Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

ДАСТурИ Путин

Сарвазири Русия, Владимир Путин, илтиҷои раҳбарони Тоҷикистонро, ки коҳиши боҷи содиротии фуровардаҳои нафтии Русияро мехостанд, рад кард ва баръакс фармони афзоиши бештари ин боҷро ба имзо расонд. Сар аз 1-уми апрели соли 2011 боҷи бензини содиротии Русия, ки 245 доллар барои 1 тонна буд, ба 284 доллар боло рафт ва боҷи солярка аз 170 ба 198 доллари амрикоӣ.

Ин дар ҳолест, ки айни чунин боҷро Путин барои Қирғизистон комилан лағв намуд. Як сол пеш, вақте Кремл ин боҷро барои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷорӣ кард, он ҳамагӣ 204 долларро ташкил медод. Ҳоло барои Тоҷикистон ин харҷи изофагии гумрукӣ ба сӯи 300 доллар ҳаракат дорад.

Афзоиши нархи бензин ба боло рафтани баҳои тамоми намуди маҳсулот ва хадамот сабаб мегардад ва мардуми кишвар ҳанӯз моҳи апрели соли гузашта худ шоҳиди баланд рафтани қиматҳо шудаанд.

Русия кишвари нафтхез аст ва комёбии иқтисодии давраи раёсатҷумҳурии Владимир Путинро боло рафтани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ асос гузоштааст. Аммо гумон намекунам, ҳоло бо қарори охири ҳукумати Путин ва чандсад ҳазор долларе, ки аз ҷайби нимахолии Тоҷикистон берун кашида мешавад, таъсири коҳиши нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ барои Русия хунсо гардад.

Русия ҳамеша одат дорад, худро ҳомии адл ва ҳақиқат нишон диҳад. Вале ин ҷо ошкоро дар байни ду кишвари пасошӯравии як минтақа, ки ҳарду тақрибан дар шароити ҳамсон ба сар мебаранд ва ба Маскав нигоҳи мусбат доранд, ҳарду хостори узвият дар Иттиҳоди гумрукии Русияанд, фарқеро қойил мешавад ва ҳамаи боҷу пардохтҳоро аз дӯши яке бардоштаву бори дӯши дигариро ба маротиб сангинтар мекунад.

Ин ҳам дар ҳоле ки ахиран, бино ба назарсанҷиҳои байнулмилалӣ Тоҷикистон руспарасттарин кишвари ҷаҳон эълон шудааст. Наваду се дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон Русияро беҳтарин кишвари олам ва дӯсти наздики мардуми худ шумурдаанд.

Ҷаноби Путин ба ихлоси мардуми тоҷик ҳамин гуна посух дод. Ё шояд посух ба сарпечии Тоҷикистон аз бозгашти марзбонони рус ба сарҳадди Афғонистон буд? Эҳтимол ин шакли нави дархосту фармоиш буд, ки фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ ба ихтиёри Русия гузошта шавад? Бар ҳар сурат, дастури нави Путин ошкоро хосияти сиёсӣ дорад ва ҳатман баёнгари норозигии Маскав аз сарварони тоҷик аст.

Фишори нави Маскав бар сари Тоҷикистон ҳалли иқтисодӣ ва сиёсӣ дорад. Барои аввалӣ, Душанбе дар ҷустуҷӯи содиркунандаи дигари фуровардаҳои нафтист. Монанди Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон ва ғайра. Барои дувумӣ, таъкидҳо ба густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо.

Вале набояд фаромӯш кард, ки Аврупо худ то дирӯз дастнигари комили гази Русия буд ва биноан, ҷаноби Путин, бо Украинаву Беларус “газбозӣ” мекард. Иттиҳоди Аврупо то андозае худро аз “мӯътодӣ” ба гази Русия наҷот дод ва ин талоши аврупоиҳо идома дорад.

Шояд барои Тоҷикистон шарт нест, роҳи дур ва номуайянро дар пеш бигирад. Мумкин ҳоли айни муддаост, аз рӯи шиори “об дар хонаву мо ташналабон мегардем” гирди ҷаҳон нагашту кам-кам бо Узбакистони ҳамсоя “забон” ёфт. Роғун? Санги сари роҳ? Хуб, бубинед, худи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар дидори ахираш бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки ташхиси фаннӣ ва зистмуҳитии бунёди нерӯгоҳи Роғун аввали соли оянда (2012) ба поён хоҳад расид.

Агар ҳадаф дарёфти “дастаки ҷолиб” дар ростои интихоботи нави президентӣ набошад, ҳадси ман ин аст, ки эълони натиҷаҳои пажӯҳиши тарҳи Роғун хеле тӯл хоҳад кашид. Ҳар як тоҷик хостори бунёди Роғун аст, аммо аз он ҷо масъала сиёсатзада шудааст, дурнамои он дар ҳоли ҳозир рӯшан ба назар намерасад.

Пас чаро бояд ҳамоно бо ҳамсояи наздики худ қаҳриву ҷангӣ боқӣ бимонем? Ҳамсояе, ки дар масъалаҳои дигар, бояд иқрор кард, беҳтар аз мо пеш меравад. Аз ҷумла дар ҳифзи истиқлолияташ ва муносибати ҷасуронааш бо Русия. Фикр намекунам, Путин ё Медведев Узбакистонро дӯст медошта бошанд. Барои онҳо тоҷику узбак ягон фарқе надоранд. Рӯйдодҳои Уш ва Ҷалолободро ҳадаф ин буд, ки пойи Узбакистон ба низоъ кашида шавад. Андиҷони соли 2005 низ акнун ҳарчӣ ошкортар гуфта мешавад, ки кори дасти Кремл буд.

Тарси ман ин аст, ки баҳсу кашокаш дар атрофи Роғун низ кори дасти Кремл аст ва аз эҳтимол дур нест, тарҳе омода шуда бошад, ки чӣ гуна бояд байни Узбакистон ва Тоҷикистон ҷангу хунрезие оғоз шавад. Як чунин ҷанг ҳамаи мушкилоти Русияро дар Осиёи Марказӣ ва ҳатто Афғонистон барои даҳсолаҳои мадид ҳал хоҳад кард. Маскав хуб медонад, ки пас аз як даҳсолаи дигар аслан дар Осиёи Марказӣ ҷои пой нахоҳад дошт ва ин рӯзҳоро ҳамчун хотираҳои биҳиштӣ ба ёд хоҳад овард.

Аммо имрӯз Тоҷикистон бо кирдигори ду “рафиқи ҳаммактаб”-и собиқи хеш – Русия ва Узбакистон ба Тоҷикистони соли 1992 монанд мешавад. Он вақт ҳам ин ду рафиқ Тоҷикистонро бад медиданд ва шадидан дар пайи ноком кардани он буданд. Имрӯз яке боҷҳои содиротиро гарон мекунад ва дувумӣ гузори ин борҳоро аз қаламрави хеш. Мисли ин ки бо маслиҳату машварат амал мекунанд. Онҳо аз эътилофи Тоҷикистону Қирғизистон низ ҳарос доранд ва агар диққат карда бошед, бо ҳар роҳ мехоҳанд, байни онҳо низ хусумат ба вуҷуд оранд.

Пас чаро Тоҷикистон наметавонад, байни Узбакистон ва Русия хусумат андозад ва он ҳам дар ҳоле ки чунин хусумат бе мо низ ҷой дорад. Чаро бояд аз он истифода накард. Борҳо гуфтаанд, ки дар сиёсат шарикони абадӣ вуҷуд надоранд, балки манфиатҳои абадӣ вуҷуд доранд. Агар имрӯз нармишу ҳамкорӣ бо Узбакистон ба манфиати Тоҷикистон бошад, чаро бояд бо сиёсатбозиҳои дурӯғин машғул шуд ва интизори рӯзе буд, ки аз нав ба зону занему сар хам кунем ё ба оташи ҷангу табаддулоти нав бипечем?

Ба ҳар сурат, ҳукми нави нисбат ба Тоҷикистон бераҳмона ва хасмонаи Владимир Путин як мақсад дорад – эҷоди ошӯбҳои мардумӣ аз тариқи ба ҳадди ниҳоӣ расондани норозигии халқ аз ҳукумат ва президенташ. Табаддулот ё ҷанги нави шаҳрвандӣ бо ҳадафи барканор кардани раҳбарони феълӣ. Хун, оташ, ғорат, ноамнӣ. Вале тоҷикон, чӣ аз Раҳмон розӣ бошанду чӣ норозӣ, набояд бигузоранд, ки кор ба ин ҷо бикашад. Ҳисоби дохил дар дохил, ҳисоби берун дар берун.

02.04.2011 - Posted by | Ватан, Роғун, Русия, Сиёсат, Тоҷикистон, Узбакистон |

8 Comments »

  1. Шояд Путин мехохад, ки яке аз куллахои баландарин дар Тоҷикистон низ номи уро дошта бошад?

    Comment by Иброҳим | 02.04.2011 | Reply

    • Ҳа-ҳа-ҳа… Хубу ҷолиб гуфтед. Зимнан ин ҳам як сиесат. Бист сол баъд иваз кардани номи ин қулла боз ҳам ҷолибтар хоҳад буд.

      Comment by aioubzod | 05.04.2011 | Reply

      • Совхози ба номи Павел Грачев дар ёдатон ҳаст? Совхози хукпарварӣ буд ва аз беҳтарин номгузориҳо дар таърихи навтарини Тоҷикистон.

        Comment by aioubzod | 05.04.2011

  2. Иқдоми воқеан ночавонмардона, Точикистон бояд чойгузине муносиб дар заминаи воридоти фаровардаҳои нафти барои кишвар шавад, ба назар мерасад Туркманистон беҳтарин гузина дар ин замина бошад, болоравии қимати фаровардаҳои нафти дар Точикистон ба маънои болоравии тамоми ақлом аст, аз ин ру, Точикистон ба чои кутоҳ омадан ва ё боч додан, беҳтар аст суроғи чойгузин шавад. Русҳо аз аввал ҳамин гуна буданд ва ҳамина гуна хоҳанд монд.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 02.04.2011 | Reply

    • Сайидюнуси азиз. Зимнан аз матолибе, ки менависед ва нашр мекунед, хеле хушнудам. Кори муҳимеро анҷом медиҳед, дастатон дардро набинад.

      Аммо ин ҷо дар мавриди оштии дипломатӣ бо Узбакистон чизе нагуфтед, чаро?

      Comment by aioubzod | 05.04.2011 | Reply

  3. Аз Фейсбук:

    Фуркат Муфтохидинов ‎1.) “баҳсу кашокаш дар атрофи Роғун низ кори дасти Кремл аст” – я даже не сомневаюсь в этом.
    2.) Но правильно сделали, что ищут новых поставщиков на примере Ирана и Туркменистана.
    Saturday at 7:08pm · Like

    Farrukh Negmatzade Уважаемый ВВП все больше и больше отделил нас от России. Может это и лучьше (для нас конечно), как не крути мы всегда были другими….Персоязычные страны – вот наша основа.
    21 hours ago · Like

    Shohin Samad А почему не говорите о том, что по последним соцпоросам Таджикистан лидирует в любви к России. Они нам этим оплачивают нашу любовь.
    17 hours ago · Like

    Mubariz Watan Darakhti dusti binshon, ki komi dil ba bor orad,
    Niholi dushmani barkan, ki ranji beshumor orad…
    Hofizi buzurg haq meguyad. Mo tuli 70 sol bo mardumi rus dar yak oila zindagi kardem. Mo ghulom nabudem, barobarhuquq budem. Wa in Ittihod dar barobari andake padidahoi manfi, padidahoi ziyodi musbat niz dosht. Tojik chun millat, botaqozo wa kumaki mardumi rus dar Osiyoi Markazi shinokhta shud wa arzi hasti kard, dar hole ki panturkizm chun ajdaho in millati bofarhangu sohibtaarikhro nima furu urda bud. Zaboni mo, adabiyoti mo, taarikhi mo, umuman hamai sunnathoi millii mo mahz dar hamin dawra az digar bo shakli naw ihyo shudand. Mo boyad in nakuii mardumi nekkhoh wa farhangdusti rusro nadida nagirem. Metawonam dar in jo nomi sadho mutaffakkironu olimon, hunarmanonu korguzoroni rusro, ki baroi ihyoi duborai millati mo zindagi wa zahmati khudro ba kharj dodaand, nombar kunam, ammo imkon nest. Hama chiz khosti Khudost. Hukumati Shurawi bud wa holo nest. Wale mo boyad inkor nakunem, ki on behtarin hukumat bud, chunki khalqparwar bud, hamai insonhoro huquqi musowi doda bud, mo guyo dar bihisht zindagi mekardem, zindagii har kadomi mo kafolat dosht. ki in padida holo nest. Man siyosatmador nestam, wale ba shakhsiyati W. Putin ihtirom doram, chunki u insonest, ki nisfi umrash dar dawrai Shurawi guzashtaast wa odami shurawi nisbati taqdiri watandoroni sobiqi khud beitino buda nametawonad. Hamai in padidaho muwaqqatiand wa ruze az bayn khohand raft wa man itminoni komil doram, ki boz dasti kumaki mardumi nekkhohi rus ba Tojikiston khohad rasid. Baad boyad faromush nakunem, ki mo bo rusho paywandhoi duri taarikhi dorem. Rusho ha az jumlai mardumoni oriyoiand wa zaboni onho ham Misli zaboni modarii mo az zaboni sanskrit sarchashma megirad. Putin insoni khiradmand ast wa hamai inro dark mekunad. Wale boyad millati tojik asolat wa risolati milliwu taarikhi wa istiqloliyati khudro hifz kunad, khudash ham kushish kunad, ki sozanda boshad, ba ahli dunyo chizi naw peshkash kunad, zahmat ba kharj dihad to az sathi pasti iqtisodi ba bolo rushd kunad, Watanro digargun wa bo zamon muwofiq jur kunad. Pesh az hama sathi maanawiyot, maarifat wa farnangi khudro har yak tojik boyad riwoj dihad, donishi amiq omuzad, dilashro bo nuri maarifati Khudowand shuulawar zozad, to dunyoro munawwar binad wa dar torikii mahalgaroi, khudkhohi, jilwanamoi, gharazho band namonad wa ba joi salla kallaro armughon naorad. Man du sol qabl W. Putinro khob dida budam, dar khob ba man kumak karda bud. Khobi man rost ast wa man bowar doram u ba millati man ham kumak khohad kard. Hamin holo ham 1000-ho jawononu shahrwandoni Tojikiston dar Russiya koru zindagi mekunand wa mo boyad ghami onhoro khurem wa faqat az dusti harf zanem. Dusti garonbahotarin ganji in dunyost wa onro khudi Khudo ham dust medorad…
    15 hours ago · Like

    Komilkhon Aliev in badbakhti putin kiyu gitler in badbakhton az ogozi ssr to imruz mardumi tojikro gam medihand
    3 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 04.04.2011 | Reply

    • Дар зимн ин баҳс дар Фейсбук то рафт доғтар мешавад.

      Comment by aioubzod | 05.04.2011 | Reply

  4. Устоди азиз! Шумо ба гап нест!!! Офарин!!!

    Comment by Alik | 03.05.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: