Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ғурмагас ба парвоз омада

Ҳар субҳ мисли як раҳнаварди ошиқ ҷаҳони блогнависони тоҷикро мегардам. Гоҳе дурдонаеро пайдо мекунам. Ин бор онро дар шарҳе ёфтам, ки як хонандаи, зоҳиран, босалиқа дар ҳошияи матлаби торнигори “Мардикорнома” аз худ  боқӣ гузоштааст. Лаҳни сухан маро таҳрик дод, то пайванди муаллифи шарҳро “ангушт” занам. Ба дунёи дигаре ворид шудам.

Он ки Ҷамшед Маъруф ба торнигори худ “Ғурмагас” номи ниҳодааст, ҷолиб аст. Ин вожаро устоди зиндаёд Сотим Улуғзода дар забони имрӯзаи мо зинда кардаанд. Эшон “Овод”-и Войничро ҳамин гуна “ғурмагас” тарҷума карданд ва вожаи мурда зинда шуд.

Ин ҳам дар ҳоле ки пеш аз Улуғзода “овод”-ро бо калимаи “занбӯр” баргардонида буданд.

Торнигори Ҷамшед Маъруф матолиби рангоранге дорад ва ҳам гӯшаҳои бешуморе, ки нигоҳ ба ҳар сӯи онҳо мепараду раҳгум мезанад. Костиҳои кӯчаке ҳам дар баён, аммо чунин паҳнои мавзӯъҳои мавриди алоқа касро ҳаяҷонӣ мекунад.

Беҳуда нест, ки Ҷамшед дар зери унвони торнигори худ ин ҷумларо ҷой додааст: “Ҷаҳони ҳар кас ба андозаи вусъати фикри ӯст.” Аз нигоҳ ҷаҳони “Ғурмагас” як паҳнои беохир аст.

Фархундаву шодбош мегӯем ҷавони бедордили тоҷикро, ки даст ба ин иқдоми сангини таъсиси торнигори хусусияш задааст. Худо кунад, нақши Ғурмагасаи дунёи андеша ва интернети тоҷикиро бозад. Кайҳон пешкаш, Ғурмагас.

20.05.2011 - Posted by | Ватан, Озодии сухан, Тоҷикистон, Худшиносй | ,

2 Comments »

  1. Салом устоди арчманд!
    Ташакури зиёд, ки доир ба торнигори банда дар вебблоги худ як матлаби ачиб нашр намудед, ки аз мутолиаи он хеле хушнуд гаштам.
    Сониян, чанде кабл ман дар бахши “Тамос”-и вебблоги Шумо матлаби кутохе доир ба “ГУРМАГС”-и худ маълумот дода будам (https://aioubzod.wordpress.com/тамос/).
    Хуллас, барои Шумо тансихатй, некномй, сарбаландиву муваффакиятхои бепоёнро орузмандам!

    Comment by Ҷамшед Маъруф | 20.05.2011 | Reply

  2. Салому дуруд, Ҷамшеди азиз. Узри бисёр, ки сари фурсат номаи Шуморо надидаам. Муддате буд, ки танҳо номаҳои таҳқиромез мерасид ва бартарӣ медодам, ки онҳоро нахонам. Дар ин байн номаи Шуморо ҳам қатъи назар кардаам. Узр. Блоги Шумо ба ман писанд омад. Бароятон роҳи сафед мехоҳам. Дар зимн бад нест, агар дар ҷомеаи “Блогнависони тоҷик” дар Фейсбук низ Шуморо бубинам. Он ҷо ба зудӣ блогнависро баҳс хоҳем кард. Саломат бошед.

    Comment by aioubzod | 20.05.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: