Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Булбул дар қабристон

Чанд рӯз пеш, на дақиқтараш ду рӯз пеш, ҳаво офтобӣ буд ва субҳ пиёда мерафтаму роҳам аз назди қабристоне мегузашт. Атроф ҳанӯз камодам буд ва аз он сӯи девори қабристон, аз миёни шохсорон садои булбуле ба гӯшам расид.

Ин қадар пурдард ва дилгудоз месуруд ин булбул! Ин қадар ҳайратовар буд! Гӯё қиссаи шӯрангезеро ҳикоят мекард. Гоҳе садояш силсилавор мерафту ба нолаи инсон монанд мегашт ва гоҳе канда-канда мешуду боз ҳам гӯё монанди як инсон ҳиқ-ҳиқ гиря мекард.

Нафаҳмидам, ки аз роҳ бозмондаву дар ҷоям шах шудаву санг бастаам. Чи ҳикматест ин ҷо, ки булбули хушовоз дар қабристон мехонад? Шояд беҳтарин таронаашро? Оё ин булбул аст ё мавҷуду махлуқи дигаре? Шояд рӯҳест, ки дар симои булбул баргаштаасту дар сари қабри кадоме аз пайвандонаш нола мекунад?

Раҳгузароне аз паҳлуям мерафтанд ва бархе аз онҳо баргаштаву ҳайрон-ҳайрон ба ман менигаристанд. Оре, бояд ба коргоҳ равам, дер мешавад. Ҳоло мефаҳмам, ки ашк аз чашмонам шоридааст. Оби дидаамро пок мекунаму ба сӯи корхона равон мешавам.

Булбул ҳамон мехонаду мехонад. Ба дард ва бо сӯзу гудоз. Садояш ба дилам менишинад. Ва ҳам дардашу ҳам сӯзаш.

15.05.2011 - Posted by | Инсон, Рӯзгор, Сарнавишт, Табиат, Ҳолнома

7 Comments »

  1. Эй обшор навхагар аз бахри чисти?
    Чин дар чабин нихода зи андухи кисти?
    Дардат чи дард буд ки дишаб тамоми шаб
    Сарро ба санг мезадию мегиристи? (…..)

    Comment by Firdavsi Azam | 17.05.2011 | Reply

  2. Xele kutoh va bo ma’nii xele ziyod. Tashakkur, ustod.

    Comment by Samandar | 17.05.2011 | Reply

  3. Zamone dar Inbari Xalq maqolae xonda budam, ki nomash ‘Bulbul charo navo dorad?’ bud. Xulosi maqola in bud, ki bulbul baroi ‘nazdikonashro’ az dast dodan mesaroidaast va saroidani u mun`akiskunandai gamu anduhi u budaast. A bo dar zeri maqola , agar xato nakunam ‘Maqolai tadqiqoti-ilmi’ navistagi bud, jiddi meguyam )))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))

    Comment by Sufi | 20.05.2011 | Reply

  4. Minbari Xalq

    Comment by Sufi | 20.05.2011 | Reply

    • Бовар мекунам, Суфии азиз. Аммо хуб буд, агар далелҳои ин ақидаро дигарон ва ман дастрас мекардему мехондем.

      Comment by aioubzod | 20.05.2011 | Reply

  5. Хаста набошед, Салими азиз!
    Хеле оли! Булбили дили ман хам ба фарёд омад.
    Дуогуятон хастам.
    Ворис

    Comment by voristj | 27.05.2011 | Reply

  6. Хеле хуб навиштаи, лахзахои тафаккур, лахзахои андеша,….

    Comment by shodmon | 11.04.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: