Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Оташаке нест?

Фикр мекунам, як бори дигар низ навишта будам, ки дар бист соли охир рӯҳи миллии мардуми тоҷик шикаста шуд. Имрӯз, вақте матлаби ҳамкорам Ҳарамгули Қодирро дар торнамо мегузоштем, боз ин андеша ба зеҳнам омад. Ин бор як пайомади рӯҳи шикастаро дидам.

Қарни бистум як хислати тоҷикро дар садри хосияту вижагиҳои ӯ қарор дод, ки ШИКАСТАНАФСӢ мебошад. Садсолаҳои тохтутоз бар сари ин мардум онро тарсу, эҳтиёткор, оқибатбин ва то андозае хиёнатпеша карданд. Хиёнат ба хештан, ба ҳамқавмони худ зери ҳар баҳона ва ҳам бе баҳона.

Донишу хирад ва шеъру адаб нагузоштанд, ки ҳарчанд аз тахт афтодааст, аз пояи он дур шавад. Аҷнабиён маҷбур буданд, ӯро таҳаммул кунанд, зеро ба хирад ва таҷрибаи ҳазорсолааш эҳтиёҷ доштанд. Эҳтимол дигар ин чизҳо барояшон даркор набошад, чун худ хирадманду пешрафта шуданд ва ҳам тоҷикон то рафт ин вижагиҳои хешро аз даст медиҳанд.

Як дӯсти олмониям солҳо пеш дар маҳфиле дар Мюнхен гуфта буд, кайҳо тақсимоти ҷаҳонии меҳнат (мировое разделение труда) ба поён расидааст ва ҳар қавм медонад, ки ҷояш дар ин низом куҷост. Вале оё мо, тоҷикон, медонем, ки ҷои мо дар ҷаҳон куҷост? Чӣ чиз ё чизҳое дорему хоҳем дошт, ки рӯзи ҷаҳон бе онҳо нагузарад ва аз пояи тахт дур шуда бошем ҳам, куллан аз ҷое зери офтоб маҳрум нагардем?

Қарни бист моро дар ҳавои ифтихори пуч ба воя расонд. Ифтихоре аз гузаштаи дурахшон, таърихи ғановатманд ва мероси бузурги фарҳангӣ. Он вақт ҳатто сангу чӯби ватани мо, агар каме пой рӯяш нодуруст мениҳодӣ, фарёд мебаровард, ки “мо Рӯдакиву Хайём, Фирдавсию Сино, Мавлавию Аттор дорем ва ғайра.”

Имрӯз абераи авлоди садуми Абӯалии Сино дар дашти қазоқ ғулом мешавад, дар Русия сарашро аз тан ҷудо мекунанд, дар Амрико ба маҳбас меафтад ва ғайраву ҳоказо.

Шояд ба ҳамин иллат шиорҳои бузурги миллӣ дар миёни мардум ҳамовозии ҳақиқӣ пайдо намекунанд ва ба ҳайси суханҳои холӣ боқӣ мемонанд? Магар мо ҳамеша чунин будем? На. Давраи шӯравӣ ҳам ингуна набудем ва дар поёни он рӯҳияи баланду умедҳои бузурге доштем.

Аммо имрӯз гоҳе ҳайрон мешавам, ки оё солҳои 1990 як навъ “хонарӯшанкунӣ”-и шамъ пеш аз суқуташ набуд?

Тоҷикон пеш аз ҳамаи мардумони дигари Осиёи Марказӣ барои ҳифзи шаъни забони модарии худ ба по хестанд ва кӯчаву хиёбонҳоро пур карданд. Бо илҳом аз талошҳои аҳолии Қарабоғи Кӯҳӣ дар Озарбойҷон садҳо ҷавони тоҷик дарди Самарқанду Бухороро ба майдонҳо кашид. Талабҳои адлу инсоф, эҳёи фарҳангу дин ва суннат ва номҳои миллӣ. Сӯзондани билетҳои ҳизбӣ ва ҳуҷҷати имтиёзи ҷанг дар Афғонистон… Ин қадар дағдаға, ин қадар шуҷоат, ин қадар ҳақталошӣ ва мубориза, ки касе шоҳидаш нашуда буд.

Шамъро бо хун хомӯш карданд. Бо хуни даҳҳо ҳазор тоҷик. Ҳоло ба куҷо расидем? Раисиҷумҳур номи худро иваз мекунад, то мардумаш аз ӯ пайравӣ кунанд, вале ҳазорон нафар номивазкардаҳо дубора ба насабҳои русӣ бармегардад, то бемумониат ба Русия роҳ ёбад ва соҳиби кору даромаде шавад. Наврӯзе, ки бо хуни ҷигари рӯшангарон эҳё гаштааст, имрӯз ҳадафи танқиди нимчамуллоҳо қарор ва “иди маҷусон” унвон мегирад. Тоҷик дар Русия хушҳол мешавад, агар кори сиёҳе, ки ҳеҷ қавми дигар бар дӯш намегирад, ба дасти ӯ афтад. Ҳаққи ӯ чӣ дар хориҷа ва чӣ дар ватанаш поймол мешавад, аз ӯ садое дарнамеояд. Ва ғайр ва ҳоказо…

Агар ҷавоне, ки достонашро дар ин матлаби ҷолиб хоҳед хонд, вақте барояш кори номаълум дар макони номаълумеро пешниҳод карданд ва он ҳам аз тарафи касе, ки зиёд мавриди бовар буда наметавонад, рад мекард ва бо сари баланд ба ҷустуҷӯи ҳамқавмони худ мерафт, ба ғуломӣ намеафтод. Ва акнун, пас аз ин қадар азобу шиканҷа ва ҷасорати фирор, хомӯш намемонд, балки ғуломдори худро ба ҷазо мекашонд.

Ҷомеа, агар зинда аст, бояд аз чунин рӯйдодҳо ба ваҳшат ояд ва садо баланд кунад, чорае дарёбад, то аз шаъну шарафи инсонии аъзои хеш ҳимоят намояд. Аммо чун ба ёд меорам, сари буридаи Салоҳиддин Азизов ба ҷуз чанд тани бошарафро ба майдони фурудгоҳи Душанбе набаровард, даргумон аст, саргузашти талхи ҷавони дигари тоҷик ба касе асар кунад ва ҳамагон биандешанд, ки чӣ будему кӣ шудем ва чаро. Оё шамъ ҳанӯз рӯшан аст? Шӯълае ҳаст? Ё ҳама нобинову ношунаво оҷизона аз кажроҳае ба сӯи торикӣ меравем?

Шояд Шумо назари дигаре доред?

Ба торнамои Радиои Озодӣ равед ва назар диҳед. Ақидаи Шумо барои дарки воқеият ва бедории насли ҷавон ҳаётан муҳим аст.

06.04.2011 - Posted by | Баҳс, Ватан, Ваҳдат, Инсон, Сарнавишт, Тоҷик, Худшиносй

4 Comments »

  1. На, устод. Дигар мо чун миллат охирин нафасхоямонро мекашем. Агар дар by наздикихо реаниматологе зухур накунад, таърихи мо такрори таърихи Майя хохад буд – тамаддуне, ки дурахшиду имруз касе нест, ки аз он акалан ба хайси авлодаш ифтихор намояд. Тамаддуне, ки худро хурд…

    Comment by Фарид | 08.04.2011 | Reply

  2. Шамъро пурсиданд. Эй шамъ ларзиданат аз бахри чист? гуфт: Метарсам, ки умрам дам ба дам кам мешавад. Вакте лачом ё рул дар дасти “болохонадорон” аст бо истифода он маком ба чашми халки одди хок мепошанд.Бовар дорам, ки 10 солахои дигар халки чафокашидаи МАН хам дар дашти ачнабихо гулом мемонад, хам сарашаро дар хоки рус мебуранд ва хам дар гуантанамо паси панчара мемонаддд! Аммо ман бо садхо точикистонии дигар рух шикаста нашудам ва шудани хам нестам…

    Comment by Нишонрас | 12.04.2011 | Reply

  3. Ман низ ин маводро дар Озоди хондам. Хайрон шудам, ки хайр ана бигзор аз руи соддаги (афсус, хислати “авлодии” точикон)ба доми казок афтоди, вале охир чупони галаи аспону шутурон буди, о намешуд, ки ба ягон аспи бодпо сувор шавию дума хода куни… Ба фикрам ин соддафеъл аз киболи манкурт.
    Шумо дар мавриди чомеаи зинда мегуед, вале имруз дар Точикистон чомеа нест, хастанд тудахо, ки мисли чорво дар фикри шикаманду нафси хаявони.
    Танхо умед ба рахми Худо ва кудрати Худои бузург дар ин торикистон андак дилхоро рушан нигох медорад…

    Comment by Surush | 13.04.2011 | Reply

  4. Salom!!!
    Matlabi xub tashakkur!!!
    Imruz faqat ba yak chiz umed mekunem, ki on “oyanda” ast. Inshoalloh dar oyandai nazdik Tojikiston gulgul meshujufad man shaxsan umedvoram. Faqat yak chiz ki hukumati imruza mardonavor iste`fo dihad, mo hatman rushd xohem kard va hatman Sinohoi digar tavallud xohem kard, mutmainam. Faqatu faqat rejimi imruza az bayn ravad shud.
    Zinda boshed Ayubzod!!!!!!!!!!!!!

    Comment by Salmon | 21.04.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: