кунанд. Барои намуна, мегӯянд: ҳар донишманди шинохтаро мебояд, ки ягон чизи тозаро кашф карда ва ё ягон чизи наве ба вуҷуд оварда бошад ва аз ин нигоҳ, Турсон ба сифати олими шинохта чӣ кашфиёте кардааст, ки мо намедонем? Мегӯянд, шукри замони шӯравӣ, ки  барояш имкон дод, шаш сол дар китобхонаи асосии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав танҳо бо мутолиа машғул шавад ва ҳатман он ҷо чизе омӯхтааст, вагарна ӯ як физик аст, на файласуф ё забоншинос ва бо “космогония”-и хеш сари ҳамаро гаранг карда, умр ба сар мебарад.

Дар ҳамин чанд сатр худи муаллиф бо вуҷуди нафрате, ки ба донишманди тоҷик дорад (номаашро ба забони русӣ навиштааст), худ нохоста, “космогонияи Акбари Турсон” мегӯяд. Пас чизе будааст, ки ба номи Акбари Турсон бастагӣ дорад?

Аммо ҳақиқаташро гӯям, шояд бисёре аз тоҷикон, махсусан намояндагони насли ҷавони мо дар бораи корнамоиҳои Акбари Турсон маълумоти кофӣ надоранд. Ягон тадқиқоте дар бораи кашфиёт ва осори ӯ дар Тоҷикистон ба нашр нарасидааст. Соли 1999 вай 60-сола ва соли 2009 70-сола шуд. Ин зодрӯзҳо пайти муносибе буданд, ки ҳамкасбонаш ба фаъолияти ӯ назар кунанд ва бурду бохташро муайян. Вале чунин талошҳое нашуд.

Ҳар олим ё эҷодкор мехоҳад, ки дигарон ба кору осори ӯ баҳо диҳанд, онҳоро пайи ҳам бичинанд ва бубинанд, ки дар ҳақиқат ин шахс тайи ин ҳама сол чӣ нақше аз худ боқӣ гузоштааст, ба куҷоҳо расидааст. Хилофи хоксорӣ шавад ҳам, бояд бигӯям, ки талошҳои ночизе дар ин кор анҷом додам ва гуфтаниву навиштаниҳои зиёди дигаре дар бораи донишманди нобиғаи тоҷик Акбари Турсон дорам, ки сари фурсат интишор хоҳам дод.

Вақте чанд сол пеш дар бораи ӯ мавод ҷамъ мекардам, як шиносам, ки дар ҳимояи рисолаи доктории Акбари Турсон дар Маскав ҳузур дошт, ҳикоят кард, ки Акбар барои ин унвон аслан рисолаи махсус нанавишта будааст ва бар қасди рақибони илмиаш китоби хешро ба баррасии олимони шӯравӣ гузошт. Ин китоб, ки яке аз нашриётҳои илмии Маскав интишор дода буд, мавриди ҳамлаи онҳое қарор гирифт, ки мегуфтанд, унвонҷӯ аввал мебоист, рисола менавишт, онро ҳимоя менамуд ва сипас ба чоп мерасонд. Аммо ҳодисаи аҷибе рӯй дод. Он шиносам мегӯяд, ба рағми рақибон китоби Акбар дар ҳамин маърака ҳамчун сароғози равияи нав дар фалсафаи табиатшиносӣ эътироф гашт, ки “бунёди кайҳоншиносӣ” унвон гирифта, донишманди тоҷик муассиси он дониста шуд.

Як олими тоҷик ҳикоят карда буд, ки ҳанӯз дар солҳои 1970 сармуҳаррири маҷаллаи академии Шӯравӣ “Вопросы философии” профессор Вадим Семенов ба Душанбе омада, бо файласуфони тоҷик дар академия вохӯрда буд. Вай файласуфони тоҷикро ба ҳамкорӣ даъват намуда (аслан навиштаи ягонтои онҳо ба талаботи илмии журнал ҷавобгӯ набуд) зимнан гуфт:  медонед, мо дар ҳайати муаллифони фаъоламон Акбарро ҳамчун дорандаи сабки хоси илмӣ ҳурмат мекунем. Дар фалсафа, боз ба забоне, ки забони модарии муаллиф набошад, сабки хос доштан ҳунари ҳамагон нест!

Ҳол он ки дастнависи аввалин китоби Акбар дар нашриёти “Политиздат”-и Маскав бидуни ягон таҳрир нашр шудааст. Кормандони собиқи ин нашриёт бароям ҳикоят карданд, ки мудири бахши фалсафаи онҳо, Андрей Иванович Могилев бовар накардааст, ки олими ғайрирус тавониста бошад, бе кӯмаки дигарон чунин асаре эҷод кунад. Акбарро ба идора даъват намуда, мехоҳанд, дар ҳузури онҳо чанд ҷумлаи дастнависро тағйир диҳад. Вақте Акбар чандин шакли мухталифи ин он ҷумлаҳоро менависад, онҳо иқрор мекунанд, ки ин як санҷиш буд, зеро ба нашриёт дастнависҳои зиёде меомад, ки дигарон аз номи олимони осиёимиёнагӣ менавиштанду худи муаллифон тавони навиштанро надоштанд.

Бо чандин нафаре, ки дар Маскав ҳамсӯҳбат шудам, олимони рус ё украин, яҳудӣ ё гурҷӣ дар бораи Акбар бо эҳтироми тамом сӯҳбат мекарданд. Сари фурсат ин гуфтугӯҳоро низ бояд ҷамъоварию таҳрир кунам. Аммо гуфтаниям, ки мардуми мо ин олими худро ҳанӯз ба хубӣ намешиносанд ва ба умқи корҳои анҷомдодаи ӯ фурӯ нарафтаанд. Акбари Турсон донишмандест, ки дар чанд ришта ҳарфи тозаи гуфтанӣ дорад, вале фурӯпошии шӯравӣ ва ҷанги Тоҷикистон кори ӯро парешон карда бошад ҳам, андешаашро парешон накардааст.

Дар шарқшиносӣ чӣ? Магар Акбари Турсон набуд, ки соли 1988 дар Душанбе конфронси шарқшиносони шӯравиро созмон дод, ки орзуи дерини Бобоҷон Ғафуров буду вақти зинда буданашон амалӣ нашуд? Дар зимн Акбари мо фақат ташкилкунандаи ҷамъомади олимони Шӯравӣ набуд; худаш дар ҷаласаи куллии анҷуман аз масъалаҳои бунёдии ховаршиносии ҷаҳон маърӯза кард, дар ҳоле ки раиси Институти шарқшиносии Москва фақат дар бораи ҷиҳатҳои ташкилию маъмурии таҳқиқоқоти шарқшиносӣ ҳарф зад. Касе ки инро намедонад, бигузор маҷаллаи марказии илми ховаршиносии Шӯравию Русияи кунунӣ “Восток”-ро ёфта, матни суханронии ӯро як бор беғаразона бихонад.

Забоншиносу адабиётшинос нест? Онҳое, ки чунин мегӯянд, бояд аввал маҷаллаи академии “Вопросы литературы”, чопи Маскавро варақ зананд. Ёд дорам, дар соли  1990 дар ҳамин маҷаллаи бонуфуз мақолаи пурмӯҳтаво ва интиқодии  ӯро дар бораи вазъи забону адабиёти миллӣ дар Шӯравиро хонда будам, ки як навъ хулоса ва ҷамъбасти сиёсати 70-солаи шӯравӣ дар баробари забон ва адаби халқҳое буд, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба сар мебурданд. Ин як асарест, ки то ҳоло аз тарафи донишмандони зиёде нақли қавл мешавад.

Профессори Донишгоҳи Миннесотаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эраҷи Баширӣ дар курси “Таърихи муосири Осиёи Марказӣ” дар як саф бо нависандагон ва мутфаккирони саршиноси ин минтақа — Чингиз Айтматов, Бердӣ Карбобоев, Мухтор Авезов инчунин Акбари Турсонро ба донишҷӯёни амрикоӣ дарс медиҳад. Дар яке аз калонтарин донишгоҳҳои Амрико тарҷумаи ҳол ва афкори олими тоҷик дарс дода ва таҳқиқ мешавад. Баширӣ менависад, ки Акбари Турсон “осори густардаеро дар бораи фалсафа, адабиёт, таърихи илм, таърих ва фарҳанги тоҷикон ба вуҷуд овард. Китоби ӯ “Эҳёи Аҷам”, ки дар соли 1984 чоп шуд, иттилоъи ғановатманде дар масъалаҳои гуногун дорад, аз як сӯ дар бораи муносибатҳои сиёсии Шарқ ва Ғарб, аз сӯи дигар дар бораи ҷойгоҳи фалсафа дар ҷомеа.”

Бад нест, агар дар посух ба “ҷӯяндагони кашфиёти Акбари Турсон” феҳрасти осори Турсонро ин ҷо қатор бичинем, аммо ин навишта хеле ба дарозо хоҳад кашид. Аз сӯи дигар шояд ҳеч шарҳе ҳам зарур нест. Онҳое ки медонанд, медонанд, онҳое, ки донистан мехоҳанд, хоҳанд донист ва аммо онҳое, ки донистан намехоҳанд, ҳаргиз талоше ба донистан нахоҳанд кард.

Онҳое, ки ҷӯёи кашфиёти илмии Акбари Турсонанд, як бор фикр кунанд, ки бо талошҳои кӣ мафҳуми “Эҳёи Аҷам” ба илми  шарқшиносӣ ворид шуд. “Эҳёи Аҷам” фақат истилоҳ набуда, номи падидаи илмию фарҳангиест, ки як гурӯҳ ховаршиносони  шинохтаи Шӯравӣ мавриди андеша қарор додаанду то дараҷайи як назарияи томи илмӣ расонида натавонистаанд.

Оре, аз дастовардҳои илму адаби давраи исломии форсу тоҷик зиёд мегуфтанду менавиштанд, аммо умдатан онро “маданияти исломӣ” мешумурданд ва гоҳе ҳам аз нақши умдаи намояндагони ақвоми форсизабон дар ин маданият ҳарф мезаданд. Вале  маҳз Акбари Турсон буд, ки решаҳои таърихии ин маданиятро дарёфта, бо далелҳои раднопазир саҳми бузурги қавмҳои эрониаслро дар бунёди он исбот кард ва зимнан собит намуд, ки дастовардҳои адабию илмии гузаштагони мо дар масири таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ на тасодуфӣ, балки эҷодшуда бо хуни ҷигари чандин насли бузургони мо буданд.

Охирин ҷустуҷӯҳои фарҳангшиносии Акбар дар бахши Наврӯзшиносӣ ҳам аз ҷумлаи ҳамин гуна кӯшишҳои муҳаққиқона аст. Оре, дар бораи Наврӯз аз ӯ пеш бисёриҳо навиштаанд. Лекин аҳли ҳол нағз медонад, ки то ин вақт касе дар бораи таърихи пайдоишу мақоми фарҳангии ҷашни Наврӯз, решаҳои қадимии он ва бархӯрди ислом ба Наврӯз дар дарозои таърих бо чунин фарохию амиқӣ наандешида ва нагуфта буд.

Посухи Турсон ба Литвинскийро хондаед? Ҳатман бихонед ва агар рӯҳи қавии миллӣ дошта бошед, ҳафтаҳову моҳҳо сархушу сармаст мегардед, зеро Турсон дар он на танҳо ба Литвинский, балки ба ҳамаи душманони халқи тоҷик ҷавоби дандоншикан додааст. На танҳо аз шодравон Бобоҷони Ғафур, балки аз миллати тоҷик ва шаъну шарафи он дифоъ кардааст.

Баъзе андешаҳо кайҳо ба ақида ва далели муқаррарӣ ва ҳамагонии илмӣ табдил ёфтаанд ва кам касон медонанд, ки муаллиф ё кашшофи ин андеша кист. Агар яке аз чунин далелҳоро Акбари Турсон ба миён намегузошт, фишори “олимон”-и Русия ва Узбакистон ба халқи тоҷик дар охири қарни гузашта шояд ба авҷи хеш мерасид. Чанд доктору академики маскавӣ, ки зоҳиран аз Тошканд маблағгузорӣ мешуданд, талош доштанд, ҳамаи дастовардҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷиконро ба қавми ӯзбак нисбат диҳанд.

Акбари Турсон далелҳои онҳоро ғайриилмӣ ва бепоя номид. Аммо муҳимтар аз ҳама ин нуктаро ба миён гузошт, ки таърихнигорӣ набояд бар ҷуғрофиёи муосири шӯравӣ асос ёбад. Ҳамин “ҷуғрофисентризм”-и онҳое, ки таърихи миллати узбакро менавиштанд, эътибори осори илмии онҳоро даҳҳо мартаба поин овард ва онҳоро дар баробари нобоварии олимони ҷаҳон қарор дод.

Ин танҳо баъзе аз дастовардҳои зиёди илмии ӯст. Барои мо ҳамин кофист, ки Акбари Турсонро дар сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва ба ҳарфаш гӯш медиҳанд. Аслан, оё имрӯз, мо, тоҷикон, касеро дорем, ки битавонад ба дараҷаи ӯ аз донишу хиради таърихии бузургони мо намояндагӣ кунад? Магар дар марҳилаи феълӣ вай аз он чеҳраҳои ангуштшуморе нест, ки чакидаи илми тоҷику форс ва ақвоми шӯравиро дар худ гирд овардаву муҷассам кардааст?

Вай агар шаҳрвандии Амрикоро медошт, ҳанӯз дар охири солҳои 1990 метавонист, раҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Китобхонаи Конгресси Иёлоти Муттаҳида шавад. Агар аз рӯйи андарзи “Афлотун дӯсти ман аст, вале бартар аз ҳақиқат нест” амал намекард, шояд дар шӯрои Юнеско боқӣ мемонд ва ба раёсати он ҳам мерасид. Агар бо Раҳмон Набиев канор меомад, мудири бахши илм дар Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мешуд ва сипас раиси Академияи улум низ.

Роҳбари собиқи ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов ҳам бо пешниҳоди мансабҳои баланд мехост аз истеъдоди Акбари Турсон истифода кунад. Агар дар соли 1994 сари вақт аз Филаделфия ба Алмато парвоз мекард ва ба ҳузури президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мерасид, бо муаррифии Чингиз Айтматов ба мушовири Назарбоев дар умури Осиёи Марказӣ табдил меёфт. Агар “қоидаҳои бозӣ” дар марказҳои таҳлилии Амрикоро мепазируфт, на камтар аз “донишманди афғон” Залмай Халилзод ба вазифае дар ягон ниҳоди ҳукумати Амрико таъин мегашт. Ва “агарҳо”-и зиёде…

Дар як сӯҳбат, бе ягон суол ё ишораи ман, худаш гуфт, намехоҳад, аз суханонаш тасаввуроте ҳосил шавад, ки зимни шароити олии кори илмияш дар пойтахти Шӯравӣ ва баъдан дар  Амрико хуб будаанду “Тоҷикистони ӯ” бад. “Ҳамаи кори ман ба хотири Ватани азизам  Тоҷикистон буду ҳаст, бароям аз ин хидмат дида дигар ифтихоре нест” – хулоса карда буд ӯ дар он мусоҳиба.

Шояд барои ин буд, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳифз кард, ҳақиқатро бартар аз дӯсти Афлотунаш донист, бо Набиев канор наомад, нахост, дастнигари Назарбоев бошад ва ба сиёсатбозиҳои марказҳои таҳлилӣ тан надода, баракс онҳоро пас аз ҳамла ба Ироқу Афғонистон зери интиқод гирифт.

Акнун ӯ ба Ватан бармегардад. Орзу мекунем, бозгашташ пур аз нур, барор ва шодкомиҳо бошад ва битавонад, тарҳеро, ки ба президенти Тоҷикистон пешниҳод карду роҳҳои рушди илми тоҷикро пеш гузошт, ҷомаи амал пӯшад. Барояш устуворӣ ва мусоадати атрофиёну ҷомеаро орзу мекунем. Инро аз номи ҳамаи онҳое мегӯям, ки дар ҳошияи навиштаҳои қаблии ман самимона орзуи бозгашти Акбари Турсон ба Тоҷикистонро мекарданд. Пас раисиҷумҳур садои онҳоро шунид ва орзуи онҳоро амалӣ кард.

——————————–

Акс аз Латифи Латифӣ

31.03.2011 - Posted by | Ватан, Илм, Таърих, Тоҷик, Турсон, Худшиносй |

16 Comments »

  1. Ташаккур аз шумо Салимчон! Дар хакки устод хеле хуб навиштед. Дар вокеъ, мо мунтазири бозгашти Устод хастем. Кудумашон нури дида болои чашм.

    Comment by Surush | 31.03.2011 | Reply

  2. Дастатон дард накунад акои Салим, илохо ин орзухову Шумову дуои хамаи мо амали гарданд! “Акнун ӯ ба Ватан бармегардад. Орзу мекунем, бозгашташ пур аз нур, барор ва шодкомиҳо бошад ва битавонад, тарҳеро, ки ба президенти Тоҷикистон пешниҳод карду роҳҳои рушди илми тоҷикро пеш гузошт, ҷомаи амал пӯшад. Барояш устуворӣ ва мусоадати атрофиёну ҷомеаро орзу мекунем.”

    Comment by муборак | 31.03.2011 | Reply

  3. Ман хамфикрам ки дар бораи олимони намоёни мо маколахои кам ба чоп мерасад ва мардуми оддии кишвар аз фаъолиятхои онон маълумоти мукаммал надорад. Ташаккур аз шумо ки барои шиносоии онон ба мардум хизмати босазо мекунед. Ман Акбари Турсонро аз руи навиштахои шумо шинохтам ва ба хулосае омадам, ки дар вокеъ он кас як намояндаи барчастаи илму фарханги точиканд. Худо кунад, аз бозгашт ба Ватан ноумед нашаванд ва махфили илму адаби точикро рушан кунанд.

    Comment by Rustami Zamon | 02.04.2011 | Reply

  4. Ba man sitoish az Emomali Rahmon khush naomad. Maqsad az in ta]rifho chist? Vai vazifai rahbari kishvarro ijro kardaast va on ham ma’lum ne chi natoije medihad. Ba Rahmon bovar kardan baroi yak olim durust nest.

    Comment by Рустам | 02.04.2011 | Reply

  5. Ки кафолат медихад, ки РЧ бо ин икдом чи мехохад? То хол Эмо Мао Ли чуз манфиати худ ва авлоди хеш дигар манфиатеро намепазирад. Ман аз ин икдом изхори нигарони дорам. Метарсам, ки Акбари Турсон, низ дар катори дигар “олимони барчастаи муосир” ба гирдоби мадхи сиёсати “хирадмандонаи” РЧ печида нашавад. РЧ борхо исбот кардааст, ки аз илму фарханг фарсаххо дур аст, пас ин икдоми варо аз дигар дарича бояд нигох кард. Аз даричаи худаш…

    Comment by Точик | 02.04.2011 | Reply

    • Рости ман хам метарсам, ки Худо накунаду эшон хам мафтуни сехри СЕХРГАР нашаванд…

      Comment by Surush | 05.04.2011 | Reply

  6. Salom akai Salemjon.
    Rosti pesh az xondani in maqola man dar borai in doniashmandi byzyrgi Tojik in qadar malymot nadoshtam. Bisyor tashakyr baroi in navishtahoyat. Xohish mekynan agar dar borai dinishmandoni Tojik gair ystod Akbar digarho beshtar navised to mo javonon donem onho ki hastand va chi manzilt dorand. Boridigar tashakyr.

    Comment by Qodirjon | 02.04.2011 | Reply

  7. Бо дуруд ба устоди азиз чаноби Аюбзод!
    Вокеан ин хабари хуш хеле хуш холам кард,Худо кунад,ки устод Акбари Турсон биояду тгахаввулоти амике дар сохоти мухталифи кишвар сар занад.

    Comment by Машъал | 04.04.2011 | Reply

  8. Мужда эй дил ки зи чонон хабаре меояд
    Ёри гамдидаи мо аз сафаре меояд
    Дар гами дурии у чону чахон сухт, ки аз-
    Буи пирохани Юсуф, асаре меояд
    Бизанед об раху чору намоед хона
    Ки ба хар хол ба инчо нафаре меояд..
    Firdavsi Azam

    Comment by Машъал | 04.04.2011 | Reply

  9. Эй сафаркарда биё
    Бо дили шоду ба лаб ханда биё
    Рузгорест, ки дил дар талаби омади туст
    Болу коло хама тобанда биё
    Суи ин банда биё

    Comment by Firdavsi Azam | 04.04.2011 | Reply

  10. Salom, duston.

    Hamkorii ustod Akbari Turson bo in guruhi dar hukumati davlati mo jam’shuda, az yak taraf e’tirof namudani ishon az fa’oliyati rasvoi onho ast. Az tarafi digar, shoyad dar Tojikiston kor kardani in kas ta’siri musbate dar inkishofi mafkurai jomeai kishvar biyorad va bakhusus, baroi bardoshtani savodnokii mansabdoron naf’e rasonad, ki khele az aqlu adlu insof dur mondaand.

    Dar har sur’at, Tojikiston faqat bo ivaz shudani rohbariyat dar intikhoboti raisjumhuri soli 2013 va omadani guruhi Vatandustoni asil va mutakhassisoni nav metavonad ru ba rushdi haqiqi biyovarad.

    Digar rohe nest ba juz on, ki boyad raisjumhur ivaz shavad va mardum inro durust dark namuda, az holo to 2 soli digar ba in maqsad muvaffaq shudan bo hamdigar omodagi va madad namoyand.

    Baroi Tojikistoni nav bo Junbishi Milli!

    Comment by junbish | 07.04.2011 | Reply

  11. Ба чои Акбари ТУрсун мебудам мисли Бозор Собир туф ба руи ин навдавлатони камшуур мекардаму тарки Амрико намекардам….

    Comment by Адаш | 07.04.2011 | Reply

  12. Устод Салим, Шумо мусохибаи ахири устод Акбарро бо Би Би Си мутолеъа кардед? Чи назар доред дар ин робита? Оё чаноби Турсун худро шарманда накард, вакто ки диктатори будани режими кунунии Точикистонро инкор намуд? Шояд аз пириаш тарсида ба акидахояш хиёнат кард? Дар Амрико ин олими варзида ба як саги дайду хам лозим нест, ва касе ба у гамхори намекард агар аз пой бимонад. Хост ки поёни зиндагиашро дар замини ачдодон зери партави “эхтирому гиромидошти” давлат сипари намояд. Агар мерафту аз мавкеъаш намегаш кахрамон буд, аммо акнун маълум мешавад ки як мансабталаби дигар будаасту ботинашро пинхон мекард ин кадар сол.

    Comment by Замбур | 25.04.2011 | Reply

  13. Росташ, беэҳтиётӣ дар лаҳни гуфтор ва вожагузинӣ ба ҳамаи мо, тоҷикон, хос аст. Ҳатто худи Шумо, ки зоҳиран, мехоҳед, мавзӯи нозукеро матраҳ кунед, аз вожаҳои “шарманда”, “тарсида”, “пирӣ”, “хиёнат”, “саги дайду” кор мегиред.

    Бале, хондам. Устод Акбар нагуфтааст, ки режим дар Ватани мо диктаторӣ нест. Вай гуфтааст, тоталитарӣ нест. Ин ҳарфи дуруст аст. Тоҷикистон дарвоқеъ тоталиратӣ нест, аммо диктаторист ва он ҳам диктатураи нарме, ки пайомадҳои сахт дорад.

    Устод Акбар ақидаву андешаҳои худро гуфт ва албатта, эҳсос мешавад, ки зери вазни шароите мондааст, ки ба он афтод. Аммо ин ҳанӯз “шармандгӣ” нест. Бояд дид, ки эшон чӣ хоҳад кард. Вай барои сахтгӯӣ ва шиорзании инқилобӣ ки наомадааст. Омадааст, корҳое бикунад, ки ба вазъи куллӣ таъсири нек бигузоранд. Охир, бо шиор задан чӣ кардан мумкин аст? Магар ин ки каме буғи деги ҷӯшонро берун кардан, дигар ҳеч.

    Ин фикри Шумо, ки вай дар Амрико ба саги дайду ҳам даркор набуд, комилан галат аст. Ба донишу хирад ва машварату маслиҳату ӯ ниёз доштанд, вагарна манзили бепул, хадамоти тиббии бепул, обунаи бепул ба ҳама намуди матбуот, имтиёзҳои профессорӣ барояш қойил намешуданд. Вай ҳоло 80 доллар музд хоҳад гирифт, дар ҳоле ки дар Амрико бар замми ҳамаи имтиёзҳо барояш 500 доллар нафақа медоданд.

    Он мусоҳиба, агар диққат карда бошед, аз суоле сар мешавад, ки чаро вақте ҳама талош доранд, аз Тоҷикистон берун шаванд, дар хориҷа ҷое ёбанд, он кас баръакс аз ҷои гарме дар Амрико ба Тоҷикистон баргаштанд.

    Олими машҳур ва солманд беҳтар аст дар Ватан бошанд ва дар оянда хоҳем дид, ки чӣ хидмате ба миллат хоҳанд кард. Устод ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигорон гоҳе зери фазое мераванд ва набояд аз рӯи ин ё он калима баҳо дод. Шумо бинед, бузургони мо имрӯз чиҳо намегӯянд.

    Агар Акбари Турсон баӣд аз бозгашт ба Ватан ҳатто 1 шогирд ҳам ба воя расонанд, хидмати бузурге ба миллат хоҳад буд.

    Аз сӯе ҳам ҳар кас ҳуқуқ дорад, бар ин ё он ақида бошад. Ман ҳам ва Шумо ҳам.

    Comment by aioubzod | 25.04.2011 | Reply

  14. Тӯппа тӯғри фармудед устод, баъзан дар сухан беэҳтиётӣ мекунам, шояд феъли аҷдодӣ бошад? Аммо ин вожаҳоро на аз бадбинӣ балки аз дилсардиам аз икдому изҳороти устоди мӯҳтарам Акбар Турсун истифода бурдам. Ҳурматаш мекардам ва бовар доштам ки ӯ ҳамчун яке аз охирин намояндаҳои интеллигентсияӣ тоҷик, ки фурухта нашудааст, ҳеҷ гоҳ аз маҷқеъаш намегардад ва ин режими одамхурро намепазирад. Аммо тавре ки ба назарам мерасад, шояд хато аст, устод ҳам ноумед шуданду ба ягон тағийри вазъ дигар бовар надоранд. Инак он кас ҳам худро ба маҷрӯи зиндагӣ супориданду ба қатори лабайкагӯёни ҳукумат пайвастанд.
    Замоне ки устод Акбар дар пажуҳишгоҳи Ховаршиносӣ раисӣ мекарданд, чанд шогирд низ тарбия карданд, аммо ягонтаашон ба гуфти эрониҳо, ба дард нахӯрд. Ба гумонатон аз шогирдони оянда ягон умед ҳаст?
    Кошки гапи Шумо, устод, рост барояд.

    Comment by Замбур | 28.04.2011 | Reply

  15. То ҷое ки ман шунидам, матни мусоҳиба номукаммал мунташир шуда.

    Шогирдони ношуди эшонро намедонам, хуб буд, агар ном меовардед.

    Рӯҳу равон чизе нест, ки дар як руз тағйир кунад. Беҳтар аст, сукут варзему фурсат диҳему бингарем. Аз рӯи шунидам, ин бозгашт ба ҳолу ҳавои рушангарон ва фарҳангиён дар пойтахт таъсири нек доштааст.

    Comment by aioubzod | 29.04.2011 | Reply


Leave a reply to Машъал Cancel reply