Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дидоре бо Павел Недвед

Моҳе ду бор рӯзҳои шанберо дар китобфурӯшиҳои Прага мегузаронам. Китобҳои навро мебинам ва 2-3 китоб мехарам. Имрӯз, 7-уми май навбати боздид аз “Кохи китоби “Луксор” буд ва иттифоқан шоҳиди он шудам, ки дар толори асосии китобфурӯшӣ футболбози машҳури чех Павел Недвед китобашро муаррифӣ мекард. Ман фикр кардам, ягон футболбози мо оё китоби хотираҳои худро навиштааст? Ҳеҷ номе ба ёдам наомад.

Сар ба китоби нави Грег Мортинсон фурӯ бурда будам, ки асари пешинааш баҳсҳои бузургеро доман задааст ва дар ҳоле ки нигоҳам рӯи сатрҳо медавид, гӯшам беихтиёр эълони радиои дохилии кохи китобро шунид, ки меҳмононро ба муаррифии китоби Павел Недвед “Зиндагии одии ман” даъват мекард.

Хуб, даъвати доирахабар, дар ин ҳол радиохабар, ки бошад, ман ҳам рафтам. Мардуми зиёде гирд омада буд ва курсиҳо аллакай банд буда, даҳҳо нафар дар гузаргоҳҳо рост истода буданд. Чехҳо Недведро дӯст медоранд, ҳарчанд бештари умри худро дар Итолиё гузаронда, барои “Латсио” ва дертар “Ювентус” ва дертар дар Бритониё барои “Манчестер Юнайтед”  бозӣ кардааст.  Дар дастаи миллии Чехия камтар ҳунарнамоӣ карда бошад ҳам, соли 2004 дар бозиҳои қаҳрамонии Аврупо вай сарвари даста буд ва тамоми талошро кард, то тими ӯ ба бозии ниманиҳоӣ расад. Аммо дар аввали ин бозӣ шадидан захмӣ шуд ва майдонро тарк кард. Дастаи Чехия он сол бозиро ба Юнон бохт ва дар дили бисёре аз чехҳо ин доғ монд, ки бозӣ накардани Недвед сабаби нокомӣ гашт.

Захми Недвед ончунон сангин буд, ки вай дастаи миллиро тарк кард ва тақрибан як солро дур аз майдони сабз ба сар бурд. Аммо дар соли 2006 дубора ба ҳайати дастаи миллӣ баргашт ва талош кард, дастаро аз ҳолати бад берун орад. Натавонист. Пас аз нокомии даста тасмим гирифт, батамом футболро падруд гӯяд. Ба назарам, нокомиҳои паёпай дар ватан яке аз сабабҳои асосии ин тасмим шудааст.

Шигифтангез аст, ки Недвед дар дастаҳои хориҷӣ муваффақтар буд, то дар дастаи миллии кишвари худ. Чунончӣ, маҳз ба тими “Латсио” шомил шуданаш сабаб гашт, ки ин даста ба қуллаҳои баланд расад. Дар “Ювентус” вай ҷои холишудаи Зайниддин Зиданро, ки ҳамон соли 2001 ба “Реал”-и Мардид рафта буд, пур кард ва ба тим ҷони нав дамонд. Сипас, 327 бор дар ҳайати “Ювентус” ба майдон баромад ва 65 гол зад. Дар ҳар яке аз ин тимҳо мутахассисон ӯро “дирижёри бозӣ” меномиданд ва итолиёиҳо ӯро “Асп” лақаб монда буданд. Ӯ беҳтарин бозингари соли 2003-и Итолиё ва барандаи “Тӯби тило”-и Аврупо дар соли 2004 шуд.

Аммо бо он ҳама суръати баланд ва техникаи оливу ихтироъкориҳояш дар футбол дар бозиҳои чехӣ дурахши зиёд надошт. Ба фикри ман, сабаби асосии нокомиҳои Недвед дар дастаи миллии Чехия шояд як “уқда”-и деринаи ӯ буд, ки дар майдон камташаббус ва камбовараш нишон медод. Дар ватанаш, аз ҷумла дар ҳайати “Спарта” вайро асосан дар “захира” нигоҳ медоштанд ва хеле кам ба майдон роҳ медоданд. Тренерони чех “любимчик”-ҳои худро доштанд, ки ҳеҷ гоҳ Недведи хоксору фурӯтан аз ҷумлаи онҳо набудааст. Шояд ҳамин ҳол сабаб гашт, ки вай дар айни авҷи шиорҳои миллигароёнаи чехҳо ватанашро тарк кард. Зерунвони китобаш низ чунин аст: “Фирор аз инқилоб ба Аврупо ва расидан ба “Тӯби тило”.

Баъд аз хайрбод бо футбол ӯ ба ватанаш баргашт ва зиндагии одиеро дар пеш гирифт, аммо ҳоло, пас аз чанд сол, “Ювентус” ӯро дубора ба канори худ хондааст, барои кор дар мақомоти раҳбарии даста. Ҳанӯз ҳамон ибтидо бозигарони ин даста мехостанд, Недвед яке аз раҳбарони даста бошад, вале президенти тим Жан-Клод Блан қатъиян мухолиф буд ва Недведро чандон дӯст намедошт. Пас аз истеъфои Блан роҳи Недвед ба “Ювентус”-и Турин аз нав боз шуд. Ҳамин хел як зиндагии одӣ.

07.05.2011 - Posted by | Ватан, Сарнавишт | , ,

1 Comment »

  1. Xelo qisai jolib va pyr az pand va hikmat. Inson naboyad shikast xyrad az myshkilihoi dar girdash. Agar dar TJK xeshy tabor bozi boshad beryn az TJK dar hamjoi jahon boz hast, hynar va donish tarozyi baho dihi shaxs hast. Ymedast ki javononi mo bo bahonai xeshy tabor bozi dar kishvar az hadafhoi xyd dast nakshand.Myboriza boyad byrd to ba hadaf rasid va hamchynin az Xydoi mytaol niz talab namo InshoAlo ba hadaf zaryr merasi. Salomat boshed akai Salimjon.

    Comment by Qodirjon | 08.05.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: