Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Попечи вақт

Бо он ки рӯйдодҳои ҷаҳони араб печидагиҳои мутафовите касб мекунанд, паёми онҳо ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст. Бархе аз коршиносон ин таҳаввулотро “судури инқилоб” меноманд ва бархе дигар талоши ақвоми араб барои ворид шудан ба садаи 20. Оре, 20 ва на 21. Пас онҳо ҳанӯз дар садаи 19 будаанд?

Посух шояд  ин гуна бошад, ки онҳо то рӯйдодҳои Тунис ва Миср дар як холигоҳи замони торихӣ ба сар мебурданд. Дар кӯргиреҳи вақт, дар таҳхонаи ҳазрати Хронос. То ин ҳаводис касе аз онҳо ёд намекард. Маҷрои вақт дар ин мамолик дар мурдоб афтода буд. Ин ҷо байни вақти торихӣ ва вақти одӣ бояд фарқ гузошт.

Барои намуна, Кубо бо вуҷуди талошҳои эҳтиёткоронаи бурунрафт аз анахронизм дар як шикофи фаромӯшшудаи нимаҳои дувуми садаи 20 зиндагӣ мекунад. Аз нигоҳи замони торихӣ, албатта, вагарна дар тақвими кубоиҳо низ имрӯз 26-уми апрели соли 2011 аст.

Замони одӣ ҳамон ҷараёни вақт аст, ки дар тӯлаш таҳаввулоти муҳиме дар фазои муайян ба вуқӯъ намепайвандад. Аммо замони торихӣ онест, ки саршор аз таҳаввулоту таолист ва як миллат нерӯ, тавон ва талоше дорад, ки  ба он гиреҳ занад, дар он пай, из ё нақше боқӣ гузорад. Ба дарозо кашидани замони одӣ ҳатман замони торихиро ба дунбол хоҳад дошт. Сафеду сиёҳ монанди рӯз ва шаб боҳаманд.

Ин аст, ки имрӯз аъроб аз хамираи хунини садаи худ сер шудаву бо тамоми нерӯ, бо талафоти бузурги ҷонӣ мехоҳад ба қарни нав ворид шавад. Дақиқтараш ба қарни нав парвоз кунад, биҷаҳад.

Хабарҳои телевизионро мебинаму ба ин нуктаҳои барои мардуми араб тасаллобахш фикр мекунам. Ва ҳам ҳамчун як ватанпараст ба он ки оё қавми тоҷик ҳоло дар кадом замони торихӣ ба сар мебарад, оё воқеан дар замони торихӣ ё дар замони одӣ ва ғайриторихӣ? Дар кадом рӯз, кадом моҳ, кадом сол? Гоҳнома ё тақвими торихии тоҷикон низ имрӯз аз ягон холигоҳи замонӣ меояд ё пур аз уштулумҳои торихист?

Посухро ба ихтиёри Шумо, ки, сипосгузорам, то ин ҷумла порчаро хондед, вомегузорам. Телевизионро ҳам хомӯш мекунам. Вале хобам намебарад. Хуну парчамҳои арабӣ ҳамоно паём медиҳад, ки ҳеҷ салтанате бо он ҳама дову дастгоҳ ва арбадаю дағдағааш абадӣ нест ва замони торихии ҳеч миллатеро намешавад барои солҳои дароз ба маҳбас андохт.

26.04.2011 - Posted by | Баҳс, Ватан, Дурнамо, Инқилоб, Таҷриба, Фалсафа, Қонун

6 Comments »

  1. Что такое Центральная Азия? Киргизия нас не интересует, поскольку там все случилось без всякого Египта. Уже две революции были, и по тем же причинам: коррупция, семья плюс бедность чудовищная, которой нет ни в Тунисе и уж подавно в Ливии.

    Туркменистан исключаем, потому что там бунтовать некому, там все вытоптано, как на осенней лужайке.

    Что касается Таджикистана, там события развиваются по собственной логике, так сказать, помимо Египта и Туниса. Пауза после гражданской войны, похоже, заканчивается. Возрождается исламистская оппозиция, восстанавливается Партия исламского возрождения Таджикистана, на севере действует «Хизб ут-Тахрир». И боевики как грибы полезли. Там народ движется не за демократию, а за ислам. Там, если что-то будет, то скорее новая волна схватки за исламскую альтернативу. От Рахмонова тоже подустали.

    Остаются две страны, где теоретически возможно косвенное влияние ближневосточных событий, – Казахстан и Узбекистан. То, что происходит у арабов, особенно у ливийцев, дает Каримову и Назарбаеву два аргумента в пользу сохранения авторитарных режимов. Первый – вы хотите, чтобы убивали? Вы хотите в Алма-Ате или Ташкенте майдан Тахрир? В Сирии убиты сотни, в Йемене тоже сотни, что было в Бахрейне… А у нас, гляди-ка, стабильность!

    Аргумент второй – посмотрите, как себя правильно повел Каддафи! Он держится до конца. И мы здесь будем держаться до конца, и у нас есть шанс сохраниться. Подобная логика выглядит в глазах многих убедительной. Все это очень напоминает, как использовали центральноазиатские правители гражданскую войну в Таджикистане в 1990-е, а потом и революции в Киргизии. Показывали пальцем и кивали: видите, что у них творится!
    В Азербайджане же выступления оппозиции и так происходят регулярно, но власть уверенно контролирует ситуацию, и выход широких народных масс пока не предвидится.

    Отличие Египта, Туниса от Центральной Азии и Азербайджана – уже отмеченная выше относительная приближенность к европейской культуре, частичные из нее заимствования, тяга к осознанию себя гражданским обществом. Присутствует желание выглядеть как европейцы. В Узбекистане это есть? Нет. Его традиция, в том числе мизерной политической культуры, наложилась на советский тоталитаризм. Парламентаризм, многопартийность на Арабском Востоке вызревали с XIX века, а у нас после 1917 года они были затоптаны (так и тянет сказать – «окончательно и бесповоротно»). У постсоветской светской оппозиции нет опыта длительной устойчивой самоорганизации. Нет уверенности в своих силах. В общем – здесь влияние арабских событий если и есть, то какое-то совсем уже незаметное.
    Подробнее: http://www.ng.ru/scenario/2011-04-27/10_history.html?sms_ss=facebook&at_xt=4db8a7b4d0ad9171%2C0

    Comment by Samandar | 28.04.2011 | Reply

  2. Ассалому алайкум. Чони гап дар ин, ки кишрхои гуногуни ахоли дар Точикистон ба тарзу шеваи гуногун фикр мекунанд ва аз ин ру мешавад, гуфт, ки мардум дар як сарзамин ба чанд торих зиндаги менамоянд. Масалан, телевизионхои давлати дар асри Амир Олимхон зиндаги мекунанд. Дар баробари ин махфилхоеро медонам, ки кудрати мантику фикррони ва чахонбиниву ормонхояшон ба маротиб аз шеваи кору зиндагии мардуми Аврупо боло аст. Рушанфикрхо хастанд.
    Мунтахо на аз ок кишри ахолианд, ки эхсосоташонро танзим карда натавонанд.

    Comment by Шоди | 28.04.2011 | Reply

  3. салом салим ако ба саломам чавоб дихед..

    Comment by сони | 02.05.2011 | Reply

  4. Салом ба дусти азиз. Ҷавоб додам ё не?

    Comment by aioubzod | 02.05.2011 | Reply

  5. салом бори дигар бародари азиз! шумо албатта бо шухи чавоб додаед, ман бошам ,чидди, хостам ,ки бо шумо – дусти дерина дар тамос шавам..

    Comment by саъдуллох | 03.05.2011 | Reply

  6. ДУРУД БА РОДИЁИ ОЗОДИ

    АЙ ДАР ХАБАР МУНОДИ,
    ДАЪВОНАВАРД ХОДИ.
    ДАР БАХШИ ДИДСАНЧИ,
    БОДО ЗИ МО НАРАНЧИ.

    СОЗАНДАЁРРАНГИ,
    ДАР ХИЛАИ ФАРАНГИ.
    ХАРЧАНД ГОЯТОБИ,
    ПАРТОБСОЯТОБИ..

    ..БО ЗАРБИ АМРИКОИ,
    ОЗОДИЁ, САРОИ.
    ОЗОДАРУЙ МЕБОШ,
    ОБОДИЧУЙ МЕБОШ.

    ПУРСУЗУ ПУРАЛАМ ГУЙ.
    ХАРФИ ЯХУДИ КАМ ГУЙ.
    ТУТИИ ОСИЁГУЙ,
    АЗ АСЛИ ЛИБИЁ ГУЙ.

    ИН ДАМ, КИ СИНА ХУН АСТ,
    БАГДОД ЛОЛАГУН АСТ.
    САДДОМ ТО НАГУН ШУД,
    НАФТИ АРОК ЧУН ШУД?

    АЙ ЧОНИ ЗУДБОВАР ,
    МАКШО ЛАБАТ ЛАБИ ЧАР.
    ОГОХ БОШУ ШАВ ЁР,
    АЗ ХОБИ САКТА БЕДОР.
    СОНИ

    Comment by сони | 03.05.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: