Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Аз Заркамар то Фейсбук

Атовулло Рақибов идеологияи “нола”-ро шикаст. Маслаки беш аз ҳазорсолаи миллии тоҷикиро, ки бояд фақат нолид ва он ҳам ба ин мазмун, ки “оҳ, ман чи афтодае ҳастам ва касе ба доди ман нарасид, касе дасти маро нагирифт, тақдирам ин аст.”

Вай ба тақдир тан надод. Аз он ҷо ки худро ҳақ мешуморад, ҳақталошӣ дорад ва намехоҳад, гуноҳи дигаронро ба гардан гирад, намехоҳад ба зӯргӯии мансабдорон тан диҳад. Барои як шаҳрванди Тоҷикистон ин як ҷасорати камназир аст.

Мақомот иқрор мекунанд, ки ҳуҷҷатҳои қитъаи замини “Мӯътаризи Заркамар” замоне, ки вай он ҷо бо ҳазор орзуву умед дару девор мекард, дуруст ва қонунӣ буданд, аммо баъдан ғайриқонунӣ шуданд. Ҳоло ӯ “ҷинояткор” аст ва бояд барои иштибоҳи мансабдороне, ки дар вақташ ба ӯ иҷозаи сохтмони манзил доданд, ҷавоб диҳад. Бо дару девораш, бо зану фарзандаш, бо хешу наздиконаш, бо обрӯву эътибораш, бо пулаш, бо озодияш – хуллас, бо ҳама чизе ки дорад ё надорад, бояд ҷавоби ғалати касеро диҳад, ки ягон мақом онро гунаҳкори решаии қазия намешуморад.

Атовулло Рақибов маслаки фасодро шикаст. Агар сари вақт ба чанголи одамони “даркорӣ” чизе мениҳод, яъне ришвае медод, ҳоло дар зиндон ҳам набуду мушкиле ҳам надошт. Вай пора надод. Шояд чизе надошт, ки бидиҳад. Шояд сари баландаш имкон намедод, даст ба чунин кори касифе занад. Шояд барои он ки худро комилан ҳақ мешумурд, ки зарурати бо пул бастани даҳанҳои ҳамахӯр ва парвандаҳои бофтаро бубандад.

Атовулло Рақибов одати миллии сукутро, ки бар мафҳумҳои “гардании хамро шамшер намебурад” ва “бо арбоб наситез, ки ба ӯ худо додааст” поя дорад, шикаст ва ҳамроҳи он ақибафтодагии фаннии онҳоеро, ки намедонанд, чӣ гуна аз ҳаққи худ дифоъ кунанд. Вай аз расонаҳои ахбори ом, шабакаи интернет истифода кард ва акнун дар Фейсбук сафҳаи худро дораду садҳо нафар аз фейсбукиён даст ба ҳимояи ӯ задаанд.

Дар ин сафҳаи махсус зери унвони “Ҳимоят аз хонаводаи Рақибовҳо” тамоми таърихи баҳси Атовулло Рақибов ва мақомоти ноҳияи Файзобод дарҷ шуда, ҳамарӯза ширкаткунандагони гуфтугӯи интернетӣ назари хешро ба ин таҳаввулот, сабабҳои ва пайомадҳои эҳтимолии онро баҳс мекунанд.

Ин сафҳаро метавон “садои виҷдони мардум” ва вокуниш ба беэътиноии мақомоти давлатию ниҳодҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон номид. Агар Додгоҳи ноҳияи Файзобод натавонист, тайи қариб ду сол ҳалли васатеро дар ин мушкил пайдо кунад, ҳайратовар аст, ки ниҳодҳои марказии ҷумҳурӣ низ дар ин ҷода “нотавон” монданд.

Дар матлаби ҳамкорам Сайидқосими Қиёмпур дар гӯшаи “Симои ҳафта” дар торнамои Радиои Озодӣ талош шудааст, ошкор гардад, ки Атовулло Рақибов ба ҳайси як падида чӣ буда метавонад. “Атовулло Рақибов – “авбош”, ҳақиқатҷӯ ва ё …Дон Кихот” сарлавҳаи ин матлаб аст, ки дар он иттилои фаровоне дар бораи қазия гирдоварӣ шудааст.

Ба эҳтимоли зиёд масъалае, ки дар ибтидо як баҳси хурд буд, боз аз он ҷо доғтар шуд, ки дар кишвар як маъракаи мубориза бо “тарака”-и заминҳои обӣ сар шудааст ва азбаски ин даъват аз болои болоҳо садо дод, ниҳодҳои марбута ҷасораташро надоранд, ки мушкили Рақибовро ба гунае ҳал кунанд.

Пас, ягона ва охири марҷаъ раисиҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳоло метавонад, бо як зарба кӯргиреҳи қазияро бибурад ва аз бузургтар шудани он пешгирӣ кунад. Дар акси ҳол мумкин аст, Рақибов аз тариқи Фейсбуку Твиттер ба мӯътаризи машҳури мисрӣ монанд шавад, ки ба шӯълае барои оташ дар майдони Таҳрири Қоҳира табдил ёфт.

———————————–

Акс аз торнамои Радиои Озодӣ

23.04.2011 - Posted by | Баҳс, Инсон, Матбуот, Тоҷикистон, Худшиносй, Қонун

2 Comments »

  1. Дуруд устод Аюбзод, даст марезод, навиштае таъсиргузор, имруз, бар ҳамаи шаҳрвандони точик вочиб гардидааст аз талошу кушиши ин мард дастгири ва ҳимоят ба амал оваранд. Зеро ҳадаф аз дастгирии Рақибов ва дар канори ӯ истодан дар вазъияти кунуние, ки ӯ дорад, ба ин маъност, ки талоши ҳудуди дусолаи ӯ ба хотири эҳқоқи ҳуқуқаш, бенатиҷа намонад; ба ҳадар наравад. Рақибов, аз миёни даҳҳо ва шояд садҳо шаҳрванди тоҷик, танҳо касест, ки барои ҳаққи мусаллами худ кӯшид. Дар канори ӯ будан, яъне дар канори талоши ӯ будан аст. Ба натиҷа расидани талошу ӯ, дарси ибрате барои дигарон аст, ки метавон бо саъю талош ба ҳаққи худ расид. Агар ӯ имрӯз ноком гардад, маънояш ин аст, ки касе дигар ҳақ надорад мутолибаи ҳуқуқ намояд. Ӯ бояд дастгирӣ шавад!

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 23.04.2011 | Reply

  2. Саломату сарбаланд бошед, Сайидюнуси азиз. Дируз муҳокимаи Атовуллои саркаш дар Додгоҳи Файзобод сар шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ, ҳамзамон фиристодаи Додситонии кулли Тоҷикистон, барои Рақибов 3 соли ҳабс хост ва ба ҳамсараш 2 сол ва ду хоҳари Атовулло 2 солии ҳабси шартӣ! Имрӯз, 28-уми апрели соли 2011 ҳукми додгоҳ ё адлро барқарор мекунад ё кишварро шармсорҷ

    Comment by aioubzod | 28.04.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: