Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Банди ҷудоиандоз

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар нишасти, ба гуфтаи худаш, “аҳли ҷамоатчигӣ”, бори дигар, ин дафъа бо дағдағаи бештар аз тарҳи пешниҳодии худ – “масъулияти оила дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳимоят кард. Ин як сигнал ба Маҷлиси намояндагон аст, ки тарҳро бе чуну чаро ба қонун табдил диҳанд.

Дар ин ҷамъомад гуфта шуд, ки як қатор дархости шаҳрвандон ба тағйиру такмили тарҳ, ки дар баррасии умумимардумии думоҳа садо доданд, пазируфта шудаанд. Аммо аз муаррифии матни ниҳоӣ маълум мешавад, ки банди асосии мавриди мухолифати бахше аз ҷомеа – синни муҷози масҷидравии ҷавонону наврасон (18-солагӣ) бетағйир боқӣ мемонад.

Ман фикр кардам, агар ҳамин бандро аз тарҳ ихтисор мекарданд, чӣ мешуд? Вале, зоҳиран, тамоми қонун гӯё ба хотири ҳамин як банд навишта шудааст ва агар онро ихтисор кунанд, тамоми ин тарҳ барои ҳукуматдорон нозарур мешавад.

Шояд ҳисси ман иштибоҳист? Агар маҷлис аз намояндагони аҳзоби гуногун, ҳуқуқшиносон ва озодандешон иборат мебуду як “поле чудес” ё имтиҳоне мекард ва ин бандро аз тарҳ берун менамуд, медидем, ки ҳавохоҳони қонуни ғайриодӣ аз тасвиби он шод ва қонеъ мешуданд ё баръакс, тамоман аз баҳраш мегузаштанд. Ба фикрам, дувумӣ.

Мақсад як чиз аст – аз масҷид ва ислом дур нигоҳ доштани шаҳрвандони ояндаи кишвар, на аз тундравӣ ва пархошҷӯӣ эмин доштани насли ҷавон. Зеро ҷомеа аз бозгардони толибилмони тоҷик аз кишварҳои исломӣ ҳимоят кард, ки низ дастури шахси раисиҷумҳур буд. Талоши ҳифзи зеҳни ҷавонон аз таъсири идеолужики бегона ва тафриқаангез як чиз асту талоши манъи онҳо аз рафтан ба ибодатгоҳ ва омӯзишу иҷрои фаризаҳои диинӣ чизи дигар.

Ин ҳам дар ҳоле ки худи давлат на дар сухан ва на дар амал ягон идеологияи фаҳмо, боварбахш ва қобили қабул надорад, то насли ҷавонро парвариш ва сафарбар кунад. Дар ин ҳол аз ислом, ки дар ҳоли ҳозир ягона (!) омили ваҳдат ва оромиши як ҷомеаи парешон, хашин ва норозӣ, он ҳам дар шароити фақру бекориву бенавоӣ ва фасоди густардааст, канор ҷустан ё душмантарошӣ аз он барои суботи кишвар пайомади хуб надорад.

Ин банди тарҳи қонун таъкид ба набуди бовар миёни давлат ва мардум хоҳад буд. Яъне давлат ба мардуми худ изҳори беэътимодӣ мекунад ва мехоҳад, бо зӯри қонун ва истифодаи су аз падару модарон шаҳрвандони ҷавони худро зери назорати оҳанӣ дошта бошад. Охир, ба масҷид рафтани наврас хатарнок аст ё дар кунҷи таҳхонае таълими экстремистӣ гирифтани ӯ? Магар масҷид беҳтар нест, ки дар ҳузури иҷтимоъ касе нахоҳад тавонист, ба зеҳни ӯ “таҷовуз” кунад?

Шояд ин тарсе аз афзоиши таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба дин аст? Он гоҳ бояд решаҳои онро на дар дин, балки дар вазъи ҷомеа ҷустуҷӯ кард. Таърих нишон медиҳад, ки дингароӣ ва тундравӣ дар кишварҳо дар мушкилтарин давраҳо авҷ гирифта, бо беҳбуди шароити иҷтимоӣ коҳиш ёфтааст. Агар ҳар тарҳи нав як навъ посухе ба падидаи иҷтимоӣ бошад, оё тарҳи мазкур посухи муносиб ба падидаи иҷтимоист?

Ба ҳар сурат, оқибати ин қонун хуб ба назар намерасад. Навишта будам, ки он ихтилофотеро дар хонаводаҳо ба вуҷуд хоҳад овард. Бар замми ин таълимоти динӣ дубора ба низоми пинҳониву махфӣ хоҳад гузашт ва ончиро ба дунё хоҳад овард, ки имрӯз давлат бо тарҳи мазкур мехоҳад, аз он пешгирӣ кунад.

Аз сӯи дигар, мусулмонони мӯътадил тундгаро хоҳанд шуд, зеро онҳо ин қонунро иҷро нахоҳанд кард ва намунаи баде барои фарзандони хеш хоҳанд шуд, ки метавон ҳама гуна қонунро нодида гирифт. Ба навиштаи ҳамкорам Носирҷони Маъмурзода, тарҳи нав аз тоифаи “қонунҳои муваққатие” хоҳад буд, ки пас аз муддате худ ба худ фаромӯш мегарданд. Мехоҳам, биафзоям, ки дарвоқеъ муваққатӣ буда метавонад, зеро мумкин аст, рӯзе сарвар, ҳукумат ё порлумони нав ба баррасии ин иштибоҳ баргарданд ва онро ҳамчун як таҷрибаи ғалат ва хатарнок лағв кунанд. Ба шарте ки то он вақт зӯроварию хушунате аз он барнахезад.

10.04.2011 - Posted by | Амният, Баҳс, Ватан, Ваҳдат, Дин, Тоҷикистон, Қонун

3 Comments »

  1. Кариб ба хамаи андешахои дар боло зикр шуда шахсан розиям. Вокеан ин банди конун (банде ки рафтани чавононро ба масид то синни 18 солаги манъ мекунад) аслан ичроношуданист. Вале то андозае динзада ва иртичопараст шудани чомеа низ имруз касро норохат мекунад. Акидахои экстримисти ва зиддиточики руз то руз авч мегирад.Домуллохои “арчманди” мо албатта дар ин чода “сахми босазои худро” гузоштанд. Сабти амри маъруфу найхи мункари домуллохои маъруфро мешунави муйи сар рост мешавад. На мантик на асоси илми …
    Дуруст ки сабаби асосии динзадаву иртичопараст шудани мардум факру камбизоти аст. Вале ин проблемаро дар як солу ду сол хал кардан душвор аст, барои хамагуна ХУКУМАТ. Бинобар ин, ягон чораи идеологи барои чилавгири аз ин падида андешидан зарур аст. Вале чи гуна чора… касе дар ин бора чизе нагуфтаст. Аниктараш ман во нахурдам. Аксарият танхо танкид мекунанд лоихаи ин конунро, на бештар аз ин.
    Бинобар ин хукмати “чоночони” мо хамин гуна чора ёфт. Тарики конун мехохад ин масъаларо хал кунад. Чораи дигареро ки аксариятро конеъ кунад касе пешниход накардаст. Бинобар ин, аз ин чораи Хукумат ман гиламанд нестам. Чораи идеали не, вале аз ин чораи бехтарро касе пешниход накардаст…

    Comment by Абдулло | 11.04.2011 | Reply

  2. Динзада гуфтан андак норохат аст. Аз нигохи факир, динзада будан хуб аст, мухимаш Худозада набошем. Гар сухан дар мавриди иртичоъпарасти равад, банда сабабхои ин падидаи номатлубро натанхо дар факру камбизоати, балки дар чой доштани дигар омилхо, аз чумла, мушкилоти сохаи маориф (камбуди маоши муаллимон, нарасидани устодон дар мактабхои миёна…), бекори, фарохам нанамудани чойхои кори, фасод, “интихоботхо”-и беинтихоб ва гайра мебинад, ки чомеаро руз аз руз ба суйи харобот мебаранд. Вале аз байни тамоми мушкилот, мушкили раками 1-ро ман имруз дар сохаи маориф мебинам. Ба назари банда, экстремизму терроризм пеш аз хама дар хамин мактаб сарчашма мегиранд. Баъд албатта набудани чойхои кори бо маоши кофи ва гум шудани боварии одамон ба макомоти хукумат низ боиси реша давондани падидахои номталуби мазкур мегарданд. Ман намехохам дар мавзуи хукмхои ноодилонаи додгоххо харф занам. Ин бисёр мушкилоти сангин аст.
    Баъд, мо одат кардаем, ки дар тамоми гуноххо куввахои бегона ва ё ким-кадом куввахои сеюмро айбдор намоем. Вале як маротиба мардона икрор намешавем, ки сарчашмаи тамоми бадбахтихоямон, беаклию беамали, зохирпарастию гуломи, танбалию танпарвари, тарсугию тамаллаккори ва зиндабодгуию тафохури пуч аз дирузу имруз ва фардоямон аст.
    Дастам намерасад ба гиребони орзу,
    Зогон хуранд меваи шохи баландро…

    Comment by Surush | 13.04.2011 | Reply

  3. Ana shukri Xudo joi gap omad.In maqolara 2-mohi qabl navishta budam ki dar gazetai cccp chop shavad vale bo imruzu fardo hej rui qoghaz naomad.Yo mushkil dar jumlahovu andeshahoi man ast yo???

    Лоихаи конун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ислох мехохад

    Имрузхо дар ватани азизи мо лоихаи хеле мухим ва такдирсози миллати шарфманди точик рохандози шуда истодааст.Чи тавре ки ба хамагон маълум аст ин лоиха мачмуъаи тархи конунхоеро дар бар мегирад,ки шомили хурду бузурги миллати точик мебошад.Аниктараш конун дар бораи мо,конун дар бораи падару модарони мо,конун дар бораи фарзандони мо!Чи фикр мекунед аз мухтавои чунин конуне касе истисно шуд?Касе метавонад бигуяд,ки на ин гуна конун ба ман рабте надорад?-Харгиз на!

    Фикр мекунам акнун матлаб рушан шуд.Тархи конуне,ки мо айни хол дар мархалаи такмилу таксири он хастем ва онро мехохем амали гардонему тибки он амал кунем ва хам фардо фарзандони мо тибки дастури он зиндаги кунанд.Пас маълум гашт ,ки ин конун хеле ва хеле мухим аст ва бояд ба шакли густардатарин барраси шавад то дар бехтарин холат ва бехтарин сурат кабул карда шавад то бошад,ки фардо хангоми амалкарди ба он насли навраси мо ба мо дуруду рахмат бифристанд,ки хакки падару модарии хешро намудаем.

    Худо он миллатеро сарвари дод,

    Ки такдираш ба дасти хеш бинвишт.

    Оре!Сарвару сарбаланд бод миллати точик!

    Ва хамин гуна чои ифтихор ва сипосгузори аз раиси мухтарами кишвар чаноби оли Эмомали Рахмон хаст,ки дар суханронии худ ба хайси мукаддимаи ин лоихаи конун чунин ташвик ва пешниход менамоянд:

    “Дар мухокимаи ин лоиха макомоти ичроияи хокимияти давлати,тамоми ташкилоту муассисахо,сарфи назар аз шакли моликияти онхо,инчунин муассисахои таълими,хар як оила ва худи чавонон фаъолона иштирок намуда фикру андешахои хешро барои такмил додани он ба макомоти зикршуда пешниход намоянд,то ки манфиатхои тамоми табакахои чомеа дар бар гирифта шаванд ”

    Бубинед азизон чи бехтарин имконияти интихоб ва пешниход аст,ки моро ба тафаккур кардан,ба тадаббур кардан водор месоза,ки бояд худи мо ояндасоз бошем то манфиатхои мо нодида гирифта нашавад.Ва худой накарда имруз мо аслан вориди заминасозии ояндаи худ нагардем ва хама чизро хаволаи такдир кунем ё ба навъе аз зери бори масъулият шона холи созем табиист,ки афкору акоид ва тарзи зиндагии мо ба назар гирифта нахохад шуд.Рузе фаро мерасад,ки як чинояте,ки онро чиноят намедонем ба он мучрим шинохта хохем шуд ва билофосила руи курсии чавобгари хохем нишаст.Чаро,ки дар он сурат ин конун кори дасти худи мо хохад буд на каси дигар.Ва маъмулан чунин хам хаст,ки то замоне,ки инсон харферо назадааст,кореро накардааст масъули ину он нест.Аммо замоне,ки чизеро гуфтем,кореро кардем ва ё сукутро чун аломати ризо ихтиёр гирифтем табиист,ки масъул мешавем ва ба кадри масъулият чавобгари хам дорем.

    Маротибае чанд бо дустону наздикон замоне,ки сухбат дар ин мавзуъ мерафт мегуфтам,ки бояд дар ин лоиха иштирок карду фикру андешахои худро гуфт-баъзехо мегуфтанд;

    На! ки ба харфи мо гуш медихад?

    ва бархе мегуфтанд:

    -Э-э-э, худашон конун мебароранду худашон кабул мекунанд кучо харфи мо таъсир дорад?

    Вале баъдтар фахмидам,ки ,оре хамин аст омили акибмонии мо,хамин аст сабаби мутобик нашудани мо ба асри хозир,ки фархангу маданияти худро аз даст медихем ва фархангу маданияти бегонаро чойгузини маданияти гании ачдодии худ мегардонем.Хамин аст,ки иктисоди хоричи истехсоли ватаниро дар хонаи худ гулугир мекунад ва намегузорад заррае даст ба бунёдкориву халлокият занем.Ва хамин аст,ки сиёсати Fайр тахмили сиёсати миллатхо мегардаду сабаби катлу Fорат ва бечора гаштани халкхо мешавад.

    Хар кучо,ки дидем миллате аз пой даромадааст ва ба чони хам уфтодааст хамоно бидонем,ки харобии ин миллат кори дасти фар-фарди ин чомеъа хаст ва хамаги ба он гунохкоранд.Дар ин асри пур аз тахаввулу мочаро набояд такдири сарзамини худ ва модарони худро хаволаи бегонагон кард ва як фарди ба ору номуси миллат ба хеч вачх наметавонад камтарин бетарафи зохир намояд.

    Аз мост,ки бар мост!

    Чахонро чахондор карда хароб,

    Бахона аз Ковусу Афросиёб.

    Ва Худованди огох ба хама умур мегуяд:

    “Ончи аз мусибатхо ва балохо ба шумо мерасад ба хотири корхое хаст,ки худ кардаед ва худованд боз аз бисёре гузашт мекунад ”-(Сураи Шуро- 30)

    Ва хамчунин бубинед чи тур бо маврид чаноби оли Эмомали Рахмон чои дигар чунин ишора мекунанд:
    “Бинобар ин аз чавонону наврасони кишвар ва умуман ахли чомеа такозо мегардад,ки бо ифтихор аз арзишхои човидонии ватан,модар,давлати сохибистиклол,фархангу анъанахои миллии точикон хамеша дар хифзи аслу насаби худ хушёру бедор бошанд.”

    Ин аст амри раиси чумхури мухтарам,ки боз хам моро ба хушёриву бедории сиёси фаро мехонад то ватандориву фархангсолориро хуб таълим бигирем то бакои истиклоли аслу насаби хешро таъмин намоем.Холо хонандаи азиз инсоф бидихад то чи андозае тасмимгири кардааст барои ояндаи миллати худ.Биёед лахзае ба худхо фуру равем ва бубинем ки чи коре метавон кард то миллати хешро барои ояндаи пур аз умедхо омода кард ва бубинем то чи андоза ба халлокияту бунёдкори кодирем.

    Зиндаи мушток шав халлок шав,

    Хамчу мо гирандаи офок шав.

    Хар ки уро куввати тахлик нест,

    Пеши мо чуз кофару зиндик нест.

    Ин аст тафаккури мардони созанда,ки заррае худро аз чомеа ба дур намедоранд ва хидмати ба ватану модарро чузъе аз дину оини эшон аст.Вале даст ба хароби задану миллати худро саргардон намудан метавонад пешаи хар кутахназаре бошад,ки на оини ватандори донаду на коре ба дину мазхаб дошта бошад.

    Парвардигор мову шуморо огох месозад,ки:

    “Хештанро аз бало ва мусибате ба дур доред,ки танхо домангир касоне намегардад,ки ситам мекунанд(балки агар чилави харобкори ва ситам гирифта нашавад хушку тар ба гунохи онон месузад) ва бидонед,ки худованд дорои кайфари сахт ва мучозоти шадид аст”-(Анфол-25)

    Хамакнун чун фарзанди ин марзу бум,ки худро мадюни ин миллат медонам як дархосте аз хукумати кишвар ва дар раъси он чаноби оли Эмомали Рахмон ва маркази миллии конунгузори менамоям,ки тархи конуни зеринро аз лоихаи конун комилан хазф намоянд:

    Дар яке аз бандхои моддаи 7-ум ; ухдадорихои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд омадааст:

    -“Иштироки фарзандони ноболигро дар фаъолияти иттиходияхои дини ва чорабинихои дастачамонаи дини (бо истиснои чорабинихои азодори)рох надиханд.”

    Хеле самимона арз мекунам,ки конуни мазкур хилофи арзишхои маънави,динии сарзамини мусалмоннишини мо мебошад гуфтан ба маврид аст,ки кабули чунин кабл аз хама таззодест,ки ичро ва амалкарди конунхои зеринро ки дар хамин лоиха омадааст номумкин мегардонад:

    “хузури ноболигон дар муассисахои дилхушкунанда,муомилаи дагалона бо атрофиён,муносибатхои берахмона,пахн кардани ахлоки гайриахлоки,тамошои филмхои гайриахлоки,фахш,истеъмоли нушокихои спирти ” ва гайрахо.

    Аз лихози он ки хеч унсуре садди рохи шахватпарастиву беиффатии насли чавон намегардад магар тарси худо,магар инки тамоюлоти як чавон суи парвардигори худ равона шуда бошад ва ризои уро мукаддам аз хама чиз бидонад.Яке аз мухимтарин ва пурасартарин омил намоз аст,ки худованд мефармояд:

    “Ва намозро чунон,ки бояд барпой дор,мусалламан намоз (инсонро) аз гунохони бузург ва аз корхои нописанд боз медорад.”(Анкабут-45)

    Фиристодаи худо расули акрам (с)мефармоянд:

    “ Фарзандонатонро дар 7-солаги ба намоз амр намоед ва дар 10-солаги агар нахонданд ишонро танбех кунед ва дар хамин синну сол рахти хоби эшонро (духтару бачаро) чудо намоед”

    Агар каме тафаккур намоем гуиё фалсафаи ин хадис зиёдтар ба замони мо муртабит аст,ки васоили фасодкунандаи ахлоки дар ин замон хеле пешрафта аст ки чигунагии он ба аксари мо маълум аст.Инчо як тариба,як тафовути замониро метавон матрах кард,ки мутмаинам натичагири метавонем кард.

    Дар замони хукмронии шарави махдудияти адён ва чилавгирии чавонон аз таъолими дини ва акоиди мазхаби яке аз вижатарин сиёсати дохилии хукумат буд.Низоми он руз ба истилох тавонистанд то андозае муваффак шаванд ва тавозуни чомеъаро таъмин намоянд.Медонед сабаби он дар чи буд?- Ба андешаи ман сиёсатмадорони он руз хамон андоза ки дар дин махдудият чори карда буданд хамон андоза тавониста буданд чилави фасоди ахлокиро бигиранд.

    Аммо асри мо чи азизон?

    Чавононро бадомуз аст ин аср,

    Шаби иблисро руз аст ин аср.

    Ба домонаш мисоли шуъла печам,

    Ки бе суз асту бе нур аст ин аср.

    Имруз замоне фаро расидааст,ки авомили фасоди ахлоки ва хам авомили пешрафти илму текнолочи дар як масир харакат мекунанд.Масалан агар аз як су шабакаи интернети густариши илм бошад аз суи дигар метавонад омили фасоди ахлоки бошад.Шабакахои мохвораи агар аз як су омили чахиши ахбороти бошад аз суи дигар сабаби ба хонахо кашонидани фархангу тамаддуни бегона ва беиффат кардани насли нав мебошад.Оддитарин, телефони дасти агар аз як су омили муоширати одамон бошад аз суи дигар метавонад омили пахш кардани ахбори гайриахлоки бошад.

    Мисол:

    “Чавони 17-сола пушти компутар карор мегирад ва аз сахифаи интернети мехохад бахрабардори намояд ва дар сахифаи google калимаи модар-ро менависаду тугмаи чустучу ро пахш мекунад.Дар як лахзае 100-хо нафар модари пиру чавон руи сахфа карор мегирад:гохе модари 80-сола аст, гохе 20-сола,гохе модари бо руймолу русари,гохе модари барахнаву бе либос.Бубинед чи манзарае пеш меояд.Холо ин чавони мо мувочех шуд ба натичае,ки болотар аз интизороти у буд.Сари дурохае карор мегирад,ки ё бояд хадафи худро дунболагири намояд ё риштаи идоракуниро аз даст дода аз масири худ хорич гардад.”Чи фикр мекунед дар ин вазъ чи ангезае бояд дилу магзи чавонро такон бидихад то дунболи хавову хаваси худ наравад?

    Тарси Худо.Танхо тарси Худо!

    Пас маълум гашт,ки мо наметавонем чавононро аз интернету компутар,телефону мохвора ва гайрахо махрум кард чун пешрафти илми имрузро бидуни он наметавон тасаввур кард.Ва хам наметавон фикру аъсоби чавононро аз тахочуми фасоди ахлоки начот дод магар инки эшонро ба дину оин ошно кард.

    Инчо танхо як рох аст,ки сатхи дониши диниву дунявии чавононро баланд бояд бардошт то онхо битавонанд аз ин ду васоил самаранок истифода баранд.

    Дар охир ба тарзи хулоса пешниход менамоям,ки лоихаи мазкур бояд дар шакли даххо маротиба густардатар такмил дода шавад.Дар кори он хамоиши уламои дини ва дуняви фаъол карда шавад то аз акоиди онон барои салохи чомеа кор гирифта шавад то кучактарин хасорате ба дину дунёи халки азияткашидаи точик рох наёбад.Ва бошад,ки ин барномарези чун дурнамои садсолаи чавонони мо ба мерос бимонад.

    Дигар миллат ки коре пеш гирад,

    Дигар миллат ки нуш аз неш гирад.

    Нагардад бо яке олам ризоманд,

    Ду оламро ба души хеш гирад.

    Имоммухаммади Самеъзод

    Comment by Imommuhammad | 16.05.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: