Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Як порча видео

Як навори кӯтоҳи видео бо суръати барқ ба тамоми ҷаҳон паҳн шуд ва ботини интихобот дар Тоҷикистонро ошкор кард. Ин саҳна садҳо бор қавитар аз он баёнияҳо буд, ки нозирони байнулмилалӣ мегуфтанд. Манзурам аз “байнулмилалӣ” ғарбиёнанд, на он нозирони хасакӣ аз Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд.

Дар ҳақиқат, гоҳе барои ифшои умқи як раванд сухани зиёд зарур набудааст. Кофист, ки як дафъа одамон бо чашмони худ бубинанд. Воқеан беҳуда нагуфтаанд, “шунидан кай бувад монанди дидан.”

Бисёре аз торнамоҳои инглисизабон ин наворро, ки дар он ба тоҷикӣ сӯҳбат мешавад, бидуни ҳеҷ тарҷумае бознашр карданд. Бархе аз онҳо чанд ҷумла матн бар он афзуданд, ки интихобкунандаи тоҷик, баъд аз лаҳзаҳое зӯр задаву дастаи баргаҳои раъйро ба қуттии шаффоф андохт, гуфт, охир 6 касанд дар оила. Аз рӯи ин теъдод ба интихобкунанда 6 барга додаанд.

Хуб, вақте ки дар мазҳари ом ин гуна амал мекунанд ва узви кумиссюн ба 1 нафар додани 6 баргаи раъйро қонунӣ мешуморад, Худо медонад, дар хилватгоҳи шумориши оро чӣ кору кирдоре ба вуқӯъ мепайвандад. Агар ба ин видео, яъне ба чашму гӯшу ақли хеш бовар кунем, пас бояд инро ҳам иқрор кунем, ки арқому адади эълоншуда воқеъият надоранд.

Маълум аст, ки раванди интихобот дар Тоҷикистон аз солҳои 1990 ба ин сӯ бадтару бадтар ва дурӯғтару дурӯғтар шудааст. Вале ман дар шигифтам, ки чаро ин навори видео фазои сиёсии кишварро мунфаҷир намекунад. Чаро ҳама хомӯшона ин луқмаи талхро фурӯ мебаранд.

Куҷост додситоне, ки аз қонун шиор мезанад? Куҷост Кумиссюни марказии интихоботӣ? Куҷоянд аҳзоби сиёсӣ? Чаро зидди он раиси қитъаи раъйдиҳӣ ва узви кумиссюне, ки ба интихобкунанда 6 (!) баргаи раъй додааст, парвандаи ҷиноӣ боз намешавад. Чаро раиси ҳавза дар шарҳи ин видео изҳорот нашр намекунад?

Як чиз маълум аст, ки ҳатман ин раъйдиҳандаи 6-овоза ба суди номзаде раъй додааст, ки дар “боло” кайҳо интихобшуда ба шумор мерафт. На ба тарафдорӣ аз номзаде, ки мисли Дон Кихот фикр кард, мардум манфиати хешро медонанд ва ба ӯ раъй медиҳанд. Агар 6 варақаи раъй ба манфиати журналист Толибшоҳи Сайидзода мебуд, кайҳо парвандаи ҷиноӣ ҳам боз мешуду ғавғо ба осмонҳо мерасаид.

Ҳоло ҳам, агар мақомоти додситонӣ ва Кумиссюни марказии интихоботӣ ба таҳқиқи ин рӯйдоде, ки Тоҷикистонро дар чашми ҷаҳониён шармсору шарманда кард, иқдом накунанд, собит мешавад, ки қонуншиканӣ ба манфиати номзади ҳизби ҳоким Амирқул Азимов буда ва ҳамаи онҳо аз поён то боло дар ин тақаллуб шарику ҳамроҳанд.

Ин ҳам як имтиҳони демократия дар Тоҷикистон аст. Имтиҳони ҳукуматдорон, ки ҳанӯз имкон доранд, аз он баҳои 3 ё 4 низ гирифта тавонанд. Вале агар сукутро идома доданд, ҳамаи ҳарфҳоро пушти гӯш андохтанд ва луқмаи талху бадбӯйро фурӯ бурданд ва чашмони худро аз дидани ин порчаи видео кӯр гирифтанд, пас вой ба ҳоли шиору паёмҳои эшон.

Шояд ҳанӯз наворро надидаанд. Ин ҷост. Зери ин хатти нилгун шармсории сиёҳи мо нуҳуфтааст. Ифшои раъйдиҳии чандгона дар Тоҷикистон.

18.05.2011 - Posted by | Интихобот, Таҷриба, Тоҷикистон, Худшиносй, Қонун |

4 Comments »

  1. Шумо хам, Устод, гохе харфхои соддалавхона мезанед. Кадом додситон? Кадом комиссиюни маркази? Шумо чи мегуед? Дар кишваре, ки раиси бонки милли баъди нобуд шудани 1 миллиард пули мардум чонишини сарвазир ТАЪИН мешавад, боз чи хакикатеро интизор шудан мумкин аст? Барои аз ин шармандаги ворахонидани Точикистон бояд нафаре икдом кунад, чонашро кохонад, ба додситониву додгоххо чизе супориш дихад, аммо кадом мансабдореро дар Точикистон Шумо мешиносед, ки ба имичи Точикистон дилаш сузад?

    Comment by Farid | 18.05.2011 | Reply

    • Ман ба ҳар тавре ки шуда, ин умедро дорам, ки дар Тоҷикистон ғамхорони симои байнулмилалии кишвар ҳастанд. Дастикам бо чунин паёмҳо зиёд сухан мекунанд. Ҳоло мехоҳам, амали эшонро бубинам.

      Comment by aioubzod | 18.05.2011 | Reply

  2. Устод талху киноя мегуяд. Аммо ягон созмоне ёфт мешавад, ки дар пояи ин навор кумиссюнро ба додгох кашад? Дарсе мешавад барои оянда.

    Comment by Samandar | 18.05.2011 | Reply

  3. Дар кишваре, ки хамааш “гул”-ай ва хама чиз, аз чумла интихобот хам, СВАРКА шудааст, боз мехохед, ки адолат бошад ва интихоботхо конунй сурат гиранд?
    Баъди ин навор акнун мебинем, ки чй гуна ин зан, узви комиссияе, ки ба вай ин микдор бюллетенхоро додааст, раиси китъа-участка, раиси хавзаи интихоботй ва раиси КМИР ба додгох кашида мешаванд. Хеч гох!!! Зинда бод Эмомалй Рахмон, волоияти конун, давлати демократии хукукбунёд ва…!!!!!!! Ура!

    Comment by Cobir | 18.05.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: